ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҶОВИДОН СОХТАНИ ХОТИРАИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОК ГАРДИДААНД
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, муайян мекунад ва ваколатҳои мақомоти давлатиро, ки ин вазифаҳоро ба ҷо меоваранд, муқаррар менамояд .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 2. Сиёсати давлати дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд
Сиёсати давлати дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, системаи тадбирхои ҳуқуқи, иҷтимоию иқтисоди, маданию маърифати, ахлоқи, ташкили ва тадбирҳои дигарест, ки ҷиҳатҳои зеринро пешбини менамояд:
тартиб додани Барномаи давлатии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;
дар ҷамъият пойдор шудани эҳтироми хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;
ба қайдгирифтани мазорҳои ҳарбиён, комплексҳои ёдбуд, ҷойҳои таърихии корнамоии шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ободу маъмур сохтани онҳо;
тадбирҳои дигари ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд.
Моддаи 3. Ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд
Хотираи шаҳрвандони зайл бояд ҷовидон карда шавад:
шаҳрвандоне, ки дар рафти муҳориба, ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷанги ё худ вазифаҳои дигари хизмати баҳри муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;
шаҳрвандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарби (хизмати) дар қаламрави давлатҳои дигар ҳалок шудаанд;
шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ё худ дар қаламрави давлатҳои дигар дар рафти иҷрои вазифаи ҳарби (хизмати) аз ҷароҳат, контузия, маъюби ё бемори, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибаташон, вафот кардаанд, ҳамчунин дар рафти муҳориба, иҷрои вазифаҳои дигари ҷанги бедарак шудаанд;
шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи муҳориба дучори асорат гашта, ҳалок шудаанд (вафот кардаанд), вале шаъну шарафи худро нигоҳ дошта, ба Ватан хиёнат накардаанд.
Моддаи 4. Ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандони хориҷие, ки ҳангоми муҳофизати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон хотираи шаҳрвандони хориҷиеро, ки ҳангоми муҳофизати манфиату амнияти Тоҷикистон ва шаҳрвандони он ҳалок шудаанд, пос медорад.
Моддаи 5. Ҷовидон гардонндвни хотираи қисмҳо, ҷузъу томҳои ҳарби ва муҳорибагоҳҳо
Агар қисмҳо, ҷузъу томҳо ҳангоми муҳофизати Ватан корнамои карда бошанд, ҳамчунин муҳорибагоҳҳои, ки дар таърих чун рамзи қаҳрамони, матонату мардонагии халқ машҳур гардида бошанд, лоиқи онанд, ки хотираи онҳо ҷовидон гардонда шавад.
Моддаи 6. ӯҳдадории шаҳрвандон баҳри ҷовидон сохтани хотираи онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд
Эҳтиром доштани хотираи онҳое, ки ҳангоми муҳофизати ватан ҳалок гаштаанд, вазифаи муқаддас ва муҳофизати муҳорибагоҳҳое, ки хотираи онҳоро ҷовидон гардонидаанд, қарзи ҳар шаҳрванд аст.
Моддаи 7. Шаклҳои ҷовидон гардонидаки хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд.
Шаклҳои асосии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, инхоанд:
ҳифз ва ободу маъмур кардани мазори ҳарбиён, рост кардани сангу муҷассамаи мазор, сутуни ёдбуд, иншооту объектҳои дигари ёдбуд;
ҳифз ва ободу маъмур кардани масоҳати ҷудогона, ки таърихан бо корнамоии онҳое алоқаманданд, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;
навиштани насаби онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гаштаанд ва маълумоти дигари оиди онҳо дар китобҳои Ёдбуд ;
таъсиси осорхонаҳои ёдбуд, ташкили намоишгоҳҳо, рост кардани нишонҳои ёдбуд дар муҳорибагоҳҳо;
дар воситаҳои ахбори умум чоп кардани мақолаҳо аз корнамоии онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, эҷод кардани асарҳои санъат ва адабиёт бахшида ба корнамоии онҳо;
гузоштани ному насаби касони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, иншоотҳои физикию географи, ба корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, аз ҷумла ба муассисаҳои маърифати ва қисмҳои ҳарби ;
шаҳрванди фахрии ҷумҳури ё худ воҳиди маъмурию марзии он эътироф кардани касоне, аз ҷумла шаҳрвандоии хориҷие, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;
муқаррар кардани санаҳои ёдбуд ва рӯзи Ёдбуд.
Бо қарори мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти ё худ бо ташаббуси шаҳрвандон барои ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, тадбирҳои дигар низ андешидан мумкин аст.
