×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994, № 981 "Дар бораи суғурта"

Санаи амалкуни: 20.03.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 681 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СУҒУРТА

(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 12.12.1997 № 498, аз 14.05.1999 № 762, аз 12.05.2001 № 16, аз 26.12.2005 № 120, аз 20.03.2008 № 378)

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки ҳамин Қонун танзим мекунад

Ҳамин Қонун муносибатҳои оиди суғуртаро дар байни ташкилотҳои суғурта ва шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва байни ташкилотҳои суғурта танзим инчунин принципҳои асосии назорати давлатиро ба фаъолияти суғуртавӣ муқаррар мекунад.

Муносибатҳои оиди суғуртаро дигар санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки дар асоси ҳамин Қонун қабул мешаванд танзим менамоянд.

Амали ҳамин Қонун ба суғуртаи иҷтимоии давлатӣ татбиқ намешавад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

полиси суғурта - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби суғуртакунанда дода мешавад ва бастани шартномаи суғуртаро тасдиқ мекунад;

суғуртакунӣ - фаъолиятест, ки ба таъмини ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз оқибатҳои ҳодисаҳои муаяйн, ғайричашмдошт (ҳолатҳои суғуртавӣ) аз ҳисоби фондҳои пулии аз пардохтҳои (ҳаққи аъзогӣ) ташкилёфтаи онҳо равона гардидааст;

суғуртакунанда - шахси ҳуқуқие, ки шакли ташкилию ҳуқуқии он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, барои амалигардонии фаъолияти суғуртакунӣ ташкил ёфта, иҷозатнома гирифгааст;

суғурташаванда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар шартмомаи суғурта яке аз тарафҳо буда, саҳмҳои суғуртавиро мепардозад. мувофиқи қонун ё тибқи шартнома ҳангоми фаро расидани ҳодисаи суғуртавӣ дар доираи масъулияти суғурташуда ё маблағи суғуртавии дар шартнома зикргардида ҳуқуқи гирифтани ҷубронро дорад;

фоидагиранда - шахси дар шартномаи суғурта зикргардида, ки шартномаи мазкур ба фоидаи ӯ баста шудааст (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378).

Моддаи 2 (1) Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта

(Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378).

Моддаи 3. Шаклҳои суғурта

Суғурта дар шаклҳои ихтиёрӣ ва ҳатмӣ сурат мегирад. Суғуртаи ихтиёрӣ дар асоси шартномаи байни суғурташавандаю суғуртакунанда сурат мегирад. Қоидаҳои суғуртаи ихтиёриро, ки шартҳои умумӣ ва тартиби ба амал баровардани онро муайян мекунанд, суғуртакунанда мустақилона мувофиқи ҳамин Қонун муқаррар мекунад. Шартҳои мушаххаси суғурта ҳангоми бастани шартномаи суғурта муайян карда мешаванд.

Суғуртае, ки дар асоси санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, намудҳо, шартҳо ва тартиби ба амал баровардани онро муайян мекунад, суғуртаи ҳатмӣ мебошад.

Амалиёти оиди суғуртаи ҳатмии давлатиро Ширкатҳои суғуртаи давлатии Тоҷикистон ба ҷо меоварад (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 762).

Моддаи 4. Объектҳо ва субъектҳои муносибатҳои суғуртавӣ

Манфиатҳои молумулкие, ки бо:

1) ҳаёт, саломатӣ, қобилияти кории суғурташаванда ё шахси суғурташуда (суғуртаи шахсӣ);

2) соҳибӣ, истифода, ихтиёрдории амвол (суғуртаи амвол);

3) талофии зарари ба шахсият ё амволи шахси воқеӣ, инчунин зарари ба шахси ҳуқуқӣ расонидаи суғуртакунанда (суғуртаи масъулият) алоқаманданд, объектҳои суғурта мебошанд.

Қисми сеюм хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378).

Шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеии қобили фаъолият суғуртакунандагон дониста мешаванд, ки бо муассисаҳои суғурта шартномаи суғурта бастаанд ё мувофиқи Қонун суғуртакунанда мебошанд.

Суғуртакунандагон ҳуқуқ доранд, ки бо муассисаҳои суғурта барои суғурта кардани шахсони сеюм ба манфиати онҳо (шахсони суғурташуда) шартнома банданд. Қисми сеюм хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378).

Қисми ҳафтум хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 120).

Фаъолияти миёнаравӣ оид ба суғурта, ки бо бастани шартномаҳои суғурта аз номи ташкилотҳои хориҷии суғурта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст, дар сурати қайд кардани онҳо ва гирифтани лицензия дар Назорати давлатии суғуртавии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад, агар дар созишномаҳои байнидавлатӣ бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар пешбини нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Барои ташкилотҳои суғурта фаъолияти суғуртавӣ бояд кори асосӣ бошад.

Шахсони ҳуқуқие, ки ба талаботи пешбининамудаи ҳамин модда ҷавобгӯй намебошанд, ҳақ надоранд, бо фаъолияти суғуртавӣ машғул шаванд.

