×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 № 458 "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 05.01.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 675 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ МАЪЮБОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121, аз 28.02.2004 № 8, аз 1.03.2005 № 92, аз 5.01.2008 № 358)

Ҳамин Қонун сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати маъюбон ба мақсади таъмини ҳимояи иҷтимоии онҳо, барои онҳо фароҳам овардани имкониятҳои баробар бо дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати амали гардондани ҳуқуқу озодиашон, аз байн бурдани маҳдудияти фаъолияти зиндагиашон, муҳайё намудани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи маъюбон дар ҳаёти иқтисоди ва сиёсии ҷамъият, инчунин иҷрои ӯҳдадориҳои шаҳрвандиашон муайян мекунад.

I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Вазъи ҳуқуқии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоию иқтисоди ва сиёсию шахси, ки тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтаанд, бархурдоранд.

Табъизи (дискриминатсияи) маъюбон манъ буда, мувофиқи қонун муҷиби ҷавобгари мебошад.

Моддаи 2. Муайян намудани мафҳуми "маъюбон"

Шахсе, ки дар натиҷаи ҷисман ё ақлан ноқис будан фаъолияти ҳаётиаш маҳдуд мебошад ва ба кӯмаки иҷтимои ва ҳимоя мӯҳтоҷ аст, маюб дониста мешавад.

Маҳдудияти фаъолияти ҳаётии шахс дар пурра ё қисман гум кардани қобилият ё имконияти иҷрои худхизматрасони, ҳаракат, тавҷеҳ, муомила, назорат ба рафтори худ, инчунин машғул шудани ӯ бо фаъолияти меҳнати зоҳир мегардад.

Шахс мувофиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти давлатии ба ин кор ваколатдор маъюб дониста мешавад.

Моддаи 3. Ҳимояи иҷтимоии маъюбон

Ҷумҳури ҳимояи иҷтимоии маъюбонро таъмин намуда, ба онҳо барои рушди инфироди, амали намудани имконияту қобилиятҳои эҷодию истеҳсоли бо назардошти талаботи маъюбон дар барномаҳои дахлдори давлати, расонидани кӯмаки иҷтимои дар шаклҳои пешбининамудаи қонун бо мақсади рафъи монеаҳо дар татбиқи ҳуқуқи ҳифзи сиҳат, меҳнат, маълумот ва омодагии касби, манзил ва дигар ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии маъюбон шароити зарури фароҳам меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон барои амали намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолатҳои иловаги муқаррар намуда, дар ҳаққи кӯдакони маъюб ғамхории махсус зоҳир мекунад.

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд барои маъюб имтиёзот ва афзалиятҳои иловаги муқаррар намоянд ва татбиқи онҳоро таъмин кунанд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Барои маъюбон ва оилаҳое, ки дар ҳайаташон шахси маъюб доранд, имтиёзҳои гирифтан, харидан, сохтани манзил ва истифодаи онро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 4. Муҳофизати ҳуқуқ, озоди ва манфиатҳои қонунии маъюбон

Муҳофизати ҳуқуқ, озоди ва манфиатҳои қонунии маъюбонро давлат мувофиқи тартиби суди ё дигар тартиби муқаррарнамудаи қонун таъмин менамояд.

Шаҳрванд ҳак дорад, ки мувофиқи тартиби суди аз болои қарори мақомоти давлатии ваколатдор оиди маъюб эътироф кардан ё накарданаш баҳсу талош кунад.

Мансабдорон ва дигар шаҳрвандон, ки дар вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии маъюбон гунаҳгоранд, мувофиқи муқаррароти қонун ба ҷавобгарии модди, интизоми маъмури ва ҷинояти кашида мешаванд.

Моддаи 5. Иштироки ташкилотҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон дар таҳия ва қабули қарорҳо оиди масъалаҳои маъюбон

Ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳури мутобиқи оинномаҳояшон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳимояи иҷтимоии маъюбон, инчунин бо пул таъмин кардани чорабиниҳои дахлдор иштирок менамоянд.

Мақомоти давлати, инчунин корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидориашон, ҳангоми ҳалли масъалаҳои ба манфиати маъюбон дахл дошта, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбонро ба кори тайёр ва қабул намудани қарори дахлдор ҷалб мекунанд.

Маъюбон ва намояндагони қонунии онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар қабули қарорҳои бевосита ба манфиати онҳо дахлдор иштирок намоянд ва маълумоти зарури гиранд.

Моддаи 6. Қонун дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон

Тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зайл муайян мегарданд:

Принсипҳои ҳимояи иҷтимоии маъюбон новобаста аз ҷои истиқомати онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

тартиб ва шартҳои расонидани ёрии минималии иҷтимои ба маъюбон;

тартиби тасдиқ ва бо пул таъмин кардани барномаҳои ҷумҳуриявии ҳимояи иҷтимоии маъюбон;

муқаррароти асосии таъмини тарбия, омодагии маълумоти умуми ва касбии маъюбон, бо кор таъмннкунии онҳо ва муҳофизати меҳнат.

Ҳамаи муносибатҳои ҷамъияти дар соҳаи ҳимояи иҷтимоии маъюбон, ба истиснои масъалаҳои дар қисми аввали ин модда зикршуда тавассути қонунҳои ҷумҳури танзим мегарданд.

Моддаи 7. Шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки марбути ҳимояи иҷтимоии маъюбон мебошанд

Агар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди масъалаҳои ҳимояи иҷтимоии маъюбон нисбат ба қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун дигар қоидаҳоро муқаррар карда бошад, қоидаҳои шартномаи байналхалқи истифода бурда мешаванд.

