Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 1992, № 564 "Дар бораи Феҳристҳои давлатӣ"

Санаи амалкуни: 29.12.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Феҳристҳои  давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 331, аз 3.05.2002 № 22, аз 31.12.2008 № 459, аз 29.12.2010 № 641)

(Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 331, аз 3.05.2002 № 22, аз 31.12.2008 № 459, аз 29.12.2010 № 641)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мақсади Феҳрист

Қонуни мазкур тартиби таъсис, корбари ва барҳамдиҳии Феҳристҳои давлатиро муқаррар менамояд.

Мақсади таъсис ва корбарии Феҳристи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъовари ва маҳфуз нигоҳ доштани маълумоти асоснок дар бораи маҷмӯи пурраи объектҳои категорияи муайян барои истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатию идора ва дар дигар ҳолатҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда мебошад.

Моддаи 2. Таърифи Феҳристи давлати

Феҳристи давлати аз маҷмӯи далелҳо иборат мебошад ва дар ҳудуди категорияи аниқ муайянгардида маълумотҳоро дар бораи тамоми объектҳо дар бар мегирад. Таъсис, корбари ва истифодабарии Феҳристи давлати бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки феҳристҳои алоҳидаро танзим мекунанд, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459).

Моддаи 2(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Фехристи давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459).

Моддаи 3. Намудҳои Феҳрист

1. Феҳристи давлати, ҷумҳурияви ва маҳалли шуда метавонад.

2. Феҳристҳои ҷумҳурияви объектҳои категорияҳои дахлдорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегиранд (Феҳристи корхонаҳо, Феҳристи аҳоли, Феҳристи замин, Феҳристи сарватҳои табии ва ғайра).

...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Регистрҳои  давлатӣ

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Регистр

Қонуни мазкур тартиби таъсис, корбари ва барҳамдиҳии Регистрҳои давлатиро муқаррар менамояд.

Мақсади таъсис ва корбарии Регистри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъовари ва маҳфуз нигоҳ доштани маълумоти асоснок дар бораи маҷмӯи пурраи объектҳои категорияи муайян барои истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатию идора ва дар дигар ҳолатҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда мебошад.

Моддаи 2. Таърифи Регистри давлатӣ

Регистри давлатӣ аз маҷмӯи далелҳо иборат мебошад ва дар ҳудуди категорияи аниқ муайянгардида маълумотҳоро дар бораи тамоми объектҳо дар бар мегирад. Таъсис, корбарӣ ва истифодабарии Регистри давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки регистрҳои алоҳидаро танзим мекунанд, сурат мегирад.

Моддаи 3. Намудҳои Регистр

1. Регистри давлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ шуда метавонад.

2. Регистрҳои  ҷумҳуриявӣ объектҳои категорияҳои дахлдорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегиранд (Регистри корхонаҳо, Регистри аҳолӣ, Регистри замин, Регистри сарватҳои табиӣ ва ғайра).

3. Мақомоти худидораи маҳаллӣ барои такмили регистрҳои ҷумҳуриявӣ метавонанд захираҳои маҳаллиро, ки маҷмӯи маълумотҳоро барои худидоракунии маҳаллӣ дар бар мегиранд, таъсис диҳанд (Регистри қишлоқҳо, Регистри биноҳо ва ғайра).

БОБИ II. ТАЪСИСИ РЕГИСТРҲОИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 4. Муассиси Регистр ва корбари Регистр

Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлатӣ таъсис дода мешавад. Ҷамъоварӣ, сабту нигоҳдорӣ, назорат ва ташкили истифодабарии маълумотҳоро муассиси Регистр ё мақоме, ки корбари Регистр номида мешавад, мебарад.

Моддаи 5. Таъсиси Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлати бо қарори Девони Вазирони  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Ҳангоми таъсис додани Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зерин зарур мебошад:

а) лоиҳаи Низомнома дар бораи Регистр;

б) хулосаи мақоми ахборотӣ дар хусуси зарурати таркиб, ҷамъовари ва истифодабарии маълумотҳо;

в) лоиҳаи сметаи Регистр.

2. Таркиби маълумотҳои Регистр бо розигии муассиси он аз тарафи корбари Регистр васеъ карда мешавад.

3. Регистре, ки маълумотҳои шахсии шаҳрвандонро дар бар мегирад, бо Қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 6. Таъсиси Регистри маҳаллӣ

Регистри маҳаллӣ бо қарори мақомоти маҳаллии худидора дар худуди таркиби маълумотҳое, ки дар Регистри давлатӣ пешбинӣ шудаанд, таъсис дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар бошад, мақомоти маҳаллии худидора ба Девони Вазирони  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозати таъсиси Регистр бо таркиби маълумотҳои васеъ дархост, лоиҳаи Низомнома дар бораи Регистр ва хулосаи мақоми ахбори ҷумҳуриро дар хусуси мувофиқи мақсад будани васеъгардонии таркиби маълумотҳои Регистр пешниҳод мекунанд. 