Моддаи 5. Хавфи суғуртавӣ, ҳодисаи суғуртавӣ, пардохти суғуртавӣ

Хавфи суғуртавӣ ҳодисаи эҳтимолие мебошад, ки бо назардошти ба амал омадани он суғурта карда мешавад.

Ҳодисае, ки ҳамчун, хавфи суғуртавӣ дониста мешавад, бояд нишонаҳои эҳтимолан ва тасодуфан ба амал омадани онро дошта бошад.

Ҳодисаи суғуртавӣ ҳодисаи рӯйдодаи пешбининамудаи шартномаи суғурта ё Қонун мебошад, ки бо рӯҳ додани он ӯҳдадории муассисаи суғурта оиди ба суғуртакунанда, шахси суғурта шуда, фоидагиранда ё шахси дигар (шахси сеюм) пардохтани суғуртапулӣ ба миён меояд.

Дар мавриди бо амвол рӯй додани ҳодисаи суғуртавӣ суғуртапулӣ дар шакли талофии суғуртавӣ, дар мавриди бо шахси суғурташаванда ё шахси дигар рӯй додани ҳодисаи суғуртавӣ бошад, дар шакли маблағи суғурта пардохта мешавад.

Моддаи 6. Маблағи суғурта ва талофии суғуртавӣ

Маблағи суғурта ин маблағи муайянкардаи шартномаи суғурта ё муқаррарнамудаи Қонун мебошад, ки тибқи он андозаи суғуртапулӣ (ҳаққи суғурта) ва пардохтҳои суғуртавӣ муқаррар карда мешаванд, агар дар шартнома ё санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои дигар пешбини нашуда бошад.

Ҳангоми суғурта кардани амвол маблағи суғурта аз арзиши ҳақиқии он дар лаҳзаи бастани шартнома (арзиши суғуртавӣ) зиёд шуда наметавонад. Тарафҳо наметавонанд арзиши суғуртавии амволро, ки дар шартномаи суғурта муайян шудааст, мавриди баҳс қарор диҳанд, ба истиснои мавридҳое, ки муассисаи суғурта исбот намояд, ки суғуртакунанда ӯро қасдан ба иштибоҳ андохтааст.

Дар сурати тағйир ёфтани арзиши амвол дар давраи амали шартномаи суғурта (то вақти ҳодисаи суғуртавӣ), суғуртакунанда ҳақ дорад бо назардошти тағйироти арзиш шартномаи суғуртаро аз нав бандад.

Агар маблағи суғуртавӣ, ки шартномаи суғурта муайян кардааст, аз арзиши суғуртавии амвол зиёд бошад, он мувофиқи қонун нисбати ҳамон маблағи сурурта, ки аз арзиши ҳаққкии амвол дар лаҳзаи бастани шартнома зиёд аст, эътибор надорад.

Талофии суғуртавӣ аз андозаи зарари бевоситаи амволи суғурташудаи суғуртакунанда ё шахси сеюм дар ҳолати ҳодисаи суғуртавӣ зиёд шуда наметавонад, агар дар шартномаи суғурта шарту шароити дигар пешбини нашуда бошад.

Дар мавриде, ки маблағи суғурта аз арзиши суғуртавии амвол камтар бошад, андозаи талофии суғурта мутаносибан нисбати маблағи суғурта ба арзиши суғуртаи амвол кам мешавад, агар дар шартномаи суғурта шарту шароити дигар пешбини нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378).

Дар сурате, ки суғуртакунанда бо якчанд муассисаи суғурта ба маблағи зиёда аз маҷмӯи арзиши суғуртавии амвол шартномаи суғуртаи амвол баста бошад, (суғуртаи дукарата), он гоҳ талофии суғуртае, ки вай аз ҳамаи муассисаҳои суғурта аз рӯи суғуртаи ин амвол мегирад, набояд аз арзиши суғуртавии он зиёд бошад. Дар айни ҳол ҳар як муассисаи суғурта талофии суғуртаро ба андозаи мутаносиб нисбати маблағи суғурта аз рӯи, шартномаи бастаи онҳо ба маблағи умумии ҳамаи шартномаҳои суғуртаи амволи мазкур, ки ин суғурташаванда бастааст, мепардозад.

Дар шартҳои шартномаи суғурта дар доираи маблағи талофии суғуртавӣ ба шакли натуравӣ иваз кардани пардохти талофии суғуртавиро пешбини кардан мумкин аст.

Дар суғуртаи шахси маблағи суғурта маблағҳои пулие мебошанд, ки дар доираи онҳо муассисаи суғурта вазифадор аст ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаи суғуртавӣ пул диҳад. Маблағи суғуртаро суғуртакунанда ва муассисаи суғурта ҳангоми бастани шартномаи суғурта муқаррар мекунанд.