II. ПЕШГИРИИ МАЪЮБИЯТ

Моддаи 8. Вазифаҳои пешгирии маъюбият

Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ташкили хуби меҳнатро дар ҳамаи корхонаҳои давлати, иттиҳодияю ташкилотҳо,кооперативҳо, корхонаю ташкилотҳои коллективи ва дигар корхонаю ташкилотҳо таъмин мекунад, дар онҳо муҳофизати меҳнат, ташкили шароити мусоидро барои кор талаб ва назорат мекунад, оид ба ташкили просессҳои истеҳсолии аз ҷиҳати экологи тоза тадбирҳо меандешад.

Давлат масъалаҳои беҳтар намудани сатҳи расонидани ёрии муолиҷави, муолиҷаи санаторию курорти ва истироҳат, барқарор намудани коршоями ва фаъолияти ҳаётии шаҳрвандонро ҳал мекунад.

Давлат ва мақомоти он амнияти шаҳрвандонро дар ҷойҳои ҷамъияти, ҳангоми истироҳат дар кӯҳҳо, дар об, бехатарии кори воситаҳои нақлиётро таъмин мекунад.

Моддаи 9. Масъулияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои зарар расонидан ба саломатии шаҳрвандон

Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо (аз ҷумла корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ҳарби) барои расонидани зарар ба саломатии шаҳрвандон, ки дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои муҳофизати меҳнат, расонидани ёрии беихтисоси тибби, инчунин дар натиҷаи тасодум, фалокат, заҳролуд шудан бо партовҳои истеҳсолот, маводи хуроки бесифат, заҳролудшави ва ифлосшавии муҳити зист ба вуҷуд меоянд, масъулияти модди доранд. Дар ин маврид ба шаҳрвандони ҷабрдида ғайр аз нафақа ё мададпули зарари ба қобилияти кори ва фаьолияти ҳаётии онҳо расонидашуда пурра ҷуброн мегардад, инчунин бо кор таъминкуни, гирифтани маълумот ва омодагии касбии шаҳрвандони маъюбшуда аз ҳисоби корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки онҳо то маъюб шуданашон дар он ҷо кор мекарданд, таъмин мегардад.

Мансабдороне, ки дар расонидани зарар ба саломати гунаҳгоранд, мувофиқи муқаррароти қонун ба ҷавобгарии модди, интизоми, маъмури ва ҷинояти кашида мешаванд.

III. ОФИЯТИ ТИББИ, КАСБИ ВА ИҶТИМОИИ МАЪЮБОН

Моддаи 10. Вазифаҳои офияти тибби, касби ва иҷтимоии маъюбон

Ҷумҳури барқароршави ва инкишофи системаи офияти тибби, касби ва иҷтимоии маъюбонро, ки аз силсилаи тадбирҳои ба барқарор намудан ва ҷуброн кардани функсияҳои вайрон кардашуда ва ё аз даст додашудаи организм, қобилияти, худхизматрасони, навъҳои гуногуни фаъолияти касби равонкардашуда иборат мебошанд, инчунин барои тарзи зиндагии мукаммали маъюбон имконнят фароҳам оварда, офияти ҳуқуқ ва тамоюлҳои имконпазири онҳоро таъмин мекунад, ташкил ва мусоидат менамояд.

Ҷумҳури гузаронидани тадқиқотҳои илми ва тайёр кардани мутахассисонро дар соҳаи офияти тибби, касби ва иҷтимоии маъюбон, профилактикаи маъюбиятро ташкил намуда, онҳоро бо пул таъмин мекунад, муҳосибати ягонаи давлатии омори мебарад, ки вазъи маъюбияти гурӯҳҳои гуногуни аҳолиро инъикос менамояд.

Моддаи 11. Барномаи инфиродии офияти маъюбон

Офияти тибби, касби ва иҷтимоии маъюбон мутобиқи барномаи инфиродии офият, ки дар асоси экспертизаи тиббию иҷтимои аз тарафи мақомоти давлати ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ноҳиявию шаҳрии ба он ваколатдор бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон муайян карда мешавад, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Дар барномаи инфиродии офият, ки барои маъюб тавсия мегардад, ҳаҷми мушаххас, навъҳо ва мӯҳлатҳои гузаронидани тадбирҳои офияти, инчунин навъҳои ёрии иҷтимои муайян мегарданд.

Моддаи 12. Ҳатми будани барномаи инфиродии офият

Барномаи инфиродии офият, ки ба маъюбон дода мешавад, ҳуҷҷатест, ки иҷрояш барои мақомоти давлатии дахлдор, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳатми мебошад.

Моддаи 13. Муассисаҳое, ки офияти маъюбонро таъмин мекунанд

Мақомоти ҷумҳурияви ва маҳалли бо назардошти талаботи маъюбон ба ёрии офияти ва шароити маҳал шабакаи офияти, аз ҷумла марказҳои илмию истеҳсоли, шӯъбаҳои муолиҷаи барқароркуни дар муассисаҳои муолиҷавию пешгирии амбулатори ва стасионари, муассисаҳои махсуси таълимию тарбияви ва комплексҳои спортию солимгардони, муассисаҳои санаторию курортии махсусгардонидашуда, корхонаю муассисаҳои махсусгардонидашудаи оиди хизматрасонии иҷтимоию маишии маъюбонро ташкил мекунанд.

