Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 № 431 "Дар бораи омори давлатӣ"

Санаи амалкуни: 31.12.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 588 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ

(Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 6, аз 3.03.2006 № 171, аз 31.12.2008 № 464)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи ва иқтисодии ташкил ва фаъолияти омори давлатиро муайян ва муносибатҳои ҳуқуқии марбут бо таъминоти ҷамъовари, коркард, интишор, истифода ва ҳифзи маълумоти омориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Муқаррароти Қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсоне, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, ҳамчун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият, тобеият, маҳалли ҷойгиршавӣ, шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва дигар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 464).

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлати

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 171).

Моддаи 2. Вазифаю принсипҳои асосии омори давлати

Вазифаҳои асосии омори давлати иборатанд аз:

- таҳияи методологияи илман асосноки омори, ки қиёспазирии маълумотро мутобиқи системаи байналмилалии стандартони таъмин мекунад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 171);

- ҷамъовари, коркард, таҳлилу ҷамъбасти маълумоти омори, ки инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф менамояд ва назорати баамалбарории фаъолияти омори давлати (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 6);

- пешниҳоди маълумоти омори ба мақомоти ҳокимияти давлати, идори ва расонидани он ба доираи муайяни истифодакунандагон;

- ҳамкории байналмилали, ҷалб ва истифодаи маълумоти омори дар бораи дигар давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳони (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 171);

Принсипҳои асосии омори давлати инҳо мебошанд:

- воқеият, дурусти ва мустақилияти маълумоти омори;

- ҷамъоварии баҳангом, муназзамии системаи маълумот ва пуррагии ахбори омори;

- қиёспазирии маълумоти омори дар системаи ҳисобкунии нишондиҳандаҳои асоси бо омори дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва омори байналмилали (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 171);

- дастрас ва ошкор будани маълумоти омори ба ҳадди муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Давлат системаи ягонаи баҳисобгирии аввалия ва оморро таъсис дода, онҳоро таҳти роҳбари мегирад, мазмуну хусусияти фаъолияти омориро дар тамоми қаламрави ҷумҳури муайян мекунад.

Моддаи 3. Муносибати тарафайн дар соҳаи омор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо

Муносибат дар соҳаи омор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо дар асоси аҳдномаву созишномаҳои байни онҳо аз рӯи принсипҳои баробарҳуқуқи ва манфиатҳои тарафайн ва риояи меъёрҳои байналмилали муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 171).

БОБИ 2. ТАШКИЛИ ОМОРИ ДАВЛАТИ

Моддаи 4. Мақомоти омори давлати

Мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти омори ҳудудии тобеи он мебошанд, ки ҷамъовари, назорат, коркард, таҳлил, ҷамъбаст интишор ва ҳифзи маълумоти оморро мутобиқи Қонуни мазкур ба амал мебароранд (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 6).

Мақомоти омори давлати ҳамчунин фаъолияти омориро дар ҷумҳури ҳамоҳанг сохта, дар асоси низомномаҳое, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд, фаъолият мекунанд.

Моддаи 5. Таъминоти ташкили, молияви ва моддию техникии корҳои омори

Корҳои оморие, ки мақомоти омори давлати онҳоро мутобиқи номгӯи корҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои муқаррарнамуда иҷро мекунанд, аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд.

Барномаҳои минтақавии корҳои омори аз буҷети маҳалли маблғгузори мешаванд.

Мушоҳидаҳои омории давлатии илова бар барномаҳои тасдиқшудаи корҳои омори аз ҳисоби фармоишгар маблағгузори мешаванд.

Маблағи аз фаъолияти хоҷагидори ба дастомада баъди пардохти андоз аз тарафи мақомоти омори давлати бо тартиби муқарраргардида барои мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии онҳо истифода мешавад.

Моддаи 6. Мушоҳидаҳои омории давлати

Баҳисобгирии расмии оморро мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мушоҳидаҳои омории давлати ба амал мебароранд.

Мушоҳидаҳои омории давлати ҷумҳурияви ва минтақави шуда метавонанд.

Ба мушоҳидаҳои омории давлатии ҷумҳурияви мушоҳидаҳои омории равандҳои иҷтимоию иқтисоди, ки мақомоти омори давлатии ҷумҳури мутобиқи барномаи корҳои омори мепардозанду Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барномаро ҳар сол тасдиқ мекунад, мансубанд.

