Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 № 459 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи регистрҳои давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Регистрҳои давлатӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 1992 "Дар бораи Регистрҳои давлатӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 9, мод. 126; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 23, мод. 356; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 221) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд.

1. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.

2. Дар ном ва тамоми матни Қонун калимаҳои "Регистрҳои, Регистр, Регистри, Регистре, регистрҳои, регистрҳо, регистри, регистр ва корбари Регистр" мутаносибан ба калимаҳои "Феҳристҳои, Феҳрист, Феҳристи, Фехристе, феҳристҳои, феҳристҳо, феҳристи, феҳрист, Феҳристдори, феҳристдор" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 2 калимаи "қонунгузории" ба калимаҳои "дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шавад.

4. Моддаи 2(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 2(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Фехристи давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

5. Дар қисми 3 моддаи 3 калимаҳои "худидораи маҳаллӣ" ба калимаҳои "худидоракунии маҳаллӣ", калимаи "ресурсҳои" ба калимаи "захираҳои" иваз карда шаванд.

6. Дар банди "в" қисми 1 моддаи 5 калимаи "сметаи" ба калимаи "харҷномаи" иваз карда шавад.

7. Дар моддаи 6 калимаҳои "мақомоти маҳаллии худидора" ба калимаҳои " мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" иваз карда шаванд.

8. Дар моддаи 7 калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.

9. Дар моддаи 8 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "юридикӣ ва воқеӣ" ба калимаҳои "воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

10. Дар қисми дуюми моддаи 9 калимаи "архив" ба калимаи "бойгонӣ" иваз карда шавад.

11. Номи боби 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Боби 3. Феҳристдорӣ ва истифодаи феҳристи давлатӣ"

12.Моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои феҳристдор

1.Агар феҳристдори давлатӣ ба саҳеҳии маълумоти феҳрист шубҳа дошта бошад, ҳақ дорад дар бораи объектҳои бақайдгирифташуда ба маълумотдиҳандагон дархост равон намояд.

2.Феҳристдор вазифадор аст маълумотҳоро аз истифода ва интишори ғайриқонунӣ, тағйир додан ва нобуд сохтан ҳимоя намояд.

3.Феҳристдор вазифадор аст ба талаботу дархостҳои дар қисми 1 моддаи 11 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми се рӯзи корӣ ҷавоб гардонад.".

13. Дар қисми 2 моддаи 12 баъд аз калимаи "Конститутсияи" калимаи "(Сарқонуни)" илова карда шавад.

14. Дар моддаи 13 калимаи "корхонаҳо" ба калимаи "корхонаю", калимаҳои "ташкилотҳо ва фирмаҳоро" ба калимаи "фирмаҳо" ва калимаи "шахсиро" ба калимаи "инфиродиро" иваз карда шаванд.

15. Моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқарарроти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

31 декабри соли 2008 № 459

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Регистрҳои давлатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Регистрҳои давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 2 октябри соли 2008 № 1115

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Регистрҳои давлатӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Регистрҳои давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Регистрҳои давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

 18 декабри соли 2008 №564

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

 О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан                "О государственных регистрах"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 11 марта 1992 года "О государственных регистрах" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1992 г., № 9, ст. 126; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., № 23, ст. 356; 2002 г., № 4, ч. 1, ст. 221) следующие изменения и дополнения:

1. Главы обозначить арабскими цифрами.

2. В статье 2 слово "законодательством" заменить словами " другими нормативными правовыми актами".

3. Дополнить статьей 2(1) следующего содержания:

"Статья 2(1). Законодательство Республики Таджикистан о государственных регистрах

Законодательство Республики Таджикистан о государственных регистрах основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

4. В статье 8 и далее во всем тексте Закона слова "юридическими и физическими", "юридические и физические" заменить соответственно словами "физическими и юридическими" и "физические и юридические".

5. Название главы 3 изложить в следующей редакции:

"Глава 3. Ведение и использование государственных регистров".

6. Статью 10 изложить в следующей редакции:

"Статья 10. Права и обязанности ведущего регистра

1.Если ведущий государственного регистра сомневается в достоверности содержащихся в регистре данных, он вправе делать запросы лицам, представившим данные о зарегистрированных объектах.

2.Ведущий государственного регистра обязан охранять данные от их несанкционированного использования, опубликования, изменения и уничтожения.

3.Ведущий государственного регистра обязан ответить на запросы, указанные в части первой статьи 11 настоящего Закона, в течение трёх дней.".

7. В статье 13 слово "предприятий" заменить словами "предприятий и", слова "организаций и фирм" заменить словом "фирм".

8. Статью 14 изложить в следующей редакции:

"Статья 14. Ответственность за нарушение настоящего Закона

Физические и юридические лица, нарушившие требования настоящего Закона, привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                               Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

31 декабря 2008 года 459

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственных регистрах"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственных регистрах".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан С.Хайруллоев

г. Душанбе,2 октября 2008 года №1115

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

0 Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственных регистрах"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственных регистрах", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственных регистрах".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г.Душанбе, 18 декабря 2008 года № 564