БОБИ 2. МАЗОРИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОК ШУДААНД
Моддаи 8. Мазори ҳарбиён
Мазори шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, бо сангу муҷассамаи мазор, бо сутуни ёдбуду панҷара ва иншооту объектҳои дигараш мазори ҳарбиён мебошад.
Ба мазори ҳарбиён қитьаҳои гӯри ҳарбиён дар қабристонҳои умуми, қабристонҳои ҳарби, қитъаҳои алоҳидаи гӯри ҳарбиён дар қабристонҳои умуми ва берун аз он, ҷойҳои афтодаи ҳавопаймоҳои ҳарби бо сарнишинонашон мансубанд.
Моддаи 9. Тартиби дафн кардани (аз нав ба хок супоридани) онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд
Ҷасади шаҳидони роҳи муҳофизати Ватан бо адои эҳтиромоти ҳарби дафн карда (аз нав ба хок супурда) мешавад. Дар ин ҳол ба ҷо овардани расму оини дини манъ карда намешавад. Масъулияти дафн кардан, ҷиҳозондан ва зебу оро додани гӯру қабристони шаҳрвандоне, км ҳангоми муҳофизати ватан ҳалок шудаанд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идораи ҳарби гузошта мешавад .
Ҷасади ҳарбиён бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз нав ба хок супурда, хешовандони онҳо ҳатман аз ин огоҳ карда мешаванд .
Ҷасади ҳарбиёни дар рафти муҳорибаҳо ҳалокгашта мутобиқи талаби ойинномаҳо, амру дастурҳои фармондеҳи дафн карда мешавад.
Моддаи 10. Ба қайд гирифтан, нигоҳубни ва ободу маъмур кардани мазори ҳарбимён
Мазорҳои ҳарбиён бояд дар қайди давлат бошанд. Онҳоро бо шарту тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар қаламрави давлатҳои дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегиранд .
Ба ҳар мазори ҳарбиён нишони ёдбуд рост карда, ҳуҷҷат тартиб дода мешавад.
Мазорҳои ҳарбиён мутобиқи низомномаҳои Конвенсияи муҳофизати қурбониёни ҷанг, ки 12 августи соли 1949 дар Женева ба имзо расидааст ва мутобиқи меъёрҳои аз тарафи умум эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ нигоҳубин карда мешаванд .
Нигоҳубин ва ободонии мазорҳои ҳарбиён, ки дар қаламрави ҷумҳури воқеанд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳост .
Мазорҳои воқеи қаламрави давлатҳои дигар аз рӯи тартиби дар қарордоду созишномаҳои-байнидавлати муайянгардида нигоҳубин ва ободу маъмур карда мешаванд.
Моддаи 11. Эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён
Бо мақсади эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои посбонишаванда муқаррар менамоянд .
Мазорҳои ошкоргардидаи ҳарбиён то ҳаллу фасл шудани масъалаи ба қайди давлати гирифтани онҳо мувофиқи талабҳои ҳамин Қонун ҳифз карда мешаванд.
Лоиҳаҳои ба нақша гирифтан, сохтан ва навсозии шаҳру маҳалҳои дигар, иншоотҳои бинокори бо назардошти ҳифзи мазорҳои ҳарбиён тартиб дода мешаванд.
Корҳои заминкани, сохтмон, роҳсози ва ғайра, ки дар натиҷаи онҳо мазорҳои ҷарбиён осеб дида метавонанд, танҳо бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идораи ҳарби ба ҷо оварда мешаванд .
Моддаи 12. Барқарор кардани мазорҳои ҳарбиён
Мазорҳои харобгардидаи ҳарбиён, объекту иншоотҳои ёдбуде, ки хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшударо ҷовидон мегардонанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барқарор карда мешаванд .
БОБИ 3. КОРҲОИ ҶУСТУҶӯИ
Моддаи 13. Ташкили корҳои ҷустуҷӯи
Корҳои ҷустуҷӯиро иттиҳодияҳои ҷамъияти, мақомоти ҳокимияти давлатии ба ин корҳо ваколатдоршуда бо мақсади дарёфтани мазорҳои номаълуми ҳарбиён ва осори ҷасадҳои гӯрнашуда, муқаррар кардани номи шаҳидон ё худ бедаракшудагон ба ҷо меоваранд.
Моддаи 14. Тартиби иҷрои корҳои ҷустуҷӯи
Корҳои ҷустуҷӯи дар қаламрави ҷумҳури аз рӯи тартиби дар ҳамин Қонун муайянгардида ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.
Корҳои ҷустуҷӯи дар хоки давлатҳои дигар бо тартиби муайянкардаи қарордодҳои (созишномаҳои) байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расонида мешаванд.