Ба мушоҳидаҳои омории давлатии минтақави мушоҳидаҳои омории равандҳои иҷтимоию иқтисодии мақомоти ҳудудии омори давлати мансуб мебошанд.

Ба мушоҳидаҳои омории давлати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалбшуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 171, аз 31.12.2008 № 464).

Моддаи 7. Ҷамъовари ва истифодаи маълумоти омори

Аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод кардани маълумоти оморӣ аз рӯи намудҳои мушоҳидаҳои омории давлатӣ ҳатмӣ ва ройгон мебошад. Маълумот ба мақомоти омор дар мӯҳлати муқарраргардида ба суроғаи нишондодашуда пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 464).

Маълумоти омории аз субъектҳои хоҷагидори гирифташуда барои эҳтиёҷи идораи давлат истифода гардида, дар воситаҳои ахбори омма чоп шуда метавонад. Дар айни замон маълумоти аз шахсони воқеи гирифтаро танҳо бо розигии онҳо ошкор кардан мумкин аст. Маълумоти дорои сирри давлати ё тиҷорати набояд ошкор шавад ва он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 171).

Истифодабарандагони маълумоти омори ҳақ надоранд, ки маълумоти гирифтаашонро бе розигии мақомоти омори давлати, нашр ё паҳн намоянд. Барои интишори маълумоти омори давлати бе розигии мақомоти он, ё барои маълумоти аз тарафи намояндагиҳои мустақили омори дода шуда, мақомоти омори давлати ҷавобгар нестанд (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 6, аз 3.03.2006 № 171)

БОБИ 3. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТИ

Моддаи 8. Ҳуқуқи мақомоти омори давлати

Мақомоти омори давлати ҳуқуқ доранд:

- аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои дорои сармояи хориҷӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳаҷм ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти оморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дақиқи оморӣ, аз ҷумла маълумоти дорои сирри тиҷоратию давлатӣ гиранд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 464);

- миёни аҳоли таҳқиқоти омори гузаронанд ва аз шаҳрвандон маълумоти барои мақсадҳои омори зарур гиранд;

- ҳангоми зарурат дурустии маълумоти омории аввалия ва ҷамъбастиро санҷанд. Дар сурати ошкор шудани нодурустии маълумот барои рафъи онҳо дастурҳои иҷрояшон ҳатми диҳанд ва ба маълумоти омории ҷамъбасти ислоҳи дахлдор дохил намоянд;

- манфиати давлатро дар амалҳои якҷоя ва ҳамкори бо идораҳои омории дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилали ҳифз намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 171);

- аз рӯи шартномаҳои хоҷаги корҳои омори, таҳлили, маълумотию ҳисоббарори ва дигар корҳоро доир ба мавзӯъҳои соҳави анҷом диҳанд;

- фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар соҳаи ҷамъоварии маълумоти омори, омӯзиши рушди иқтисодию иҷтимоии давлат назорат кунанд;

- дар доираи салоҳияти худ қарорҳое қабул кунанд, ки иҷрояшон барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дахлдор ва дигар субъектҳои хоҷагидор ҳатми аст (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 171, аз 31.12.2008 № 464);

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории омории байналмилали шартнома банданд (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 6, аз 31.12.2008 № 464).

ҳисоботи аз рӯи тартиби муқарраргардида тасдиқнашуда, инчунин маълумоти нодаркори ҳамаи субъектҳои хоҷагидорро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон ошкор ва беэътибор намоянд (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 6);

гузаронидани баруйхатгири ва тадқиқот дар он бахшҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва шахсони воқеи, ки берун аз мушоҳидаҳои омори қарор доранд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳаҷму мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти омори (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 6).

Моддаи 9. Вазифаҳои мақомоти омори давлати

Мақомоти омори давлати вазифадоранд:

- методологияи оморро мувофиқи стандартҳои байналмилалии омор таҳия намуда, шахсони ҳуқуқии ҳисоботдиҳанда ва дигар субъектҳои хоҷагидорро бо маълумоти зарурии омори ва шаклҳои ҳисоботии зарурии омори таъмин кунанд (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 6аз 3.03.2006 № 171);

- мушоҳидаҳои омории давлатиро мувофиқи барномаҳои муқарраргардида ба роҳ монда, мақомоти ҳокимияти давлати ва идории маълумоти омориро дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳури таъмин намоянд;

- маълумоти омории ҷамъбастиро барои доираи васеи истифодакунандагон, аз ҷумла бо роҳи нашри он дар матбуот, аз тариқи радио ва телевизион дастрас созанд;

- аз рӯи дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумоти аввалияро дар бораи онҳо, ки дар ихтиёри мақомоти омор мебошанд, пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 171, аз 31.12.2008 № 464);

- сирри давлати ва тиҷорати, ҳамчунин маҳрамияти маълумоти аввалияро дар бораи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ риоя кунанд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 171,  аз 31.12.2008 № 464);

- маълумоти омориро ба таври лозима саришта, ҷамъовари ва ба талаботи рӯз мувофиқ намоянд.