Маблағи суғурта ба суғуртакунандагон ё шахси сеюм новобаста аз маблағе, ки ба онҳо бояд аз рӯи дигар шартномаҳои суғурта, инчунин аз рӯи иҷтимоӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва мувофиқи талофии зарар пардохта шавад, дода мешавад.

Суғуртакунанда ҳангоми бастани шартномаи суғурта ҳақ дорад барои гирифтани маблағи суғурта баъди вафоташ касеро, ки ҳоҳад, муайян кунад. Маблағи суғуртавии гирифтаи ин шахс ба таркиби амволи меросӣ дохил намешавад.

кисми дувоздахуми модда хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Моддаи 7. Пардохти (ҳаққи) суғурта ва тарифи суғуртавӣ

Пардохти (ҳаққи) суғурта маблағи суғурта мебошад, ки суғуртакунанда вазифадор аст мувофиқи шартномаи суғурта ё Қонун онро ба муассисаи суғурта супорад.

Тарифҳои суғуртавӣ ставкаҳои пардохтҳои (ҳаққи) суғурта мебошанд, ки андозаашон баъди дар ташкилоти суғурта ҷамъ шудани маблағҳои кофии молиявӣ, ки худтаъминшавии хароҷоти баамаломадаро таъмин мекунанд, муқаррар карда мешавад.

Дар санадҳои қонунгузорӣ ё меъёрӣ дар бораи суғуртаи ҳатмӣ ба муассисаи суғурта мумкин аст ҳуқуқ дода шавад, ки бо ризояти вазорату идораҳои манфиатдор тарифҳоро мустақилона муқаррар намояд.

Тарифҳои суғуртавиро аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ метавонанд муассисаҳои суғурта мустақилона ҳисоб ва муқаррар кунанд.

Андозаи мушаххаси тарифи суғуртавӣ дар шартномаи суғурта муайян карда мешавад.

Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, корхонаҳои муштараке, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, мувофиқи шартномаи суғурта ба ташкилоти суғурта пардохтҳои (ҳаққи) суғуртавиро бо асъори табодули озод ё асъори дигар месупоранд.

Аз пардохтҳои (маблағҳои) суғуртавӣ, ки дар давраи амали шартномаи суғурта супорида шудаанд, ҷарима ситонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳои мусодираи маблағҳои пули мувофиқи ҳукм ё қарори суд, ки эътибор пайдо кардааст, дар чунин ҳолатҳо ҷарима аз маблағи пардохташудаи суғуртавӣ дар ҳаҷми маблағи харид ситонида мешавад.

Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо (новобаста аз шакли моликият) вазифадоранд, ки супоришҳои ҳаттии кормандонашонро дар бораи аз музди корашон (даромадашон) дошта гирифтани пули (ҳаққи) суғурта ва ба ҳисоби ташкилоти суғурта гузарондани он иҷро намоянд.

Маъмурияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо (новобаста аз шакли моликият) метавонад якҷоя бо шӯрои коллективи меҳнатӣ ва кумитаи иттифоқи касаба дар бораи аз ҳисоби маблағҳои худӣ пардохт кардани пули (ҳаққи) суғуртаи шахсӣ ва молу мулки кормандонаш аз рӯи шартнома қарор қабул кунад.

Моддаи 8. Оқибатҳои напардохтани ҳаққи суғуртаи ҳатмӣ

Дар сурати напардохтани ҳаққи суғуртаи ҳатмӣ он аз тарафи ташкилотҳои суғурта мувофиқи тартиби барои рӯёнидани пардохтҳои андози ва ғайриандозӣ ба буҷет муқарраршуда ситонида мешавад.

Моддаи 9. Суғуртаи муштарак ва суғуртаи такрорӣ

Суғуртаи муштарак аз тарафи ду ё зиёда аз он муассисаи суғурта суғурта кардани як объекти суғурта мебошад. Дар айни ҳол дар шартнома бояд шартҳое мавҷуд бошанд, ки ҳуқуқу вазифаҳои ҳар як муассисаи суғуртаро муайян намоянд.

Суғуртаи такрорӣ аз тарафи муассисаи суғурта (суғуртакунандаи такрорӣ) бо шартҳои муайянкардаи шартнома ба ташкилоти махсуси такроран суғуртакунанда ё дигар суғуртакунанда (суғуртакунандаи такрорӣ), додани ҳамаи ё як қисми ӯҳдадориҳои худ дар назди суғурташаванда мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 120).

Ҳангоми фаро расидани ҳодисаи суғуртавӣ суғуртакунандаи такрорӣ ба андозаи ӯҳдадориҳои қабулкардааш оид ба суғуртаи такрорӣ масъул мебошад. Дар айни ҳол муассисаи суғурта дар назди суғуртакунанда комилан масъул мебошад.

Моддаи 10. Иттиҳодияи суғуртакунандагон

Муассисаҳои суғурта метавонанд барои мутобиқгардонии фаъолияташон, ҳимояи манфиатҳои аъзои худ ва татбиқи барномаҳои муштарак иттифоқҳо, ассоциацияҳо ва дигар иттиҳодияҳо ташкил кунанд, агар таъсиси онҳо хилофи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад. Ин иттиҳодияҳо ҳақ надоранд, ки бевосита бо фаъолияти суғуртавӣ машғул шаванд.

