Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 1992, № 564 "Дар бораи Феҳристҳои давлатӣ"

Санаи амалкуни: 29.12.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Феҳристҳои  давлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 331, аз 3.05.2002 № 22, аз 31.12.2008 № 459, аз 29.12.2010 № 641)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мақсади Феҳрист

Қонуни мазкур тартиби таъсис, корбари ва барҳамдиҳии Феҳристҳои давлатиро муқаррар менамояд.

Мақсади таъсис ва корбарии Феҳристи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъовари ва маҳфуз нигоҳ доштани маълумоти асоснок дар бораи маҷмӯи пурраи объектҳои категорияи муайян барои истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатию идора ва дар дигар ҳолатҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда мебошад.

Моддаи 2. Таърифи Феҳристи давлати

Феҳристи давлати аз маҷмӯи далелҳо иборат мебошад ва дар ҳудуди категорияи аниқ муайянгардида маълумотҳоро дар бораи тамоми объектҳо дар бар мегирад. Таъсис, корбари ва истифодабарии Феҳристи давлати бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки феҳристҳои алоҳидаро танзим мекунанд, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459).

Моддаи 2(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Фехристи давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459).

Моддаи 3. Намудҳои Феҳрист

1. Феҳристи давлати, ҷумҳурияви ва маҳалли шуда метавонад.

2. Феҳристҳои ҷумҳурияви объектҳои категорияҳои дахлдорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегиранд (Феҳристи корхонаҳо, Феҳристи аҳоли, Феҳристи замин, Феҳристи сарватҳои табии ва ғайра).

3. Мақомоти худидоракунии маҳалли барои такмили феҳристҳои ҷумҳурияви метавонанд захираҳои маҳаллиро, ки маҷмӯи маълумотҳоро барои худидоракунии маҳалли дар бар мегиранд, таъсис диҳанд (Феҳристи қишлоқҳо, Феҳристи биноҳо ва ғайра) (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459).

БОБИ 2. ТАЪСИСИ ФЕҲРИСТҲОИ ДАВЛАТИ

Моддаи 4. Муассиси Феҳристдор

Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлати таъсис дода мешавад. Ҷамъовари, сабту нигоҳдори, назорат ва ташкили истифодабарии маълумотҳоро муассиси Феҳрист ё мақоме, ки корбари Феҳрист номида мешавад, мебарад.

Моддаи 5. Таъсиси Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлати бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Ҳангоми таъсис додани Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зерин зарур мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 331):

а) лоиҳаи Низомнома дар бораи Феҳрист;

б) хулосаи мақоми давлатии омор дар хусуси зарурати таркиб, ҷамъовари ва истифодабарии маълумотҳо (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 331);

в) лоиҳаи харҷномаи Феҳрист (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459).

2. Таркиби маълумотҳои Феҳрист бо розигии муассиси он аз тарафи корбари Феҳрист васеъ карда мешавад.

3. Феҳристе, ки маълумотҳои шахсии шаҳрвандонро дар бар мегирад, бо Қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикстон муайян карда мешавад.

Моддаи 6. Таъсиси Феҳристи маҳалли

Феҳристи маҳалли бо қарори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар худуди таркиби маълумотҳое, ки дар Феҳристи давлати пешбини шудаанд, таъсис дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар бошад, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозати таъсиси Феҳрист бо таркиби маълумотҳои васеъ дархост, лоиҳаи Низомнома дар бораи Феҳрист ва хулосаи мақоми давлатии омори ҷумҳуриро дар хусуси мувофиқи мақсад будани васеъгардонии таркиби маълумотҳои Феҳрист пешниҳод мекунанд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 331, аз 31.12.2008  № 459).

Моддаи 7. Эълон кардани тавсифи Феҳрист, мутобиқати он ба меъёрҳо

Таркиб ва усулҳои истифодабарии маълумотҳои Феҳрист дар матбуот чоп карда мешаванд. Тасниф ва кодгузории маълумотҳо бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат кунанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459).

Моддаи 8. Пешниҳод намудани маълумотҳо

1. Маълумоте, ки ворид намудани он ба Феҳристи давлатӣ ҳатмӣ мебошад, ба истиснои маълумоте, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" қарор мегирад, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.

2. Маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз тарафи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 641).

Моддаи 9. Барҳамдиҳии Феҳристҳои давлати

Феҳристи давлати аз тарафи мақоме, ки таъсис додааст, бо пешниҳоди корбари Феҳрист ва дар сурати мавҷуд будани хулосаи мақоми давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистои дар хусуси мувофиқи мақсад будани барҳамдиҳии Феҳрист, барҳам дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 331).

Маълумотҳое, ки дар Феҳристи барҳам додашаванда нигоҳ дошта мешуданд, ба бойгонӣ супурда мешаванд ё мувофиқи Низомнома дар бораи Феҳрист нобуд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459).

БОБИ 3. ФЕҲРИСТДОРӢ ВА ИСТИФОДАИ ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТӢ

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459)

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои феҳристдор

1.Агар феҳристдори давлатӣ ба саҳеҳии маълумоти феҳрист шубҳа дошта бошад, ҳақ дорад дар бораи объектҳои бақайдгирифташуда ба маълумотдиҳандагон дархост равон намояд.

2.Феҳристдор вазифадор аст маълумотҳоро аз истифода ва интишори ғайриқонунӣ, тағйир додан ва нобуд сохтан ҳимоя намояд.

3.Феҳристдор вазифадор аст ба талаботу дархостҳои дар қисми 1 моддаи 11 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми се рӯзи корӣ ҷавоб гардонад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459).

Моддаи 11. Ҳуқуқ ва вазифаҳои объекти бақайдгирифташуда

1. Ҳар кадом объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он ҳақ дорад аз корбари Феҳрист маълумотҳоеро, ки дар бораи объект дар Феҳристи давлати нигоҳ дошта мешаванд, гирад, ҳамчунин ба корбари Феҳрист дар хусуси мавҷудият, асосноки ё пуррагии он маълумотҳо равон намояд.

2. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст асоснокии маълумотҳои барои ба Феҳрист дохил кардан пешниҳодшуда ва таҷдиди онҳоро мувофиқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъмин намояд.

3. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст ба дархости дар қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми даҳ рӯзи кори ҷавоб гардонад.

Моддаи 12. Истифодабарии маълумотҳои феҳристҳо

1. Ҳуқуқи истифодаи хизматии Феҳристи давлатиро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар низомнома дар бораи Феҳрист муайянгардида доранд.

2. Истифодаи маълумотҳои дар Феҳристи давлати мавҷудбуда бо мақсадҳое, ки мухолифи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи Феҳрист мебошанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459).

3. Маълумотҳои дар Феҳристи давлати мавҷудбуда барои истифодабари дар кор ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд мувофиқи Низомнома дар бораи Феҳрист дода шаванд. Шахсе, ки ба ӯ маълумотҳои дар Феҳрист мавҷудбуда дода шудаанд, метавонад онҳоро танҳо барои мақсадҳое, ки ҳангоми додани маълумотҳо муайян гардидаанд истифода намояд. Маълумотҳо дар бораи тамоми шахсоне, ки ба онҳо маълумотҳои Феҳрист дода шудаанд, дар архиви Феҳрист маҳфуз дошта мешаванд.

4. Барои таъмини саҳеҳии маълумотҳои феҳристи давлати дар панҷ сол як маротиба объектҳои феҳрист аз нав ба қайд гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 22).

Моддаи 13. Додани кодҳо ба объектҳои бақайдгиранда

Баъди бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифтани шахсоне, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" қарор намегиранд, муассисаҳои бонкҳо дар сурати мавҷуд будани варақаи бақайдгирии додани кодҳои мақоми омори давлати, ки феҳристи корхонаю муассисаҳо, фирмаҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, инчунин соҳибкорони инфиродиро ба қайд мегиранд, суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо мекушояд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 331, аз 31.12.2008  № 459, аз 29.12.2010 № 641).

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқарарроти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008  № 459).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Р. НАБИЕВ

ш.Душанбе 

 11 марти соли 1992 № 564

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ РЕГИСТРҲОИ ДАВЛАТӢ

(Қонуни ҶТ аз 14.12.1996 № 331, аз 3.05.2002 № 22)

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Регистр

Қонуни мазкур тартиби таъсис, корбари ва барҳамдиҳии Регистрҳои давлатиро муқаррар менамояд.