Кормандони мақомоти омори давлати вазифадоранд махфияти маълумоти омории мавҷударо нигоҳ доранд.

БОБИ 4. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 10. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 464).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 15 майи соли 1997 № 431

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ

(Қонун аз 22.04.03с.№ 6, аз 3.03.06с. № 171)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи ва иқтисодии ташкил ва фаъолияти омори давлатиро муайян ва муносибатҳои ҳуқуқии марбут бо таъминоти ҷамъовари, коркард, интишор, истифода ва ҳифзи маълумоти омориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Муқаррароти Қонуни мазкур дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ба тамоми мақомоти ҳокимияти давлатии ҷумҳури ва мақомоти худидоракунии маҳалли, шарикони фаъолияти соҳибкори, ки ба сифати шахсони ҳуқуқи ба қайд гирифта шудаанд, ба дигар субъектҳои хоҷагидори ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли моликият, тобеияти идори, маҳалли ҷойгиршави ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқи, ҳамчунин ба шахсони воқеи, ки бо соҳибкори машғуланд ва дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.(Қонун аз 3.03.06с.№171)

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлати

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (Қонун аз 3.03.06с.№171)

Моддаи 2. Вазифаю принсипҳои асосии омори давлати

Вазифаҳои асосии омори давлати иборатанд аз:

таҳияи методологияи илман асосноки омори, ки қиёспазирии маълумотро мутобиқи системаи байналмилалии стандартони таъмин мекунад; (Қонун аз 3.03.06с.№171)

ҷамъовари, коркард, таҳлилу ҷамъбасти маълумоти омори, ки инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф менамояд ва назорати баамалбарории фаъолияти омори давлати;(Қонун аз 22.04.03с.№6)

пешниҳоди маълумоти омори ба мақомоти ҳокимияти давлати, идори ва расонидани он ба доираи муайяни истифодакунандагон;

ҳамкории байналмилали, ҷалб ва истифодаи маълумоти омори дар бораи дигар давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳони. (Қонун аз 3.03.06с.№171)

Принсипҳои асосии омори давлати инҳо мебошанд:

воқеият, дурусти ва мустақилияти маълумоти омори;

ҷамъоварии баҳангом, муназзамии системаи маълумот ва пуррагии ахбори омори;

қиёспазирии маълумоти омори дар системаи ҳисобкунии нишондиҳандаҳои асоси бо омори дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва омори байналмилали; (Қонун аз 3.03.06с.№171)

дастрас ва ошкор будани маълумоти омори ба ҳадди муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Давлат системаи ягонаи баҳисобгирии аввалия ва оморро таъсис дода, онҳоро таҳти роҳбари мегирад, мазмуну хусусияти фаъолияти омориро дар тамоми қаламрави ҷумҳури муайян мекунад.

Моддаи 3. Муносибати тарафайн дар соҳаи омор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо

Муносибат дар соҳаи омор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо дар асоси аҳдномаву созишномаҳои байни онҳо аз рӯи принсипҳои баробарҳуқуқи ва манфиатҳои тарафайн ва риояи меъёрҳои байналмилали муайян карда мешавад. (Қонун аз 3.03.06с.№171)

БОБИ 2. ТАШКИЛИ ОМОРИ ДАВЛАТИ

Моддаи 4. Мақомоти омори давлати

Мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти омори ҳудудии тобеи он мебошанд, ки ҷамъовари, назорат, коркард, таҳлил, ҷамъбаст интишор ва ҳифзи маълумоти оморро мутобиқи Қонуни мазкур ба амал мебароранд. (Қонун аз

22.04.03с.№6)

Мақомоти омори давлати ҳамчунин фаъолияти омориро дар ҷумҳури ҳамоҳанг сохта, дар асоси низомномаҳое, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд, фаъолият мекунанд.

Моддаи 5. Таъминоти ташкили, молияви ва моддию техникии корҳои омори

Корҳои оморие, ки мақомоти омори давлати онҳоро мутобиқи номгӯи корҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои муқаррарнамуда иҷро мекунанд, аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд.