Иттиҳодияҳои суғуртакунандагон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ" ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар асоси оинномаҳояшон фаъолият мекунанд (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378).

БОБИ II. ШАРТНОМАИ СУҒУРТА

Моддаи 11. Мафҳуми шартномаи суғурта

Шартномаи суғурта созишномаи хаттии байни суғуртакунанда ва муассисаи суғурта мебошад, ки мувофиқи он муассисаи суғурта ӯҳдадор мешавад дар вақти рӯй додани ҳодисаҳои суғуртавӣ ба суғуртакунанда ё шахси дигаре, ки шартномаи суғурта ба манфиати ӯ баста шудааст, мабғаги суғуртаро пардозад, суғуртакунанда бошад, ӯҳдадор мешавад, ки пули (ҳаққи) суғуртаро дар мӯҳлатхои муқарраршуда супорад.

Шартномаи суғурта метавонад дигар шартҳоеро низ, ки бо розигии тарафайн муайян мешаванд, дар бар гирад ва бояд ба шартҳои умумии боэътибории созиш, ки дар қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷавоб диҳад.

Моддаи 12. Тартиби бастани шартномаи суғурта

Барои бастани шартномаи суғурта суғуртакунанда ба ташкилоти суғуртакунанда ариза менависад ё дар бораи бастани шартномаи суғурта хоҳиш доштанаш шифоҳӣ арз мекунад.

Муассисаҳои суғурта метавонанд фаъолияти суғуртавиро тавассути намояндагони суғурта ба амал бароранд, инчунин барои ин кор шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро ваколатдор намоянд.

Намояндагони суғурта - шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ аз номи муассисаи суғурта ва бо супориши ӯ мувофиқи ваколатҳои додашуда амал мекунад.

Шартномаи суғурта аз лаҳэаи аз тарафи шахси суғуртакунанда пардохтани маблағи (ҳаққи) аввалаи суғурта эътибор пайдо мекунад, агар дар шартнома ё Қонун шарту шароити дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 13. Мундариҷаи шартномаи суғурта

Ҳангоми бастани шартномаи суғурта муассисаи суғурта вазифадор аст ба суғуртакунанда шаҳодатномаи (полиси) суғурта ё ҳуҷҷати ивазкунандаи онро диҳад, ки ба он истинод аз қоидаҳои суғурта замима мегардад (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378).

Дар он бояд чунин маълумот нишон дода шавад:

1) номи ҳуҷҷат;

2) ном, нишонии қонунии муассисаи суғурта;

3) номи хонаводагӣ, ном, номи падар ё номи суғуртакунанда ва нишонии вай;

4) аломатҳои объекти суғурта;

5) аломатҳори хавфи суғурта, ки ба сабаби он шартномаи суғурта баста мешавад, ҳамчунин ҳодисаи суғуртавӣ, ки ҳангоми ба амал омадани он муассисаи суғурта вазифадор аст ба суғуртакунанда маблағи суғурта ва талофии суғуртавиро диҳад;

6) андозаи маблағи суғурта;

7) андозаи пардохти (ҳаққи) суғурта;

8) мӯҳлат ва тартиби пардохти он;

9) ибтидо ва интиҳои шартномаи суғурта;

10) дигар шартҳо аз рӯи созиши тарафайн, аз ҷумла замимаҳо ба қоидаҳои суғурта ё истиснои онҳо;

11) имзои (факсимилеи) суғуртакунанда.

Моддаи 14. ӯҳдадориҳои муассисаи суғурта

Муассисаи суғурта ӯҳдадор аст, ки:

1) суғуртакунандаро бо қоидаҳои суғурта шинос кунад;

2) дар сурати аз тарафи суғуртакунанда андешидани тадбирҳое, ки хавфи ба амал омадани ҳодисаи суғуртавӣ ва андозаи зарари имконпазири амволи суғурташударо кам мекунад ё дар мавриди зиёд шудани арзиши ҳаққкии он бо аризаи суғуртакунанда шартномаи суғуртаро бо назардошти ин ҳолатҳо аз нав бандад;

3) ҳангоми ба амал омадани ҳодисаи суғуртавӣ дар мӯҳлатӣ муқарраркардаи шартнома ба суғуртакунанда маблағи суғурта (талофии суғуртавӣ)-ро диҳад.

