ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИЛМ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА
Қонуни мазкур муносибатҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар байни субъектҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад ().
БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад ().
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд ():
- фаъолияти илмӣ (фаъолияти илмию таҳқиқотӣ) - фаъолиятест, ки баҳри аз худ кардан ва татбиқ намудани донишҳои нав, аз ҷумла таҳқиқотҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ равона карда шудааст ();
- таҳқиқотҳои илмии бунёди - фаъолияти озмоиши ва назарияви, ки ба андӯхтани донишҳои нав оид ба қонуниятҳои асосии сохт, амал ва рушди инсон, ҷамъият, муҳити зист равона шудааст ();
- таҳқиқотҳои илмии амали - таҳқиқотҳое, ки мустасно ба татбиқи донишҳои нав барои ноил шудан ба мақсадҳои таҷрибави ва ҳалли масъалаҳои мушаххас равона шудаанд;
- фаъолияти илмию техники - фаъолиятест, ки ба дарёфт кардан ва истифода бурдани донишҳои нав бо мақсади ҳалли проблемаҳои технологи, муҳандиси, иқтисоди, иҷтимои, гуманитари ва ҳоказо, барои таъмини амали илм, техника ва истеҳсолот чун системаи ягона равона шудааст ();
- коркардҳои озмоиши - фаъолиятест, ки ба донишҳои дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқотҳои илми ё дар асоси таҷрибаи амали ба даст омада такя карда, ба нигаҳдории ҳаёт ва саломатии инсон, таҳияи маводи нав, маҳсулот, равандҳо, лавозимот, хизматрасониҳо, система ва методҳо ва такмили баъдинаи онҳо равона шудааст (, );
- сиёсати давлати оид ба илму техника - қисми таркибии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, ки муносибати давлатро ба фаъолияти илми ва илмию техники ифода намуда, ҳадафҳо, самтҳо, шаклҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар соҳаи илму техника, татбиқи дастовардҳои илми ва илмию техникиро муайян менамояд (, );
- натиҷаи илми ва (ё) илмию техники маҳсули фаъолияти илми ва (ё) илмию техникӣ мебошад, ки он донишҳо ва натиҷаҳои навро дарбар гирифта, дар ягон воситаҳои интишороти иттилооти сабт шудааст (, );
- маҳсули илми ва (ё) илмию техники - натиҷаи илми ва (ё) илмию техники мебошад, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти зеҳни, ки барои ба иҷро расондан муқаррар шудааст ();
- грантҳо - воситаҳои пули ва ғайра, ки ройгон ва бе бозгашт аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, аз ҷумла аз тарафи шаҳрвандони хориҷи ва шахсони ҳуқуқии хориҷи, инчунин ташкилотҳои байналмилали дода мешаванд ва барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмии мушаххас дар асоси шартҳои грантдиҳанда истифода бурда мешаванд (, ).
- субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти асосии онҳо ба дарёфт, кашф ва истифодаи дастовардҳои нави илмӣ ва илмию техникӣ равона карда шудааст ();
- Кодекси намунавии одоби илмӣ - маҷмӯи муназзами қоидаву меъёрҳои рафтор, ақидаву принсипҳои ахлоқии ташкили фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ танзим менамояд ;
- одоби илмӣ - меъёру қоидаҳои ахлоқии аз ҷониби ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ муқаррар ва эътирофшудаи корманди илмӣ (муҳаққиқ) ;
- рафтори ношоями илмӣ - амали ношоистаи корманди илмӣ, ҳамчун сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), инчунин харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ (рисолаҳои илмӣ, лоиҳаҳои дипломӣ, хатмкунӣ ва курсӣ) бо мақсади минбаъд дифои ошкорои он аз номи худ .
БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ
Моддаи 3. Муқаррароти умуми дар бораи субъектҳои фаъолияти илми ва илмию техники
Фаъолияти илми ва (ё) илмию техники бо тартиби муайянкардаи қонуни мазкур аз тарафи шахсони воқеи - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷи, шахсони бешаҳрванди дар доираи ҳуқуқҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқи муқаррар карда, иҷро мегардад, ба шарте, ки агар тибқи ҳуҷҷатҳои муассиси онҳо фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар назар дошта шудааст ().
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни мазкур (, аз 30.07.2007 № 335):
- ба субъектҳои илми ва (ё) илмию техники озодона эҷод карданро кафолат медиҳанд, яъне барои онҳо ҳуқуқи интихоби самт ва усули гузаронидани таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои таҷрибавиро таъмин мекунанд;
- ҳимояи субъектҳои илми ва илмию техникиро аз рақобати беинсофона кафолат медиҳанд;
- ҳуқуқро ба кори таваккалии асоснокшуда дар фаъолияти илми ва (ё) илмию-техники эътироф мекунанд;
- озодии истифода аз иттилооти илми ва илмию техники, бо истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷорат муайян кардааст, кафолат медиҳанд;
- омода кардан, такмили тахассус ва бозомӯзии кормандони илми ва мутахассисони ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии давлатиро кафолат медиҳанд ();
- маблағгузории лоиҳаҳое, ки аз рӯи дархостҳои давлати иҷро мешаванд, кафолат медиҳанд;
- фаъолияти инноватсионии субъектҳои илмӣ ва илмию техникиро дастгирӣ менамоянд ().
Моддаи 4. Корманди илми, мутахассиси ташкилоти (ё муассисаи) илми ва корманди соҳаи хизматрасонии илми. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони илми
Корманди илми (муҳаққиқ) шаҳрвандест, ки тахассуси заруриро дорост ва ба таври касби машғули фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мебошад ().
Асосҳои ҳуқуқии арзёбии тахассуси коркунони илми ва мутахассисони ташкилоти илми ва меъёрҳои ин арзёби бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва аз тарафи низоми давлатии аттестациони таъмин мегарданд.
Натиҷаҳои аттестацияро комиссияи аттестационии босалоҳият эътироз ва бекор карда метавонад. Дар ҳолати вайрон кардани тартиб ва меъёрҳои арзёбии тахассусии коркунони илми ва мутахассисони ташкилоти илми натиҷаҳои аттестация ба тартиби суди эътироз ва бекор шуда метавонанд.
Мутахассиси ташкилоти илми (коркуни муҳандисию техники) шаҳрвандест, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ ё таҳсилоти олии касбӣ дорад ва барои ба даст даровардани натиҷаи илми ва (ё) илмию техники ва амали кунонидани он мусоидат мекунад ().
Корманди соҳаи хизматрасонии илми шаҳрвандест, ки барои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар ташкилоти илми шароити мусоидро таъмин мекунад.
Корманди илми ҳуқуқ дорад ба:
- эътирофи ӯ чун муаллифи натиҷаҳои илми (ё) илмию техники, додани дархост барои кашфиёт ва дигар натиҷаҳои фаъолияти зеҳни мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гирифтани даромад (ҳаққи муаллиф) аз амаликунии натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- арзёбии ҳаққони ба фаъолияти илми ва (ё) илмию техникии худ ва гирифтани инъом, мукофот ва имтиёзҳо мутобиқи саҳми эҷодиаш;
- ба вуҷуд овардани фаъолияти соҳибкори дар соҳаи илму техника, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ нест;
- додани дархост барои иштирок дар баҳсҳои илми, конфронсҳо, симпозиумҳо ва дигар баррасиҳои илмии дастҷамъӣ ();
- иштирок дар озмуни маблағгузории таҳқиқотҳои илми аз ҳисоби буҷети мувофиқ, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва манбаъҳои дигар, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ нестанд ();
- додани дархост барои иштирок дар ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техники, коромӯзи, таҷрибаандӯзи, сафари хидмати, нашри натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ();
- иҷозати истифода аз иттилоот дар бораи натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники, агар он машғулиятҳо сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷоратии мансуб ба онро дарбар нагиранд ();
- нашри натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники дар матбуоти даври, агар онҳо маълумотҳои мансуб ба сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷоратиро дарбар нагиранд;
- радди далелнок аз ширкат дар таҳқиқотҳои илми, ки ба инсон, ҷамъият ва муҳити зист таъсири манфи мерасонанд ();
- такмили тахассуси илми.
Корманди илми ӯҳдадор аст ():
Фаъолияти илми, илмию-техники ва (ё) коркардҳои озмоиширо иҷро намуда, ҳуқуқҳо ва озодии инсонро вайрон накунад, ба ҳаёт ва саломатии ӯ, ҳамчунин ба муҳити зисти табии зарар наорад;
Экспертизаи барномаҳо ва лоиҳаҳои илми ва илмию техники ва коркардҳои озмоиширо воқеъбинона ба амал барорад ().
Коркунони илми метавонанд оиди фаъолияти муштараки илми ва илмию техники мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома банданд.
Коркунони илми дар заминаи ихтиёри ҳуқуқи ташкили иттиҳодияҳои ҷамъиятиро мутобиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иттиҳодияҳои ҷамъияти доранд.
Академияҳои ҷамъиятии илмҳо дар ҳамоҳангсозии фаъолияти илми мувофиқи оинномаҳои худ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд ().
