Муқаррароти моддаи 11 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079)
(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №12, қ.1, мод. 840)
Қонуни мазкур муқаррароти асосиро оид ба амалигардонии суғурта ҳамчун намуди фаъолияти соҳибкорӣ, хусусиятҳои ташкил намудан, иҷозатномадиҳӣ, танзим, қатъ намудани фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунанда), брокерҳои суғуртавӣ, шартҳои фаъолияти дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бозори суғурта, масъалаҳои танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ ва принсипҳои таъмини назорати фаъолияти суғуртавиро муайян менамояд.
Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини ҳимояи манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ иборат мебошад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- агенти суғуртавӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки оид ба бастани шартномаи суғурта аз номи ташкилоти суғуртавӣ ва бо супориши он мувофиқи салоҳияти ба ӯ додашуда фаъолияти миёнаравиро иҷро мекунад;
...