×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 майи соли 1998 № 597 "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"

Санаи амалкуни: 28.12.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1197 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИЛМ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 25, аз 30.07.2007 № 335, аз 31.12.2008 № 477, аз 22.07.2013 № 1007, аз 28.12.2013 № 1060)

Қонуни мазкур муносибатҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар байни субъектҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477)

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477)

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007):

- фаъолияти илмӣ (фаъолияти илмию таҳқиқотӣ) - фаъолиятест, ки баҳри аз худ кардан ва татбиқ намудани донишҳои нав, аз ҷумла таҳқиқотҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ равона карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007);

- таҳқиқотҳои илмии бунёди - фаъолияти озмоиши ва назарияви, ки ба андӯхтани донишҳои нав оид ба қонуниятҳои асосии сохт, амал ва рушди инсон, ҷамъият, муҳити зист равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477);

- таҳқиқотҳои илмии амали - таҳқиқотҳое, ки мустасно ба татбиқи донишҳои нав барои ноил шудан ба мақсадҳои таҷрибави ва ҳалли масъалаҳои мушаххас равона шудаанд;

- фаъолияти илмию техники - фаъолиятест, ки ба дарёфт кардан ва истифода бурдани донишҳои нав бо мақсади ҳалли проблемаҳои технологи, муҳандиси, иқтисоди, иҷтимои, гуманитари ва ҳоказо, барои таъмини амали илм, техника ва истеҳсолот чун системаи ягона равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007);

- коркардҳои озмоиши - фаъолиятест, ки ба донишҳои дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқотҳои илми ё дар асоси таҷрибаи амали ба даст омада такя карда, ба нигаҳдории ҳаёт ва саломатии инсон, таҳияи маводи нав, маҳсулот, равандҳо, лавозимот, хизматрасониҳо, система ва методҳо ва такмили баъдинаи онҳо равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007);

- сиёсати давлати оид ба илму техника - қисми таркибии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, ки муносибати давлатро ба фаъолияти илми ва илмию техники ифода намуда, ҳадафҳо, самтҳо, шаклҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар соҳаи илму техника, татбиқи дастовардҳои илми ва илмию техникиро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007);

- натиҷаи илми ва (ё) илмию техники маҳсули фаъолияти илми ва (ё) илмию техникӣ мебошад, ки он донишҳо ва натиҷаҳои навро дарбар гирифта, дар ягон воситаҳои интишороти иттилооти сабт шудааст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007);

- маҳсули илми ва (ё) илмию техники - натиҷаи илми ва (ё) илмию техники мебошад, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти зеҳни, ки барои ба иҷро расондан муқаррар шудааст (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007);

- грантҳо - воситаҳои пули ва ғайра, ки ройгон ва бе бозгашт аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, аз ҷумла аз тарафи шаҳрвандони хориҷи ва шахсони ҳуқуқии хориҷи, инчунин ташкилотҳои байналмилали дода мешаванд ва барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмии мушаххас дар асоси шартҳои грантдиҳанда истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007).

- субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти асосии онҳо ба дарёфт, кашф ва истифодаи дастовардҳои нави илмӣ ва илмию техникӣ равона карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007);

- Кодекси намунавии одоби илмӣ - маҷмӯи муназзами қоидаву меъёрҳои рафтор, ақидаву принсипҳои ахлоқии ташкили фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060);

- одоби илмӣ - меъёру қоидаҳои ахлоқии аз ҷониби ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ муқаррар ва эътирофшудаи корманди илмӣ (муҳаққиқ) (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060);

- рафтори ношоями илмӣ - амали ношоистаи корманди илмӣ, ҳамчун сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), инчунин харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ (рисолаҳои илмӣ, лоиҳаҳои дипломӣ, хатмкунӣ ва курсӣ) бо мақсади минбаъд дифои ошкорои он аз номи худ (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060).

БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

Моддаи 3. Муқаррароти умуми дар бораи субъектҳои фаъолияти илми ва илмию техники

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477)

Фаъолияти илми ва (ё) илмию техники бо тартиби муайянкардаи қонуни мазкур аз тарафи шахсони воқеи - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷи, шахсони бешаҳрванди дар доираи ҳуқуқҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқи муқаррар карда, иҷро мегардад, ба шарте, ки агар тибқи ҳуҷҷатҳои муассиси онҳо фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар назар дошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни мазкур (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 30.07.2007 № 335):

- ба субъектҳои илми ва (ё) илмию техники озодона эҷод карданро кафолат медиҳанд, яъне барои онҳо ҳуқуқи интихоби самт ва усули гузаронидани таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои таҷрибавиро таъмин мекунанд;

- ҳимояи субъектҳои илми ва илмию техникиро аз рақобати беинсофона кафолат медиҳанд;

- ҳуқуқро ба кори таваккалии асоснокшуда дар фаъолияти илми ва (ё) илмию-техники эътироф мекунанд;

- озодии истифода аз иттилооти илми ва илмию техники, бо истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷорат муайян кардааст, кафолат медиҳанд;

- омода кардан, такмили тахассус ва бозомӯзии кормандони илми ва мутахассисони ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии давлатиро кафолат медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477);

- маблағгузории лоиҳаҳое, ки аз рӯи дархостҳои давлати иҷро мешаванд, кафолат медиҳанд;

- фаъолияти инноватсионии субъектҳои илмӣ ва илмию техникиро дастгирӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007).

Моддаи 4. Корманди илми, мутахассиси ташкилоти (ё муассисаи) илми ва корманди соҳаи хизматрасонии илми. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони илми

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477)

Корманди илми (муҳаққиқ) шаҳрвандест, ки тахассуси заруриро дорост ва ба таври касби машғули фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мебошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Асосҳои ҳуқуқии арзёбии тахассуси коркунони илми ва мутахассисони ташкилоти илми ва меъёрҳои ин арзёби бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва аз тарафи низоми давлатии аттестациони таъмин мегарданд.

Натиҷаҳои аттестацияро комиссияи аттестационии босалоҳият эътироз ва бекор карда метавонад. Дар ҳолати вайрон кардани тартиб ва меъёрҳои арзёбии тахассусии коркунони илми ва мутахассисони ташкилоти илми натиҷаҳои аттестация ба тартиби суди эътироз ва бекор шуда метавонанд.

Мутахассиси ташкилоти илми (коркуни муҳандисию техники) шаҳрвандест, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ ё таҳсилоти олии касбӣ дорад ва барои ба даст даровардани натиҷаи илми ва (ё) илмию техники ва амали кунонидани он мусоидат мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Корманди соҳаи хизматрасонии илми шаҳрвандест, ки барои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар ташкилоти илми шароити мусоидро таъмин мекунад.

Корманди илми ҳуқуқ дорад ба:

- эътирофи ӯ чун муаллифи натиҷаҳои илми (ё) илмию техники, додани дархост барои кашфиёт ва дигар натиҷаҳои фаъолияти зеҳни мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гирифтани даромад (ҳаққи муаллиф) аз амаликунии натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- арзёбии ҳаққони ба фаъолияти илми ва (ё) илмию техникии худ ва гирифтани инъом, мукофот ва имтиёзҳо мутобиқи саҳми эҷодиаш;

- ба вуҷуд овардани фаъолияти соҳибкори дар соҳаи илму техника, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ нест;

- додани дархост барои иштирок дар баҳсҳои илми, конфронсҳо, симпозиумҳо ва дигар баррасиҳои илмии дастҷамъӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477);

- иштирок дар озмуни маблағгузории таҳқиқотҳои илми аз ҳисоби буҷети мувофиқ, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва манбаъҳои дигар, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ нестанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477);

- додани дархост барои иштирок дар ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техники, коромӯзи, таҷрибаандӯзи, сафари хидмати, нашри натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477);

- иҷозати истифода аз иттилоот дар бораи натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники, агар он машғулиятҳо сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷоратии мансуб ба онро дарбар нагиранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477);

- нашри натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники дар матбуоти даври, агар онҳо маълумотҳои мансуб ба сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷоратиро дарбар нагиранд;

- радди далелнок аз ширкат дар таҳқиқотҳои илми, ки ба инсон, ҷамъият ва муҳити зист таъсири манфи мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477);

- такмили тахассуси илми.

Корманди илми ӯҳдадор аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477):

Фаъолияти илми, илмию-техники ва (ё) коркардҳои озмоиширо иҷро намуда, ҳуқуқҳо ва озодии инсонро вайрон накунад, ба ҳаёт ва саломатии ӯ, ҳамчунин ба муҳити зисти табии зарар наорад;

Экспертизаи барномаҳо ва лоиҳаҳои илми ва илмию техники ва коркардҳои озмоиширо воқеъбинона ба амал барорад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Коркунони илми метавонанд оиди фаъолияти муштараки илми ва илмию техники мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома банданд.

Коркунони илми дар заминаи ихтиёри ҳуқуқи ташкили иттиҳодияҳои ҷамъиятиро мутобиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иттиҳодияҳои ҷамъияти доранд.

Академияҳои ҷамъиятии илмҳо дар ҳамоҳангсозии фаъолияти илми мувофиқи оинномаҳои худ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007).

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои ихтиёри метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони илмиро ба таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи илму техника, гузаронидани экспертизаҳо, инчунин дар асоси озмун ба иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои илми аз ҳисоби буҷети мувофиқ ҷалб кунанд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335).