Моддаи 15. Тартиби сарукордори бо объектҳое, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯи ёфт шудаанд
Ҷасади шаҳидоне, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯи ёфт шудаанд, мувофиқи моддаи 9-уми ҳамин Қонун ба хоксупурда, мазорҳои ёфтгардидаи пештар номаълуми ҳарбиён баъди тадқиқ намудан, ба ҳисоб гирифтан ва қайд кардан аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки қисмҳои ҳарбии воқеи ин ё он қаламрав ободу маъмур карда мешаванд .
Аслиҳа, ҳуҷҷат ва молу мулки дигари ёфташудаи шаҳидон санад карда, ба мақомоти идораи ҳарбии маҳалли дарёфти онҳо барои тадқиқу омӯзиш ва бақайдгири супурда мешаванд. Дар ин ҳол ҳуҷҷат, ҷизҳои шахси ва мукофотҳои шаҳидонро ба хешовандони онҳо ё ба осорхона ва аслиҳаи оташфишонро ба мақомоти корҳои дохили медиҳанд. Силоҳи оташфишон ва силоҳи дигарро баъди барои истифодаи ҷанги корнооям кардани онҳо метавон барои намоиш ба осорхона супурд .
Дар бораи пайдо кардани ҷизҳое, ки хавфи таркидан доранд, зуд ба мақомоти идораи ҳарби хабар дода мешавад, ки онҳо бо тартиби муқарраргардида барои безарар ё несту нобуд кардани онҳо чора мебинанд.
БОБИ 4. МАҚОМОТИ ИДОРАИ ДАВЛАТИИ АНҶОМДИҲАНДАИ КОРИ ҶОВИДОНСОЗИИ ХОТИРАИ ШАҲРВАНДОНИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОКШУДА ВА ВАКОЛАТҲОИ ОНҲО
Моддаи 16. Мақомоти идораи давлатии анҷомдиҳандаи кори ҷовидонсозии хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда
Роҳбарии кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо ташкил карда, ба ҷо мебаранд .
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти анҷомдиҳандаи кори ҷовидонсозии хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳамгоми муҳофизати Ватам ҳалок гардидаанд, роҳбари менамояд;
барномаи даалати, санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва ҳуҷҷатҳои дигарро, ки дар асоси онҳо тадбирҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳидон андешида мешаванд, тартиб медиҳад, барои ин тадбирҳо ҷудо кардани маблағро муайян менамояд;
таклифу пешниҳоди шаҳрвандон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъияти, ташкилотҳои диниро оид ба масъалаҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, барраси менамояд ва дар роҳи иҷрои онҳо тадбирҳо меандешад ;
бо давлатҳои дигар оиди нигоҳубин ва ободонии мазорҳои ҳарбиён ҳамкори мекунад, лоиҳаи қарордоду созмшномаҳоро оиди статуси мазорҳои ҳарбиён ва ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки дар хоки давлатҳои дигар дафн шудаанд, манзури баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон менамояд;
аз як марказ ба қайд гирифтан ва тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, аз ҷумла мазорҳои воқеи қаламрави давлатҳои дигарро ташкил мекунад;
ба корҳои нашри китоби Ёдбуд роҳбари мекунад.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
нақшаю барномаҳои кори ёдбуди ҳарбиро тартиб медиҳад;
мазорҳои ҳарбиён ва низомиёни ҳалокшударо ба қайд мегирад;
тадбирҳои ба роҳ мондани кори ҷустуҷӯи ва тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнро танзим мегардонад;
дархости шаҳрвандонро оиди муайян кардани қисмати сарбозони хеши бедаракшудаи онҳо барраси менамояд, дар таҳияи лоиҳаи созишномаҳои байналхалқи оиди статуси мазорҳои ҳарбиён, тартиби ба ҷо овардани корҳои ҷустуҷӯи дар қаламрави ин давлатҳо, дар ташкили тартиби корнамоии хизматчиёни ҳарби, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, дар дафни ҷасади хизматчиёни ҳарби иштирок мекунад;
дар таҳияи маводи китобҳои Ёдбуд иштирок менамояд, тартиби дар системаи Вазорат нашр кардани китобҳои Ёдбудро муайян мекунад.