Муассисаи суғуртабарои сари вақт напардохтани маблағи суғурта (талофии суғуртавӣ) аз рӯи шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ, инчунин барои пеш аз мӯҳлат бо айби коркунони ташкилоти суғурта бо роҳи ба суғуртакунанда додани ҷаримаи аҳдшиканӣ қатъ гардидани шартнома масъулияти моддӣ дорад, ки андозаи онро шартҳои суғурта муайян мекунад;

4) хароҷоти суғуртакунандаро, ки ҳангоми ҳодисаи суғуртавӣ барои пешгирӣ ё кам кардани зарари амволи суғурташуда сарф кардааст, баргардонад, агар талофии ин хароҷот дар қоидаҳои суғурта пешбинӣ шуда бошад. Дар ин маврид хароҷоти зиёда аз андозаи зарари расонидашуда талофӣ намешавад;

5) маълумотро дар бораи суғуртакунанда ва вазъи амволи он ошкор насозад, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст

Дар шартномаи суғурта инчунин дигар ӯҳдадориҳои муассисаи суғурта пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

Моддаи 15. ӯҳдадориҳои суғуртакунанда

Суғуртакунанда ӯҳдадор аст, ки:

1) сари вақт суғуртапулиро пардозад;

2) ҳангоми бастани шартномаи суғурта ба муассисаи суғурта дар бораи ҳамаи ҳолатҳои ба ӯ маълум, ки барои баҳодиҳии хавфи суғуртавӣ аҳамият доранд, ҳамчунин нисбати ҳамаи шартномаҳои суғуртавии басташуда ё басташавандаи объекти суғурта хабар диҳад;

3) барои пешгирии зарар ва ҳаддалимкон кам шудани зарари амволи суғурташуда ҳангоми ба амал омадани ҳодисаи суғуртавӣ тадбирҳои зарурӣ андешад ва дар мӯҳлати дар шартнома нишондодашуда ба муассисаи суғурта оиди ба амал омадани ҳодисаи суғуртавӣ хабар расонад.

Дар шартномаи суғурта дигар ӯҳдадориҳои суғуртакунанда низ пешбинӣ шуданаш мумкин аст.

Моддаи 16. Иваз шудани суғуртакунанда дар шартномаи суғурта

Дар мавриди фавти суғуртакунанда, ки шартномаи суғуртаи амволро бастааст, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғуртакунанда метавонад ба шахсе, ки ин амволро бо тартиби меросгирӣ қабул намудааст, гузарад.

Ҳангоми фавти суғуртакунанда, ки шартномаи суғуртаи шахсиро ба фоидаи шахси сеюм бастааст, ҳуқуқу ӯҳpдадориҳои муайянкардаи ҳамин шартнома бо розигиаш ба шахси сеюм мегузарад. Ҳангоми аз тарафи ин шахс имконнопазир будани иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи суғурта ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш метавонад ба шахсоне гузарад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси суғурташударо таъмин мекунанд.

Дар мавриди фурӯхтан, иваз намудан, тӯҳфа кардан, ба иҷора мондани моликияти суғурташуда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғуртакунанда ба шахси ин моликиятро қабулкарда гузашта метавонад.

Агар дар давраи амали шартномаи суғурта суғуртакунанда аз тарафи суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд ҳисобида шавад ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои чунин суғуртакунандаро парастор ё нигоҳбони ӯ амалӣ мегардонад. Дар ин ҳолат аз лаҳзаи қатъ ё маҳдуд шудани фаъолияти суғурташаванда суғуртаи масъулият ба итмом мерасад (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378).

Дар мавриди аз нав ташкил ёфтан ё барҳам хӯрдани суғуртакунанда, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, дар давраи амали шартномаи суғурта ҳуқуқу ӯҳдадориҳои вай аз рӯи ин шартнома бо розигии муассисаи суғурта мувофиқи тартиби муқарраркардаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вориси дахлдори вай мегузарад.

Моддаи 17. Тартиб ва шартҳои пардохти пулии суғурта

Пули суғуртавиро муассисаи суғурта мувофиқи шартномаи суғурта ё Қонун дар асоси аризаи суғуртакунанда ва санади суғуртавӣ мепардозад.

Санади суғуртаро муас6сисаи суғурта ё шахси ба ин ваколатдор тартиб медиҳад. Дар сурати зарурат муассисаи суғурта метавонад вобаста ба ҳодисаи суғуртавӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бонкҳо муассисаҳои тиббӣ ва дигар корхонаҳою муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки оиди ҳодисаи суғгуртавӣ иттилоот доранд, маълумот гирад, ҳамчунин ҳуқуқ дорад сабабу ҳолатҳои ҳодисаи суғуртавиро мустақилона муайян намояд.

Корхона, муассисаю ташкилотҳо (сарфи назар аз шакли моликияташон) вазифадоранд, ки ба муассисаҳои суғурта мувофиқи дархости онҳо маълумоти вобаста ба ҳодисаи суғуртавиро, аз ҷумла маълумоти сирри тиҷоратӣ доштаро диҳанд. Дар ин ҳолат муассисаҳои суғурта барои дар кадом шакле набошад, фош шудани сирри тиҷоратӣ, ба истиснои ҳолатҳхои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, масъул мебошад.

Моддаи 18. Беэътибор шудани шартномаи суғурта

Шартномаи суғурта дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун беэътбор дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378).