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои ихтиёри метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони илмиро ба таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи илму техника, гузаронидани экспертизаҳо, инчунин дар асоси озмун ба иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои илми аз ҳисоби буҷети мувофиқ ҷалб кунанд ().
Моддаи 5. Ташкилоти илмӣ
Ташкилоти (ё муассисаи) илмӣ шахси ҳуқуқие эътироф мешавад, ки новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ҳамчунин иттиҳодияи ҷамъиятии кормандони илмӣ, ки фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва тайёр кардани кормандони илмиро ҳамчун фаъолияти асосӣ ба роҳ монда, мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсиси ташкилоти (ё муассисаи) илмӣ фаъолият менамояд ().
Ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмӣ аз ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои илмии вобаста ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳавию конструкторӣ, таҷрибавию технологӣ ва муассисаҳои дигар, ки фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро анҷом медиҳанд, иборатанд ().
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитацияи давлатии ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмиро ташкил мекунад ва ба онҳо шаҳодатномаи аккредитацияи давлатиро медиҳад. Тартиби аккредитацияи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати ба ташкилоти илмие дода мешавад, ки ҳаҷми фаъолияти илмии он на кам аз 70 фоизи ҳаҷми умумии кори ба сомонрасондаи ин ташкилотро ташкил медиҳад ва дар Оинномаи он Шӯрои олимон (илми, техники, илмию техники) ба сифати яке аз мақомоти идоракуни дар назар дошта шудааст. Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати, баъди номнавис кардани ташкилоти илми тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (, ).
Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати барои ба ташкилоти илми додани имтиёзҳои пардохти андозҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар имтиёзҳое, ки барои ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, асос мебошад.
Ташкилоти илмие, ки таҷҳизоти таҷрибавию озмоишии нодир дошта, дар он коркунони илми ва мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ кор мекунанд ва фаъолияти илмии он дар арсаи байналмилали эътироф шудааст, метавонад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун марказии илмии давлати мақом гирад ().
Раддия оиди додани шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати ба ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми барои ба амал баровардани фаъолияти илми монеа шуда наметавонад, дар як вақт чунин ташкилот ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳои дар қисми панҷуми ин модда пешбинишударо надорад.
Ташкилоти илми молу мулки аз ҷониби муассисон барои амалигардонии фаъолияти дар ҳуҷҷатҳои муассиси муайяншударо молик буда, онро истифода ва ихтиёрдорӣ мекунад ().
Тартиби соҳибӣ кардан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ташкилоти илмиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (, ).
Ташкилоти илми вазифадор аст, ки заминаи илмию таҳқиқоти ва таҷрибавию озмоишии худро нигоҳ дорад ва тараққи диҳад, фондҳои истеҳсолии худро нав кунад (, ).
Ташкилоти илми мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории илмиро бо шахсони ҳуқуқии хориҷи ва фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба амал мебарорад ().
Ташкилоти илми бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, таъсис дода мешавад, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
Дар ҳолати азнавташкилдиҳии ташкилоти илми муҳофизати ягонагии технологии фаъолияти илми ва илмию техники бояд таъмин гардад. Аз ҳайати ин ташкилоти илми ҷудо кардани истеҳсолоти таҷрибави, таҷрибавию озмоиши, таҷрибавию илми, таҷрибавию фармацевти ва заминаҳои тибби роҳ дода намешавад ().
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташкилоти илмии давлати таъсис додаанд, метавонанд барои азнавсози, таъмири асоси ва ҷории молу мулки ин ташкилот маблағ ҷудо кунанд. Дар сурати нокифоя будани маблағ онҳо нисбат ба ӯҳдадориҳои ин ташкилот (ё муассиса) масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) доранд (, ).
Ба ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии давлати аз рӯи тартиби муқарраршуда барои истифодаи бемӯхлату ройгон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.
Моддаи 6. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо мақоми давлати доранд, аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати маблағгузори мешаванд, соҳиби ҳуқуқҳои идораи фаъолияти молу мулки худ мебошанд ().
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд (, ).
Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои дохил мешаванд.
Сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимоии ба ҳайати онҳо дохилшуда аз рӯи оинномаҳои академияҳои илмҳои номбурда муайян карда мешавад ().
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти худидорашавандаи давлатӣ буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ амал мекунад. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқотҳои илмии бунёди ва амалиро аз рӯи муҳимтарин проблемаҳои илмҳои табии, техники ва гуманитари гузаронида, дар ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмии бунёди, ки аз тарафи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва муассисаҳои олии касбии таълимӣ иҷро ва аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати маблағгузори мешаванд, ширкат меварзад ().
Академияҳои соҳавии илмҳо ташкилотҳои (ё муассисаҳои) худидорашаванда буда, таҳқиқотҳои илмии бунёди ва амалиро дар соҳаҳои мувофиқи илм ва техника гузаронида, дар ҳамоҳангсозии ҳамин таҳқиқотҳои илми, иштирок мекунанд ().
Маблағгузории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати, ки чун сатри алоҳида дар он нишон дода шудааст ва манбаъҳои дигари аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номамнӯъ ба амал бароварда мешавад ().
Натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, ки бо истифодабарии воситаҳои буҷети давлати иҷро шудаанд, ба давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешаванд.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо ҳар сол ба Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таҳқиқотҳои илмии гузаронидашуда ва натиҷаҳои илми ва илмию техники ҳисобот медиҳанд ().
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимоии онҳо молу мулки давлатиро соҳиби мекунанд, истифода мебаранд ва идора мекунанд. Ин молу мулк ба онҳо барои идораи фаври ё хоҷагидории пурра мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Номнависи молу мулки ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо барои идораи фаври ва хоҷагидории пурра додашуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ().
Ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, ташкилотҳои илми, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои барои истифодаи бемӯхлату ройгон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд ().
Моддаи 6 (1). Академияхои чамъиятии илмхо
Мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон Академияхои чамъиятии илмхо метавонанд таъсис дода шаванд, ки онхо дар сохахои дахлдори илму техника тадкикот ташкил менамоянд ва мегузаронанд.
Академияхои чамъиятии илмхо метавонанд бо ташкилоту идорахо ва корхонащо шартнома баста барояшон тахкикоти илми гузаронанд ва дар татбик намудани барномахои илми ва илмию техники дар асоси озмун иштирок намоянд ().
БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА ПРИНЦИПҲОИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ
Моддаи 7. Идоракунии фаъолияти илми ва илмию техники
Идоракунии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар асоси истифодаи якҷояи принципҳои танзими давлати ва худидоракуни ба амал бароварда мешавад.
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои дар доираи салоҳияташон самтҳои афзалиятноки дахлдори инкишофи илм ва техникаро муайян мекунанд, ташаккули системаи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми, мутобиқкунии байнисоҳавии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники, таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаҳои илми ва илмию техники, инкишофи шаклҳои ҳамгироии илм ва истеҳсолот, татбиқи дастовардҳои илм ва техникаро таъмин менамоянд ().
Идораи фаъолияти илми ва (ё) илми-техники дар доирае ба амал бароварда мешавад, ки озодии эҷоди илмиро вайрон накунад.
Мақомоти ҳокимияти давлати, ки ташкилоти давлатии илмиро таъсис медиҳанд, вазифадоранд:
- низомномаи ташкилоти давлатии илмиро тасдиқ кунанд ();
- аз самаранок истифода бурдан ва эҳтиёт намудани молу мулки ба ташкилоти давлатии илми супурдашуда назорат баранд (, );
- вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташон иҷро намоянд ().
Роҳбарони ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, инчунин ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии ғайридавлати мувофиқи қонунгузори ва ба тартибе, ки дар оинномаи онҳо пешбини гардидааст, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (, ).
Шӯроҳои илмии ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии давлати нақшаҳои кори илми ва инкишофи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илмиро ошкоро вобаста ба супориши давлати, соҳаи ташкилоти давлатии илми, манфиатҳои илми ва иқтисодии онҳо таҳия ва тасдиқ мекунанд.
Моддаи 8. Шартномаҳо (муоҳидаҳо) барои эҷодкуни, таҳвил ва истифодаи маҳсулоти илми ва илмию техники
Шакли асосии муносибати ҳуқуқии байни ташкилоти илмии фармоишгар ва истифодабарандагони дигари маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, аз он ҷумла вазоратҳо ва мақомотҳои дигари ҳокимияти иҷроия шартномаҳо (муоҳидаҳо) барои эҷодкуни, таҳвил ва истифодаи маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, хизматрасониҳои илми, илмию техники, муҳандисию машварати ва дигархо, инчунин шартномаҳо, аз он ҷумла шартномаҳо оиди ҳамкориҳои муштараки фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва тақсими даромад, мебошад ().
Дар асоси шартномаҳои (муоҳидаҳои) мазкур таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои таҷрибави барои эҳтиёҷи давлат гузаронида мешаванд. Дар ин маврид шартномаҳо (муоҳидаҳо) байни мақомоти фармоишгар ва ташкилоти иҷрокунанда баста мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки барои ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илми барои иҷрои таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоиши фармоиши давлатии ҳатми муқаррар намояд ().