Мақомоти маҳаллии идораи ҳарби:
дар корҳои дафни (аз нав ба хок супурдани) ҷасади муҳофизони Ватан ширкат меварзанд;
ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъияти дар корҳои ҷустуҷӯи ва дафни (аз нав ба хок супурдани) осори ҷасадҳои шаҳидон ва ободу маъмур сохтани мазори ҳарбиён кӯмаки амали мерасонанд ;
силоҳ, техникаи ҳарби ва воситаҳои дигари моддиро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯи ёфт шудаанд, қабул карда, ҳуҷҷат тартиб медиҳанд, онҳоро таҳқиқ менамоянд, ба ҳисоб мегиранд ва минбаъд истифода шудани онҳоро месанҷанд;
барои муқаррар кардани маълумоти оид ба шаҳидон ва бедакашудагон кор мебаранд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
кормандони ҳалокгардидаи худро ба қайд мегирад;
дар муқаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон иштирок мекунад;
тартиби нашри китобҳои Ёдбудро дар системаи Кумита муайян мекунад .
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ҳангоми корҳои ҷустуҷӯи тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамояд;
аслиҳаи оташфишонро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯи ёфт шудааст, бо тартиби муқарраргардида қабул карда мегирад;
хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардидаи қӯшуни дохили, аскарони қатори ва сардорони ҳалокшудаи мақомоти корҳои дохилиро ба қайд мегирад;
дар муқаррар кардани маълумоти оид ба бедаракшудагон ширкат менамояд;
тартиби нашри китобҳои Ёдбудро дар системаи Вазорат муайян менамояд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
лоиҳаи қарордоду созишномаҳои байнидавлатии эҳтиёт ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиёнро дар қаламрави давлатҳои дигар тартиб медиҳад ва дар амали гардонидани ин қарордоду созишномаҳо иштирок менамояд;
барои муқаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон дар рафти муҳорибаҳо, ҷангҳои мусаллахона ва ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарби (хизмати) дар хоки давлатҳои дигар тадбирҳо меандешад ва оиди мазорҳои ҳарбиён дар қаламрави давлатҳои дигар ҳуҷҷат тартиб медиҳад;
бо ташкилотҳои дахлдори давлатҳое, ки дар қаламрави онҳо мазорҳои ҳарбиён воқеъ гардидаанд, масъалаҳои дар мазорҳо рост кардани нишонҳои ёдбуд, ҳамчунин масъалаҳои маъмуру обод сохтани онҳоро мувофиқа менамояд;
тартиби аз тарафи хешовандон зиёрат кардани мазорҳои ҳарбиёнро, ки дар хоки давлатҳои дигар шаҳид гаштаанд, танзим менамояд;
тартиби ба зиёрати мазори шаҳрвандони давлатҳои дигар, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалокшудаанд (вафот кардаанд), омадани хешовандони онҳоро муқаррар мекунад.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон :
барои чопи китобҳои Ёдбуд заминаи табъу нашр муҳайё мекунад;
таблиғу тарғиби корнамоии шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизти Ватан ҳалок гардидаанд, ба роҳ мемонад, машри рӯйхати шаҳидон (бедаракшудагон)-ро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯи ёфт шудаанд, барои воситаҳои ахбори омма таҳия менамояд ;
гузаронидани тадбиру чорабиниҳоро барои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, ташкил мекунад;
дар сохтмони муҷассамаву ёдбудҳо, ташкили намоишу экспозитсияҳои осорхонаҳо, дар ободу маъмур, гардонидани гирду атрофи мазорҳои ҳарбиён, навсозии сангу муҷассамаи мазор, таснифу тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиён ширкат менамояд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо :
барномаҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, ба нақша мегиранд ва амали мегардонанд;
барои нигоҳубин ва ободону маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён, иншооту объектҳои ёдбуди воқеи қаламравашон, ки хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшударо ҷовидон мегардонанд, тадбирҳо андешида, амали месозанд;
ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнро тартиб медиҳанд ва онҳоро ба қайд мегиранд;
иттиҳодияҳои ҷамъиятиро барои корҳои ҷустуҷӯи ҷалб менамоянд;
бо ташкилотҳои давлатҳои дигар барои эҳтиёт ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён алоқа муқаррар намуда, ҳамкори мекунанд;
барои мазорҳои нави ҳарбиён замини эҳтиёти ҷудо менамоянд;
ба нашри китобҳои маҳаллии Ёдбуд роҳбари мекунанд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Таъминоти молияви ва моддию техникии тадбирҳои ҷовидонгардонии хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда
Хароҷоти тадбирҳои ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, аз ҷумла хароҷоти ободу маъмур кардани минтақаю иншоотҳои ҷудогонае, ки таърихан бо корнамоии муҳофизони Ватан алоқаманданд, ҳамчунин хароҷоти ташкили намоишҳо ва тадбирҳои дигар аз ҳисоби буҷетҳои маҳалли, фондҳои ғайрибуҷети, инчунин аз ҳисоби саҳмияи ихтиёри ва ҳайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонад .
Барои хароҷоти ҷорабиниҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷовидон сохтани хотираи шаҳидони роҳи Ватан меандешад, маблағ аз буҷети ҷумҳури ҷудо карда мешавад.
Барои нигоҳубин ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён, ки дар хоки давлатҳои дигар воқеанд, маблаг дар асоси қарордоду созишномаҳои байнидавлати харҷ карда мешавад.
Тартиби таъминоти моддию техникии бо ҳамин Қонун пешбинишудаи тадбирҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душвшбе
7 апрели соли 1995 № 61
ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҶОВИДОН СОХТАНИ ХОТИРАИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОК ГАРДИДААНД
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, муайян мекунад ва ваколатҳои мақомоти давлатиро, ки ин вазифаҳоро ба ҷо меоваранд, муқаррар менамояд .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 2. Сиёсати давлати дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд
Сиёсати давлати дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, системаи тадбирхои ҳуқуқи, иҷтимоию иқтисоди, маданию маърифати, ахлоқи, ташкили ва тадбирҳои дигарест, ки ҷиҳатҳои зеринро пешбини менамояд:
тартиб додани Барномаи давлатии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;
дар ҷамъият пойдор шудани эҳтироми хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;
ба қайдгирифтани мазорҳои ҳарбиён, комплексҳои ёдбуд, ҷойҳои таърихии корнамоии шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ободу маъмур сохтани онҳо;
тадбирҳои дигари ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд.
Моддаи 3. Ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд
Хотираи шаҳрвандони зайл бояд ҷовидон карда шавад:
шаҳрвандоне, ки дар рафти муҳориба, ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷанги ё худ вазифаҳои дигари хизмати баҳри муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;
шаҳрвандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарби (хизмати) дар қаламрави давлатҳои дигар ҳалок шудаанд;
шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ё худ дар қаламрави давлатҳои дигар дар рафти иҷрои вазифаи ҳарби (хизмати) аз ҷароҳат, контузия, маъюби ё бемори, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибаташон, вафот кардаанд, ҳамчунин дар рафти муҳориба, иҷрои вазифаҳои дигари ҷанги бедарак шудаанд;
шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи муҳориба дучори асорат гашта, ҳалок шудаанд (вафот кардаанд), вале шаъну шарафи худро нигоҳ дошта, ба Ватан хиёнат накардаанд.
Моддаи 4. Ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандони хориҷие, ки ҳангоми муҳофизати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон хотираи шаҳрвандони хориҷиеро, ки ҳангоми муҳофизати манфиату амнияти Тоҷикистон ва шаҳрвандони он ҳалок шудаанд, пос медорад.
Моддаи 5. Ҷовидон гардонндвни хотираи қисмҳо, ҷузъу томҳои ҳарби ва муҳорибагоҳҳо
Агар қисмҳо, ҷузъу томҳо ҳангоми муҳофизати Ватан корнамои карда бошанд, ҳамчунин муҳорибагоҳҳои, ки дар таърих чун рамзи қаҳрамони, матонату мардонагии халқ машҳур гардида бошанд, лоиқи онанд, ки хотираи онҳо ҷовидон гардонда шавад.
Моддаи 6. Ўҳдадории шаҳрвандон баҳри ҷовидон сохтани хотираи онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд
Эҳтиром доштани хотираи онҳое, ки ҳангоми муҳофизати ватан ҳалок гаштаанд, вазифаи муқаддас ва муҳофизати муҳорибагоҳҳое, ки хотираи онҳоро ҷовидон гардонидаанд, қарзи ҳар шаҳрванд аст.
Моддаи 7. Шаклҳои ҷовидон гардонидаки хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд.
Шаклҳои асосии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, инхоанд:
ҳифз ва ободу маъмур кардани мазори ҳарбиён, рост кардани сангу муҷассамаи мазор, сутуни ёдбуд, иншооту объектҳои дигари ёдбуд;
ҳифз ва ободу маъмур кардани масоҳати ҷудогона, ки таърихан бо корнамоии онҳое алоқаманданд, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;
навиштани насаби онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гаштаанд ва маълумоти дигари оиди онҳо дар китобҳои Ёдбуд ;
таъсиси осорхонаҳои ёдбуд, ташкили намоишгоҳҳо, рост кардани нишонҳои ёдбуд дар муҳорибагоҳҳо;
дар воситаҳои ахбори умум чоп кардани мақолаҳо аз корнамоии онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, эҷод кардани асарҳои санъат ва адабиёт бахшида ба корнамоии онҳо;
гузоштани ному насаби касони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда ба маҳалҳо, кўчаю майдонҳо, иншоотҳои физикию географи, ба корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, аз ҷумла ба муассисаҳои маърифати ва қисмҳои ҳарби ;
шаҳрванди фахрии ҷумҳури ё худ воҳиди маъмурию марзии он эътироф кардани касоне, аз ҷумла шаҳрвандоии хориҷие, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;
муқаррар кардани санаҳои ёдбуд ва рўзи Ёдбуд.