Моддаи 5. Ташкилоти илмӣ

Ташкилоти (ё муассисаи) илмӣ шахси ҳуқуқие эътироф мешавад, ки новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ҳамчунин иттиҳодияи ҷамъиятии кормандони илмӣ, ки фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва тайёр кардани кормандони илмиро ҳамчун фаъолияти асосӣ ба роҳ монда, мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсиси ташкилоти (ё муассисаи) илмӣ фаъолият менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмӣ аз ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои илмии вобаста ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳавию конструкторӣ, таҷрибавию технологӣ ва муассисаҳои дигар, ки фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро анҷом медиҳанд, иборатанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитацияи давлатии ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмиро ташкил мекунад ва ба онҳо шаҳодатномаи аккредитацияи давлатиро медиҳад. Тартиби аккредитацияи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати ба ташкилоти илмие дода мешавад, ки ҳаҷми фаъолияти илмии он на кам аз 70 фоизи ҳаҷми умумии кори ба сомонрасондаи ин ташкилотро ташкил медиҳад ва дар Оинномаи он Шӯрои олимон (илми, техники, илмию техники) ба сифати яке аз мақомоти идоракуни дар назар дошта шудааст. Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати, баъди номнавис кардани ташкилоти илми тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 30.07.2007 № 335).

Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати барои ба ташкилоти илми додани имтиёзҳои пардохти андозҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар имтиёзҳое, ки барои ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, асос мебошад.

Ташкилоти илмие, ки таҷҳизоти таҷрибавию озмоишии нодир дошта, дар он коркунони илми ва мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ кор мекунанд ва фаъолияти илмии он дар арсаи байналмилали эътироф шудааст, метавонад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун марказии илмии давлати мақом гирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Раддия оиди додани шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати ба ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми барои ба амал баровардани фаъолияти илми монеа шуда наметавонад, дар як вақт чунин ташкилот ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳои дар қисми панҷуми ин модда пешбинишударо надорад.

Ташкилоти илми молу мулки аз ҷониби муассисон барои амалигардонии фаъолияти дар ҳуҷҷатҳои муассиси муайяншударо молик буда, онро истифода ва ихтиёрдорӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Тартиби соҳибӣ кардан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ташкилоти илмиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007).

Ташкилоти илми вазифадор аст, ки заминаи илмию таҳқиқоти ва таҷрибавию озмоишии худро нигоҳ дорад ва тараққи диҳад, фондҳои истеҳсолии худро нав кунад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007).

Ташкилоти илми мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории илмиро бо шахсони ҳуқуқии хориҷи ва фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Ташкилоти илми бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, таъсис дода мешавад, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

Дар ҳолати азнавташкилдиҳии ташкилоти илми муҳофизати ягонагии технологии фаъолияти илми ва илмию техники бояд таъмин гардад. Аз ҳайати ин ташкилоти илми ҷудо кардани истеҳсолоти таҷрибави, таҷрибавию озмоиши, таҷрибавию илми, таҷрибавию фармацевти ва заминаҳои тибби роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007).

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташкилоти илмии давлати таъсис додаанд, метавонанд барои азнавсози, таъмири асоси ва ҷории молу мулки ин ташкилот маблағ ҷудо кунанд. Дар сурати нокифоя будани маблағ онҳо нисбат ба ӯҳдадориҳои ин ташкилот (ё муассиса) масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) доранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007).

Ба ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии давлати аз рӯи тартиби муқарраршуда барои истифодаи бемӯхлату ройгон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.

Моддаи 6. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007)

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо мақоми давлати доранд, аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати маблағгузори мешаванд, соҳиби ҳуқуқҳои идораи фаъолияти молу мулки худ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335, аз 22.07.2013 № 1007).

Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои дохил мешаванд.

Сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимоии ба ҳайати онҳо дохилшуда аз рӯи оинномаҳои академияҳои илмҳои номбурда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти худидорашавандаи давлатӣ буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ амал мекунад. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқотҳои илмии бунёди ва амалиро аз рӯи муҳимтарин проблемаҳои илмҳои табии, техники ва гуманитари гузаронида, дар ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмии бунёди, ки аз тарафи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва муассисаҳои олии касбии таълимӣ иҷро ва аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати маблағгузори мешаванд, ширкат меварзад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Академияҳои соҳавии илмҳо ташкилотҳои (ё муассисаҳои) худидорашаванда буда, таҳқиқотҳои илмии бунёди ва амалиро дар соҳаҳои мувофиқи илм ва техника гузаронида, дар ҳамоҳангсозии ҳамин таҳқиқотҳои илми, иштирок мекунанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007).

Маблағгузории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати, ки чун сатри алоҳида дар он нишон дода шудааст ва манбаъҳои дигари аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номамнӯъ ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, ки бо истифодабарии воситаҳои буҷети давлати иҷро шудаанд, ба давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешаванд.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо ҳар сол ба Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таҳқиқотҳои илмии гузаронидашуда ва натиҷаҳои илми ва илмию техники ҳисобот медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007).

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимоии онҳо молу мулки давлатиро соҳиби мекунанд, истифода мебаранд ва идора мекунанд. Ин молу мулк ба онҳо барои идораи фаври ё хоҷагидории пурра мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Номнависи молу мулки ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо барои идораи фаври ва хоҷагидории пурра додашуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007).

Ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, ташкилотҳои илми, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои барои истифодаи бемӯхлату ройгон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007).

Моддаи 6 (1). Академияхои чамъиятии илмхо

Мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон Академияхои чамъиятии илмхо метавонанд таъсис дода шаванд, ки онхо дар сохахои дахлдори илму техника тадкикот ташкил менамоянд ва мегузаронанд.

Академияхои чамъиятии илмхо метавонанд бо ташкилоту идорахо ва корхонащо шартнома баста барояшон тахкикоти илми гузаронанд ва дар татбик намудани барномахои илми ва илмию техники дар асоси озмун иштирок намоянд (Қонуни ҶТ аз 17.05.04с. № 25).

БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА ПРИНЦИПҲОИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

Моддаи 7. Идоракунии фаъолияти илми ва илмию техники

Идоракунии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар асоси истифодаи якҷояи принципҳои танзими давлати ва худидоракуни ба амал бароварда мешавад.

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои дар доираи салоҳияташон самтҳои афзалиятноки дахлдори инкишофи илм ва техникаро муайян мекунанд, ташаккули системаи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми, мутобиқкунии байнисоҳавии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники, таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаҳои илми ва илмию техники, инкишофи шаклҳои ҳамгироии илм ва истеҳсолот, татбиқи дастовардҳои илм ва техникаро таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007).

Идораи фаъолияти илми ва (ё) илми-техники дар доирае ба амал бароварда мешавад, ки озодии эҷоди илмиро вайрон накунад.

Мақомоти ҳокимияти давлати, ки ташкилоти давлатии илмиро таъсис медиҳанд, вазифадоранд:

- низомномаи ташкилоти давлатии илмиро тасдиқ кунанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477);

- аз самаранок истифода бурдан ва эҳтиёт намудани молу мулки ба ташкилоти давлатии илми супурдашуда назорат баранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007);

- вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташон иҷро намоянд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Роҳбарони ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, инчунин ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии ғайридавлати мувофиқи қонунгузори ва ба тартибе, ки дар оинномаи онҳо пешбини гардидааст, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007).

Шӯроҳои илмии ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии давлати нақшаҳои кори илми ва инкишофи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илмиро ошкоро вобаста ба супориши давлати, соҳаи ташкилоти давлатии илми, манфиатҳои илми ва иқтисодии онҳо таҳия ва тасдиқ мекунанд.

Моддаи 8. Шартномаҳо (муоҳидаҳо) барои эҷодкуни, таҳвил ва истифодаи маҳсулоти илми ва илмию техники

Шакли асосии муносибати ҳуқуқии байни ташкилоти илмии фармоишгар ва истифодабарандагони дигари маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, аз он ҷумла вазоратҳо ва мақомотҳои дигари ҳокимияти иҷроия шартномаҳо (муоҳидаҳо) барои эҷодкуни, таҳвил ва истифодаи маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, хизматрасониҳои илми, илмию техники, муҳандисию машварати ва дигархо, инчунин шартномаҳо, аз он ҷумла шартномаҳо оиди ҳамкориҳои муштараки фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва тақсими даромад, мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007).

Дар асоси шартномаҳои (муоҳидаҳои) мазкур таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои таҷрибави барои эҳтиёҷи давлат гузаронида мешаванд. Дар ин маврид шартномаҳо (муоҳидаҳо) байни мақомоти фармоишгар ва ташкилоти иҷрокунанда баста мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки барои ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илми барои иҷрои таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоиши фармоиши давлатии ҳатми муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007).

Шартҳои молик будан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани дастовардҳои илми ва (ё) илмию техники мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои (муоҳидаҳои) тарафайни субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва истифодабарандагони маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, ки ба он мухолиф нестанд, муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477аз 22.07.2013 № 1007).

Моддаи 9. Таъминоти иттилоотии фаъолияти илми ва илмию техники

Субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҳуқуқи мубодилаи иттилоотиро ба истиснои маълумотҳое, ки сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷорати мебошанд, доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили фондҳо ва системаҳои иттилоотии давлатиро дар соҳаи илм ва техника, ки ҷамъовари, бақайдгирии давлати, коркарди таҷлили, нигоҳдори ва ба истифодабарандагон расондани ахбороти илми ва техникиро ба амал мебароранд ва барои берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намудани маводҳои илми ва илмию техники, харидани маҷаллаҳои илми, китобҳо, дигар нашрияҳои чопи оид ба натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники мадад мерасонанд, таъмин мекунад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дастрас намудани иттилооти номбурда ва ҳуқуқи хариди онро кафолат медиҳад ва ҳуқуқи вуруд ба фондҳо ва системаҳои байналмилалии иттилоотро дар соҳаи илм ва техника таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои (ё муассисаҳои) давлатии илми, ки дар онҳо бонкҳои маълумот ва базаҳои маълумоти, иттилооти илми ва (ё) илмию техники амал мекунанд, муҳофизати бонкҳои маълумот ва базаҳои маълумот, таҳвили онҳо бо тартиби муқарраршуда таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Моддаи 10. Маҳдудкунии ва лицензиякунонии баъзе намудҳои фаъолияти илми ва илмию техники

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007):

- тартиби гузаронидани таҳқиқотҳои илми ва истифодаи натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техникиро, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саломатии шаҳрвандон, муҳити зист зарар дошта метавонанд, муқаррар кунад;

- Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335)

- дар ҳолатҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, истифодаи баъзе натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техникиро маҳдуд кунад, тартиботи махфиро ба онҳо ҷори кунад ва аз иҷрои он назорат барад;

- талаботҳои сертификатсиони ва метрологиро ба баъзе намудҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҷори намояд.