Шартҳои молик будан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани дастовардҳои илми ва (ё) илмию техники мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои (муоҳидаҳои) тарафайни субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва истифодабарандагони маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, ки ба он мухолиф нестанд, муайян карда мешаванд (, ).
Моддаи 9. Таъминоти иттилоотии фаъолияти илми ва илмию техники
Субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҳуқуқи мубодилаи иттилоотиро ба истиснои маълумотҳое, ки сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷорати мебошанд, доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили фондҳо ва системаҳои иттилоотии давлатиро дар соҳаи илм ва техника, ки ҷамъовари, бақайдгирии давлати, коркарди таҷлили, нигоҳдори ва ба истифодабарандагон расондани ахбороти илми ва техникиро ба амал мебароранд ва барои берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намудани маводҳои илми ва илмию техники, харидани маҷаллаҳои илми, китобҳо, дигар нашрияҳои чопи оид ба натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники мадад мерасонанд, таъмин мекунад ().
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дастрас намудани иттилооти номбурда ва ҳуқуқи хариди онро кафолат медиҳад ва ҳуқуқи вуруд ба фондҳо ва системаҳои байналмилалии иттилоотро дар соҳаи илм ва техника таъмин менамояд ().
Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илми, ки дар онҳо бонкҳои маълумот ва базаҳои маълумоти, иттилооти илми ва (ё) илмию техники амал мекунанд, муҳофизати бонкҳои маълумот ва базаҳои маълумот, таҳвили онҳо бо тартиби муқарраршуда таъмин карда мешавад ().
Моддаи 10. Маҳдудкунии ва лицензиякунонии баъзе намудҳои фаъолияти илми ва илмию техники
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ():
- тартиби гузаронидани таҳқиқотҳои илми ва истифодаи натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техникиро, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саломатии шаҳрвандон, муҳити зист зарар дошта метавонанд, муқаррар кунад;
- Хориҷ карда шуд ()
- дар ҳолатҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, истифодаи баъзе натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техникиро маҳдуд кунад, тартиботи махфиро ба онҳо ҷори кунад ва аз иҷрои он назорат барад;
- талаботҳои сертификатсиони ва метрологиро ба баъзе намудҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҷори намояд.
БОБИ 3(1). АСОСҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ
Моддаи 10(1). Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ
Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмие, ки дар ҷараёни таҳқиқот аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд, инҳоянд:
- қобили қабул будани танқид ва мубоҳиса, муносибати боэҳтиромона нисбат ба муноқиз (оппонент), роҳбари илмӣ ва унвонҷӯ;
- арзёбии ҳақиқати ақидаҳои илмӣ новобаста ба синну сол, ҷинс, нажод ва нуфузу унвонҳои корманди илмии ин ақидаҳоро асосноккунанда;
- дастоварди умумӣ эътироф шудани натиҷаҳои илмӣ ва илмию техникӣ;
- беғаразии фаъолияти корманди илмӣ;
- ошкоро будани таҳлили танқидии таҳқиқот .
Моддаи 10(2). Меъёрҳои ахлоқии танзимкунандаи фаъолияти илмӣ
Меъёрҳои ахлоқии зерин бояд дар ҷараёни гузаронидани таҳқиқоти илмӣ риоя шаванд:
- озодии академӣ ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти илмӣ;
- риояи аниқи қоидаҳои ба даст овардан ва интихоб намудани маълумоте, ки дар фанни мушаххаси илмӣ истифода мешаванд;
- ташкили низоми боэътимоди ҳимоя ва нигоҳдории маълумоти аввалия;
- ҳуҷҷатгузории аниқ ва пурраи ҳама натиҷаҳои муҳими илмӣ;
- ошкоро будани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ барои арзёбии танқидӣ;
- роҳ надодан ба рафтори ношоями илмӣ;
- таваҷҷӯҳ ба навоварӣ дар фаъолияти илмӣ;
- мусоидат намудан ба рушди илмии кормандони ҷавон (муҳаққиқон);
- паҳн накардани натиҷаҳои илмие, ки бо шарти риояи махфият ба даст оварда шудаанд;
- муқовимат намудан ба худкомагӣ дар илм;
- худдорӣ аз усулҳои фишороварӣ ба муноқизи илмӣ;
- нашри ҳатмии натиҷаи корҳое, ки аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ иҷро мешаванд, ба истиснои натиҷаи корҳое, ки мӯҳри махфият доранд;
- эътирофи ҳатмии хатоҳои илмии худ, ки дар нашрияҳои пешина роҳ дода шудаанд .
Моддаи 10(3). Муқаррароти асосии Кодекси намунавии одоби илмӣ
1. Ташкилотҳои (муассисаҳои) илмӣ ӯҳдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипу меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмиро риоя намоянд.
2. Ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба муқаррароти Кодекси намунавии одоби илмӣ, ки асосҳои ахлоқии рафторро дар ҷараёни фаъолияти илмӣ муайян мекунад, асос меёбад.
3. Таҳия ва тасдиқи Кодекси намунавии одоби илмӣ аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
4. Кодекси намунавии одоби илмӣ метавонад ӯҳдадориҳои ахлоқии зерини корманди илмиро дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар бар гирад:
- масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқии корманди илмӣ (муҳаққиқ) барои оқибатҳои иҷтимоӣ ва экологии дар амал татбиқ намудани кашфиёти худ;
- огоҳонидани ҷомеа дар хусуси эҳтимолияти бар зарари инсоният истифода бурдани кашфиёти илмӣ;
- шахсан масъул будан барои сифати мӯътамади иттилоот ва маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- масъулияти ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавони кормандони илмӣ дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва софдилии илмӣ;
- вобаста набудани ҳақиқати илмӣ ба ғаразу манфиатҳои шахсии корманди илмӣ;
- эътироф намудани хатоҳои илмии худ бо мақсади дубора анҷом надодани таҳқиқоти такрории нолозиме, ки хароҷоти иловагиро талаб мекунад;
- софдилӣ, хоксорӣ ва хушмуомилагии илмӣ;
- роҳ надодан ба азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ);
- ҳифз намудани ақидаҳои худ, новобаста ба ҳар гуна нуфузу вазъ.
5. Ташкилотҳои (муассисаҳои) илмӣ Кодекси одоби илмиро вобаста ба соҳаи худ ва хусусиятҳои таҳқиқоти илмии анҷомдодашаванда таҳия ва тасдиқ менамоянд .
Моддаи 10(4). Масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
1. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ғайр аз масъулияти фардӣ дар раванди фаъолияти илмӣ масъулияти иҷтимоӣ дорад, ки ба донишу имконияти техникӣ ва робитаҳои байналмилалии ӯ вобаста аст.
2. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст иттилооти софдилона ва кушодро оид ба ҳолатҳои зерин паҳн кунад:
- оқибатҳои истифодаи аслиҳаи муосир;
- хатарҳо дар соҳаи захираҳо барои рушди минбаъда;
- оқибатҳои экологии рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ;
- шаҳришавӣ ва ғайрисаноатикунонӣ;
- терроризм ва ғайра.
3. Фаъолияти иҷтимоию сиёсии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бояд ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна шаклҳои табъиз равона карда шавад .
БОБИ 4. ТАШКИЛ ВА ТАТБИКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА
Моддаи 11. Ҳадафҳо ва принципҳои асосии сиёсати давлати оид ба илму техника
Ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника аз инкишоф, оқилона ҷойгиркуни ва самаранок истифода бурдани иқтидори илмию техники, афзоиши саҳми илм ва техника дар инкишофи иқтисодиёти давлат, иҷрои муҳимтарин масъалаҳои иҷтимои, таъмини дигаргунсозиҳои сохтори пешқадам дар соҳаи истеҳсолоти модди, баланд бардоштани самаранокии он ва ба рақобат тобоварии маҳсулот, беҳтар намудани вазъи экологи ва муҳофизати захираҳои иттилоотии давлат, мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии давлат ва бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, устувор гардондани робитаҳои муштараки илм ва маориф иборат аст (, ).
Сиёсати давлати оид ба илму техника дар асоси принципҳои зайл ба амал бароварда мешавад:
- илмро ҳамчун соҳаи мухими иҷтимои, ки дарачаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаро муайян мекунад, эътироф намудан;
- ошкорбаёни ва истифодаи усулҳои гуногуни муҳокимаҳои ҷамъияти дар мавриди интихоб намудани самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника ва экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники, ки амалигардонии онҳо дар асоси озмун ба иҷро расонда мешавад;
- кафолати афзалиятноки тараққи додани таҳқиқотҳои бунёдии илми;
- ҳамгироии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ дар асоси шаклҳои гуногуни иштироки кормандон, аспирантон ва донишҷуёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар таҳқиқотҳои илмӣ ва коркардҳои озмоишӣ ба воситаи барпо кардани комплексҳои таълимию илмӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии вазоратҳо ва дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ();
- дастгирии рақобат ва фаъолияти соҳибкори дар соҳаи илм ва техника;
- мутамарказсозии захираҳо дар самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника ();
- ҳавасмандгардонии фаъолияти илми, илмию техники ва инноватсионӣ ба воситаи низоми имтиёзҳои иқтисоди ва имтиёзҳои дигар (, );
- инкишофи фаъолияти илми, илмию техники ва инноватсионӣ ба воситаи ташкил додани марказҳои давлатии илми ва сохторҳои дигар ();
- инкишофи ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ().