Бо қарори мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти ё худ бо ташаббуси шаҳрвандон барои ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, тадбирҳои дигар низ андешидан мумкин аст.
БОБИ 2. МАЗОРИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОК ШУДААНД
Моддаи 8. Мазори ҳарбиён
Мазори шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, бо сангу муҷассамаи мазор, бо сутуни ёдбуду панҷара ва иншооту объектҳои дигараш мазори ҳарбиён мебошад.
Ба мазори ҳарбиён қитьаҳои гўри ҳарбиён дар қабристонҳои умуми, қабристонҳои ҳарби, қитъаҳои алоҳидаи гўри ҳарбиён дар қабристонҳои умуми ва берун аз он, ҷойҳои афтодаи ҳавопаймоҳои ҳарби бо сарнишинонашон мансубанд.
Моддаи 9. Тартиби дафн кардани (аз нав ба хок супоридани) онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд
Ҷасади шаҳидони роҳи муҳофизати Ватан бо адои эҳтиромоти ҳарби дафн карда (аз нав ба хок супурда) мешавад. Дар ин ҳол ба ҷо овардани расму оини дини манъ карда намешавад. Масъулияти дафн кардан, ҷиҳозондан ва зебу оро додани гўру қабристони шаҳрвандоне, км ҳангоми муҳофизати ватан ҳалок шудаанд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идораи ҳарби гузошта мешавад .
Ҷасади ҳарбиён бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз нав ба хок супурда, хешовандони онҳо ҳатман аз ин огоҳ карда мешаванд .
Ҷасади ҳарбиёни дар рафти муҳорибаҳо ҳалокгашта мутобиқи талаби ойинномаҳо, амру дастурҳои фармондеҳи дафн карда мешавад.
Моддаи 10. Ба қайд гирифтан, нигоҳубни ва ободу маъмур кардани мазори ҳарбимён
Мазорҳои ҳарбиён бояд дар қайди давлат бошанд. Онҳоро бо шарту тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар қаламрави давлатҳои дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегиранд .
Ба ҳар мазори ҳарбиён нишони ёдбуд рост карда, ҳуҷҷат тартиб дода мешавад.
Мазорҳои ҳарбиён мутобиқи низомномаҳои Конвенсияи муҳофизати қурбониёни ҷанг, ки 12 августи соли 1949 дар Женева ба имзо расидааст ва мутобиқи меъёрҳои аз тарафи умум эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ нигоҳубин карда мешаванд .
Нигоҳубин ва ободонии мазорҳои ҳарбиён, ки дар қаламрави ҷумҳури воқеанд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳост .
Мазорҳои воқеи қаламрави давлатҳои дигар аз рўи тартиби дар қарордоду созишномаҳои-байнидавлати муайянгардида нигоҳубин ва ободу маъмур карда мешаванд.
Моддаи 11. Эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён
Бо мақсади эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои посбонишаванда муқаррар менамоянд .
Мазорҳои ошкоргардидаи ҳарбиён то ҳаллу фасл шудани масъалаи ба қайди давлати гирифтани онҳо мувофиқи талабҳои ҳамин Қонун ҳифз карда мешаванд.
Лоиҳаҳои ба нақша гирифтан, сохтан ва навсозии шаҳру маҳалҳои дигар, иншоотҳои бинокори бо назардошти ҳифзи мазорҳои ҳарбиён тартиб дода мешаванд.
Корҳои заминкани, сохтмон, роҳсози ва ғайра, ки дар натиҷаи онҳо мазорҳои ҷарбиён осеб дида метавонанд, танҳо бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идораи ҳарби ба ҷо оварда мешаванд .
Моддаи 12. Барқарор кардани мазорҳои ҳарбиён
Мазорҳои харобгардидаи ҳарбиён, объекту иншоотҳои ёдбуде, ки хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшударо ҷовидон мегардонанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барқарор карда мешаванд .