IV. МУҲАЙЁ КАРДАНИ ШАРОИТ БАРОИ БЕМАМОНИАТ ДАРОМАДАНИ МАЪЮБОН БА ИНФРАСТРУКТУРАИ ИҶТИМОИ

Моддаи 14. Ба маъюбон муҳайё кардани шароит барои даромадан ба биноҳои истиқомати ва дигар объектҳои инфраструктураи иҷтимои

Мақомоти давлати, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои маъюбон (аз ҷумла маъюбоне, ки кресло-аробача ва сагҳои роҳнаморо истифода мебаранд), барои даромадан ба иморатҳои истиқомати, ҷамъияти ва истеҳсоли, иншоотҳо ва биноҳо, бемамониат истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъияти ва коммуникатсияҳои нақлиёти, воситаҳои алоқаю ахбор, ҳаракат ва тавҷеҳи озод шароит фароҳам меоваранд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Моддаи 15. Ба назар гирифтани талаботи маъюбон ҳангоми ба нақша гирифтан ва сохтани объектҳои инфраструктураи иҷтимои

Банақшагири ва сохтани маҳалҳои аҳолинишин, ташкили маҳалҳои истиқомати, таҳияи лоиҳаҳо, сохтмон ва таъмири иморатҳо иншоотҳо, аз ҷумла фурӯдгоҳҳо, вокзалҳо, роҳи оҳану нақлиёти автомобили, комплексу коммуникатсияҳои соҳаи хизматрасони бидуни мувофиқ кардани ин объектҳо барои истифодаи маъюбон манъ аст.

Моддаи 16. Мувофиқ кардани объектҳои мавҷудаи инфраструктураи иҷтимои барои истифодаи маъюбон

Воситаҳои мавҷудаи нақлиёт, алоқаю ахбор ва дигар объектҳои инфраструктураи иҷтимои (моддаҳои 14 ва 15) бояд барои истифодаи маъюбон мувофиқи тартиб ва шартҳое, ки мутобиқан мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва идораи ҷумҳури бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон муайян мекунанд, мувофиқ карда шавад.

Дар мавридҳое, ки ин объектҳоро барои истифодаи маъюбон мувофиқ кардан имконнопазир бошад, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор бояд барои таъмини талаботи маъюбон тадбирҳои зарури андешида, амали гардонанд.

Моддаи 17. Мувофиқ, намудани биноҳои истиқомати барои истифодаи маъюбон

Биноҳои истиқоматие, ки дар онҳо маъюбон ё оилаҳои дар ҳайаташон шахси маъюб дошта зиндаги мекунанд, бояд мутобиқи барномаи инфиродии офияти маъюбон бо воситаҳои махсус муҷаҳҳаз карда шаванд.

Таҷҳизонидани биноҳои истиқоматии мазкур аз тарафи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ихтиёрашон фонди манзил доранд, сурат мегирад. Таҷҳизонидани хонаҳои истиқоматии фарди мувофиқи тартибе, ки Маҷлисҳои дахлдори маҳаллии вакилони халқ, бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон муайян мекунанд, амали мегардад (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Чорабиниҳои мазкур аз ҳисоби буҷетҳои маҳалли бо пул таъмин карда мешаванд.

Моддаи 18. Шартҳое, ки ҳангоми ба маъюбон додани манзил ба назар гирифта мешаванд

Ҳангоми бо манзил таъмин кардани маъюбон мувофиқи барномаи инфиродии офият барояшон ҳуқуқи интихоби бинои истиқомати бо назардошти навъи иморат, ошёна, дараҷаи ободони ва дигар шароити зарурии зиндаги дода мешавад.

Дар мавриди ба барномаи инфиродии офияти маъюб номувофиқ будани бинои истиқоматие, ки дар он маъюб зиндаги мекунад ва набудани имконияти мувофиқгардонии он Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ барои маъюб дигар хонаи истиқомати медиҳад (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Моддаи 19. Масъулияти иқтисодии иҷро накардани ӯҳдадориҳои фароҳам овардани шароит барои истифодаи маъюбон аз нақлиёт ва дигар объектҳои инфраструктураи иҷтимои

Корхонаю ташкилотҳое, ки тадбирҳои пешбининамудаи ҳамин Қонунро оиди мувофиқ гардондани воситаҳои мавҷудаи нақлиёт, алоқа, ва дигар объектҳои инфраструктураи иҷтимои барои истифодаи маъюбон иҷро намекунанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонеъ намудани талаботи маъюбон ба буҷетҳои дахлдор маблағҳои зарури мегузаронанд.

Маблағҳои мазкурро бо розигии ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фақат барои гузаронидани чорабиниҳои мувофиқ, намудани объектҳои инфраструктураи иҷтимои барои зарурати маъюбон истифода карда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Моддаи 20. Фароҳам овардани шароит барои истифодаи маъюбон аз муассисаҳои маданию намоиши ва иншоотҳои спорти

Мақомоти маҳаллии ҳокимият ва идораи давлати вазифадоранд, ба маъюбон барои озодона истифода бурдан аз муассисаҳои маданию намоиши ва иншоотҳои спорти барои машғул шудан бо физкултура ва спорт инфраструкура ва спорт шароити зарури муҳайё намоянд, иичунин онҳоро бо асбобу анҷоми махсуси спорти таъмин кунанд.

Маъюбон мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматҳои зикршуда ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок истифода мебаранд.