Моддаи 12. Хориҷ карда шуд
Моддаи 13. Салоҳияти мақомоти хокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ташкил ва татбики сиёсати давлатии оид ба илму техника
Ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд ():
- пешниҳод намудан ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои қонунгузори, ки қабул намудани онҳо дар ташкил ва татбики сиёсати давлатии оид ба илму техника зарур аст ();
- Хорич карда шуд ()
- Хорич карда шуд ()
- муайян намудани салоҳияти вазоратҳо, кумитаҳои давлати ва идораҳои ҷумҳури доир ба масъалаҳои ташаккул ва ба амалбарории сиёсати давлатии оид ба илму техника ва назорати фаъолияти онҳо;
- барпо кардани сохторҳои ташкилие, ки барои ташаккул ва ба амалбарории сиёсати давлатии оид ба илму техника заруранд;
- ташкил кардани коркардҳои пешгӯии инкишофи илм ва техника;
- муайян намудани номгӯи барномаҳои ҷумҳуриявии оид ба илму техника ва тартиби ташаккул ва ба амалбарории онҳо;
- тасдиқи тартиби маблағгузори ба корҳои илмию таҳқиқоти ва тақсими маблағҳои буҷети ҷумҳури, ки ба инкишофи илм ва техника ҷудо карда шудаанд;
- таъсиси муассисаҳои давлатии илмӣ, фондҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, ташкил, мутобиқкунонӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти инфрасохтори илмӣ ва илмию техникӣ ();
- муайян намудани тартиби ташаккул ва истифодаи фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники;
- муқаррар кардани системаи давлатии аттестацияи кормандони илми ва илмию техники;
- ба амалбарории ӯҳдадориҳо оид ба барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникие, ки мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд ();
- бастани шартномаҳо ва созишномаҳои байни ҳукумати доир ба ҳамкори дар соҳаи илму техника, мутобиқкуни ва мадад расондан ба инкишофи робитаҳои байналмилалии вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо ба манфиати ҷумҳури ();
- салоҳияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст ().
- таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника;
- интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил ва татбиқи амалии барномаҳо ва лоиҳаҳои соҳаи илму техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маблағгузории фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз буҷети давлатӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ().
Моддаи 14. Хорич карда шуд
Моддаи 15. Тартиби ташкили сиёсати давлати оид ба илму техника
Самтҳои сиёсати давлати оид ба илму техника барои давраҳои миёна ва дарозмуддатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маърӯзаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ().
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хар сол мувофиқи пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тасдиқи буҷети давлати ҳаҷми маблағҳои солонае, ки барои иҷрои барномаҳо ва нақшаҳои илмию техникии ҷумҳури заруранд, ҳаҷми маблағгузории ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва андозаи маблағҳоеро, ки ба фонди дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники равона карда шудаанд, инчунин системаи имтиёзҳои иқтисодии ин фаъолиятро ҳавасмандкунанда муайян мекунад ().
Муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлати оид ба илму техника, пешгӯии илмию техники, интихоби самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника, таҳияи тавсияҳо ва таклифҳо дар бораи иҷроиши барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникии истифодабарии (татбиқи) дастовардҳои илм ва техника дар шароити ошкорбаёни, бо истифодаи шаклҳои гуногуни муҳокимакунии ҷамъияти, экспертиза ва озмунҳо ба амал бароварда мешавад.
Сиёсати давлатии оид ба илму техника нисбати соҳаҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти дахлдор бо ҷалб намудани субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо бо назардошти сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника таҳия ва татбиқ карда мешавад ().
Моддаи 16. Ташкил ва гузаронидани экспертизаҳои фаъолияти илми ва илмию техники
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникиро аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети дахлдор мегузаронанд.
Экспертиза аз тарафи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) экспертизаи мустақил ва дигар ташкилотҳо, инчунин аз тарафи экспертҳо бо иштироки намояндагони ташкилотҳое, ки фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро маблағгузори мекунанд, дар мавриди:
- интихоби самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати оид ба илму техника, инчунин инкишофи илму техника;
- таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники;
- гузаронидани озмунҳо барои иштирок дар барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники, назорати татбиқ ва истифодабарии дастовардҳои илми ва (ё) илмию техники дар иқтисодиёти давлат ба амал оварда мешаванд.
Дар экспертизаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мутахассисе, ки ба натиҷаҳои он шахсан манфиатдор аст, иштирок карда наметавонад.
Дар натиҷаи ҷамъбасти экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки аҳолиро пешаки дар бораи бехатари иттило диҳанд, аз он ҷумла аҳамияти экологи, иқтисоди ва иҷтимоии истеҳсолот ва иншоотҳои бунёдшавандае, ки дастовардҳои илм ва техникаро истифода мебаранд, огоҳ созанд ().
Дар мавридҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, ба тартиби муқарраршуда экспертизаи давлатии ҳатмии барномаҳо ва нақшаҳои илмию техники гузаронида мешавад.
БОБИ 5. МАБЛАUГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ
Моддаи 17. Тартиби маблағгузории фаъолияти илми ва илмию техники
Таъминоти молиявии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники аз тамоюли мақсаднок ва гуногунии сарчашмаҳои маблағгузори асос меёбад. Маблағгузории ин фаъолият аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети маҳалли, сарчашмаҳои ғайрибуҷети, (маблағҳои хусуси ва ё ҷалбкардашудаи субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, инчунин маблағҳои фармоишгарони кор) ва дигар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва иҷрои буҷети давлатиро дар қисми хароҷот ва таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоиши ташкил мекунад, тартиби ташкили фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро муайян менамояд, тақсимоти маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети давлати пешбинишударо байни фармоишгарони давлатии барномаҳои бомақсад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва фондҳои давлатии номбаршударо тасдиқ мекунад.
Таҳқиқотҳои илмии бунёди бо бартари аз ҳисоби буҷети давлати маблағгузори карда мешаванд. Бо мақсади кӯмак ба нақшаҳои ташаббусии таҳқиқотҳои илмии бунёди, ки дар асоси озмунҳо интихоб мегарданд, бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил карда мешаванд.
Барномаҳои илмию техникии давлати, таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоишии амалии афзалиятнок аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва бо тартиби ҳиссагузори аз ҳисоби ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, бонкҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидор маблағгузори карда мешаванд. Ба таври ҳиссагузори, инчунин барномаҳои илмию техники, ки дар асоси шартномаҳои байналмилали ва илмию техникии байнисоҳави мураттаб ва татбиқ мешаванд, барномаҳои илмию техникии истеҳсоли техника ва технологияи нави истифодаи дучанд маблағгузори шуда метавонанд ().
Таҳқиқотҳои дорои аҳамияти маҳалли аз ҳисоби буҷети маҳалли ва бо тартиби ширкати саҳоми аз ҳисоби ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, бонкҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидор маблағгузори шуда метавонанд.
Аз ҳисоби буҷети давлати, аз он ҷумла ба таври ҳиссагузори муҳимтарин барномаҳо ва нақшаҳои минтақавии илми ва илмию техникие, ки дастовардҳои татбиқи онҳо дар минтақаҳои дигар қобили истифода мебошад, маблағгузори шуда метавонанд.
Маблағгузории фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар асоси якҷоякунии кӯмаки молиявии ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва маблағгузории мақсадноки барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникии мушаххас ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 18. Ҳимояи иҷтимоии кормандони илми ва илмию техники
Давлат барои мақоми сазовори кормандони илми ва илмию техники шароит муҳайё карда, онро кафолат медиҳад ва бо роҳҳои зайл ҳимоя менамояд ():
- барои докторон ва номзадҳои илм, ки дар муассисаҳои давлати, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва илмию техники новобаста аз шакли моликият кор мекунанд, имтиёзро дар қисми иловапули барои унвон нигоҳ медорад;
- ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм, ки дар муассисаҳои давлати кор мекунанд, мувофиқан 48 ва 36 рузи тақвими рӯхсатии меҳнати медиҳад;
- ба кормандони илмии маскани хонаи давлати ҳуқуқ медиҳад, ки онро бепул хусуси гардонанд, ба шарте, ки онҳо дар муассисаи илми на кам аз 10 сол кор карда бошанд;
- ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм ҳангоми гирифтани хона илова бар меъёри мавҷуда мувофиқан на кам аз 20 м.кв. ва 15 м.кв. манзил (хонаи алоҳида) медиҳад;
- ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм барои сохтмони ҳавлии шахси, харидани хона, обод кардани бӯстонсаро ва эҳтиёҷи дигари иҷтимоию маиши қарзи имтиёзнок ҷудо менамояд;
- шароити дигарро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардонида шудааст, муҳайё мекунад.
Моддаи 19. Фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва илмию техники. Грантҳо
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории амалкунанда фондҳои давлати, ғайридавлати ва байналмилалии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил шуда метавонанд ().
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил мекунанд, ки фаъолияти онҳо аз ҳисоби буҷети дахлдор ё манбаъҳои дигаре, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд, маблағгузори мешавад. Фонди давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкилоти худидоракунанда мебошад ва фаъолияташро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амали менамояд (, ).
Фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми экспертизаи мустақили барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникиро ташкил мекунанд, ки аз тарафи субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники пешниҳод мегарданд ва дар асоси озмун барои барномаҳо ва лоиҳаҳои номбаршуда маблағ ҷудо менамоянд. Фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва ё илмию техники воситаҳои гуногунро, ки барои баамалбарории фаъолияти онҳо мувофиқи оиннома ва ба мақсадҳои дигар пешбини шудааст, ба ҳисоб мегиранд.
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хароҷоти маблағҳое, ки барои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники аз буҷети дахлдор ҷудо карда шудаанд, назорат мебаранд, шакл ва усулҳои истифодаи натиҷаҳои онро муайян менамоянд ().
Фаъолияти илми ва (ё) илмию техники метавонад аз ҳисоби грантҳо ба амал бароварда шавад.
Грантҳо ба коркунони илми, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касби, дигар шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ таҳвил карда мешаванд ().
Соҳибони грантҳо метавонанд онҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди истифодаи онҳо дар ҳудуди давлати хориҷи мувофиқи қонунгузории ин давлатҳо, инчунин мувофиқи шартҳое, ки дар доираи онҳо ин грантҳо ҷудо карда шудаанд, истифода кунанд ().
БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ
Моддаи 20. Ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техники шароити мусоид фароҳам меоранд ().
Субъекти фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҳуқуқ дорад, ки ба ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои байналмилалии илми ва илмию техники аъзо гардад, дар барномаҳо лоиҳаҳои байналмилалии илми ва илми теникии давлатҳои хориҷа иштирок кунад, бо шаҳрвандони хориҷи чи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар хориҷи он шартномаҳо ва созишномаҳои дигар оиди кор мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, бандад ().
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиботи муқарраршуда ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва марказҳои илми бо иштироки шаҳрвандони хориҷи, шахсони бешаҳрванди ва шахсони ҳуқуқӣ хориҷи ташкил карда шуда метавонад ().
Сармоягузории хориҷи ба соҳаи илм ва техника мувофиқи тартиб ва шакле, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, ба амал бароварда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷи ҳамкории илми ва илмию техникиро дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барнома ва нақшаҳои байналмилалии илми ва илмию техникиро ташкил намуда, барои вусъати ҳамкории илмию техникии кормандони илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми кӯмак мерасонад ().
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники, инчунин маҳсулоти илми ва (ё) илмию техникиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, назорат мекунад.
Моддаи 21. Фаъолияти илмии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
()
Фаъолияти илмии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байнидавлати, созишномаҳои байниҳукумати ва дар санадҳои байналмилали аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардашуда, инчунин шартномаҳо ва созишномаҳое, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, мақомоти идоракунии давлатии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мувофиии қонунгузории амалкунанда бастаанд, танзим карда мешавад (, ).
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ().
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе,
аз 21 маи соли 1998 № 597
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИЛМ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 25, аз 30.07.2007 № 335, аз 31.12.2008 № 477)
Қонуни мазкур муносибатҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар байни субъектҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар қонун истифода мешаванд, мазмуни зайл доранд:
Фаъолияти илми (фаъолияти илмию таҳқиқоти) фаъолиятест, ки барои аз худ кардан ва татбиқ кардани донишҳои нав равона шудааст, аз ҷумла ;
таҳқиқотҳои илмии бунёди - фаъолияти озмоиши ва назарияви, ки ба андӯхтани донишҳои нав оид ба қонуниятҳои асосии сохт, амал ва рушди инсон, ҷамъият, муҳити зист равона шудааст ;
таҳқиқотҳои илмии амали - таҳқиқотҳое, ки мустасно ба татбиқи донишҳои нав барои ноил шудан ба мақсадҳои таҷрибави ва ҳалли масъалаҳои мушаххас равона шудаанд.
Фаъолияти илмию техники - фаъолиятест, ки ба дарёфт кардан ва истифода бурдани донишҳои нав бо мақсади ҳалли проблемаҳои технологи, муҳандиси, иқтисоди, иҷтимои, гуманитари ва ҳоказо, барои таъмини амали илм, техника ва истеҳсолот чун системаи ягона равона шудааст.
Коркардҳои озмоиши - фаъолиятест, ки ба донишҳои дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқотҳои илми ё дар асоси таҷрибаи амали ба даст омада такя карда, ба нигаҳдории ҳаёт ва саломатии инсон, таҳияи маводи нав, маҳсулот, равандҳо, лавозимот, хизматрасониҳо, система ва методҳо ва такмили баъдинаи онҳо равона шудааст .
Сиёсати давлати оид ба илму техника - қисми таркибии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, ки муносибати давлатро ба фаъолияти илми ва илмию техники ифода намуда, ҳадафҳо, самтҳо, шаклҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар соҳаи илму техника, татбиқи дастовардҳои илми ва илмию техникиро муайян менамояд .
Натиҷаи илми ва (ё) илмию техники маҳсули фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мебошад, ки он донишҳо ва натиҷаҳои навро дарбар гирифта, дар ягон воситаҳои интишороти иттилооти сабт шудааст .
Маҳсули илми ва (ё) илмию техники - натиҷаи илми ва (ё) илмию техники мебошад, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти зеҳни, ки барои ба иҷро расондан муқаррар шудааст.
Грантҳо - воситаҳои пули ва ғайра, ки ройгон ва бе бозгашт аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, аз ҷумла аз тарафи шаҳрвандони хориҷи ва шахсони ҳуқуқии хориҷи, инчунин ташкилотҳои байналмилали дода мешаванд ва барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмии мушаххас дар асоси шартҳои грантдиҳанда истифода бурда мешаванд .
БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ
Моддаи 3. Муқаррароти умуми дар бораи субъектҳои фаъолияти илми ва илмию техники
Фаъолияти илми ва (ё) илмию техники бо тартиби муайянкардаи қонуни мазкур аз тарафи шахсони воқеи - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷи, шахсони бешаҳрванди дар доираи ҳуқуқҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқи муқаррар карда, иҷро мегардад, ба шарте, ки агар тибқи ҳуҷҷатҳои муассиси онҳо фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар назар дошта шудааст .
Органҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни мазкур :
ба субъектҳои илми ва (ё) илмию техники озодона эҷод карданро кафолат медиҳанд, яъне барои онҳо ҳуқуқи интихоби самт ва усули гузаронидани таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои таҷрибавиро таъмин мекунанд;
ҳимояи субъектҳои илми ва илмию техникиро аз рақобати беинсофона кафолат медиҳанд;
ҳуқуқро ба кори таваккалии асоснокшуда дар фаъолияти илми ва (ё) илмию-техники эътироф мекунанд;
озодии истифода аз иттилооти илми ва илмию техники, бо истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷорат муайян кардааст, кафолат медиҳанд;
омода кардан, такмили тахассус ва бозомӯзии кормандони илми ва мутахассисони ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии давлатиро кафолат медиҳанд ;
маблағгузории лоиҳаҳое, ки аз рӯи дархостҳои давлати иҷро мешаванд, кафолат медиҳанд.
Моддаи 4. Корманди илми, мутахассиси ташкилоти (ё муассисаи) илми ва корманди соҳаи хизматрасонии илми. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони илми
Корманди илми (муҳаққиқ) шаҳрвандест, ки тахассуси заруриро дорост ва ба таври касби машғули фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мебошад .
Асосҳои ҳуқуқии арзёбии тахассуси коркунони илми ва мутахассисони ташкилоти илми ва меъёрҳои ин арзёби бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва аз тарафи низоми давлатии аттестациони таъмин мегарданд.
Натиҷаҳои аттестацияро комиссияи аттестационии босалоҳият эътироз ва бекор карда метавонад. Дар ҳолати вайрон кардани тартиб ва меъёрҳои арзёбии тахассусии коркунони илми ва мутахассисони ташкилоти илми натиҷаҳои аттестация ба тартиби суди эътироз ва бекор шуда метавонанд.
Мутахассиси ташкилоти илми (коркуни муҳандисию техники) шаҳрвандест, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ ё таҳсилоти олии касбӣ дорад ва барои ба даст даровардани натиҷаи илми ва (ё) илмию техники ва амали кунонидани он мусоидат мекунад .
Корманди соҳаи хизматрасонии илми шаҳрвандест, ки барои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар ташкилоти илми шароити мусоидро таъмин мекунад.