Мувофиқи ҳамин Қонун шартномаи суғурта инчунин дар ҳолатҳои зерин беэътибор дониста мешавад:

1) агар объекти суғурта амволе бошад, ки дар асоси қарори дахлдори эътибор пайдокардаи суд мусодира карда мешавад;

2) дар ҳолатҳое, ки агар суғуртакунанда мақсади ғайриқонунӣ ба даст овардани фоидаро дошта бошад, инчунин бо ҳамин мақсад баъди рӯй додани ҳодисаи суғуртавӣ шартнома бандад.

Шартномаи суғуртаро суд беэътибор мекунанд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Моддаи 19. Надодани пули суғурта

Муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад, ки дар мавридҳои зайли ба амал омадани ҳодисаи суғуртавӣ пули суғуртаро пурра ё қисман надиҳад:

1) дар сурати амали барқасдонаи суғуртакунанда, шахси суғурташуда ё фоидагиранда, ки барои рӯй додани ҳодисаи суғуртавӣ равона шудааст;

2) аз тарафи суғуртакунанда ё шахсе, ки ба фоидаи ӯ шартномаи суғурта баста шудааст, дидаю дониста содир кардани ҷинояте ки бевосита бо ҳодисаи суғуртавӣ алоқаманд мебошад;

3) аз тарафи суғуртакунанда ба муассисаи суғурта дар бораи объекти суғурта маълумоти бардурӯғ додан;

4) аз шахси гунаҳкори ба амволи суғурташуда зараррасонида товони зарарро гирифтани суғуртакунанда;

5) дар дигар мавридҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ.

Дар шартномаи суғурта боз дигар асосҳои надодани маблағи суғурта пешбинӣ шуданаш мумкин аст, агар онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд.

Қарор дар бораи надодани маблағи суғурта аз тарафи муассисаи суғурта қабул мешавад ва он ба суғуртакунанда дар шакли хаттӣ бо нишон додани сабабҳои напардохтани маблағ расонда мешавад.

Суғуртакунанда, шахси суғурташуда, фоидагиранда ё дигар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба суд, суди иқтисодӣ, аз хусуси маблағи суғуртаро надодани муассисаи суғурта шикоят кунанд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Моддаи 20. Қатъ гардидани шартномаи суғурта

Шартномаи суғурта дар мавридҳои зайл қатъ мегардад:

1) дар сурати ба охир расидани мӯҳлати шартнома;

2) аз тарафи муассисаи суғурта оиди шартнома пурра иҷрр шуда ӯҳдадориҳояш дар назди суғуртакунанда;

3) дар мӯҳлати нишондодаи шартнома суғуртапулиро напардохтани суғуртакунанда;

4) барҳам хурдани суғуртакунанда, ки шахси ҳуқуқи мебошад ё вафот кардани суғуртакунанда, ки шахси воқеӣ аст, ғайр аз мавридҳое, ки дар моддаи 16-уми ҳамин Қонун нишон дода шудаанд;

5) дар сурати барҳам хурдани муассисаи суғурта мувофиқи тартибе, ки дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;

6) аз тарафи суд кабул шудани қарор дар бораи беэътибор донистани шартномаи суғурта;

7) дар дигар мавридҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд.

Шартномаи суғурта бо талаби суғуртакунанда ё муассисаи суғурта агар дар шартномаи суғурта пешбинӣ шуда бошад, метавонад пеш аз мӯҳлат қатъ гардад, ҳамчунин бо созиши тарафҳо қатъ шуданаш мумкин аст.

Дар бораи нияти пеш аз мӯҳлат қатъ намудани шартномаи суғурта тарафҳо бояд на камтар аз 30 рӯзи пеш аз санаи дар назар дошта қатъи шартнома якдигарро оғоҳ намоянд, агар дар шартнома дигар шарту шароит пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳисобу китоби байниҳамдигарии суғуртапулӣ аз рӯи шартномаи суғуртаи пеш аз мӯҳлат қатъгардида мувофиқи тартиби (шартҳои) суғуртавӣ ҳаллу фасл мешавад.

Моддаи 21. Гузаштани ҳуқуқи суғуртакунанда ба муассисаи суғурта дар бобати суғуртаи амвол нисбати шахсе, ки масъули зарари расид мебошад

Ба ташкилоти суғурта, ки дар асоси суғуртаи амвол маблағи суғутаро пардох намудааст, дар доираи маблағ ҳуқуқи талаб намудан, ки суғуртакунанда (ё шахси дигари пардохти суғуртавиро гирифта) нисбати шахси масъули зарари расондашуда дорад, мегузарад.

БОБИ III. ТАЪМИНИ ЗАМИНАИ МОЛИЯВИИ СУҒУРТАКУНАНДАҲО

Моддаи 22. Асосҳои заминаи молиявии суғуртакунандаҳо

Асоси заминаи молиявии суғуртакунандаҳо аз инҳо аборат аст:

1) маблағи пардохташудаи - фонди оинномавӣ, дар сурати суғурта кардан ба асъори хориҷӣ - фонди асъорӣ (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378);

2) захираҳои суғуртавӣ;

3) системаи азнавсуғуртакунӣ.

