ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Феҳристҳои давлатӣ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Мақсади Феҳрист
Қонуни мазкур тартиби таъсис, корбари ва барҳамдиҳии Феҳристҳои давлатиро муқаррар менамояд.
Мақсади таъсис ва корбарии Феҳристи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъовари ва маҳфуз нигоҳ доштани маълумоти асоснок дар бораи маҷмӯи пурраи объектҳои категорияи муайян барои истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатию идора ва дар дигар ҳолатҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда мебошад.
Моддаи 2. Таърифи Феҳристи давлати
Феҳристи давлати аз маҷмӯи далелҳо иборат мебошад ва дар ҳудуди категорияи аниқ муайянгардида маълумотҳоро дар бораи тамоми объектҳо дар бар мегирад. Таъсис, корбари ва истифодабарии Феҳристи давлати бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки феҳристҳои алоҳидаро танзим мекунанд, сурат мегирад .
Моддаи 2(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Фехристи давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Намудҳои Феҳрист
1. Феҳристи давлати, ҷумҳурияви ва маҳалли шуда метавонад.
2. Феҳристҳои ҷумҳурияви объектҳои категорияҳои дахлдорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегиранд (Феҳристи корхонаҳо, Феҳристи аҳоли, Феҳристи замин, Феҳристи сарватҳои табии ва ғайра).
3. Мақомоти худидоракунии маҳалли барои такмили феҳристҳои ҷумҳурияви метавонанд захираҳои маҳаллиро, ки маҷмӯи маълумотҳоро барои худидоракунии маҳалли дар бар мегиранд, таъсис диҳанд (Феҳристи қишлоқҳо, Феҳристи биноҳо ва ғайра) .
БОБИ 2. ТАЪСИСИ ФЕҲРИСТҲОИ ДАВЛАТИ
Моддаи 4. Муассиси Феҳристдор
Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлати таъсис дода мешавад. Ҷамъовари, сабту нигоҳдори, назорат ва ташкили истифодабарии маълумотҳоро муассиси Феҳрист ё мақоме, ки корбари Феҳрист номида мешавад, мебарад.
Моддаи 5. Таъсиси Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлати бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Ҳангоми таъсис додани Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зерин зарур мебошад :
а) лоиҳаи Низомнома дар бораи Феҳрист;
б) хулосаи мақоми давлатии омор дар хусуси зарурати таркиб, ҷамъовари ва истифодабарии маълумотҳо ;
в) лоиҳаи харҷномаи Феҳрист .
2. Таркиби маълумотҳои Феҳрист бо розигии муассиси он аз тарафи корбари Феҳрист васеъ карда мешавад.
3. Феҳристе, ки маълумотҳои шахсии шаҳрвандонро дар бар мегирад, бо Қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикстон муайян карда мешавад.
Моддаи 6. Таъсиси Феҳристи маҳалли
Феҳристи маҳалли бо қарори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар худуди таркиби маълумотҳое, ки дар Феҳристи давлати пешбини шудаанд, таъсис дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар бошад, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозати таъсиси Феҳрист бо таркиби маълумотҳои васеъ дархост, лоиҳаи Низомнома дар бораи Феҳрист ва хулосаи мақоми давлатии омори ҷумҳуриро дар хусуси мувофиқи мақсад будани васеъгардонии таркиби маълумотҳои Феҳрист пешниҳод мекунанд .
Моддаи 7. Эълон кардани тавсифи Феҳрист, мутобиқати он ба меъёрҳо
Таркиб ва усулҳои истифодабарии маълумотҳои Феҳрист дар матбуот чоп карда мешаванд. Тасниф ва кодгузории маълумотҳо бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат кунанд .
Моддаи 8. Пешниҳод намудани маълумотҳо
1. Маълумоте, ки ворид намудани он ба Феҳристи давлатӣ ҳатмӣ мебошад, ба истиснои маълумоте, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" қарор мегирад, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз тарафи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" пешниҳод карда мешавад .