Корманди илми ҳуқуқ дорад ба:
эътирофи ӯ чун муаллифи натиҷаҳои илми (ё) илмию техники, додани дархост барои кашфиёт ва дигар натиҷаҳои фаъолияти зеҳни мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
гирифтани даромад (ҳаққи муаллиф) аз амаликунии натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
арзёбии ҳаққони ба фаъолияти илми ва (ё) илмию техникии худ ва гирифтани инъом, мукофот ва имтиёзҳо мутобиқи саҳми эҷодиаш;
ба вуҷуд овардани фаъолияти соҳибкори дар соҳаи илму техника, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ нест;
додани дархост барои иштирок дар баҳсҳои илми, конфронсҳо, симпозиумҳо ва дигар баррасиҳои илмии дастҷамъӣ ;
иштирок дар озмуни маблағгузории таҳқиқотҳои илми аз ҳисоби буҷети мувофиқ, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва манбаъҳои дигар, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ нестанд ;
додани дархост барои иштирок дар ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техники, коромӯзи, таҷрибаандӯзи, сафари хидмати, нашри натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
иҷозати истифода аз иттилоот дар бораи натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники, агар он машғулиятҳо сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷоратии мансуб ба онро дарбар нагиранд ;
нашри натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники дар матбуоти даври, агар онҳо маълумотҳои мансуб ба сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷоратиро дарбар нагиранд;
радди далелнок аз ширкат дар таҳқиқотҳои илми, ки ба инсон, ҷамъият ва муҳити зист таъсири манфи мерасонанд ;
такмили тахассуси илми.
Корманди илми ӯҳдадор аст :
Фаъолияти илми, илмию-техники ва (ё) коркардҳои озмоиширо иҷро намуда, ҳуқуқҳо ва озодии инсонро вайрон накунад, ба ҳаёт ва саломатии ӯ, ҳамчунин ба муҳити зисти табии зарар наорад;
Экспертизаи барномаҳо ва лоиҳаҳои илми ва илмию техники ва коркардҳои озмоиширо воқеъбинона ба амал барорад .
Коркунони илми метавонанд оиди фаъолияти муштараки илми ва илмию техники мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома банданд.
Коркунони илми дар заминаи ихтиёри ҳуқуқи ташкили иттиҳодияҳои ҷамъиятиро мутобиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иттиҳодияҳои ҷамъияти доранд.
Академияҳои ҷамъиятии илмҳо дар координацияи фаъолияти илми мувофиқи оинномаҳои худ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Органҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои ихтиёри метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони илмиро ба таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи илму техника, гузаронидани экспертизаҳо, инчунин дар асоси озмун ба иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои илми аз ҳисоби буҷети мувофиқ ҷалб кунанд.
Моддаи 5. Ташкилоти илми
Ташкилоти (ё муассисаи) илмӣ шахси ҳуқуқие эътироф мешавад, ки новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ҳамчунин иттиҳодияи ҷамъиятии кормандони илмӣ, ки фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва тайёр кардани кормандони илмиро ҳамчун фаъолияти асосӣ ба роҳ монда, мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсиси ташкилоти (ё муассисаи) илмӣ фаъолият менамояд .
Ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмӣ аз ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои илмии вобаста ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳавию конструкторӣ, таҷрибавию технологӣ ва муассисаҳои дигар, ки фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро анҷом медиҳанд, иборатанд .
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитацияи давлатии ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмиро ташкил мекунад ва ба онҳо шаҳодатномаи аккредитацияи давлатиро медиҳад. Тартиби аккредитацияи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати ба ташкилоти илмие дода мешавад, ки ҳаҷми фаъолияти илмии он на кам аз 70 фоизи ҳаҷми умумии кори ба сомонрасондаи ин ташкилотро ташкил медиҳад ва дар Оинномаи он Шӯрои олимон (илми, техники, илмию техники) ба сифати яке аз органҳои идоракуни дар назар дошта шудааст. Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати, баъди номнавис кардани ташкилоти илми тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад .
Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати барои ба ташкилоти илми додани имтиёзҳои пардохти андозҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар имтиёзҳое, ки барои ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, асос мебошад.
Ташкилоти илмие, ки таҷҳизоти таҷрибавию озмоишии нодир дошта, дар он коркунони илми ва мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ кор мекунанд ва фаъолияти илмии он дар арсаи байналмилали эътироф шудааст, метавонад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун марказии илмии давлати мақом гирад .
Раддия оиди додани шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати ба ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми барои ба амал баровардани фаъолияти илми монеа шуда наметавонад, дар як вақт чунин ташкилот ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳои дар қисми панҷуми ин модда пешбинишударо надорад.
Ташкилоти илми молу мулки аз ҷониби муассисон барои амалигардонии фаъолияти дар ҳуҷҷатҳои муассиси муайяншударо молик буда, онро истифода ва ихтиёрдорӣ мекунад .
Тартиби соҳибӣ кардан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани ташкилоти илмиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Ташкилоти илми вазифадор аст, ки базаи илмию таҳқиқоти ва таҷрибавию озмоишии худро нигоҳ дорад ва тараққи диҳад, фондҳои истеҳсолии худро нав кунад .
Ташкилоти илми мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории илмиро бо шахсони ҳуқуқии хориҷи ва фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба амал мебарорад .
Ташкилоти илми бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, таъсис дода мешавад, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
Дар ҳолати азнавташкилдиҳии ташкилоти илми муҳофизати ягонагии технологии фаъолияти илми ва илмию техники бояд таъмин гардад. Аз ҳайати ин ташкилоти илми ҷудо кардани истеҳсолоти таҷрибави, таҷрибавию озмоиши, таҷрибавию илми, таҷрибавию фармацевти ва базаҳои тибби роҳ дода намешавад.
Органҳои ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташкилоти илмии давлати таъсис додаанд, метавонанд барои азнавсози, таъмири асоси ва ҷории молу мулки ин ташкилот маблағ ҷудо кунанд. Дар сурати нокифоя будани маблағ онҳо нисбат ба ӯҳдадориҳои ин ташкилот (ё муассиса) масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) доранд .
Ба ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии давлати аз рӯи тартиби муқарраршуда барои истифодаи бемӯхлату ройгон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.
Моддаи 6. Академияҳои илмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо мақоми давлати доранд, аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати маблағгузори мешаванд, соҳиби ҳуқуқҳои идораи фаъолияти молу мулки худ мебошанд .
Академияҳои илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд .
Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои дохил мешаванд.
Сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимоии ба ҳайати онҳо дохилшуда аз рӯи оинномаҳои академияҳои илмҳои номбурда муайян карда мешавад .
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти худидорашавандаи давлатӣ буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ амал мекунад. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқотҳои илмии бунёди ва амалиро аз рӯи муҳимтарин проблемаҳои илмҳои табии, техники ва гуманитари гузаронида, дар ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмии бунёди, ки аз тарафи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва муассисаҳои олии касбии таълимӣ иҷро ва аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати маблағгузори мешаванд, ширкат меварзад .
Академияҳои соҳавии илмҳо ташкилотҳои (ё муассисаҳои) худидорашаванда буда, таҳқиқотҳои илмии бунёди ва амалиро дар соҳаҳои мувофиқи илм ва техника гузаронида, дар координацияи ин таҳқиқотҳои илми, иштирок мекунанд.
Маблағгузории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати, ки чун сатри алоҳида дар он нишон дода шудааст ва манбаъҳои дигари аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номамнӯъ ба амал бароварда мешавад .
Натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, ки бо истифодабарии воситаҳои буҷети давлати иҷро шудаанд, ба давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешаванд.
Академияҳои илмҳо ҳар сол ба Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таҳқиқотҳои илмии гузаронидашуда ва натиҷаҳои илми ва илмию техники ҳисобот медиҳад.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимоии онҳо молу мулки давлатиро соҳиби мекунанд, истифода мебаранд ва идора мекунанд. Ин молу мулк ба онҳо барои идораи фаври ё хоҷагидории пурра мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Номнависи молу мулки ба академияҳои илмҳо барои идораи фаври ва хоҷагидории пурра додашуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Ба академияҳои илмҳо, ташкилотҳои илми, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои барои истифодаи бемӯхлату ройгон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.
Моддаи 6 (1). Академияхои чамъиятии илмхо
Мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон Академияхои чамъиятии илмхо метавонанд таъсис дода шаванд, ки онхо дар сохахои дахлдори илму техника тадкикот ташкил менамоянд ва мегузаронанд.
Академияхои чамъиятии илмхо метавонанд бо ташкилоту идорахо ва корхонащо шартнома баста барояшон тахкикоти илми гузаронанд ва дар татбик намудани барномахои илми ва илмию техники дар асоси озмун иштирок намоянд .
БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА ПРИНЦИПҲОИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ
Моддаи 7. Идоракунии фаъолияти илми ва илмию техники
Идоракунии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар асоси истифодаи якҷояи принципҳои танзими давлати ва худидоракуни ба амал бароварда мешавад.
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои дар доираи салоҳияташон самтҳои афзалиятноки дахлдори инкишофи илм ва техникаро муайян мекунанд, ташаккули системаи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми, мутобиқкунии байнисоҳавии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники, таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаҳои илми ва илмию техники, инкишофи шаклҳои интеграцияи илм ва истеҳсолот, татбиқи дастовардҳои илм ва техникаро таъмин менамоянд.
Идораи фаъолияти илми ва (ё) илми-техники дар доирае ба амал бароварда мешавад, ки озодии эҷоди илмиро вайрон накунад.
Мақомоти ҳокимияти давлати, ки ташкилоти давлатии илмиро таъсис медиҳанд, вазифадоранд:
низомномаи ташкилоти давлатии илмиро тасдиқ кунанд ;
аз самаранок истифода бурдан ва эҳтиёт намудани амволи ба ташкилоти давлатии илми супурдашуда назорат баранд ;
вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташон иҷро намоянд .