БОБИ 3(1). АСОСҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060)

Моддаи 10(1). Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060)

Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмие, ки дар ҷараёни таҳқиқот аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд, инҳоянд:

- қобили қабул будани танқид ва мубоҳиса, муносибати боэҳтиромона нисбат ба муноқиз (оппонент), роҳбари илмӣ ва унвонҷӯ;

- арзёбии ҳақиқати ақидаҳои илмӣ новобаста ба синну сол, ҷинс, нажод ва нуфузу унвонҳои корманди илмии ин ақидаҳоро асосноккунанда;

- дастоварди умумӣ эътироф шудани натиҷаҳои илмӣ ва илмию техникӣ;

- беғаразии фаъолияти корманди илмӣ;

- ошкоро будани таҳлили танқидии таҳқиқот (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060).

Моддаи 10(2). Меъёрҳои ахлоқии танзимкунандаи фаъолияти илмӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060)

Меъёрҳои ахлоқии зерин бояд дар ҷараёни гузаронидани таҳқиқоти илмӣ риоя шаванд:

- озодии академӣ ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти илмӣ;

- риояи аниқи қоидаҳои ба даст овардан ва интихоб намудани маълумоте, ки дар фанни мушаххаси илмӣ истифода мешаванд;

- ташкили низоми боэътимоди ҳимоя ва нигоҳдории маълумоти аввалия;

- ҳуҷҷатгузории аниқ ва пурраи ҳама натиҷаҳои муҳими илмӣ;

- ошкоро будани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ барои арзёбии танқидӣ;

- роҳ надодан ба рафтори ношоями илмӣ;

- таваҷҷӯҳ ба навоварӣ дар фаъолияти илмӣ;

- мусоидат намудан ба рушди илмии кормандони ҷавон (муҳаққиқон);

- паҳн накардани натиҷаҳои илмие, ки бо шарти риояи махфият ба даст оварда шудаанд;

- муқовимат намудан ба худкомагӣ дар илм;

- худдорӣ аз усулҳои фишороварӣ ба муноқизи илмӣ;

- нашри ҳатмии натиҷаи корҳое, ки аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ иҷро мешаванд, ба истиснои натиҷаи корҳое, ки мӯҳри махфият доранд;

- эътирофи ҳатмии хатоҳои илмии худ, ки дар нашрияҳои пешина роҳ дода шудаанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060).

Моддаи 10(3). Муқаррароти асосии Кодекси намунавии одоби илмӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060)

1. Ташкилотҳои (муассисаҳои) илмӣ ӯҳдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипу меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмиро риоя намоянд.

2. Ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба муқаррароти Кодекси намунавии одоби илмӣ, ки асосҳои ахлоқии рафторро дар ҷараёни фаъолияти илмӣ муайян мекунад, асос меёбад.

3. Таҳия ва тасдиқи Кодекси намунавии одоби илмӣ аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

4. Кодекси намунавии одоби илмӣ метавонад ӯҳдадориҳои ахлоқии зерини корманди илмиро дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар бар гирад:

- масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқии корманди илмӣ (муҳаққиқ) барои оқибатҳои иҷтимоӣ ва экологии дар амал татбиқ намудани кашфиёти худ;

- огоҳонидани ҷомеа дар хусуси эҳтимолияти бар зарари инсоният истифода бурдани кашфиёти илмӣ;

- шахсан масъул будан барои сифати мӯътамади иттилоот ва маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- масъулияти ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавони кормандони илмӣ дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва софдилии илмӣ;

- вобаста набудани ҳақиқати илмӣ ба ғаразу манфиатҳои шахсии корманди илмӣ;

- эътироф намудани хатоҳои илмии худ бо мақсади дубора анҷом надодани таҳқиқоти такрории нолозиме, ки хароҷоти иловагиро талаб мекунад;

- софдилӣ, хоксорӣ ва хушмуомилагии илмӣ;

- роҳ надодан ба азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ);

- ҳифз намудани ақидаҳои худ, новобаста ба ҳар гуна нуфузу вазъ.

5. Ташкилотҳои (муассисаҳои) илмӣ Кодекси одоби илмиро вобаста ба соҳаи худ ва хусусиятҳои таҳқиқоти илмии анҷомдодашаванда таҳия ва тасдиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060).

Моддаи 10(4). Масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060)

1. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ғайр аз масъулияти фардӣ дар раванди фаъолияти илмӣ масъулияти иҷтимоӣ дорад, ки ба донишу имконияти техникӣ ва робитаҳои байналмилалии ӯ вобаста аст.

2. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст иттилооти софдилона ва кушодро оид ба ҳолатҳои зерин паҳн кунад:

- оқибатҳои истифодаи аслиҳаи муосир;

- хатарҳо дар соҳаи захираҳо барои рушди минбаъда;

- оқибатҳои экологии рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ;

- шаҳришавӣ ва ғайрисаноатикунонӣ;

- терроризм ва ғайра.

3. Фаъолияти иҷтимоию сиёсии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бояд ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна шаклҳои табъиз равона карда шавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1060).

БОБИ 4. ТАШКИЛ ВА ТАТБИКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477)

Моддаи 11. Ҳадафҳо ва принципҳои асосии сиёсати давлати оид ба илму техника

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477)

Ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника аз инкишоф, оқилона ҷойгиркуни ва самаранок истифода бурдани иқтидори илмию техники, афзоиши саҳми илм ва техника дар инкишофи иқтисодиёти давлат, иҷрои муҳимтарин масъалаҳои иҷтимои, таъмини дигаргунсозиҳои сохтори пешқадам дар соҳаи истеҳсолоти модди, баланд бардоштани самаранокии он ва ба рақобат тобоварии маҳсулот, беҳтар намудани вазъи экологи ва муҳофизати захираҳои иттилоотии давлат, мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии давлат ва бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, устувор гардондани робитаҳои муштараки илм ва маориф иборат аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007).

Сиёсати давлати оид ба илму техника дар асоси принципҳои зайл ба амал бароварда мешавад:

- илмро ҳамчун соҳаи мухими иҷтимои, ки дарачаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаро муайян мекунад, эътироф намудан;

- ошкорбаёни ва истифодаи усулҳои гуногуни муҳокимаҳои ҷамъияти дар мавриди интихоб намудани самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника ва экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники, ки амалигардонии онҳо дар асоси озмун ба иҷро расонда мешавад;

- кафолати афзалиятноки тараққи додани таҳқиқотҳои бунёдии илми;

- ҳамгироии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ дар асоси шаклҳои гуногуни иштироки кормандон, аспирантон ва донишҷуёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар таҳқиқотҳои илмӣ ва коркардҳои озмоишӣ ба воситаи барпо кардани комплексҳои таълимию илмӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмии вазоратҳо ва дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007);

- дастгирии рақобат ва фаъолияти соҳибкори дар соҳаи илм ва техника;

- мутамарказсозии захираҳо дар самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477);

- ҳавасмандгардонии фаъолияти илми, илмию техники ва инноватсионӣ ба воситаи низоми имтиёзҳои иқтисоди ва имтиёзҳои дигар (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007);

- инкишофи фаъолияти илми, илмию техники ва инноватсионӣ ба воситаи ташкил додани марказҳои давлатии илми ва сохторҳои дигар (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007);

- инкишофи ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Моддаи 12. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335)

Моддаи 13. Салоҳияти мақомоти хокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ташкил ва татбики сиёсати давлатии оид ба илму техника

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335, аз 31.12.2008с. № 477)

Ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477):

- пешниҳод намудан ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои қонунгузори, ки қабул намудани онҳо дар ташкил ва татбики сиёсати давлатии оид ба илму техника зарур аст (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335);

- Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477)

- Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477)

- муайян намудани салоҳияти вазоратҳо, кумитаҳои давлати ва идораҳои ҷумҳури доир ба масъалаҳои ташаккул ва ба амалбарории сиёсати давлатии оид ба илму техника ва назорати фаъолияти онҳо;

- барпо кардани сохторҳои ташкилие, ки барои ташаккул ва ба амалбарории сиёсати давлатии оид ба илму техника заруранд;

- ташкил кардани коркардҳои пешгӯии инкишофи илм ва техника;

- муайян намудани номгӯи барномаҳои ҷумҳуриявии оид ба илму техника ва тартиби ташаккул ва ба амалбарории онҳо;

- тасдиқи тартиби маблағгузори ба корҳои илмию таҳқиқоти ва тақсими маблағҳои буҷети ҷумҳури, ки ба инкишофи илм ва техника ҷудо карда шудаанд;

- таъсиси муассисаҳои давлатии илмӣ, фондҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, ташкил, мутобиқкунонӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти инфрасохтори илмӣ ва илмию техникӣ (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007);

- муайян намудани тартиби ташаккул ва истифодаи фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники;

- муқаррар кардани системаи давлатии аттестацияи кормандони илми ва илмию техники;

- ба амалбарории ӯҳдадориҳо оид ба барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникие, ки мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477);

- бастани шартномаҳо ва созишномаҳои байни ҳукумати доир ба ҳамкори дар соҳаи илму техника, мутобиқкуни ва мадад расондан ба инкишофи робитаҳои байналмилалии вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо ба манфиати ҷумҳури (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477);

- салоҳияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

- таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника;

- интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкил ва татбиқи амалии барномаҳо ва лоиҳаҳои соҳаи илму техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маблағгузории фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз буҷети давлатӣ;

- ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Моддаи 14. Хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477)

Моддаи 15. Тартиби ташкили сиёсати давлати оид ба илму техника

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335)

Самтҳои сиёсати давлати оид ба илму техника барои давраҳои миёна ва дарозмуддатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маърӯзаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335).