Моддаи 9. Барҳамдиҳии Феҳристҳои давлати
Феҳристи давлати аз тарафи мақоме, ки таъсис додааст, бо пешниҳоди корбари Феҳрист ва дар сурати мавҷуд будани хулосаи мақоми давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистои дар хусуси мувофиқи мақсад будани барҳамдиҳии Феҳрист, барҳам дода мешавад .
Маълумотҳое, ки дар Феҳристи барҳам додашаванда нигоҳ дошта мешуданд, ба бойгонӣ супурда мешаванд ё мувофиқи Низомнома дар бораи Феҳрист нобуд карда мешавад .
БОБИ 3. ФЕҲРИСТДОРӢ ВА ИСТИФОДАИ ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои феҳристдор
1.Агар феҳристдори давлатӣ ба саҳеҳии маълумоти феҳрист шубҳа дошта бошад, ҳақ дорад дар бораи объектҳои бақайдгирифташуда ба маълумотдиҳандагон дархост равон намояд.
2.Феҳристдор вазифадор аст маълумотҳоро аз истифода ва интишори ғайриқонунӣ, тағйир додан ва нобуд сохтан ҳимоя намояд.
3.Феҳристдор вазифадор аст ба талаботу дархостҳои дар қисми 1 моддаи 11 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми се рӯзи корӣ ҷавоб гардонад .
Моддаи 11. Ҳуқуқ ва вазифаҳои объекти бақайдгирифташуда
1. Ҳар кадом объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он ҳақ дорад аз корбари Феҳрист маълумотҳоеро, ки дар бораи объект дар Феҳристи давлати нигоҳ дошта мешаванд, гирад, ҳамчунин ба корбари Феҳрист дар хусуси мавҷудият, асосноки ё пуррагии он маълумотҳо равон намояд.
2. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст асоснокии маълумотҳои барои ба Феҳрист дохил кардан пешниҳодшуда ва таҷдиди онҳоро мувофиқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъмин намояд.
3. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст ба дархости дар қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми даҳ рӯзи кори ҷавоб гардонад.
Моддаи 12. Истифодабарии маълумотҳои феҳристҳо
1. Ҳуқуқи истифодаи хизматии Феҳристи давлатиро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар низомнома дар бораи Феҳрист муайянгардида доранд.
2. Истифодаи маълумотҳои дар Феҳристи давлати мавҷудбуда бо мақсадҳое, ки мухолифи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи Феҳрист мебошанд, манъ аст .
3. Маълумотҳои дар Феҳристи давлати мавҷудбуда барои истифодабари дар кор ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд мувофиқи Низомнома дар бораи Феҳрист дода шаванд. Шахсе, ки ба ӯ маълумотҳои дар Феҳрист мавҷудбуда дода шудаанд, метавонад онҳоро танҳо барои мақсадҳое, ки ҳангоми додани маълумотҳо муайян гардидаанд истифода намояд. Маълумотҳо дар бораи тамоми шахсоне, ки ба онҳо маълумотҳои Феҳрист дода шудаанд, дар архиви Феҳрист маҳфуз дошта мешаванд.
4. Барои таъмини саҳеҳии маълумотҳои феҳристи давлати дар панҷ сол як маротиба объектҳои феҳрист аз нав ба қайд гирифта шаванд .
Моддаи 13. Додани кодҳо ба объектҳои бақайдгиранда
Баъди бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифтани шахсоне, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" қарор намегиранд, муассисаҳои бонкҳо дар сурати мавҷуд будани варақаи бақайдгирии додани кодҳои мақоми омори давлати, ки феҳристи корхонаю муассисаҳо, фирмаҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, инчунин соҳибкорони инфиродиро ба қайд мегиранд, суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо мекушояд аз 29.12.2010 № 641).
Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқарарроти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш.Душанбе
11 марти соли 1992 № 564