Моддаи 23. Захираҳои суғуртавӣ ва фондҳои муассисаҳои суғурта

Барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои суғуртавӣ ва таъмини фаъолияти худ муассисаҳои суғурта аз ҳисоби маблағҳои гирифташудаи суғуртвӣ (суғуртапулӣ) ва даромадҳои дигар захираҳои (фондҳои) зарур суғурта ташкил медиҳанд. Зимнан аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёри захираҳо (фондҳо) мустақилона ва аз рӯи намудҳои ҳатмии суғурта мувофиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ ё меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Ба ҳамин тартиб муассисаҳои суғурта ҳуқуқ доранд, ки захираҳои маблағгузориро барои тадбирҳои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, нобудшавӣ ё зарар дидани моликияти суғурташуда ташкил диҳанд. Маблағҳои ба ин мақсадҳо сарфшаванда ба таркиби арзиши аслии хароҷоти муомилоти суғуртавӣ дохил мешавад.

Феҳристи ин тадбирҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Захираҳои суғуртавие, ки муассисаҳои суғурта ташкил медиҳанд, ба буҷети ҷумҳурӣ ва дигар буҷетҳо гузаронда намешаванд.

Муассисаҳои суғурта ҳуқуқ доранд маблағгузорӣ кунанд ва ё ба тариқи дигар захираҳои суғуртавӣ ва дигар маблағҳоро ҷойгир намоянд, ба суғуртакунандагоне, ки шартномаи суғуртаи шахсӣ бастаанд, дар доираи ҳаҷми маблағи суғуртавии ин шартномаҳо қарз диҳанд, ҳамчунин дигар фаъолияти истеҳолиро, ки Қонун иҷозат додааст, ба ҷо оранд.

Гузоштани захираҳои суғуртавӣ ва дигар маблағҳо аз тарафи муассисаҳои суғурта бояд бо шартҳои бозгардонӣ ва фоидаоварӣ ба роҳ монда шавад.

Моддаи 24. Кафолатҳои қобилияти пардохтии муассисаҳои суғурта

Барои таъмини қобилияти пардохтиашон муассисаҳои суғурта вазифадоранд, ки таносуби меъёрии байни активҳо ва ӯҳдадории суғуртавии қабулкардаашонро риоя кунанд. Тартиби ҳисобу, китоби ин туносуб ва ҳаҷми меъёрии онҳо аз тарафи Назорати суғуртаи давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Муассисаҳои суғурта, ки ба зимма чунин ӯҳдадорӣ гирифтаанд ва иӣрои он аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва захираҳои суғуртавӣ имконнопазир аст, вазифадоранд, ки хавфи иҷрои ӯҳдадории дахлдорро бо азнавсуғуртакунандаҳо суғурта намоянд.

Моддаи 25. Ҳисобкунӣ ва ҳисоботдиҳии муассисаҳои суғурта

Нақшаи ҳисобу китоб ва қоидаҳои ҳисоботи муҳосибавӣ, нишондиҳандаҳо ва шаклҳои муомилоти суғуртавӣ ва ҳисоботдиҳии муассисаҳои суғурта аз тарафи Назорати суғуртаи давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмати омории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Муомилоти суғуртаи шахсиро муассисаҳои суғурта дар нисбати муомилоти суғуртаи амвол ва суғуртаи масъулият алоҳида ҳисобу китоб менамоянд.

Моддаи 26. Нашри тавозуни солона аз тарафи муассисаҳои суғурта

(Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378)

Муассисаҳои суғурта тавозуни солона ва ҳисобҳои фоидаю зарарро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Назорати суғуртаи давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди тасдиқи аудитории дурустии маълумотҳои овардашуда нашр мекунанд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 20.03.2008 № 378).

БОБИ IV. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ БА ФАЪОЛИЯТИ СУUУРТАВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 27. Назорати давлатӣ ба фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорати давлатӣ ба фаъолияти суғуртавӣ бо мақсади риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди суғурта, самаранок инкишоф додани хизмати суғуртавӣ, ҳифзи ҳуқуқу-манфиатҳои суғуртакунандаю муассисаҳои суғурта ва дигар шахсони манфиатдор ва давлат сурат мегирад.

Назорати давлатӣ ба фаъолияти суғуртавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Назорати суғуртаи давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси Низомномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Моддаи 28. Бақайдгирии ташкилотҳои суғурта ва литсензиядиҳӣ барои фаъолияти суғуртавӣ

Ҳамаи ташкилотҳое, ки новобаста аз шакли ташкили - ҳуқуқиашон ба фаъолияти суғуртави машғуланд, бояд мувофиқи қонунгузорип Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд ва иҷозатнома (литсензия) гиранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 120).

қисмҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва шашум хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 120).

Иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти суғуртави мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 120).

қисмҳои ҳаштум, нӯҳум ва даҳум хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 120).