Мақсади таъсис ва корбарии Регистри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъовари ва маҳфуз нигоҳ доштани маълумоти асоснок дар бораи маҷмӯи пурраи объектҳои категорияи муайян барои истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатию идора ва дар дигар ҳолатҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда мебошад.

Моддаи 2. Таърифи Регистри давлати

Регистри давлати аз маҷмӯи далелҳо иборат мебошад ва дар ҳудуди категорияи аниқ муайянгардида маълумотҳоро дар бораи тамоми объектҳо дар бар мегирад. Таъсис, корбари ва истифодабарии Регистри давлати бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки регистрҳои алоҳидаро танзим мекунанд, сурат мегирад.

Моддаи 3. Намудҳои Регистр

1. Регистри давлати, ҷумҳурияви ва маҳалли шуда метавонад.

2. Регистрҳои ҷумҳурияви объектҳои категорияҳои дахлдорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегиранд (Регистри корхонаҳо, Регистри аҳоли, Регистри замин, Регистри сарватҳои табии ва ғайра).

3. Мақомоти худидораи маҳалли барои такмили регистрҳои ҷумҳурияви метавонанд ресурсҳои маҳаллиро, ки маҷмӯи маълумотҳоро барои худидоракунии маҳалли дар бар мегиранд, таъсис диҳанд (Регистри қишлоқҳо, Регистри биноҳо ва ғайра).

БОБИ II. ТАЪСИСИ РЕГИСТРҲОИ ДАВЛАТИ

Моддаи 4. Муассиси Регистр ва корбари Регистр

Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлати таъсис дода мешавад. Ҷамъовари, сабту нигоҳдори, назорат ва ташкили истифодабарии маълумотҳоро муассиси Регистр ё мақоме, ки корбари Регистр номида мешавад, мебарад.

Моддаи 5. Таъсиси Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлати бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Ҳангоми таъсис додани Регистри Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зерин зарур мебошад (Қонун аз 14.12.96с. № 331):

а) лоиҳаи Низомнома дар бораи Регистр;

б) хулосаи мақоми давлатии омор дар хусуси зарурати таркиб, ҷамъовари ва истифодабарии маълумотҳо (Қонун аз 14.12.96с. № 331);

в) лоиҳаи сметаи Регистр.

2. Таркиби маълумотҳои Регистр бо розигии муассиси он аз тарафи корбари Регистр васеъ карда мешавад.

3. Регистре, ки маълумотҳои шахсии шаҳрвандонро дар бар мегирад, бо Қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикстон муайян карда мешавад.

Моддаи 6. Таъсиси Регистри маҳалли

Регистри маҳалли бо қарори мақомоти маҳаллии худидора дар худуди таркиби маълумотҳое, ки дар Регистри давлати пешбини шудаанд, таъсис дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар бошад, мақомоти маҳалии худидора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозати таъсиси Регистр бо таркиби маълумотҳои васеъ дархост, лоиҳаи Низомнома дар бораи Регистр ва хулосаи мақоми давлатии омори ҷумҳуриро дар хусуси мувофиқи мақсад будани васеъгардонии таркиби маълумотҳои Регистр пешниҳод мекунанд (Қонун аз 14.12.96с. № 331).

Моддаи 7. Эълон кардани тавсифи Регистр, мутобиқати он ба меъёрҳо

Таркиб ва усулҳои истифодабарии маълумотҳои Регистр дар матбуот чоп карда мешаванд. Тасниф ва кодгузории маълумотҳо бояд ба меъёрҳои байналхалқи мутобиқат кунанд.

Моддаи 8. Пешниҳод намудани маълумотҳо

Аз тарафи шахсони юридики ва воқеи пешниҳод намудани маълумотҳо барои Регистри давлати ҳатми буда, ба тартиби муқарраргардида анҷом дода мешавад.