Моддаи 21. Иштироки корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар бобати бо пул таъмин кардани сохтмон, таҷҳизонидан ва нигоҳ доштани объектҳои иҷтимоию мадани ва иншоотҳои спортии маъюбон

Корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳақ доранд барои сохтмон, харидани таҷҳизот ва нигоҳ доштани объектҳои иҷтимоию мадани иншоотҳои спортии маъюбон маблағҳоро истифода кунанд. Аз маблағҳои ба ин мақсадҳо ҷудошуда андоз гирифта намешавад.

Моддаи 22. Хизматрасонии иҷтимоию маишии маъюбон

Хизматрасонии иҷтимоию маишии маъюбон, аз ҷумла таъмин намудани онҳо бо маҳсулоти хӯрока ва молҳои ниёзи мардум, дода имтиёзҳои иловаги ба маъюбон барои пардохти музди манзил, телефон, хизматрасонии коммунали ва дигар хизматрасониҳо мувофиқи тартиб ва шартҳое, ки Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон ва муассисаҳои ёрии иҷтимои муайян мекунанд, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо вазифадоранд аз ҳисоби маблағҳои худашон ва шаҳрвандоне, ки дар истеҳсолот маъюб шудаанду аз рӯи маъюби ба нафақа баромадаанд, дар гирифтани хона ва имтиёз аз рӯи хизматрасонии коммунали, бепул гирифтани сӯзишвори, масолеҳи сохтмон, нақлиёти автомобили бо даст идорашаванда, таъмин кардан бо роҳхат барои муолиҷаи санаторию курорти ёрии иловагии иҷтимоию маиши расонанд.

Моддаи 23. Имтиёзҳо ба корхонаю ташкилотҳое, ки барои маъюбон мол ва воситаҳои техники мебароранд

Барои корхонаю ташкилотҳое, ки ба маъюбон молҳои саноати, васоити махсуси техники ё дигар васоит мебароранд, инчунин барои расонидани хизмат ба маъюбон махсус гардонда шудаанд, барои ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон корҳои сохтмону қудратиро иҷро мекунанд, ба онҳо ашьёи хом, мавод, маҳсулоти такмилкунанда ва таҷҳизот мефурӯшанд, мувофиқи тартиб ва шартҳои муайянкардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

V. МАЪЛУМОТ ВА ОМОДАГИИ КАСБИИ МАЪЮБОН

Моддаи 24. Ба маъюбон таъмин намудани шароит барои гирифтани маълумот ва касб

Ҷумҳури ба маъюбон барои гирифтани маълумот ва касб шароити заруриро кафолат медиҳад.

Мақомоти маорифи халқ якҷоя бо мақомоти тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли вазифадоранд тарбияи томактаби ва беруназмактабии кӯдакони маъюб, гирифтани маълумоти миёнаи умуми, миёнаи махсус ва олии онҳоро мутобиқи барномаи инфиродии офият таъмин намоянд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Мақомоти маорифи халқ барои қабули маъюбон, махсусан кӯдакони ятим, кӯдакони маъюб ба муассисаҳои таълимии махсус ва оли мутобиқи барномаи инфиродии офият берун аз конкурс саҳмияҳои дахлдор муқаррар мекунанд.

Моддаи 25. Тарбияи томактабии кудакони маъюб

Бо мақсади фароҳам овардани имконияти мусоидтар барои тарбияи кудакони маъюби синни томактаби ва ба онҳо расонидани кӯмаки зарурии офияти дар муассисаҳои кудаконаи томактабии умуми барои кудакони маъюб шароит муҳайё карда мешавад.

Барои кӯдакони маъюбе, ки вазъи саломатиашон барои дар муассисаҳои томактабии умуми будани онҳо имконият намедиҳад, муассисаҳои махсуси томактаби ташкил карда мешавад.

Моддаи 26. Маълумоти миёнаи умуми, махсус ва олии маъюбон

Маъюбон дар муассисаҳои таълими умуми, дар мавриди зарурат бошад, дар мактабҳои таълимии махсус маълумоти миёнаи умуми, миёнаи махсус ва оли мегиранд.

Маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки ба онҳо мувофиқи хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси (экспертизаи) тиббию иҷтимоӣ таҳсил дар мактабҳои оли ва миёнаи махсус манъ нашудааст, ба ин мактабҳо бидуни конкурс қабул мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 358).

Моддаи 27. Тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар хона

Дар мавриди набудани имконияти таълиму тарбияи кудакони маъюб дар муассисаҳои томактабии умуми ё махсус ва муассисаҳои таълими ва бо назардошти хоҳиши волидон таълиму тарбия дар хона ба роҳ монда мешавад. Дар ин ҳолат ба яке аз волидон ё шахси вайро ивазкунанда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти модди ва имтиёз дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Муассисаҳои дахлдори таълимию тарбияви ба волидон дар кори таълими кудакони маъюб дар хона ёри мерасонанд.

Моддаи 28. Тарбияи беруназмактабии кудакони маъюб

Бо мақсади инкишофи ҳаматарафа ва мутаносиби кудакони маъюб, дар онҳо тарбия намудани фаъолияти ҷамъияти, майлу рағбат ба меҳнат, рӯй овардан ба илм, техника, санъат ва спорт мақомоти маорифи халқ, дигар мақомоти давлати вазифадоранд кудакони маъюбро ба тарбияи беруназмактаби фаро гиранд ва барои ин шароити заруриро фароҳам оваранд.