Моддаи 7. Эълон кардани тавсифи Регистр, мутобиқати он ба меъёрҳо

Таркиб ва усулҳои истифодабарии маълумотҳои Регистр дар матбуот чоп карда мешаванд. Тасниф ва кодгузории маълумотҳо бояд ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқат кунанд.

Моддаи 8. Пешниҳод намудани маълумотҳо

Аз тарафи шахсони юридикӣ ва воқеӣ пешниҳод намудани  маълумотҳо барои  Регистри  давлатӣ ҳатмӣ буда, ба тартиби муқарраргардида анҷом дода мешавад.

Моддаи 9. Барҳамдиҳии Регистрҳои  давлатӣ

Регистри давлатӣ аз тарафи мақоме, ки таъсис додааст, бо пешниҳоди корбари Регистр ва дар сурати мавҷуд будани хулосаи мақоми ахборотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мувофиқи мақсад будани барҳамдиҳии Регистр, барҳам дода мешавад.

Маълумотҳое, ки дар Регистри барҳам додашаванда нигоҳ дошта мешуданд, ба архив супурда мешаванд ё мувофиқи Низомнома дар бораи Регистр нобуд карда мешавад.

БОБИ III. КОРБАРӢ ВА ИСТИФОДАИ РЕГИСТРҲОИ  ДАВЛАТӢ

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои корбари Регистр

1. Корбари Регистри давлатӣ ҳақ дорад ба диҳандаҳои  маълумотҳо дар бораи  объектҳои  бақайдгирифташуда дархостҳо равон кунад, агар ӯ ба асоснок  будани маълумотҳои  дар Регистр буда шаккушубҳа дошта бошад.

2.Корбари Регистр вазифадор  аст маълумотҳоро аз шиносоии беиҷозат, коркарди беғаразона ё дигар шаклҳои  ғайриқонунии  истифодабарӣ, паҳнкунӣ, тағйирдиҳи ё нобудкунии онҳо ҳимоя намояд.

3.Корбари Регистр вазифадор аст ба талаботу дархостҳои дар қисми I моддаи II Қонуни мазкур зикршуда дар давоми се рӯзи  корӣ ҷавоб гардонад. 

Моддаи 11. Ҳуқуқ ва вазифаҳои объекти бақайдгирифташуда

1. Ҳар кадом объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он ҳақ дорад аз корбари Регистр маълумотҳоеро, ки дар бораи объект дар Регистри давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд, гирад, ҳамчунин ба корбари Регистр дар хусуси мавҷудият, асосноки ё пуррагии он маълумотҳо равон намояд.

2. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст асоснокии маълумотҳои барои ба Регистр дохил кардан пешниҳодшуда ва таҷдиди онҳоро мувофиқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъмин намояд.

3. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст ба дархости дар қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми даҳ рӯзи кори ҷавоб гардонад.

Моддаи 12. Истифодабарии маълумотҳои регистрҳо

1. Ҳуқуқи истифодаи хизматии Регистри давлатиро шахсони юридикӣ ва воқеӣ дар низомнома дар бораи Регистр муайянгардида доранд.

2. Истифодаи маълумотҳои дар Регистри давлатӣ мавҷудбуда бо мақсадҳое, ки мухолифи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи Регистр мебошанд, манъ аст.

3. Маълумотҳои дар Регистри давлатӣ мавҷудбуда барои истифодабарӣ дар кор ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд мувофиқи Низомнома дар бораи Регистр дода шаванд. Шахсе, ки ба ӯ маълумотҳои дар Регистр мавҷудбуда дода шудаанд, метавонад онҳоро танҳо барои мақсадҳое, ки ҳангоми додани маълумотҳо муайян гардидаанд истифода намояд. Маълумотҳо дар бораи тамоми шахсоне, ки ба онҳо маълумотҳои Регистр дода шудаанд, дар архиви Регистр маҳфуз дошта мешаванд.

Моддаи 13. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни Регистрҳои давлатӣ

Шахсе,ки тартиби дар Қонуни  мазкур муқарраргардидаи корбасти  Регистр ё истифодабарии  маълумотҳои  онро вайрон  мекунад мувофиқи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ  кашида мешавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Р. НАБИЕВ

ш.Душанбе 

 11 марти соли 1992 № 564