Моддаи 9. Барҳамдиҳии Регистрҳои давлати

Регистри давлати аз тарафи мақоме, ки таъсис додааст, бо пешниҳоди корбари Регистр ва дар сурати мавҷуд будани хулосаи мақоми давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистои дар хусуси мувофиқи мақсад будани барҳамдиҳии Регистр, барҳам дода мешавад (Қонун аз 14.12.96с. № 331).

Маълумотҳое, ки дар Регистри барҳам додашаванда нигоҳ дошта мешуданд, ба архив супурда мешаванд ё мувофиқи Низомнома дар бораи Регистр нобуд карда мешавад.

БОБИ III. КОРБАРИ ВА ИСТИФОДАИ РЕГИСТРҲОИ ДАВЛАТИ

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои корбари Регистр

1. Корбари Регистри давлати ҳақ дорад ба диҳандаҳои маълумотҳо дар бораи объектҳои бақайдгирифташуда дархостҳо равон кунад, агар ӯ ба асоснок будани маълумотҳои дар Регистр буда шакку шубҳа дошта бошад.

2. Корбари Регистр вазифадор аст маълумотҳоро аз шиносоии беиҷозат, коркарди беғаразона ё дигар шаклҳои ғайриқонунии истифодабари, пахнкуни, тағйирдиҳи ё нобудкунии онҳо ҳимоя намояд.

3. Корбари Регистр вазифадор аст ба талаботу дархостҳои дар қисми 1 моддаи 11 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми се рӯзи кори ҷавоб гардонад.

Моддаи 11. Ҳуқуқ ва вазифаҳои объекти бақайдгирифташуда

1. Ҳар кадом объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он ҳақ дорад аз корбари Регистр маълумотҳоеро, ки дар бораи объект дар Регистри давлати нигоҳ дошта мешаванд, гирад, ҳамчунин ба корбари Регистр дар хусуси мавҷудият, асосноки ё пуррагии он маълумотҳо равон намояд.

2. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст асоснокии маълумотҳои барои ба Регистр дохил кардан пешниҳодшуда ва таҷдиди онҳоро мувофиқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъмин намояд.

3. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст ба дархости дар қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми даҳ рӯзи кори ҷавоб гардонад.

Моддаи 12. Истифодабарии маълумотҳои регистрҳо

1. Ҳуқуқи истифодаи хизматии Регистри давлатиро шахсони юридики ва воқеии дар низомнома дар бораи Регистр муайянгардида доранд.

2. Истифодаи маълумотҳои дар Регистри давлати мавҷудбуда бо мақсадҳое, ки мухолифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи Регистр мебошанд, манъ аст.

3. Маълумотҳои дар Регистри давлати мавҷудбуда барои истифодабари дар кор ба шахсони юридики ва воқеи метавонанд мувофиқи Низомнома дар бораи Регистр дода шаванд. Шахсе, ки ба ӯ маълумотҳои дар Регистр мавҷудбуда дода шудаанд, метавонад онҳоро танҳо барои мақсадҳое, ки ҳангоми додани маълумотҳо муайян гардидаанд истифода намояд. Маълумотҳо дар бораи тамоми шахсоне, ки ба онҳо маълумотҳои Регистр дода шудаанд, дар архиви Регистр маҳфуз дошта мешаванд.

4. Барои таъмини саҳеҳии маълумотҳои регистри давлати дар панҷ сол як маротиба объектҳои регистр аз нав ба қайд гирифта шаванд (Қонун аз 3.05.02с. № 22).

Моддаи 13. Додани кодҳо ба объектҳои бақайдгиранда

Баъди бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифтани субъекти хоҷаги муассисаҳои бонкҳо дар сурати мавҷуд будани варақаи бақайдгирии додани кодҳои мақоми омори давлати, ки регистри корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва фирмаҳоро, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, инчунин соҳибкорони шахсиро ба қайд мегиранд, суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо мекушояд (Қонун аз 14.12.96с. № 331).

Моддаи 14. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни Регистрҳои давлати

Шахсе, ки тартиби дар Қонуни мазкур муқарраргардидаи корбасти Регистр ё истифодабарии маълумотҳои онро вайрон мекунад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ

ш.Душанбе

аз 11 марти соли 1992 № 564