Моддаи 29. Тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар муассисаҳои стасионари

Кӯдакони маъюбе, ки доимо дар муассисаҳои стасионари мебошанд, аз тарафи ин муассисаҳо пайваста дар алоқаи зич бо адаптатсияи иҷтимоию маиши ва меҳнати таълиму тарбия мегиранд.

Ин муассисаҳои махсусгардонидашуда бояд, чун қоида, дар атрофи шаҳрҳои калон ё назди шаҳрҳо ҷойгир шаванд.

Моддаи 30. Омодагии касби ва баланд бардоштани ихтисоси маъюбон

Омодагии касби ва баланд бардоштани ихтисоси маюбон дар муассисаҳои таълими, корхонаҳо ва ташкилотҳо (махсусгардонидашуда ё умуми) якҷоя бо муассисаҳои ёрии иҷтимои мутобиқи барномаи инфиродии офият таъмин мегардад.

Таъминоти моддии маъюбон дар марҳалаи омодагии касби ба баланд бардоштани ихтисос мувофиқи тартиб ва шартҳои муайянкардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 31. Шаклҳои маълумот гирифтан, омодагии касби ва баланд бардоштани ихтисоси маъюбон

Маълумот, омодагии касби ва баланд бардоштани ихтисоси маъюбон дар шаклҳои мухталиф, аз ҷумла дар шаклҳои рӯзонаю ғоибона, экстерни, бо роҳи таълим дар гурӯҳҳо ва синфҳои махсус ва аз рӯи плани таълимию инфироди, аз ҷумла таълим дар хона, сурат мегирад.

Моддаи 32. Забони имову ишора

Ҷумҳури забони имову ишораро ба сифати воситаи муоширати байни шахсон эътироф мекунад.

Статуси ҳуқуқи ва соҳаи истифодаи забони имову ишораро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

VI. МЕҲНАТИ МАЪЮБОН

Моддаи 33. Амали намудани ҳуқуқи маъюбон ба меҳнат

Ба мақсади амали намудани қобилияти эҷодию истеҳсолии маъюбон ва бо назардошти барномаҳои инфиродии офият ба онҳо ҳуқуқи кор кардан дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо бо шароити оддии меҳнат, дар корхонаҳои махсусгардондашуда, дар цеху участкаҳое, ки меҳнати маъюбон истифода мегардад, инчунин машғул шудан бо фаъолияти меҳнатии инфироди ва дигар навъи фаъолияте, ки қонун манъ намекунад, дода мешавад.

Корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо дар маълумотҳое, ки дар бораи мавҷудияти ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод ба мақомоти ҳудудии бо кор таъминкунии аҳоли пешниҳод мекунанд, ҳатман дар сатри алоҳида феҳрасти ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озодро, ки дар онҳо маъюбон метавонанд бо кор таъмин гарданд, нишон медиҳанд.

Мақомоти ҳудудии бо кор таъминкунии аҳоли (марказҳои шуғл) дар интихоби кори мувофиқ, ва навъҳои фаъолияти меҳнати дар корхонаҳои рӯзи корашон нопурра, ки меҳнати хонагиро истифода мекунанд, дар кооперативҳо ва шуғли фаъолияти инфиродии меҳнати ба маъюбон мусоидат мекунанд.

Моддаи 34. Замонати амали намудани ҳуқуқ ба меҳнат

Рад кардани ақди шартномаи меҳнати ё ба кори баланд пешбари кардан, бо ташаббуси идора аз кор озод намудан, ба кори дигар гузаронидани маъюб бе розигии вай бо далелҳои маъюби манъ аст, ғайр аз ҳолатҳое, ки аз рӯи хулосаи экспертизаи тиббию иҷтимои аҳволи саломатии вай монеи иҷрои ӯҳдадориҳои касбиаш мегардад ё ба саломати ва бехатарии меҳнати дигарон таҳдид мекунад.

Фаъолияти меҳнатии маъюб наметавонад барои паст кардани гурӯҳи маъюбиаш асос гардад. Маъюбонро танҳо бо хоҳиши онҳо ба меҳнат ҷалб кардан мумкин аст.

Моддаи 35. Бо кор таъмин кардани маъюбон

Ба мақсади бо кор таъмин намудани маъюбон Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон нормативҳоро оиди банд намудани ҷойҳои кор дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои маъюбон ба андозаи на камтар аз се фоизи шумораи коркунон (агар шумораи коркунон на камтар аз 20 нафар бошад) муқаррар мекунанд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Барои корхонаҳо, муассисахо ва ташкилотҳое, ки маъюбонро бо кор таъмин мекунанд, мутобиқи нормативҳои оиди бандкунии ҷои кор андози имтиёзнок муқаррар карда мешавад.

Хароҷоти ташкили ҷойҳои кори иловагиро барои маъюбон аз ҳисоби маблағҳои фонди давлатии ташкилшавандаи мусоидати шуғл, инчунин аз ҳисоби имтиёзи андозгири аз фоида ва дигар маблағҳо талофи кардан мумкин аст.

Моддаи 36. Муҳайё кардани шароит барои таъмини шуғли маъюбон

Бо назардошти талаботи маъюбон ва хусусиятҳои маҳал барои истифодаи меҳнати маъюбон корхонаҳои махсусгардонидашуда, цеху участкаҳо, инчунин нуқтаҳои қабули мол аз корхонаҳои меҳнати хонагии маъюбон сохта мешаванд.

Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ якчоя бо ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон бо назардошти талаботи маъюбон феҳристи вазифаю касбҳоеро, ки барои ишғоли онҳо маъюбон афзалият доранд, инчунин феҳристи маҳсулот ва хизматрасониҳоеро, ки ҳуқуқи афзалияттноки истеҳсоли онҳо ба ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, корхонаҳо, ташкилотҳо ва кооперативҳои назди онҳо дода мешавад, тасдиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти иҷроияю амрдиҳандаи онҳо ба маъюбоне, ки дар хона кор мекунанд, инчунин ба маъюбоне, ки машғули фаъолияти меҳнати инфироди мебошанд, дар пешниҳод намудани биноҳои ғайриистиқомати барои фаъолиятҳои мазкур, дар кори ба даст овардани ашёи хом, таҷҳизот, сӯзишвори ва фурӯши маҳсулоти тайёр кӯмаки зарури мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Моддаи 37. Шароити меҳнати маъюбон

Барои маъюбоне, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо кор мекунанд, мутобиқи барномаи инфиродии офият шароити зарурии меҳнат фароҳам оварда мешавад.

Шароити меҳнат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, режими вақти кори ва вақти истироҳат, давомнокии рухсатиҳои ҳарсола ва иловаги, ки тавассути шартномаи коллективи ё инфироди муқаррар мегарданд, наметавонанд вазъиятро бад намоянд ё ҳуқуқи маъюбонро нисбат ба дигар кормандон маҳдуд намоянд.

Моддаи 38. Имтиёзҳои маъюбоне, ки кор мекунанд

Дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ба маъюбон имтиёзҳои зерин дода мешавад:

1) ба маъюбоне, ки кор мекунанд, рӯзи кории шашсоата ва ҳафтаи кори сисоата муқаррар карда мешавад;

2) ба маъюбони гурӯҳи I ва II бо давомнокии 42 рӯзи тақвими, ба маъюбони гурӯҳи III бошад, бо давомнокии 35 рӯзи тақвими рухсатии меҳнати дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 92);

3) рухсатии бемузд ба маъюбони гурӯҳи I ва II то ду моҳи тақвими дар як сол, ба маъюбони гурӯҳи III то як моҳи тақвими дар як сол дода мешавад;

4) ба маъюбон дар вақтҳои барояшон мусоид рухсати дода мешавад;

5) ҳангоми ихтисори шумора ё штати кормандон маъюбон аз ҳуқуқи афзалиятноки дар кор мондан бархурдор мебошанд.

Агар шумораи маъюбон аз андозаҳои ҷойҳои муқарраршудаи бандкарда бо назардошти шумораи боқимонда зиёд набошад, ҳангоми ихтисор аз кор озод кардани маъюбон манъ аст;

6) бо ташаббуси маъмурият аз кор озод кардани маъюб фақат бо розигии пешакии ташкилоти ҷамъиятии маъюбон роҳ дода мешавад;

7) маъюбоне, ки кор мекунанд, аз пардохти андози даромад озод карда мешаванд ва мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз бархурдоранд;

8) Қисм хориҷ карда шудааст.

Моддаи 39. Афзалиятҳо ва имтиёзоти корхонаҳое, ки меҳнати маъюбонро истифода мебаранд

Корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо маъюбон камаш аз си фоизи шумораи умумии коркунонро ташкил мекунанд, бо пул таъминкуни ва таъминоти моддию техники доранд.

Агар маъюбон зиёда аз панҷоҳ фоизи шумораи умумии коркунон ташкил намоянд, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо аз андоз ва пардохтҳо озод карда мешаванд.

Тартиб ва шартҳои андози имтиёзнок, бо пул таъминкуни ва таъминоти моддию техникии корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳоеро, ки меҳнати маъюбонро истифодаю таъмин мекунанд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

VII. КӯМАКИ ИҶТИМОИ БА МАЪЮБОН

Моддаи 40. Навъҳои кӯмаки иҷтимои

Ба маъюбон кӯмаки иҷтимои дар шакли пардохти пули бо воситаҳои техники ва моли бо воситаҳои воситаҳо, аз ҷумла автомобил, лоаробача, маснуоти протезию ортопеди, нашрияҳои чопи бо хурофоти махсус, аппаратураи сабти овоз ва сигнализаторҳо таъмин кардани онҳо, инчунин бо роҳи хизматрасонии тибби, офияти иҷтимоию касби ва хизматрасонии маиши кӯмак расонда мешавад.

Тартиби бо нафақа ва ёрдампули таъмин намудани маъюбонро қонунҳои оиди таъминоти нафақави ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Шӯроҳои тартиби ба маъюбон расонидани ёрии ихтисосноки тиббии бепулро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нигаҳдории тандурусти муайян мекунанд.

Бо дорую дармон таъмин намудани маъюбон, ба онҳо додани воситаҳои техники ва дигар воситаҳо, инчуннн хизматрасонии маиши ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 41. Навъҳои ёрдампули ва шартҳои додани онҳо ба маъюбон

Маъюбоне, ки кор мекунанд, дар баробари дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани ҳамаи навъҳои ёрдампули, аз ҷумла ёрдампули барои корношоямии муваққати, ки новобаста аз гирифтани нафақа пардохта мешаванд, ҳуқуқ доранд.

Маъюбоне, ки кор мекунанд, ҳангоми протезкуни дар тамоми вақти будан дар стасионари корхонаи протезию ортопеди ба гирифтани ёрдампули аз рӯи корношоямии муваққати ҳуқуқ доранд.

Маъюбоне, ки кор намекунанд, ба гирифтани ёрдампули барои рафтан ба ҷои муолиҷа, протезмони, офият ва таҳсил ҳақ доранд.