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хар сол мувофиқи пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тасдиқи буҷети давлати ҳаҷми маблағҳои солонае, ки барои иҷрои барномаҳо ва нақшаҳои илмию техникии ҷумҳури заруранд, ҳаҷми маблағгузории ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва андозаи маблағҳоеро, ки ба фонди дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники равона карда шудаанд, инчунин системаи имтиёзҳои иқтисодии ин фаъолиятро ҳавасмандкунанда муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335).

Муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлати оид ба илму техника, пешгӯии илмию техники, интихоби самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника, таҳияи тавсияҳо ва таклифҳо дар бораи иҷроиши барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникии истифодабарии (татбиқи) дастовардҳои илм ва техника дар шароити ошкорбаёни, бо истифодаи шаклҳои гуногуни муҳокимакунии ҷамъияти, экспертиза ва озмунҳо ба амал бароварда мешавад.

Сиёсати давлатии оид ба илму техника нисбати соҳаҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти дахлдор бо ҷалб намудани субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо бо назардошти сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника таҳия ва татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Моддаи 16. Ташкил ва гузаронидани экспертизаҳои фаъолияти илми ва илмию техники

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникиро аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети дахлдор мегузаронанд.

Экспертиза аз тарафи ташкилотҳои (ё муассисаҳои) экспертизаи мустақил ва дигар ташкилотҳо, инчунин аз тарафи экспертҳо бо иштироки намояндагони ташкилотҳое, ки фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро маблағгузори мекунанд, дар мавриди:

- интихоби самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати оид ба илму техника, инчунин инкишофи илму техника;

- таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники;

- гузаронидани озмунҳо барои иштирок дар барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники, назорати татбиқ ва истифодабарии дастовардҳои илми ва (ё) илмию техники дар иқтисодиёти давлат ба амал оварда мешаванд.

Дар экспертизаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мутахассисе, ки ба натиҷаҳои он шахсан манфиатдор аст, иштирок карда наметавонад.

Дар натиҷаи ҷамъбасти экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки аҳолиро пешаки дар бораи бехатари иттило диҳанд, аз он ҷумла аҳамияти экологи, иқтисоди ва иҷтимоии истеҳсолот ва иншоотҳои бунёдшавандае, ки дастовардҳои илм ва техникаро истифода мебаранд, огоҳ созанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Дар мавридҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, ба тартиби муқарраршуда экспертизаи давлатии ҳатмии барномаҳо ва нақшаҳои илмию техники гузаронида мешавад.

БОБИ 5. МАБЛАUГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

Моддаи 17. Тартиби маблағгузории фаъолияти илми ва илмию техники

Таъминоти молиявии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники аз тамоюли мақсаднок ва гуногунии сарчашмаҳои маблағгузори асос меёбад. Маблағгузории ин фаъолият аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети маҳалли, сарчашмаҳои ғайрибуҷети, (маблағҳои хусуси ва ё ҷалбкардашудаи субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, инчунин маблағҳои фармоишгарони кор) ва дигар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва иҷрои буҷети давлатиро дар қисми хароҷот ва таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоиши ташкил мекунад, тартиби ташкили фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро муайян менамояд, тақсимоти маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети давлати пешбинишударо байни фармоишгарони давлатии барномаҳои бомақсад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва фондҳои давлатии номбаршударо тасдиқ мекунад.

Таҳқиқотҳои илмии бунёди бо бартари аз ҳисоби буҷети давлати маблағгузори карда мешаванд. Бо мақсади кӯмак ба нақшаҳои ташаббусии таҳқиқотҳои илмии бунёди, ки дар асоси озмунҳо интихоб мегарданд, бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил карда мешаванд.

Барномаҳои илмию техникии давлати, таҳқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоишии амалии афзалиятнок аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва бо тартиби ҳиссагузори аз ҳисоби ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, бонкҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидор маблағгузори карда мешаванд. Ба таври ҳиссагузори, инчунин барномаҳои илмию техники, ки дар асоси шартномаҳои байналмилали ва илмию техникии байнисоҳави мураттаб ва татбиқ мешаванд, барномаҳои илмию техникии истеҳсоли техника ва технологияи нави истифодаи дучанд маблағгузори шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Таҳқиқотҳои дорои аҳамияти маҳалли аз ҳисоби буҷети маҳалли ва бо тартиби ширкати саҳоми аз ҳисоби ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, бонкҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидор маблағгузори шуда метавонанд.

Аз ҳисоби буҷети давлати, аз он ҷумла ба таври ҳиссагузори муҳимтарин барномаҳо ва нақшаҳои минтақавии илми ва илмию техникие, ки дастовардҳои татбиқи онҳо дар минтақаҳои дигар қобили истифода мебошад, маблағгузори шуда метавонанд.

Маблағгузории фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар асоси якҷоякунии кӯмаки молиявии ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва маблағгузории мақсадноки барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникии мушаххас ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 18. Ҳимояи иҷтимоии кормандони илми ва илмию техники

Давлат барои мақоми сазовори кормандони илми ва илмию техники шароит муҳайё карда, онро кафолат медиҳад ва бо роҳҳои зайл ҳимоя менамояд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477):

- барои докторон ва номзадҳои илм, ки дар муассисаҳои давлати, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва илмию техники новобаста аз шакли моликият кор мекунанд, имтиёзро дар қисми иловапули барои унвон нигоҳ медорад;

- ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм, ки дар муассисаҳои давлати кор мекунанд, мувофиқан 48 ва 36 рузи тақвими рӯхсатии меҳнати медиҳад;

- ба кормандони илмии маскани хонаи давлати ҳуқуқ медиҳад, ки онро бепул хусуси гардонанд, ба шарте, ки онҳо дар муассисаи илми на кам аз 10 сол кор карда бошанд;

- ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм ҳангоми гирифтани хона илова бар меъёри мавҷуда мувофиқан на кам аз 20 м.кв. ва 15 м.кв. манзил (хонаи алоҳида) медиҳад;

- ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм барои сохтмони ҳавлии шахси, харидани хона, обод кардани бӯстонсаро ва эҳтиёҷи дигари иҷтимоию маиши қарзи имтиёзнок ҷудо менамояд;

- шароити дигарро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардонида шудааст, муҳайё мекунад.

Моддаи 19. Фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва илмию техники. Грантҳо

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории амалкунанда фондҳои давлати, ғайридавлати ва байналмилалии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил мекунанд, ки фаъолияти онҳо аз ҳисоби буҷети дахлдор ё манбаъҳои дигаре, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд, маблағгузори мешавад. Фонди давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкилоти худидоракунанда мебошад ва фаъолияташро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амали менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335, аз 22.07.2013 № 1007).

Фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми экспертизаи мустақили барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникиро ташкил мекунанд, ки аз тарафи субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники пешниҳод мегарданд ва дар асоси озмун барои барномаҳо ва лоиҳаҳои номбаршуда маблағ ҷудо менамоянд. Фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва ё илмию техники воситаҳои гуногунро, ки барои баамалбарории фаъолияти онҳо мувофиқи оиннома ва ба мақсадҳои дигар пешбини шудааст, ба ҳисоб мегиранд.

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хароҷоти маблағҳое, ки барои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники аз буҷети дахлдор ҷудо карда шудаанд, назорат мебаранд, шакл ва усулҳои истифодаи натиҷаҳои онро муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 335).

Фаъолияти илми ва (ё) илмию техники метавонад аз ҳисоби грантҳо ба амал бароварда шавад.

Грантҳо ба коркунони илми, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касби, дигар шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ таҳвил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Соҳибони грантҳо метавонанд онҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди истифодаи онҳо дар ҳудуди давлати хориҷи мувофиқи қонунгузории ин давлатҳо, инчунин мувофиқи шартҳое, ки дар доираи онҳо ин грантҳо ҷудо карда шудаанд, истифода кунанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477)

Моддаи 20. Ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477)

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории байналмилалии илми ва илмию техники шароити мусоид фароҳам меоранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Субъекти фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҳуқуқ дорад, ки ба ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои байналмилалии илми ва илмию техники аъзо гардад, дар барномаҳо лоиҳаҳои байналмилалии илми ва илми теникии давлатҳои хориҷа иштирок кунад, бо шаҳрвандони хориҷи чи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар хориҷи он шартномаҳо ва созишномаҳои дигар оиди кор мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, бандад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиботи муқарраршуда ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми ва марказҳои илми бо иштироки шаҳрвандони хориҷи, шахсони бешаҳрванди ва шахсони ҳуқуқӣ хориҷи ташкил карда шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Сармоягузории хориҷи ба соҳаи илм ва техника мувофиқи тартиб ва шакле, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, ба амал бароварда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷи ҳамкории илми ва илмию техникиро дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барнома ва нақшаҳои байналмилалии илми ва илмию техникиро ташкил намуда, барои вусъати ҳамкории илмию техникии кормандони илми ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илми кӯмак мерасонад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники, инчунин маҳсулоти илми ва (ё) илмию техникиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, назорат мекунад.

Моддаи 21. Фаъолияти илмии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1007)

Фаъолияти илмии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байнидавлати, созишномаҳои байниҳукумати ва дар санадҳои байналмилали аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардашуда, инчунин шартномаҳо ва созишномаҳое, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, мақомоти идоракунии давлатии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мувофиии қонунгузории амалкунанда бастаанд, танзим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477, аз 22.07.2013 № 1007).