БОБИ 3. КОРҲОИ ҶУСТУҶЎИ
Моддаи 13. Ташкили корҳои ҷустуҷўи
Корҳои ҷустуҷўиро иттиҳодияҳои ҷамъияти, мақомоти ҳокимияти давлатии ба ин корҳо ваколатдоршуда бо мақсади дарёфтани мазорҳои номаълуми ҳарбиён ва осори ҷасадҳои гўрнашуда, муқаррар кардани номи шаҳидон ё худ бедаракшудагон ба ҷо меоваранд.
Моддаи 14. Тартиби иҷрои корҳои ҷустуҷўи
Корҳои ҷустуҷўи дар қаламрави ҷумҳури аз рўи тартиби дар ҳамин Қонун муайянгардида ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.
Корҳои ҷустуҷўи дар хоки давлатҳои дигар бо тартиби муайянкардаи қарордодҳои (созишномаҳои) байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расонида мешаванд.
Моддаи 15. Тартиби сарукордори бо объектҳое, ки дар рафти корҳои ҷустуҷўи ёфт шудаанд
Ҷасади шаҳидоне, ки дар рафти корҳои ҷустуҷўи ёфт шудаанд, мувофиқи моддаи 9-уми ҳамин Қонун ба хоксупурда, мазорҳои ёфтгардидаи пештар номаълуми ҳарбиён баъди тадқиқ намудан, ба ҳисоб гирифтан ва қайд кардан аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки қисмҳои ҳарбии воқеи ин ё он қаламрав ободу маъмур карда мешаванд .
Аслиҳа, ҳуҷҷат ва молу мулки дигари ёфташудаи шаҳидон санад карда, ба мақомоти идораи ҳарбии маҳалли дарёфти онҳо барои тадқиқу омўзиш ва бақайдгири супурда мешаванд. Дар ин ҳол ҳуҷҷат, ҷизҳои шахси ва мукофотҳои шаҳидонро ба хешовандони онҳо ё ба осорхона ва аслиҳаи оташфишонро ба мақомоти корҳои дохили медиҳанд. Силоҳи оташфишон ва силоҳи дигарро баъди барои истифодаи ҷанги корнооям кардани онҳо метавон барои намоиш ба осорхона супурд .
Дар бораи пайдо кардани ҷизҳое, ки хавфи таркидан доранд, зуд ба мақомоти идораи ҳарби хабар дода мешавад, ки онҳо бо тартиби муқарраргардида барои безарар ё несту нобуд кардани онҳо чора мебинанд.
БОБИ 4. МАҚОМОТИ ИДОРАИ ДАВЛАТИИ АНҶОМДИҲАНДАИ КОРИ ҶОВИДОНСОЗИИ ХОТИРАИ ШАҲРВАНДОНИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОКШУДА ВА ВАКОЛАТҲОИ ОНҲО
Моддаи 16. Мақомоти идораи давлатии анҷомдиҳандаи кори ҷовидонсозии хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда
Роҳбарии кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо ташкил карда, ба ҷо мебаранд .
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти анҷомдиҳандаи кори ҷовидонсозии хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳамгоми муҳофизати Ватам ҳалок гардидаанд, роҳбари менамояд;
барномаи даалати, санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва ҳуҷҷатҳои дигарро, ки дар асоси онҳо тадбирҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳидон андешида мешаванд, тартиб медиҳад, барои ин тадбирҳо ҷудо кардани маблағро муайян менамояд;
таклифу пешниҳоди шаҳрвандон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъияти, ташкилотҳои диниро оид ба масъалаҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, барраси менамояд ва дар роҳи иҷрои онҳо тадбирҳо меандешад ;
бо давлатҳои дигар оиди нигоҳубин ва ободонии мазорҳои ҳарбиён ҳамкори мекунад, лоиҳаи қарордоду созмшномаҳоро оиди статуси мазорҳои ҳарбиён ва ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки дар хоки давлатҳои дигар дафн шудаанд, манзури баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон менамояд;
аз як марказ ба қайд гирифтан ва тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, аз ҷумла мазорҳои воқеи қаламрави давлатҳои дигарро ташкил мекунад;
ба корҳои нашри китоби Ёдбуд роҳбари мекунад.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
нақшаю барномаҳои кори ёдбуди ҳарбиро тартиб медиҳад;
мазорҳои ҳарбиён ва низомиёни ҳалокшударо ба қайд мегирад;
тадбирҳои ба роҳ мондани кори ҷустуҷўи ва тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнро танзим мегардонад;
дархости шаҳрвандонро оиди муайян кардани қисмати сарбозони хеши бедаракшудаи онҳо барраси менамояд, дар таҳияи лоиҳаи созишномаҳои байналхалқи оиди статуси мазорҳои ҳарбиён, тартиби ба ҷо овардани корҳои ҷустуҷўи дар қаламрави ин давлатҳо, дар ташкили тартиби корнамоии хизматчиёни ҳарби, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, дар дафни ҷасади хизматчиёни ҳарби иштирок мекунад;
дар таҳияи маводи китобҳои Ёдбуд иштирок менамояд, тартиби дар системаи Вазорат нашр кардани китобҳои Ёдбудро муайян мекунад.
