×

Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999, № 868

Санаи амалкуни: 29.06.2005

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Мачлиси

намояндагони Мачлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 декабри соли 1999 № 868

тасдиқ шудааст

Бо қарори Мачлиси

намояндагони Мачлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 декабри соли 1999 № 868

тасдиқ шудааст

Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оинномаи мазкур моҳияти интизоми ҳарби, ӯҳдадориҳои хизматчиёни ҳарбиро оид ба риояи он, навъҳои ҳавасмандгардони ва ҷазои интизоми, ҳуқуқҳои командирон (сардорон) оид ба истифода бурдани онҳо, инчунин тартиби пешниҳод ва баррасии арзу шикоятро муайян менамояд.

Амали ин Оиннома

1. Ҳамаи хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарби, ситодҳо (штабҳо), идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимии ҳарбии маълумоти касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд қисмҳои ҳарби) сарфи назар аз рутбаҳои ҳарби, вазъи мансаби ва хизматиашон бояд талаботи ин Оинномаро қатъиян дастури амал қарор диҳанд.

2. Амали ин Оиннома нисбати хизматчиёни ҳарбии Қӯшуни сарҳадии Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшуни мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он ҷумла мақомоти идоракунии онҳо), Қӯшуни дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар қӯшуну сохторҳое, ки Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбини намудааст низ татбиқ мегардад.

3. Муқаррароти ин Оиннома

Оинномаи интизоми нисбати шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарби бо ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси ҳарби рухсат шудаанд, ҳангоми дар бар доштани либоси ҳарби, татбиқ мегардад.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

4. Интизоми ҳарби - ин аз ҷониби ҳамаи хизматчиёни ҳарби қатъиян ва дақиқ риоя намудани тартиб ва қоидаҳое мебошанд, ки қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармонҳои командирон (сардорон) муқаррар намудаанд.

...

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об утверждении Дисциплинарного устава Вооруженных Сил Республики Таджикистан

В соответствии с Законом Республики Таджикистан "Об обороне" Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Дисциплинарный устав Вооруженных Сил Республики Таджикистан.

2.Правительству Республики Таджикистан привести свои решения в соответствие с указанным Уставом.

Председатель

Маджлиси Оли Республики Таджикистан С.РАДЖАБОВ

Председатель

Маджлиси Оли Республики Таджикистан С.РАДЖАБОВ

г.Душанбе,

10 декабря 1999 года,№ 868

г.Душанбе,

10 декабря 1999 года,№ 868

ДИСЦИПЛИНАРНЫЙ УСТАВ ВООРУЖЕННЫХ СИЛ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

(в редакции Постановления МН МО РТ от 29.06.2005г.N87)

(в редакции Постановления МН МО РТ от 29.06.2005г.N87)

Настоящий Устав определяет сущность воинской дисциплины, обязанности военнослужащих по ее соблюдению, виды поощрений и дисциплинарных взысканий, права командиров (начальников) по их применению, а также порядок подачи и рассмотрения предложений, заявлений и жалоб.

...