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008с. № 477).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

ш. Душанбе,

 аз 21 маи соли 1998 № 597

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИЛМ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА

(Қонун аз 17.05.2004с. № 25, аз 30.07.2007с. № 335)

Ин Қонун шароиту кафолатҳои ҳуқуқи, иқтисоди ва иҷтимоиеро пойдор мекунад, ки онҳо амал намудани илмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқи кормандони илмию ташкилотҳои илми ва инкишофи тадқиқотҳои бунёдиву амалиро таъмин мекунанд.

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузори дар бораи илм ва сиёсати давлати оид ба илму техника

Қонунгузори дар бораи илм ва сиёсати давлати оид ба илму техника аз ҳамин қонун ва дигар қонунҳою санадҳои нормативи, ки мутобиқи он қабул мешаванд, иборат мебошад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар қонун истифода мешаванд:

Мафҳумҳои асосие, ки дар қонун истифода мешаванд, мазмуни зайл доранд:

Фаъолияти илми (фаъолияти илмию тадқиқоти) (минбаъд фаъолияти илми хонда шавад) фаъолиятест, ки ба аз худ кардан ва татбиқ кардани донишҳои нав равона шудааст, аз ҷумла;

тадқиқотҳои илмии бунёди - фаъолияти озмоиши ва назарияви, ки ба андӯхтани донишҳои нав оид ба қонуниятҳои асосии сохт, амал ва такомули инкишофи инсон, ҷамъият, муҳити зист равона шудааст;

тадқиқотҳои илмии амали - тадқиқотҳое, ки мустасно ба татбиқи донишҳои нав барои ноил шудан ба мақсадҳои таҷрибави ва ҳалли масъалаҳои мушаххас равона шудаанд.

Фаъолияти илмию техники - фаъолиятест, ки ба дарёфт кардан ва истифода бурдани донишҳои нав бо мақсади ҳалли проблемаҳои технологи, муҳандиси, иқтисоди, иҷтимои, гуманитари ва ҳоказо, барои таъмини амали илм, техника ва истеҳсолот чун системаи ягона равона шудааст.

Коркардҳои озмоиши - фаъолиятест, ки ба донишҳои дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳои илми ё дар асоси таҷрибаи амали ба даст омада такья мекунад. Ин фаъолият ба нигаҳдории ҳаёт ва саломатии инсон, таҳияи маводи нав, маҳсулот, равандҳо, сохтҳо, хизматрасониҳо, система ва методҳо ва такмили баъдинаи онҳо равона шудааст.

Сиёсати давлати оид ба илму техника - қисми таркибии сиёсати давлати оид ба иҷтимоиёт ва иқтисодиёт буда, муносибати давлатиро ба фаъолияти илми ва илмию техники ифода намуда, мақсадҳо, самтҳо, шаклҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар соҳаи илму техника, татбиқи дастовардҳои илми ва илмию техникиро муайян менамояд.

Натиҷаи илми ва (ё) илмию техники маҳсули фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мебошад, ки он донишҳо ва ҳалҳои навро дарбар гирифта, дар ягон паҳнкунандаи иттилооти сабт шудааст.

Маҳсули илми ва (ё) илмию техники - натиҷаи илми ва (ё) илмию техники мебошад, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти зеҳни, ки барои ба иҷро расондан муқаррар шудааст.

Грантҳо - воситаҳои пули ва ғайра, ки ройгон ва бе бозгашт аз тарафи шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқи, аз ҷумла аз тарафи шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси ҳуқуқии хориҷи, инчунин ташкилотҳои байналхалқи дода мешаванд ва барои гузаронидани тадқиқотҳои илмии мушаххас дар асоси шартҳои грантдиҳанда истифода бурда мешаванд.

БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

Моддаи 3. Коидаҳои умуми дар бораи субъектҳои фаъолияти илми ва илмию техники

Фаъолияти илми ва (ё) илмию техники бо тартиби муайянкардаи ҳамин қонун аз тарафи шахсони воқеи - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷи, ашхоси бешаҳрванди дар доираи ҳуқуқҳои аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ашхоси ҳуқуқи муқаррар карда, иҷро мегардад, ба шарте, ки агар тибқи ҳуҷҷатҳои муассиси онҳо фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар назар дошта шудааст.

Органҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун:

ба субъектҳои илми ва (ё) илмию техники озодона эҷод карданро кафолат медиҳанд, яъне барои онҳо ҳуқуқи интихоби самт ва усули гузаронидани тадқиқотҳои илми ва коркардҳои таҷрибавиро таъмин мекунанд;

ҳимояи субъектҳои илми ва илмию техникиро аз рақобати беинсофона кафолат медиҳанд;

ҳуқуқро ба кори таваккалии асоснокшуда дар фаъолияти илми ва (ё) илмию-техники эътироф мекунанд;

озодии истифода аз иттилооти илми ва илмию техники, бо истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷорат муайян кардааст, кафолат медиҳанд;

омода кардан, такмили тахассус ва азнавтайёркунии коркунони илми ва мутахассисони ташкилотҳои илмии давлатиро кафолат медиҳанд;

маблағгузории лоиҳаҳое, ки аз рӯи дархостҳои давлати иҷро мешаванд, кафолат медиҳанд.

Моддаи 4. Коркуни илми, мутахассиси ташкилоти илми ва коркуни соҳаи хизматрасонии илми. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони илми

Коркуни илми (тадқиқотчи) шаҳрвандест, ки тахассуси заруриро дорост ва ба таври касби машғули фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мебошад.

Асосҳои ҳуқуқии арзёбии тахассуси коркунони илми ва мутахассисони ташкилоти илми ва меъёрҳои ин арзёби бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва аз тарафи низоми давлатии аттестациони таъмин мегарданд.

Натиҷаҳои аттестацияро комиссияи аттестационии босалоҳият эътироз ва бекор карда метавонад. Дар ҳолати вайрон кардани тартиб ва меъёрҳои арзёбии тахассусии коркунони илми ва мутахассисони ташкилоти илми натиҷаҳои аттестация ба тартиби суди эътироз ва бекор шуда метавонанд.

Мутахассиси ташкилоти илми (коркуни муҳандисию техники) шаҳрвандест, ки маълумоти касбии миёна ё касбии оли дорад ва барои ба даст даровардани натиҷаи илми ва (ё) илмию техники ва амали кунонидани он мусоидат мекунад.

Корманди соҳаи хизматрасонии илми шаҳрвандест, ки барои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар ташкилоти илми шароити мусоидро таъмин мекунад.

Корманди илми ҳуқуқ дорад ба:

эътирофи ӯ чун муаллифи натиҷаҳои илми (ё) илмию техники, додани дархост барои кашфиёт ва дигар натиҷаҳои фаъолияти зеҳни мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

гирифтани даромад (ҳаққи муаллиф) аз амаликунии натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

арзёбии ҳаққони ба фаъолияти илми ва (ё) илмию техникии худ ва гирифтани инъом, мукофот ва имтиёзҳо мутобиқи саҳми эҷодиаш;

ба вуҷуд овардани фаъолияти соҳибкори дар соҳаи илму техника, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ нест;

додани дархост барои иштирок дар баҳсҳои илми, конфронсҳо, симпозиумҳо ва дигар муҳокимаҳои коллективона;

иштирок дар конкурси маблағгузории тадқиқотҳои илми аз ҳисоби буҷети мувофиқ, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва манбаъҳои дигар, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ нестанд;

додани дархост барои иштирок дар ҳамкории байналхалқии илми ва илмию техники, коромӯзи, таҷрибаандӯзи, сафари хидмати, нашри натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

иҷозати истифода аз иттилоот дар бораи натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники, агар он машғулиятҳо сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷоратии мансубро дарбар нагиранд;

нашри натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники дар матбуоти даври, агар онҳо маълумотҳои мансуб ба сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷоратиро дарбар нагиранд;

радди далелнок аз ширкат дар тадқиқотҳои илми, ки ба инсон, ҷамъият ва муҳити табии таъсири манфи мерасонанд;

такмили тахассуси илми.

Коркуни илми ӯҳдадор аст:

Фаъолияти илми, илмию-техники ва (ё) коркардҳои озмоиширо иҷро намуда, ҳуқуқҳо ва озодии инсонро вайрон накунад, ба ҳаёт ва саломатии ӯ, ҳамчунин ба муҳити зисти табии зарар наорад;

Таҳқиқоти (экспертизаи) барномаҳо ва лоиҳаҳои илми ва илмию техники ва коркардҳои озмоиширо воқеъбинона ба амал барорад.

Коркунони илми метавонанд оиди фаъолияти муштараки илми ва илмию техники мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома банданд.

Коркунони илми дар заминаи ихтиёри ҳуқуқи ташкили иттиҳодияҳои ҷамъиятиро мутобиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иттиҳодияҳои ҷамъияти доранд.

Академияҳои ҷамъиятии илмҳо дар координацияи фаъолияти илми мувофиқи оинномаҳои худ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Органҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои ихтиёри метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони илмиро ба таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи илму техника, гузаронидани экспертизаҳо, инчунин дар асоси озмун ба иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои илми аз ҳисоби буҷети мувофиқ ҷалб кунанд.

Моддаи 5. Ташкилоти илми

Шахси ҳуқуқи новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии коркунони илми, ки ба сифати кори асосиашон фаъолияти илми ва илмию техникиро мебаранд, коркунони илмиро тайёр мекунанд ва мутобиқи ҳуҷҷатҳои муассиси амал мекунанд, ҳамчун ташкилоти илми шинохта мешавад.