Дар бораи тағйироте, ки ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дохил мешаванд, суғуртакунанда вазифадор аст ба Назорати суғуртаи давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳи баъди қабул шудану қарор оиди ин тағйиротҳо хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Бақайдгирии ташкилотҳои азнавсуғуртакунӣ ва литсензиядиҳӣ барои фаъолияти онҳо мувофиқи тартиби дар ин модда нишондодашуда сурат мегирад.

Моддаи 29. Риояи сирри тиҷоратии суғуртакунанда

Мансабдорони Назорати суғуртаи давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ надоранд, ки бо мақсадҳои ғаразнок ба ҳар шакле ки бошад, сирри тиҷоратии суғуртакунандаро ошкор намоянд. Дар акси ҳoл онҳо ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

БОБИ V. ҚОИДАҲОИ НИҲОӢ

Моддаи 30. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои суғурташаванда, ки бо маълумотҳои дар шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар дар бораи суғурта ҷойдошта иртибот доранд ва боздоштани ҳисоби муассисаҳои суғурта

Муассисаи суғурта ва миёнаравҳои суғурта бояд маълумотеро, ки дар шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар дар бораи суғурта мавҷуданд, махфӣ нигоҳ доранд. Ин маълумотҳо фақат ба суғуртакунанда ва намояндаҳои қонунии вай, инчунин судҳо, мақомоти тафтиш ва таҳқиқи пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ, ки таҳти кор мебошанд, ё ба судҳо аз рӯи парвандаҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ки дар ихтиёри онҳоанд, роҷеъ ба суғуртакунанда ё шахси суғурташуда ё ташкилоти суғуртадода шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 20.03.2008 № 378).

Кормандони ташкилотҳои суғурта, миёнаравҳои суғурта, инчунин шахсони мансабдори дар банди якуми ин модда зикршуда, ки сирри маълумотҳои дар шартнома ва ҳуҷҷатҳои дигар дар бораи суғурта ҷойдоштаро ошкор месозанд, ба тартиби муқарраркардаи Қонун мавриди масъулият қарор мегиранд.

Боздоштани воситаҳои пулие, ки аз тарафи муассисаи суғурта дар шакли пардохтҳои (ҳаққи) суғуртавӣ гирифта шудаанд, инчунин хилофи шартҳои ӯҳдадории бо суғуртакунанда вуҷуддошта ситонидани онҳо, дар сурати аз рӯи асосҳо ва тартиби муқарраркардаи Қонун беэътибор донистани ӯҳдадории суғурта амалӣ шуда метавонад.

Моддаи 31. Суғуртаи шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаа, шахсони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд

Шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаа, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба ҳимояи суғуртавӣ баробари шаҳрвандону шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Моддаи 32. Суғуртаи амвол ва манфиатҳои амволии корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амвол ва манфиатҳои амволии корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарфи назар аз шакли моликият) мувофиқи тартиби муқарраркардаи ин Қонун суғурта мешаванд, агар ин хилофи қонунгузории он мамлакат набошад.

Моддаи 33. Баррасии баҳсҳое, ки аз шартномаи суғурта бармеоянд

Баҳсҳои вобаста ба суғурта дар суд, суди иқтисодӣ мувофиқи салоҳияти онҳо ҳаллу фасл мешаванд. Дар ин маврид муассисаҳои суғурта ва суғуртакунандаҳо аз рӯи ин гуна парвандаҳо аз пардохти боҷи давлатӣ озоданд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Моддаи 34. Шартномаҳои байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378)

Агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидҳои дигари суғурта муқаррар шуда бошанд, қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 378).

Моддаи 35. Дар бораи тартиби фаъолияти суғуртавӣ

Муассисаи суғурта аз ҳамаи воситаҳои дастрасбудаи иттилооти омма (радио, телевизион, матбуот ва ғайра) истифода бурда, ҳуқуқ дорад он, хизматҳои суғуртавиро, ки барои онҳо лицензия дорад, тарғиб намояд.

Муассисаи суғурта фаъолияти тарғиботиашро ба муқобили дигар ташкилоти суғуртавӣ равона карда наметавонад.

Моддаи 36. Қатъ гардидани фаъолияти ташкилоти суғурта

Фаъолияти ташкилоти суғурта мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун қатъ мегардад.

Барои барҳам додани ташкилоти суғурта бо иштироки Назорати суғуртаи давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳӣ ташкил дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Комиссияи барҳамдиҳӣ шикояти пешниҳоднамудаи ташкилоти суғуртаро дида мебарояд, ҳаҷми суғуртапулиро, ки ба суғуртакунанда бояд дода шавад ва ё якҷоя бо ӯҳдадорию ҳуқуқи муассисаи суғурта ба дигар ташкилоти суғурта гузаронда шавад, муайян менамояд. Зимнан ӯҳдадориҳои дар назди суғуртакунанда гирифташуда назар ба дигар қарздиҳандагону фоидагирандагон дар навбати аввал иҷро карда мешаванд.

Раиси

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 20 июли соли 1994 № 981