Роҳбарони ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии академияҳои илмҳо, инчунин ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии ғайридавлати мувофиқи қонунгузори ва ба тартибе, ки дар оинномаи онҳо пешбини гардидааст, таъин (интихоб) карда мешаванд .
Шӯроҳои илмии ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии давлати нақшаҳои кори илми ва инкишофи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илмиро ошкоро вобаста ба супориши давлати, соҳаи ташкилоти давлатии илми, манфиатҳои илми ва иқтисодии онҳо таҳия ва тасдиқ мекунанд.
Моддаи 8. Шартномаҳо (муоҳидаҳо) барои эҷодкуни, таҳвил ва истифодаи маҳсулоти илми ва илмию техники
Шакли асосии муносибати ҳуқуқии байни ташкилоти илмии фармоишгар ва истеъмолкунандагони дигари маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, аз он ҷумла вазоратҳо ва мақомотҳои дигари ҳокимияти иҷроия шартномаҳо (муоҳидаҳо) барои эҷодкуни, таҳвил ва истифодаи маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, хизматрасониҳои илми, илмию техники, муҳандисию машварати ва дигархо, инчунин шартномаҳо, аз он ҷумла шартномаҳо оиди ҳамкориҳои муштараки фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва тақсими даромад, мебошад.
Дар асоси шартномаҳои (муоҳидаҳои) мазкур таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои таҷрибави барои эҳтиёҷи давлат гузаронида мешаванд. Дар ин маврид шартномаҳо (муоҳидаҳо) байни мақомоти фармоишгар ва ташкилоти иҷрокунанда баста мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад, ки барои ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илми барои иҷрои таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоиши фармоиши давлатии ҳатми муқаррар намояд.
Шартҳои молик будан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани дастовардҳои илми ва (ё) илмию техники мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои (муоҳидаҳои) тарафайни субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва истеъмолкунандагони маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, ки ба он мухолиф нестанд, муайян карда мешаванд .
Моддаи 9. Таъминоти иттилоотии фаъолияти илми ва илмию техники
Субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҳуқуқи мубодилаи иттилоотиро ба истиснои маълумотҳое, ки сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷорати мебошанд, доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили фондҳо ва системаҳои иттилоотии давлатиро дар соҳаи илм ва техника, ки ҷамъовари, бақайдгирии давлати, коркарди таҷлили, нигоҳдори ва ба истеъмолкунандагон расондани ахбороти илми ва техникиро ба амал мебароранд ва барои берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намудани маводҳои илми ва илмию техники, харидани маҷаллаҳои илми, китобҳо, дигар нашрияҳои чопи оид ба натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники мадад мерасонанд, таъмин мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дастрас намудани иттилооти номбурда ва ҳуқуқи хариди онро кафолат медиҳад ва ҳуқуқи вуруд ба фондҳо ва системаҳои байналмилалии иттилоотро дар соҳаи илм ва техника таъмин менамояд .
Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илми, ки дар онҳо бонкҳои маълумот ва базаҳои маълумоти, иттилооти илми ва (ё) илмию техники амал мекунанд, муҳофизати бонкҳои маълумот ва базаҳои маълумот, таҳвили онҳо бо тартиби муқарраршуда таъмин карда мешавад .
Моддаи 10. Маҳдудкунии ва лицензиякунонии баъзе намудҳои фаъолияти илми ва илмию техники
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад:
тартиби гузаронидани таҳқиқотҳои илми ва истифодаи натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техникиро, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саломатии шаҳрвандон, муҳити зист зарар дошта метавонанд, муқаррар кунад;
Хорич карда шуд
дар ҳолатҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, истифодаи баъзе натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техникиро маҳдуд кунад, тартиботи махфиро ба онҳо ҷори кунад ва аз иҷрои он назорат барад;
талаботҳои сертификатсиони ва метрологиро ба баъзе намудҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҷори намояд.
БОБИ 4. ТАШКИЛ ВА ТАТБИКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА
Моддаи 11. Ҳадафҳо ва принципҳои асосии сиёсати давлати оид ба илму техника
Ҳадафҳои асосии сиёсати илмию техники аз инкишоф, оқилона ҷойгиркуни ва самаранок истифода бурдани иқтидори илмию техники, афзоиши саҳми илм ва техника дар инкишофи иқтисодиёти давлат, иҷрои муҳимтарин масъалаҳои иҷтимои, таъмини дигаргунсозиҳои сохтори пешқадам дар соҳаи истеҳсолоти модди, баланд бардоштани самаранокии он ва ба рақобат тобоварии маҳсулот, беҳтар намудани вазъи экологи ва муҳофизати захираҳои иттилоотии давлат, мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии давлат ва бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, устувор гардондани робитаҳои муштараки илм ва маориф иборат аст .
Сиёсати давлати оид ба илму техника дар асоси принципҳои зайл ба амал бароварда мешавад:
илмро ҳамчун соҳаи мухими иҷтимои, ки дарачаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаро муайян мекунад, эътироф намудан;
ошкорбаёни ва истифодаи усулҳои гуногуни муҳокимаҳои ҷамъияти дар мавриди интихоб намудани самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника ва экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники, ки амалигардонии онҳо дар асоси озмун ба иҷро расонда мешавад;
кафолати афзалиятноки тараққи додани таҳқиқотҳои бунёдии илми;
омезиши (интеграцияи) фаъолияти илми, илмию техники ва таълими дар асоси шаклҳои гуногуни иштироки кормандон, аспирантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касби дар таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоиши ба воситаи барпо кардани комплексҳои таълимию илми дар базаи муассисаҳои олии касбии таълимӣ, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии академияҳои илмҳо, ки мақоми давлати доранд, инчунин ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии вазоратҳо ва дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ;
дастгирии рақобат ва фаъолияти соҳибкори дар соҳаи илм ва техника;
мутамарказсозии захираҳо дар самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника ;
ҳавасмандгардонии фаъолияти илми, илмию техники ва навоварӣ (инновациони) ба воситаи низоми имтиёзҳои иқтисоди ва имтиёзҳои дигар ;
инкишофи фаъолияти илми, илмию техники ва навоварӣ ба воситаи ташкил додани марказҳои давлатии илми ва сохторҳои дигар ;
инкишофи ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон .
Моддаи 12. Хорич карда шуд
Моддаи 13. Салоҳияти мақомоти хокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ташкил ва татбики сиёсати давлатии оид ба илму техника
Ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд :
пешниҳод намудан ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои қонунгузори, ки қабул намудани онҳо дар ташкил ва татбики сиёсати давлатии оид ба илму техника зарур аст ;
Хорич карда шуд ;
Хорич карда шуд ;
муайян намудани салоҳияти вазоратҳо, кумитаҳои давлати ва идораҳои ҷумҳури доир ба масъалаҳои ташаккул ва ба амалбарории сиёсати давлатии оид ба илму техника ва назорати фаъолияти онҳо;
барпо кардани сохторҳои ташкилие, ки барои ташаккул ва ба амалбарории сиёсати давлатии оид ба илму техника заруранд;
ташкил кардани коркардҳои пешгӯии инкишофи илм ва техника;
муайян намудани номгӯи барномаҳои ҷумҳуриявии оид ба илму техника ва тартиби ташаккул ва ба амалбарории онҳо;
тасдиқи тартиби маблағгузори ба корҳои илмию таҳқиқоти ва тақсими маблағҳои буҷети ҷумҳури, ки ба инкишофи илм ва техника ҷудо карда шудаанд;
барпо кардани муассисаҳои давлатии илми, фондҳо ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) тобеъи ҷумҳурияви, ташкил ва мутобиқкунонии ташаккули инфраструктураи фаъолияти илмию техники;
муайян намудани тартиби ташаккул ва истифодаи фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники;
муқаррар кардани системаи давлатии аттестацияи кормандони илми ва илмию техники;
ба амалбарории ӯҳдадориҳо оид ба барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникие, ки мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд ;
бастани шартномаҳо ва созишномаҳои байни ҳукумати доир ба ҳамкори дар соҳаи илму техника, мутобиқкуни ва мадад расондан ба инкишофи робитаҳои байналмилалии вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо ба манфиати ҷумҳури ;
- салоҳияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст .
- таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника;
- интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил ва татбиқи амалии барномаҳо ва лоиҳаҳои соҳаи илму техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маблағгузории фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз буҷети давлатӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ .
Моддаи 14. Хорич карда шуд
Моддаи 15. Тартиби ташкили сиёсати давлати оид ба илму техника
Самтҳои сиёсати давлати оид ба илму техника барои давраҳои миёна ва дарозмуддатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маърӯзаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хар сол мувофиқи пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тасдиқи буҷети давлати ҳаҷми маблағҳои солонае, ки барои иҷрои барномаҳо ва нақшаҳои илмию техникии ҷумҳури заруранд, ҳаҷми маблағгузории ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва андозаи маблағҳоеро, ки ба фонди дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники равона карда шудаанд, инчунин системаи имтиёзҳои иқтисодии ин фаъолиятро ҳавасмандкунанда муайян мекунад .
Муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлати оид ба илму техника, пешгӯии илмию техники, интихоби самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника, таҳияи тавсияҳо ва таклифҳо дар бораи иҷроиши барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникии истифодабарии (татбиқи) дастовардҳои илм ва техника дар шароити ошкорбаёни, бо истифодаи шаклҳои гуногуни муҳокимакунии ҷамъияти, экспертиза ва озмунҳо ба амал бароварда мешавад.
Сиёсати давлатии оид ба илму техника нисбати соҳаҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти дахлдор бо ҷалб намудани субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо бо назардошти сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника таҳия ва татбиқ карда мешавад .
Моддаи 16. Ташкил ва гузаронидани экспертизаҳои фаъолияти илми ва илмию техники
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникиро аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети дахлдор мегузаронанд.
Экспертиза аз тарафи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) экспертизаи мустақил ва дигар ташкилотҳо, инчунин аз тарафи экспертҳо бо иштироки намояндагони ташкилотҳое, ки фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро маблағгузори мекунанд, дар мавриди:
интихоби самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати оид ба илму техника, инчунин инкишофи илму техника;
таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники;
гузаронидани озмунҳо барои иштирок дар барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники, назорати татбиқ ва истифодабарии дастовардҳои илми ва (ё) илмию техники дар иқтисодиёти давлат ба амал оварда мешаванд.
Дар экспертизаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мутахассисе, ки ба натиҷаҳои он шахсан манфиатдор аст, иштирок карда наметавонад.
Дар натиҷаи ҷамъбасти экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки аҳолиро пешаки дар бораи бехатари иттило диҳанд, аз он ҷумла аҳамияти экологи, иқтисоди ва иҷтимоии истеҳсолот ва иншоотҳои бунёдшавандае, ки дастовардҳои илм ва техникаро истифода мебаранд, огоҳ созанд .
Дар мавридҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, ба тартиби муқарраршуда экспертизаи давлатии ҳатмии барномаҳо ва нақшаҳои илмию техники гузаронида мешавад.
БОБИ 5. МАБЛАUГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ
Моддаи 17. Тартиби маблағгузории фаъолияти илми ва илмию техники
Таъминоти молиявии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники аз тамоюли мақсаднок ва гуногунии сарчашмаҳои маблағгузори асос меёбад. Маблағгузории ин фаъолият аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети маҳалли, сарчашмаҳои ғайрибуҷети, (маблағҳои хусуси ва ё ҷалбкардашудаи субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, инчунин маблағҳои фармоишгарони кор) ва дигар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва иҷрои буҷети давлатиро дар қисми хароҷот ва таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоиши ташкил мекунад, тартиби ташкили фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро муайян менамояд, тақсимоти маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети давлати пешбинишударо байни фармоишгарони давлатии барномаҳои бомақсад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва фондҳои давлатии номбаршударо тасдиқ мекунад.
Таҳқиқотҳои илмии бунёди бо бартари аз ҳисоби буҷети давлати маблағгузори карда мешаванд. Бо мақсади кӯмак ба нақшаҳои ташаббусии таҳқиқотҳои илмии бунёди, ки дар асоси озмунҳо интихоб мегарданд, бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил карда мешаванд.
Барномаҳои илмию техникии давлати, таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоишии амалии афзалиятнок аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва бо тартиби ҳиссагузори аз ҳисоби ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, бонкҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидор маблағгузори карда мешаванд. Ба таври ҳиссагузори, инчунин барномаҳои илмию техники, ки дар асоси шартномаҳои байналмилали ва илмию техникии байнисоҳави мураттаб ва татбиқ мешаванд, барномаҳои илмию техникии истеҳсоли техника ва технологияи нави истифодаи дучанд маблағгузори шуда метавонанд .
Таҳқиқотҳои дорои аҳамияти маҳалли аз ҳисоби буҷети маҳалли ва бо тартиби ширкати саҳоми аз ҳисоби ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, бонкҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидор маблағгузори шуда метавонанд.
Аз ҳисоби буҷети давлати, аз он ҷумла ба таври ҳиссагузори муҳимтарин барномаҳо ва нақшаҳои минтақавии илми ва илмию техникие, ки дастовардҳои татбиқи онҳо дар минтақаҳои дигар қобили истифода мебошад, маблағгузори шуда метавонанд.
Маблағгузории фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар асоси якҷоякунии кӯмаки молиявии ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва маблағгузории мақсадноки барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникии мушаххас ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 18. Ҳимояи иҷтимоии кормандони илми ва илмию техники
Давлат барои мақоми сазовори кормандони илми ва илмию техники шароит муҳайё карда, онро кафолат медиҳад ва бо роҳҳои зайл ҳимоя менамояд :
барои докторон ва номзадҳои илм, ки дар муассисаҳои давлати, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва илмию техники новобаста аз шакли моликият кор мекунанд, имтиёзро дар қисми иловапули барои унвон нигоҳ медорад;
ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм, ки дар муассисаҳои давлати кор мекунанд, мувофиқан 48 ва 36 рузи тақвими рӯхсатии меҳнати медиҳад;
ба кормандони илмии маскани хонаи давлати ҳуқуқ медиҳад, ки онро бепул хусуси гардонанд, ба шарте, ки онҳо дар муассисаи илми на кам аз 10 сол кор карда бошанд;
ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм ҳангоми гирифтани хона илова бар меъёри мавҷуда мувофиқан на кам аз 20 м.кв. ва 15 м.кв. манзил (хонаи алоҳида) медиҳад;
ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм барои сохтмони ҳавлии шахси, харидани хона, обод кардани бӯстонсаро ва эҳтиёҷи дигари иҷтимоию маиши қарзи имтиёзнок ҷудо менамояд;
шароити дигарро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардонида шудааст, муҳайё мекунад.
Моддаи 19. Фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва илмию техники. Грантҳо
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории амалкунанда фондҳои давлати, ғайридавлати ва байналмилалии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил шуда метавонанд .
Органҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил мекунанд, ки фаъолияти онҳо аз ҳисоби буҷети дахлдор ё манбаъҳои дигари мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайримамнӯъ маблағгузори мешавад. Фонди давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкилоти худидоракунанда мебошад ва фаъолияташро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амали менамояд .
Фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми экспертизаи мустақили барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникиро ташкил мекунанд, ки аз тарафи субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники пешниҳод мегарданд ва дар асоси озмун барои барномаҳо ва лоиҳаҳои номбаршуда маблағ ҷудо менамоянд. Фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва ё илмию техники воситаҳои гуногунро, ки барои баамалбарории фаъолияти онҳо мувофиқи оиннома ва ба мақсадҳои дигар пешбини шудааст, ба ҳисоб мегиранд.
Органҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хароҷоти маблағҳое, ки барои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники аз буҷети дахлдор ҷудо карда шудаанд, назорат мебаранд, шакл ва усулҳои истифодаи натиҷаҳои онро муайян менамоянд.
Фаъолияти илми ва (ё) илмию техники метавонад аз ҳисоби грантҳо ба амал бароварда шавад.
Грантҳо ба коркунони илми, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касби, дигар шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ таҳвил карда мешаванд .
Соҳибони грантҳо метавонанд онҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди истифодаи онҳо дар ҳудуди давлати хориҷи мувофиқи қонунгузории ин давлатҳо, инчунин мувофиқи шартҳое, ки дар доираи онҳо ин грантҳо ҷудо карда шудаанд, истифода кунанд .
БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ
Моддаи 20. Ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техники шароити мусоид фароҳам меоранд .
Субъекти фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҳуқуқ дорад, ки ба ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои байналмилалии илми ва илмию техники аъзо гардад, дар барномаҳо лоиҳаҳои байналмилалии илми ва илми теникии давлатҳои хориҷа иштирок кунад, бо шаҳрвандони хориҷи чи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар хориҷи он шартномаҳо ва созишномаҳои дигар оиди кор мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, бандад .
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиботи муқарраршуда ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва марказҳои илми бо иштироки шаҳрвандони хориҷи, шахсони бешаҳрванди ва шахсони ҳуқуқӣ хориҷи ташкил карда шуда метавонад .
Сармоягузории хориҷи ба соҳаи илм ва техника мувофиқи тартиб ва шакле, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, ба амал бароварда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷи ҳамкории илми ва илмию техникиро дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барнома ва нақшаҳои байналмилалии илми ва илмию техникиро ташкил намуда, барои вусъати ҳамкории илмию техникии кормандони илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми кӯмак мерасонад .
Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники, инчунин маҳсулоти илми ва (ё) илмию техникиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, назорат мекунад.
Моддаи 21. Фаъолияти ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии хориҷи ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии хориҷи ва олимони хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байнидавлати, созишномаҳои байниҳукумати ва дар санадҳои байналмилали аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардашуда, инчунин шартномаҳо ва созишномаҳое, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, мақомоти идоракунии давлатии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мувофиии қонунгузории амалкунанда бастаанд, танзим карда мешавад .
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
21 маи соли 1998 № 597