Ташкилотҳои илми ба ташкилотҳои илмию тадқиқоти, ташкилотҳои илмии муассисаҳои таълимии маълумоти олии касби, таҷрибавию конструктори, лоиҳавию конструктори ва ташкилотҳои дигар ҷудо мешаванд, ки онҳо фаъолияти илми ва илмию техникиро ба амал мебароранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитацияи давлатии ташкилотҳои илмиро ташкил мекунад ва ба онҳо шаҳодатномаи аккредитацияи давлатиро медиҳад. Тартиби аккредитацияи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати ба ташкилоти илмие дода мешавад, ки ҳаҷми фаъолияти илмии он на кам аз 70 фоизи ҳаҷми умумии кори ба сомонрасондаи ин ташкилотро тартиб медиҳад ва дар Оинномаи он Шӯрои олимон (илми, техники, илмию техники) ба сифати яке аз органҳои идоракуни дар назар дошта шудааст. Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати, баъди номнавис кардани ташкилоти илми тибқи қонуни амаалкунандаи Ҳукумати Тоҷикистон дода мешавад.

Шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати барои ба ташкилоти илми додани имтиёзҳои пардохти андозҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар имтиёзҳое, ки барои ташкилотҳои илми аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, асос мебошад.

Ташкилоти илмие, ки таҷҳизоти таҷрибавию озмоишии нодир дошта, дар он коркунони илми ва мутахассисони дорои маълумоти касбии оли кор мекунанд ва фаъолияти илмии он дар арсаи байналхалқи эътироф шудааст, метавонад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун марказии илмии давлати статус гирад.

Раддия оиди додани шаҳодатнома дар бораи аккредитацияи давлати ба ташкилотҳои илми барои ба амал баровардани фаъолияти илми монеа шуда наметавонад, дар як вақт чунин ташкилот ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳои дар қисми панҷуми ин модда пешбинишударо надорад.

Ташкилоти илми молу мулки аз ҷониби муассисон барои амалигардонии фаъолияти дар ҳуҷҷатҳои муассиси муайяншударо соҳиб буда, онро истифода ва идора мекунад.

Тартиби соҳиби, истифодабари ва идоракунии ташкилоти илмиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ташкилоти илми вазифадор аст, ки базаи илмию тадқиқоти ва таҷрибавию озмоишии худро нигоҳ дорад ва тараққи диҳад, фондҳои истеҳсолии худро вақт ба вақт нав кунад.

Ташкилоти илми мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории илмиро бо ашхоси ҳуқуқии хориҷи ва фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба амал мебарорад.

Ташкилоти илми бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, таъсис дода мешавад, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

Дар ҳолати азнавташкилдиҳии ташкилоти илми муҳофизати ягонагии технологии фаъолияти илми ва илмию техники бояд таъмин гардад. Аз ҳайати ин ташкилоти илми ҷудо кардани истеҳсолоти таҷрибави, таҷрибавию озмоиши, таҷрибавию илми, таҷрибавию фармацевти ва базаҳои тибби роҳ дода намешавад.

Органҳои ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташкилоти илмии давлати таъсис додаанд, метавонанд барои азнавсози, таъмири асоси ва ҷории молу мулки ин ташкилот маблағ ҷудо кунанд. Онҳо дар сурати нокифоя будани маблағ масъулияти субсидиари нисбат ба ӯҳдадориҳои ин ташкилот доранд, агар ташкилоти илмии давлати дар шакли муассиса ва ё корхонаи дорои ҳуқуқи идораи оперативи ташкил шудааст.

Ба ташкилотҳои илмии давлати аз рӯи тартиби муқарраршуда барои истифодаи бемӯхлату ройгон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.

Моддаи 6. Академияҳои илмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳави статуси давлати доранд, аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати маблағгузори мешаванд, соҳиби ҳуқуқҳои идораи фаъолияти молу мулки худ мебошанд.

Академияҳои илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд (Конун аз 30.07.07с. № 335).

Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо ташкилотҳои илми, ташкилотҳои хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои дохил мешаванд.

Сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилотҳои хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимоии ба ҳайати онҳо дохилшуда аз рӯи оинномаҳои академияҳои илмҳои номбурда муайян мешавад.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти худидорашаванда буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ амал мекунад. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқотҳои илмии бунёди ва амалиро аз рӯи муҳимтарин проблемаҳои илмҳои табии, техники ва гуманитари гузаронида, дар координацияи тадқиқотҳои илмии бунёди, ки аз тарафи ташкилотҳои илми ва муассисаҳои таълимии маълумоти олии касби иҷро ва аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати маблағгузори мешаванд, ширкат меварзад.

Академияҳои соҳавии илмҳо ташкилотҳои худидорашаванда буда, тадқиқотҳои илмии бунёди ва амалиро дар соҳаҳои мувофиқи илм ва техника гузаронида, дар координацияи ин тадқиқотҳои илми, иштирок мекунанд.

Маблағгузории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз академияҳои соҳавии илмҳо аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлати, ки чун сатри алоҳида дар он нишон дода шудааст ва манбаъҳои дигари аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номамнӯъ ба амал бароварда мешавад.

Натиҷаҳои тадқиқотҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, ки бо истифодабарии воситаҳои буҷети давлати иҷро шудаанд, ба давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешаванд.

Академияҳои илмҳо ҳар сол ба Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тадқиқотҳои илмии гузаронидашуда ва натиҷаҳои илми ва илмию техники ҳисобот медиҳад.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо, ташкилотҳои илми ва ташкилотҳои хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимоии онҳо молу мулки давлатиро соҳиби мекунанд, истифода мебаранд ва идора мекунанд. Ин молу мулк ба онҳо барои идораи фаври ё хоҷагидории пурра мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Номнависи молу мулки ба академияҳои илмҳо барои идораи фаври ва хоҷагидории пурра додашуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ба академияҳои илмҳо, ташкилотҳои илми, ташкилотҳои хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои барои истифодаи бемӯхлату ройгон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.

Моддаи 6 (1). Академия(ои (амъиятии илм(о

Мутоби(и (онунгузории Ғум(урии То(икистон Академия(ои (амъиятии илм(о метавонанд таъсис дода шаванд, ки он(о дар со(а(ои дахлдори илму техника тад(и(от ташкил менамоянд ва мегузаронанд.

Академия(ои (амъиятии илм(о метавонанд бо ташкилоту идора(о ва корхона(о шартнома баста барояшон тад(и(оти илми гузаронанд ва дар татби( намудани барнома(ои илми ва илмию техники дар асоси озмун иштирок намоянд (Қонун аз 17.05.04с. № 25).

БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА ПРИНЦИПҲОИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

Моддаи 7. Идоракунии фаъолияти илми ва илмию техники

Идоракунии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар асоси истифодаи якҷояи принципҳои танзими давлати ва худидоракуни ба амал бароварда мешавад.

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои илми ва ташкилотҳои хизматрасонии илми ва соҳаи иҷтимои дар доираи салоҳияташон самтҳои афзалиятноки дахлдори инкишофи илм ва техникаро муайян мекунанд, ташаккули системаи ташкилотҳои илми, мутобиқкунии байнисоҳавии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники, таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаҳои илми ва илмию техники, инкишофи шаклҳои интеграцияи илм ва истеҳсолот, татбиқи дастовардҳои илм ва техникаро таъмин менамоянд.

Идораи фаъолияти илми ва (ё) илми-техники дар доирае ба амал бароварда мешавад, ки озодии эҷоди илмиро вайрон накунад.

Мақомоти ҳокимияти давлати, ки ташкилоти давлатии илмиро таъсис медиҳанд, вазифадоранд:

низомномаи ташкилоти давлатии илмиро тасдиқ мекунанд;

аз самаранок истифода бурдан ва эҳтиёт намудани амволи ба ташкилоти давлатии илми супурдашуда назорат мебаранд;

вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташон иҷро менамоянд.

Роҳбарони ташкилотҳои давлатии илми ва ташкилотҳои илмии академияҳои илмҳо, инчунин ташкилотҳои илмии ғайридавлати мувофиқи қонунгузори ва ба тартибе, ки дар оинномаи онҳо пешбини гардидааст, тайин (интихоб) карда мешаванд.

Шӯроҳои илмии ташкилотҳои илмии давлати нақшаҳои кори илми ва инкишофи ташкилотҳои давлатии илмиро ошкоро вобаста ба супориши давлати, соҳаи ташкилоти давлатии илми, манфиатҳои илми ва иқтисодии онҳо таҳия ва тасдиқ мекунанд.

Моддаи 8. Шартномаҳо (муоҳидаҳо) барои эҷодкуни, таҳвил ва истифодаи маҳсулоти илми ва илмию техники

Шакли асосии муносибати ҳуқуқии байни ташкилоти илмии фармоишгар ва истеъмолкунандагони дигари маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, аз он ҷумла вазоратҳо ва мақомотҳои дигари ҳокимияти иҷроия шартномаҳо (муоҳидаҳо) барои эҷодкуни, таҳвил ва истифодаи маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, хизматрасониҳои илми, илмию техники, муҳандисию машварати ва дигархо, инчунин шартномаҳо, аз он ҷумла шартномаҳо оиди ҳамкориҳои муштараки фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва тақсими даромад, мебошад.

Дар асоси шартномаҳои (муоҳидаҳои) мазкур тадқиқотҳои илми ва коркардҳои таҷрибави барои эҳтиёҷи давлат гузаронида мешаванд. Дар ин маврид шартномаҳо (муоҳидаҳо) байни мақомоти фармоишгар ва ташкилоти иҷрокунанда баста мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад, ки барои ташкилотҳои давлатии илми барои иҷрои тадқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоиши фармоиши давлатии ҳатми муқаррар намояд.

Шартҳои соҳибихтиёри, истифода ва сариштаи дастовардҳои илми ва (ё) илмию техники мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои (муоҳидаҳои) тарафайни субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва истеъмолкунандагони маҳсулоти илми ва (ё) илмию техники, ки ба он мухолиф нестанд, муайян карда мешаванд.