Моддаи 42. Муолиҷаи санаторию курортии маъюбон

Маъюбон ба муолиҷаи ройгони, санаторию курорти, бенавбат гирифтани роҳхат, бепул рафтан ба маҳалли муолиҷа ҳақ доранд. Ба маъюбоне, ки кор намекунанд, аз ҷумла ба маъюбоне, ки дар муассисаҳои махсусгардондашуда мебошанд, барои муолиҷаи санаторию курорти ташкилотҳое, ки ба онҳо нафақа ва ёрдампули медиҳанд, ё зарари ба саломатии онҳо расонидашударо талофи мекунанд, роҳхати бепул медиҳанд.

Маъюбоне, ки кор мекунанд, ҳақ доранд роҳхати муолиҷаи санаторию курортиро аз ҷои корашон бепул ё бо пардохти 30 фоизи арзиши он гиранд.

Моддаи 43. Ба маъюб додани воситаи техники ё дигар воситаҳо

Воситаи техники ё дигар воситаҳо ба маъюб мутобиқи барномаи инфиродии офият ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок дода мешавад.

Агар воситаи техники ё дигар воситаи пешбининамудаи барномаи инфиродии офиятро мақомоти давлати ба маъюб дода натавонад, ё агар маъюб воситаи дахлдорро аз ҳисоби худаш харида бошад, ба вай мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпули дода мешавад.

Моддаи 44. Ҳуқуқи маъюб ба интихоби воситаҳои махсус ва хизматрасони

Маъюб метавонад аз ин ё он навъҳои воситаҳои махсус ва хизматрасони, ки мебоист ё мумкин аст барояш пешниҳод шаванд, агар онҳо ба талабот пурра ҷавоб надиҳанд, даст кашад. Дар ин маврид маъюб ҳак дорад масъалаи бо навъи мушаххаси ёри таъмин кардани худро аз ҳисоби маблағхои шахсиаш бо назардошти арзиши навъи монанди воситаю хизматҳое, ки мақомоти давлати медиҳад, ҳал намояд.

Моддаи 45. Гирифтани наклиёти автомобили ва дигар воситаҳои ҳаракат аз тарафи маъюбоне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии ёрии иҷтимои зиндаги мекунанд

Маъюбоне, ки дар муассисаҳои статсионарии давлатии ёрии иҷтимои истиқомат мекунанд, барои гирифтани нақлиёти автомобили ва дигар воситаҳои ҳаракат дар асосҳои умуми бо дигар маъюбон ҳак доранд.

Моддаи 46. Барои маъюб фароҳам овардани шароити нигаҳдории воситаҳои нақлиёт

Ба маъюбон барои нигаҳдории воситаҳои нақлиёте, ки ҳаракати онҳоро таъмин мекунанд, аз ҷумла нигаҳдории автомобилҳо дар наздикии ҷои истиқоматиашон, шароит муҳайё карда мешавад.

Маъюбон аз пардохти ҳаққи иҷораи иморат ва замине, ки нигоҳ, доштани воситаҳои нақлиёт истифода мебаранд, озод карда мешаванд.

Тартиб ва шартҳои додани биноҳоро барои нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт ва участкаҳои заминро барои сохтани гаражҳо Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Моддаи 47. Имтиёзи маюбон барои истифодаи нақлиёти истифодаи умум

Маъюбон ҳак, доранд, ки аз нақлиёти ҷамъиятии (ғайр аз такси) шаҳрҳо, марказии ноҳияҳо ва қишлоқҷойҳо дар ҳудуди ноҳияи маъмурии маҳалли зист, инчунин аз автобусҳои атрофи шаҳр бепул истифода баранд.

Моддаи 48. Имтиёзҳо ба маъюбон оиди хизматрасонии бенавбат

Ба маъюбон дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои савдо, нақлиёт, хизматрасонии автомобил, хӯроки умуми, маданият, хизматрасонии маиши, коммунали ва тибби, ҳуқуқи хизматрасонии бенавбат бо ҷой таъмин дода мешавад. Фарзандони маъюбон ҳақ доранд, ки дар муассисаҳои бачагонаи томактабии назди чои истиқоматашон бенавбат бо ҷой таъмин карда шаванд, дар айни ҳол ба волидони маъюб дар бобати додани пул барои бача 50 фоиз имтиёз дода мешавад, Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ бошад, бо назардошти шароити мушаххас метавонад ба онҳо дигар имтиёзҳо низ пешбини намояд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Моддаи 49. Хизматрасони дар хона. Муассисаҳои статсионарии кӯмаки иҷтимои ба маъюбон

Ба маъюбони мӯҳтоҷи нигоҳубину ёрии дигарон аз тарафи мақомоти кӯмаки иҷтимои дар хона ё дар муассисаҳои статсионари хизмати тибби ва маиши расонида мешавад.

Давлат ба инкишофи шабакаи муассисаҳои статсионарии иҷтимои ба маъюбони мӯҳтоҷи нигоҳубини дигарон мусоидат мекунад.

Муассисаҳои статсионарии кӯмаки иҷтимои ба маъюбон, чун қоида, бояд дар шаҳрҳо қарор дошта бошанд.

Моддаи 50. Ҳуқуқи маъюбоне, ки дар хона-интернатҳо ва дигар муассисаҳои статсионарии кӯмаки иҷтимои мебошанд

Шароити дар хона-интернат ё дигар муассисаи статсионарии кӯмаки иҷтимои будани маъюбон бояд имконияти татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маъюбонро таъмин намояд ва барои ба таври максимали қонеъ намудаии талаботи шахс мусоидат кунад.

