ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶОВИДОН СОХТАНИ ХОТИРАИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОК ГАРДИДААНД"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1995 "Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №7-8, мод. 69) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаи "ФАСЛИ" ба калимаи "БОБИ" иваз ва бо рақами арабӣ ишора карда, пас аз он аломати нуқта "." гузошта шавад.
2. Номи фасли I дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ".
3. Матни моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
4. Дар моддаҳои 9, 11, 12, 15 ва 16 калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 10:
- дар қисми якум калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 16 калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати фарҳанг ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 17:
...