Моддаи 9. Таъминоти иттилоотии фаъолияти илми ва илмию техники

Субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҳуқуқи мубодилаи иттилоотиро ба истиснои маълумотҳое, ки сирри махфии давлати, хизмати ва тиҷорати мебошанд, доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили фондҳо ва системаҳои иттилоотии давлатиро дар соҳаи илм ва техника, ки ҷамъовари, бақайдгирии давлати, коркарди таҷлили, нигоҳдори ва ба истеъмолкунандагон расондани ахбороти илми ва техникиро ба амал мебароранд ва барои берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намудани маводҳои илми ва илмию техники, харидани маҷаллаҳои илми, китобҳо, дигар нашрияҳои чопи оид ба натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники мадад мерасонанд, таъмин мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дастрас намудани иттилооти номбурда ва ҳуқуқи хариди онро кафолат медиҳад ва ҳуқуқи вуруд ба фондҳо ва системаҳои байналхалқии иттилоотро дар соҳаи илм ва техника таъмин менамояд.

Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои давлатии илми, ки дар онҳо бонкҳои маълумот ва базаҳои маълумоти, иттилооти илми ва (ё) илмию техники амал мекунанд, муҳофизати банкҳои маълумот ва базаҳои маълумот, таҳвили онҳо бо тартиби муқарраршуда таъмин карда мешавад.

Моддаи 10. Маҳдудкунии ва лицензиякунонии баъзе намудҳои фаъолияти илми ва илмию техники (Конун аз 30.07.07с. № 335)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад:

тартиби гузаронидани тадқиқотҳои илми ва истифодаи натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техникиро, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саломатии шаҳрвандон, муҳити зист зарар дошта метавонанд, муқаррар кунад;

Хорич карда шуд (Конун аз 30.07.07с. № 335)

дар ҳолатҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, истифодаи баъзе натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техникиро маҳдуд кунад, тартиботи махфиро ба онҳо ҷори кунад ва аз иҷрои он назорат барад;

талаботҳои сертификатсиони ва метрологиро ба баъзе намудҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҷори намояд.

БОБИ 4. ТАШАККУЛ ВА БААМАЛБАРОРИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА

Моддаи 11. Аҳдоф ва принципҳои асосии сиёсати давлати оид ба илму техника

Аҳдофи асосии сиёсати илмию техники аз инкишоф, оқилона ҷойгиркуни ва самаранок истифода бурдани иқтидори илмию техники, афзоиши саҳми илм ва техника дар инкишофи иқтисодиёти давлат, иҷрои муҳимтарин масъалаҳои иҷтимои, таъмини дигаргунсозиҳои сохтори пешқадам дар соҳаи истеҳсолоти модди, баланд бардоштани самаранокии он ва ба рақобат тобоварии маҳсулот, беҳтар намудани вазъи экологи ва муҳофизати захираҳои иттилоотии давлат, мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии давлат ва бехатарии шахсият, ҷамъият ва давлат, устувор гардондани робитаҳои муштараки илм ва маориф иборат аст.

Сиёсати давлати оид ба илму техника дар асоси принципҳои зайл ба амал бароварда мешавад:

илмро ҳамчун соҳаи мухими иҷтимои, ки дарачаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаро муайян мекунад, эътироф намудан;

ошкорбаёни ва истифодаи усулҳои гуногуни муҳокимаҳои ҷамъияти дар мавриди интихоб намудани самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника ва экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники, ки амалигардонии онҳо дар асоси озмун ба иҷро расонда мешавад;

кафолати афзалиятноки тараққи додани тадқиқотҳои бунёдии илми;

омезиши (интеграцияи) фаъолияти илми, илмию техники ва таълими дар асоси шаклҳои гуногуни иштироки кормандон, аспирантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии маълумоти олии касби дар тадқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоиши ба воситаи барпо кардани комплексҳои таълимию илми дар базаи муассисаҳои таълимии маълумоти олии касби, ташкилотҳои илмии академияҳои илми, ки мақоми давлати доранд, инчунин ташкилотҳои илмии вазоратҳо ва дигар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлати;

дастгирии рақобат ва фаъолияти соҳибкори дар соҳаи илм ва техника;

концентрацияи захираҳо дар самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника;

ҳавасмандгардонии фаъолияти илми, илмию техники ва таҷаддуд (инновациони) ба воситаи низоми имтиёзҳои иқтисоди ва имтиёзҳои дигар;

инкишофи фаъолияти илми, илмию техники ва таҷаддуд ба воситаи ташкил додани марказҳои давлатии илми ва сохторҳои дигар;

инкишофи ҳамкории байналхалқии илми ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 12. Хорич карда шуд (Конун аз 30.07.07с. № 335)
Моддаи 13. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ташкил ва татбики сиёсати давлатии оид ба илму техника (Конун аз

30.07.07с. № 335)

Дар ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:

пешниҳод намудан ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои қонунгузори, ки қабул намудани онҳо дар ташкил ва татбики сиёсати давлатии оид ба илму техника зарур аст; ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маърӯза дар бораи ҳолат ва инкишофи илму техника дар ҷумҳури (Конун аз

30.07.07с. № 335);

дар асоси санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб додани механизмҳои ҳуқуқи, иқтисоди ва ташкилие, ки фаъолияти корхонаҳо, иттиҳодияҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳоро барои тезонидани пешравии илмию техники ҳавасманд мегардонанд;

муайян намудани салоҳияти вазоратҳо, кумитаҳои давлати ва идораҳои ҷумҳури доир ба масъалаҳои ташаккул ва ба амалбарории сиёсати давлатии оид ба илму техника ва назорати фаъолияти онҳо;

барпо кардани сохторҳои ташкилие, ки барои ташаккул ва ба амалбарории сиёсати давлатии оид ба илму техника заруранд;

ташкил кардани коркардҳои пешгӯии инкишофи илм ва техника;

муайян намудани номгӯи барномаҳои ҷумҳуриявии оид ба илму техника ва тартиби ташаккул ва ба амалбарории онҳо;

тасдиқи тартиби маблағгузори ба корҳои илмию тадқиқоти ва тақсими маблағҳои буҷети ҷумҳури, ки ба инкишофи илм ва техника ҷудо карда шудаанд;

барпо кардани муассисаҳои давлатии илми, фондҳо ва ташкилотҳои тобеъи ҷумҳурияви, ташкил ва мутобиқкунонии ташаккули инфраструктураи фаъолияти илмию техники;

муайян намудани тартиби ташаккул ва истифодаи фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники;

муқаррар кардани системаи давлатии аттестацияи кормандони илми ва илмию техники;

ба амалбарории ӯҳдадориҳо оид ба барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникие, ки мувофиқи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд;

бастани шартномаҳо ва созишномаҳои байни ҳукумати доир ба ҳамкори дар соҳаи илму техника, мутобиқкуни ва мадад расондан ба инкишофи робитаҳои байналхалқии вазоратҳо, комитетҳои давлати, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо ба манфиати ҷумҳури;

иҷро кардани ваколатҳои дигаре, ки бо ташаккул ва ба амалбарории сиёсати давлати оид ба илму техника мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 14. Салоҳияти маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар соҳаи ташкил ва татбики сиёсати давлати оид ба илму техника (Конун аз

30.07.07с. № 335)

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сиёсати давлати оид ба илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастурамали кори худ намуда, дар ташкил ва татбики он фаъолона иштирок менамоянд (Конун аз 30.07.07с. № 335).

Бо ин мақсад Маҷлисҳои вакилони халқи маҳалли:

ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои интихоби самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника, таҳияи барномаҳои илму техника, ташкил намудани муассисаҳои илми ва дигар масъалаҳои сиёсати давлати оид ба илму техника, ки ҳалли онҳо ба тараққиёти ҷумҳури ва маҳал мусоидат мекунад, таклифҳо пешниҳод мекунанд;

доир ба масъалаҳое, ки барои ба амалбарории сиёсати давлати оид ба илму техника дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои тобеъи маҳал мусоидат мекунанд, карор қабул мекунанд.

Ба мақсади кӯмак ба илму техника ва тезонидани пешравии илмию техники дар минтақа маҷлисҳои вакилони халқи маҳали ҳуқуқ доранд:

Нақшаҳо ва барномаҳои илмию техникиро дар минтақа ташаккул диҳанд ва аз буҷети маҳалли онҳоро маблағгузори намоянд;

Фондҳо ва ташкилотҳои давлатии хизматрасонии илмие, ки аз буҷети маҳал маблағгузори мешаванд, ташкил намоянд;

фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои давлатии минтақаро дар азхуднамудани технологияи нав мутобиқ, ташкили истеҳсолотро мукаммал, робитаҳои онҳоро бо муассисаҳо ва ташкилотҳои илми мустаҳкам намоянд.

Моддаи 15. Тартиби ташкили сиёсати давлати оид ба илму техника (Конун аз 30.07.07с. № 335)

Самтҳои сиёсати давлати оид ба илму техника барои давраҳои миёна ва дарозмуддатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маърӯзаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Конун аз

30.07.07с. № 335).

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хар сол мувофиқи пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тасдиқи буҷети давлати ҳаҷми маблағҳои солонае, ки барои иҷрои барномаҳо ва нақшаҳои илмию техникии ҷумҳури заруранд, ҳаҷми маблағгузории ташкилотҳои илми ва андозаи маблағҳоеро, ки ба фонди дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники равона карда шудаанд, инчунин системаи имтиёзҳои иқтисодии ин фаъолиятро ҳавасмандкунанда муайян мекунад (Конун аз 30.07.07с. № 335).

Муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлати оид ба илму техника, пешгӯии илмию техники, интихоби самтҳои афзалиятноки инкишофи илм ва техника, таҳияи тавсияҳо ва таклифҳо дар бораи иҷроиши барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникии истифодабарии (татбиқи) дастовардҳои илм ва техника дар шароити ошкорбаёни, бо истифодаи шаклҳои гуногуни муҳокимакунии ҷамъияти, экспертиза ва озмунҳо ба амал бароварда мешавад.