Мақомоти маҳаллии идораи ҳарби:
дар корҳои дафни (аз нав ба хок супурдани) ҷасади муҳофизони Ватан ширкат меварзанд;
ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъияти дар корҳои ҷустуҷўи ва дафни (аз нав ба хок супурдани) осори ҷасадҳои шаҳидон ва ободу маъмур сохтани мазори ҳарбиён кўмаки амали мерасонанд ;
силоҳ, техникаи ҳарби ва воситаҳои дигари моддиро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷўи ёфт шудаанд, қабул карда, ҳуҷҷат тартиб медиҳанд, онҳоро таҳқиқ менамоянд, ба ҳисоб мегиранд ва минбаъд истифода шудани онҳоро месанҷанд;
барои муқаррар кардани маълумоти оид ба шаҳидон ва бедакашудагон кор мебаранд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
кормандони ҳалокгардидаи худро ба қайд мегирад;
дар муқаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон иштирок мекунад;
тартиби нашри китобҳои Ёдбудро дар системаи Кумита муайян мекунад .
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ҳангоми корҳои ҷустуҷўи тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамояд;
аслиҳаи оташфишонро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷўи ёфт шудааст, бо тартиби муқарраргардида қабул карда мегирад;
хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардидаи қўшуни дохили, аскарони қатори ва сардорони ҳалокшудаи мақомоти корҳои дохилиро ба қайд мегирад;
дар муқаррар кардани маълумоти оид ба бедаракшудагон ширкат менамояд;
тартиби нашри китобҳои Ёдбудро дар системаи Вазорат муайян менамояд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
лоиҳаи қарордоду созишномаҳои байнидавлатии эҳтиёт ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиёнро дар қаламрави давлатҳои дигар тартиб медиҳад ва дар амали гардонидани ин қарордоду созишномаҳо иштирок менамояд;
барои муқаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон дар рафти муҳорибаҳо, ҷангҳои мусаллахона ва ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарби (хизмати) дар хоки давлатҳои дигар тадбирҳо меандешад ва оиди мазорҳои ҳарбиён дар қаламрави давлатҳои дигар ҳуҷҷат тартиб медиҳад;
бо ташкилотҳои дахлдори давлатҳое, ки дар қаламрави онҳо мазорҳои ҳарбиён воқеъ гардидаанд, масъалаҳои дар мазорҳо рост кардани нишонҳои ёдбуд, ҳамчунин масъалаҳои маъмуру обод сохтани онҳоро мувофиқа менамояд;
тартиби аз тарафи хешовандон зиёрат кардани мазорҳои ҳарбиёнро, ки дар хоки давлатҳои дигар шаҳид гаштаанд, танзим менамояд;
тартиби ба зиёрати мазори шаҳрвандони давлатҳои дигар, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалокшудаанд (вафот кардаанд), омадани хешовандони онҳоро муқаррар мекунад.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон :
барои чопи китобҳои Ёдбуд заминаи табъу нашр муҳайё мекунад;
таблиғу тарғиби корнамоии шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизти Ватан ҳалок гардидаанд, ба роҳ мемонад, машри рўйхати шаҳидон (бедаракшудагон)-ро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷўи ёфт шудаанд, барои воситаҳои ахбори омма таҳия менамояд ;
гузаронидани тадбиру чорабиниҳоро барои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, ташкил мекунад;
дар сохтмони муҷассамаву ёдбудҳо, ташкили намоишу экспозитсияҳои осорхонаҳо, дар ободу маъмур, гардонидани гирду атрофи мазорҳои ҳарбиён, навсозии сангу муҷассамаи мазор, таснифу тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиён ширкат менамояд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо :
барномаҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, ба нақша мегиранд ва амали мегардонанд;
барои нигоҳубин ва ободону маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён, иншооту объектҳои ёдбуди воқеи қаламравашон, ки хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшударо ҷовидон мегардонанд, тадбирҳо андешида, амали месозанд;
ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнро тартиб медиҳанд ва онҳоро ба қайд мегиранд;
иттиҳодияҳои ҷамъиятиро барои корҳои ҷустуҷўи ҷалб менамоянд;