Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 № 358 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Дар қисми дуюми моддаи 26 ва моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, №3, мод.32; соли 1994, №2, мод. 50; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №22, мод.261; соли 2004, №2, мод. 40; соли 2005, №3, мод. 132) калимаҳои ,комиссияҳои экспертии тиббию меҳнатӣ" ба калимаҳои "Хадамоти давлатии ташхиси (экспертизаи) тиббию иҷтимоӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 5 январи соли 2008 № 358

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Хайруллоев

ш. Душанбе 

 1 октябри соли 2007 № 742

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 19 декабри соли 2007 № 437

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О социальной защищенности инвалидов в Республике Таджикистан"

Статья 1. В части второй статьи 26 и статье 53 Закона Республики Таджикистан от 24 декабря 1991 года "О социальной защищенности инвалидов в Республике Таджикистан, (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1992 г., №3, ст.32; 1994 г., №2, ст. 50; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995 г., №22, ст. 261; 2004 г., №2;ст.40; 2005 г., №3, ст. 132) слова "врачебно-трудовых экспертных комиссий" заменить словами "Государственных служб медико-социальной экспертизы".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                     Э. Рахмонов

г.Душанбе,

5 января 2008 года №358

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О социальной защищенности инвалидов в Республике Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О социальной защищенности инвалидов в Республике Таджикистан".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан С.Хайруллоев

г.Душанбе, 1 октября 2007 года №742

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О социальной защищенности инвалидов в Республике Таджикистан"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О социальной защищенности инвалидов в Республике Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О социальной защищенности инвалидов в Республике Таджикистан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г.Душанбе, 19 декабря 2007 года №437