Сиёсати давлатии оид ба илму техника нисбати соҳаҳо аз тарафи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти дахлдор бо ҷалб намудани субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо бо назардошти сиёсати ягонаи давлатии оид ба илму техника таҳия ва татбиқ карда мешавад.

Моддаи 16. Ташкил ва гузаронидани экспертизаҳои фаъолияти илми ва илмию техники

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникиро аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети дахлдор мегузаронанд.

Экспертиза аз тарафи ташкилотҳои экспертизаи мустақил ва дигар ташкилотҳо, инчунин аз тарафи экспертҳо бо иштироки намояндагони ташкилотҳое, ки фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро маблағгузори мекунанд, дар мавриди:

интихоби самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати оид ба илму техника, инчунин инкишофи илму техника;

таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники;

гузаронидани озмунҳо барои иштирок дар барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники, назорати татбиқ ва истифодабарии дастовардҳои илми ва (ё) илмию техники дар иқтисодиёти давлат ба амал оварда мешаванд.

Дар экспертизаи фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мутахассисе, ки ба натиҷаҳои он шахсан манфиатдор аст, иштирок карда наметавонад.

Дар натиҷаи ҷамъбасти экспертизаи барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техники мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки аҳолиро пешаки дар бораи бехатари иттило диҳанд, аз он ҷумла аҳамияти экологи, иқтисоди ва иҷтимоии истеҳсолот ва иншоотҳои бунёдшавандае, ки дастовардҳои илм ва техникаро истифода мебаранд, огоҳ созанд.

Дар мавридҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, ба тартиби муқарраршуда экспертизаи давлатии ҳатмии барномаҳо ва нақшаҳои илмию техники гузаронида мешавад.

БОБИ 5. МАБЛАUГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

Моддаи 17. Тартиби маблағгузории фаъолияти илми ва илмию техники

Таъминоти молиявии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники аз тамоюли мақсаднок ва гуногунии сарчашмаҳои маблағгузори асос меёбад. Маблағгузории ин фаъолият аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети маҳалли, сарчашмаҳои ғайрибуҷети, (маблағҳои хусуси ва ё ҷалбкардашудаи субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, инчунин маблағҳои фармоишгарони кор) ва дигар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва иҷрои буҷети давлатиро дар қисми хароҷот ва тадқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоиши ташкил мекунад, тартиби ташкили фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техникиро муайян менамояд, тақсимоти маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети давлати пешбинишударо байни фармоишгарони давлатии барномаҳои бомақсад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, ташкилотҳои илми ва фондҳои давлатии номбаршударо тасдиқ мекунад.

Тадқиқотҳои илмии бунёди бо бартари аз ҳисоби буҷети давлати маблағгузори карда мешаванд. Бо мақсади кӯмак ба нақшаҳои ташаббусии тадқиқотҳои илмии бунёди, ки дар асоси озмунҳо интихоб мегарданд, бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил карда мешаванд.

Барномаҳои илмию техникии давлати, тадқиқотҳои илми ва коркардҳои озмоишии амалии афзалиятнок аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати, фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ва бо тартиби ҳиссагузори аз ҳисоби ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, бонкҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидор маблағгузори карда мешаванд. Ба таври ҳиссагузори, инчунин барномаҳои илмию техники, ки дар асоси шартномаҳои байналхалқи ва илмию техникии байнисоҳави мураттаб ва татбиқ мешаванд, барномаҳои илмию техникии истеҳсоли техника ва технологияи нави истифодаи дучанд маблағгузори шуда метавонанд.

Тадқиқотҳои дорои аҳамияти маҳалли аз ҳисоби буҷети маҳалли ва бо тартиби ширкати саҳоми аз ҳисоби ташкилотҳо, иттиҳодияҳо, бонкҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидор маблағгузори шуда метавонанд.

Аз ҳисоби буҷети давлати, аз он ҷумла ба таври ҳиссагузори муҳимтарин барномаҳо ва нақшаҳои минтақавии илми ва илмию техникие, ки дастовардҳои татбиқи онҳо дар минтақаҳои дигар қобили истифода мебошад, маблағгузори шуда метавонанд.

Маблағгузории фаъолияти илми ва (ё) илмию техники дар асоси якҷоякунии кӯмаки молиявии ташкилотҳои илми ва маблағгузории мақсадноки барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникии мушаххас ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 18. Ҳимояи иҷтимоии кормандони илми ва илмию техники

Давлат барои статуси (вазъи) сазовори кормандони илми ва илмию техники шароит муҳайё карда, онро кафолат медиҳад ва бо роҳҳои зайл ҳимоя менамояд:

барои докторон ва номзадҳои илм, ки дар муассисаҳои давлати, ташкилотҳои илми ва илмию техники новобаста аз шакли моликият кор мекунанд, имтиёзро дар қисми иловапули барои унвон нигоҳ медорад;

ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм, ки дар муассисаҳои давлати кор мекунанд, мувофиқан 48 ва 36 рузи тақвими рӯхсатии меҳнати медиҳад;

ба кормандони илмии маскани хонаи давлати ҳуқуқ медиҳад, ки онро бепул хусуси гардонанд, ба шарте, ки онҳо дар муассисаи илми на кам аз 10 сол кор карда бошанд;

ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм ҳангоми гирифтани хона илова бар меъёри мавҷуда мувофиқан на кам аз 20 м.кв. ва 15 м.кв. манзил (хонаи алоҳида) медиҳад;

ба докторон (профессорҳо) ва номзадҳои илм барои сохтмони ҳавлии шахси, харидани хона, обод кардани бӯстонсаро ва эҳтиёҷи дигари иҷтимоию маиши қарзи имтиёзнок ҷудо менамояд;

шароити дигарро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардонида шудааст, муҳайё мекунад.

Моддаи 19. Фондҳои дастгирии фаъолияти илми ва илмию техники. Грантҳо

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории амалкунанда фондҳои давлати, ғайридавлати ва байналхалқии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил шуда метавонанд.

Органҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкил мекунанд, ки фаъолияти онҳо аз ҳисоби буҷети дахлдор ё манбаъҳои дигари мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайримамнӯъ маблағгузори мешавад. Фонди давлатии дастгирии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ташкилоти худидоракунанда мебошад ва фаъолияташро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амали менамояд (Конун аз 30.07.07с. № 335).

Фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми экспертизаи мустақили барномаҳо ва нақшаҳои илми ва илмию техникиро ташкил мекунанд, ки аз тарафи субъектҳои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники пешниҳод мегарданд ва дар асоси озмун барои барномаҳо ва лоиҳаҳои номбаршуда маблағ ҷудо менамоянд. Фондҳои давлатии дастгирии фаъолияти илми ва ё илмию техники воситаҳои гуногунро, ки барои баамалбарории фаъолияти онҳо мувофиқи оиннома ва ба мақсадҳои дигар пешбини шудааст, ба ҳисоб мегиранд.

Органҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хароҷоти маблағҳое, ки барои фаъолияти илми ва (ё) илмию техники аз буҷети дахлдор ҷудо карда шудаанд, назорат мебаранд, шакл ва усулҳои истифодаи натиҷаҳои онро муайян менамоянд.

Фаъолияти илми ва (ё) илмию техники метавонад аз ҳисоби грантҳо ба амал бароварда шавад.

Грантҳо ба коркунони илми, ташкилотҳои илми, муассисаҳои таълимии маълумоти олии касби, дигар шахсони юридики ва шаҳрвандон таҳвил карда мешаванд.

Соҳибони грантҳо метавонанд онҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди истифодаи онҳо дар ҳудуди давлати хориҷи мувофиқи қонунгузории ин давлатҳо, инчунин мувофиқи шартҳое, ки дар доираи онҳо ин грантҳо ҷудо карда шудаанд, саришта кунанд.

БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛХАЛҚИ

Моддаи 20. Ҳамкории байналхалқии илми ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории байналхалқии илми ва илмию техники шароити мусоид фароҳам меоранд.

Субъекти фаъолияти илми ва (ё) илмию техники ҳуқуқ дорад, ки ба ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои байналхалқии илми ва илмию техники аъзо гардад, дар барномаҳо лоиҳаҳои байналхалқии илми ва илми теникии давлатҳои хориҷа иштирок кунад, бо шаҳрвандони хориҷи чи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар хориҷи он шартномаҳо ва созишномаҳои дигар оиди кор мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, бандад.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиботи муқарраршуда ташкилотҳои илми ва марказҳои илми бо иштироки шаҳрвандони хориҷи, ашхоси бешаҳрванди ва ашхоси юридикии хориҷи ташкил карда шуда метавонад.

Сармоягузории хориҷи ба соҳаи илм ва техника мувофиқи тартиб ва шакле, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, ба амал бароварда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷи ҳамкории илми ва илмию техникиро дар асоси шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барнома ва нақшаҳои байналхалқии илми ва илмию техникиро ташкил намуда, барои вусъати ҳамкории илмию техникии кормандони илми ва ташкилотҳои илми кӯмак мерасонад.

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили натиҷаҳои илми ва (ё) илмию техники, инчунин маҳсулоти илми ва (ё) илмию техникиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, назорат мекунад.

Моддаи 21. Фаъолияти ташкилотҳои илмии хориҷи ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти ташкилотҳои илмии хориҷи ва олимони хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байнидавлати, созишномаҳои байниҳукумати ва дар санадҳои байналхалқи аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардашуда, инчунин шартномаҳо ва созишномаҳое, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмии соҳави, мақомоти идоракунии давлатии фаъолияти илми ва (ё) илмию техники мувофиии қонунгузории амалкунанда бастаанд, танзим карда мешавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

аз 21 маи соли 1998 № 597