Маъюбоне, ки ба муассисаҳои статсионарии таъминоти иҷтимои меоянд ва аз рӯи шартномаҳои меҳнати ё созишномаҳо кор мекунанд, аз нигоҳ доштани пул аз маошашон ба фоидаи давлат ё муассисаи мазкур озод карда мешаванд.

Агар дар натиҷаи чорабиниҳои офият зарурати минбаьд дар хона-интернат ё дигар муассисаи статсионарии кӯмаки иҷтимои будани маъюб аз байн равад, кумиҷроияи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бояд барои ӯ мутобиқи талаботи моддаҳои 17 ва 18 ҳамин Қонун хонаи истиқомати диҳад (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121).

Кӯдакони маъюбе, ки ба муассисаҳои статсионари меоянд ва онҳо ятим ё маҳрум аз сарпарастии волидон мебошанд, ҳангоми ба балоғат расиданашон мутобиқи барномаи инфиродии офият ҳуқуқи бенавбат хона гирифтан доранд, агар барнома имконияти худхизматрасони ва мустақилона бурдани тарзи зиндагиро пешбини кунад.

Моддаи 51. Нигоҳ доштани бинои истиқоматии маъюбе, ки ба муассисаи статсионарии кӯмаки иҷтимои оварда шудааст

Бинои истиқоматии маъюбе, ки ба муассисаи статсионарии кӯмаки иҷтимои оварда шудааст, дар давоми мӯҳлати муайяннамудаи барномаи инфиродии офият барояш нигоҳ дошта мешавад. Баъди гузаштани ин мӯҳлат, агар маъюб зиндагонии мустақилона гузаронида натавонад, хонаи истикомати мувофиқи тартиби муқарраршуда бояд аз тарафи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба маъюбони мӯҳтоҷи беҳтар намудани шароити манзил, дар навбати аввал ба маъюбоне, ки дар муассисаҳои статсионарии кӯмаки иҷтимои зиндаги мекунанд ва хоҳиши гирифтани хонаи алоҳидаро доранд, дода шавад.

Моддаи 52. Имтиёзҳо ба маъюбон оиди пардохти музди хонаи истикомати ва хизмати коммунали

Маъюбони гурӯҳҳои I-II ҳуқуқи имтиёзи пардохти музди хонаи истиқомати, хизмати коммунали(ба истиснои пардохти (увваи бар( ва гази табии) ва телефон, инчунин имтиёзи ба моликияти шахси харидани хонаи истиқоматиашонро дар ҳаҷми 50 фоиз доранд. Ба маъюбони гурӯҳи I ҳуқуқи бенавбат ва бепул гузаронидани телефон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 8).

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои маъюбони оиди пардохти музди хонаи истиқомати ва хизмати коммунали(ба истиснои пардохти (увваи бар( ва гази табии) имтиёзҳои иловаги муқаррар карда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 8).

Моддаи 53. Мақомоти давлатие, ки ба маъюбон кӯмаки иҷтимои мерасонанд

Ба маъюбон Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, мақомоти иҷроияву амрдиҳандаи онҳо, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳоли, сиҳати омма, маорифи халқ, маданият, тарбияи ҷисмони ва спорт ва дигар мақомоти давлати дар асоси хулосаҳои экспертизаи тиббию иҷтимои (Хадамоти давлатии ташхиси (экспертизаи) тиббию иҷтимоӣ, умури махсусгардонидашудаи эксперти, комиссияҳои тиббию маслиҳати) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии иҷтимои мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 121, аз 5.01.2008 № 358).

Моддаи 54. Манбаъҳои бо пул таъминкунии кӯмаки иҷтимои

Кӯмаки иҷтимои аз ҳисоби маблағи буҷетҳои ҷумҳури ва маҳалли, инчунин пардохтҳои ихтиёрии ташкилотҳою шаҳрвандон расонида мешавад.

Ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки чорабиниҳои марбути расонидани кӯмаки иҷтимои ва маъюбонро бо пул таъмин мекунанд, мувофиқи тартиб ва шартҳои муаянкардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди додани андоз имтиёз дода мешавад.

VIII. ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ МАЪЮБОН

Моддаи 55. Ҳуқуқи маъюбон барои таъсиси ташкилотҳои ҷамъияти

Бо мақсади муҳофизат намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои худ, дастгири ва хизматрасонии байниҳамдигари маъюбон ва шахсоне, ки онҳоро намояндаги мекунанд, ҳақ доранд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон аз ҷумла фондҳои мухталиф, ташкил намоянд.

Мақомоти давлати ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон ва ташкилотҳоеро, ки манфиатҳои онҳоро намояндаги мекунанд, дастгири намуда, ба онҳо ёрии ҳаматарафа мерасонанд.

Моддаи 56. Имтиёзу афзалиятҳое, ки ба ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон дода мешаванд

Ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон ва корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои онҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди андоздиҳи имтиёзу афзалиятҳо доранд.

Ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои онҳо, кооперативҳои иборат аз маъюбон аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз афзоиши маблағҳои ба истеъмолот равоншаванда, аз пардохт барои захираҳои меҳнати, инчунин аз пардохти андоз аз муомилот озод карда мешаванд, агар шумораи коркунон дар корхонаҳои маъюбон на камтар аз 50 фоизи шумораи умумии кормандони ин корхонаҳоро ташкил диҳад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ

ш.Душанбе 

 24 декабри соли 1991 № 458