Барномаҳои минтақавии корҳои омори аз буҷети маҳалли маблғгузори мешаванд.

Мушоҳидаҳои омории давлатии илова бар барномаҳои тасдиқшудаи корҳои омори аз ҳисоби фармоишгар маблағгузори мешаванд.

Маблағи аз фаъолияти хоҷагидори ба дастомада баъди пардохти андоз аз тарафи мақомоти омори давлати бо тартиби муқарраргардида барои мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии онҳо истифода мешавад.

Моддаи 6. Мушоҳидаҳои омории давлати

Баҳисобгирии расмии оморро мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мушоҳидаҳои омории давлати ба амал мебароранд.

Мушоҳидаҳои омории давлати ҷумҳурияви ва минтақави шуда метавонанд.

Ба мушоҳидаҳои омории давлатии ҷумҳурияви мушоҳидаҳои омории равандҳои иҷтимоию иқтисоди, ки мақомоти омори давлатии ҷумҳури мутобиқи барномаи корҳои омори мепардозанду Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барномаро ҳар сол тасдиқ мекунад, мансубанд.

Ба мушоҳидаҳои омории давлатии минтақави мушоҳидаҳои омории равандҳои иҷтимоию иқтисодии мақомоти ҳудудии омори давлати мансуб мебошанд.

Ба мушоҳидаҳои омории давлати шахсони ҳуқуқи ва воқеи мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалбшуда метавонад. (Қонун аз 3.03.06с.№171)

Моддаи 7. Ҷамъовари ва истифодаи маълумоти омори

Аз ҷониби шахсони ҳуқуқи ва воқеи пешниҳод намудани маълумоти омори аз рӯи ҳама намудҳои мушоҳидаи омории давлати ҳатми ва ройгон мебошад. Маълумот ба мақомоти омор дар ҳамин зарури хушсифат ва дар мӯҳлату суроғаи муқарраргардида пешниҳод карда мешавад. (Қонун аз

3.03.06с.№171)

Маълумоти омории аз субъектҳои хоҷагидори гирифташуда барои эҳтиёҷи идораи давлат истифода гардида, дар воситаҳои ахбори омма чоп шуда метавонад. Дар айни замон маълумоти аз шахсони воқеи гирифтаро танҳо бо розигии онҳо ошкор кардан мумкин аст. Маълумоти дорои сирри давлати ё тиҷорати набояд ошкор шавад ва он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад. (Қонун аз

3.03.06с.№171)

Истифодабарандагони маълумоти омори ҳақ надоранд, ки маълумоти гирифтаашонро бе розигии мақомоти омори давлати, нашр ё паҳн намоянд. Барои интишори маълумоти омори давлати бе розигии мақомоти он, ё барои маълумоти аз тарафи намояндагиҳои мустақили омори дода шуда, мақомоти омори давлати ҷавобгар нестанд. (Қонун аз 22.04.03с.№6,Қонун аз

3.03.06с.№171)

БОБИ 3. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТИ

Моддаи 8. Ҳуқуқи мақомоти омори давлати

Мақомоти омори давлати ҳуқуқ доранд:

аз мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии маҳалли, корхонаҳои дорои инвеститсияи хориҷи, шахсони ҳуқуқи ва воқеи ва субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла молия, бонк, суғурта, гумрук, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораву хадамот дар ҳаҷм ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти омори бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти аниқи омори, аз ҷумла маълумоти дорои сирри тиҷоратию давлати гиранд; (Қонун аз

22.04.03с.№6, Қонун аз 3.03.06с.№171)

миёни аҳоли таҳқиқоти омори гузаронанд ва аз шаҳрвандон маълумоти барои мақсадҳои омори зарур гиранд;

ҳангоми зарурат дурустии маълумоти омории аввалия ва ҷамъбастиро санҷанд. Дар сурати ошкор шудани нодурустии маълумот барои рафъи онҳо дастурҳои иҷрояшон ҳатми диҳанд ва ба маълумоти омории ҷамъбасти ислоҳи дахлдор дохил намоянд;

манфиати давлатро дар амалҳои якҷоя ва ҳамкори бо идораҳои омории дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилали ҳифз намоянд; (Қонун аз

3.03.06с.№171)

аз рӯи шартномаҳои хоҷаги корҳои омори, таҳлили, маълумотию ҳисоббарори ва дигар корҳоро доир ба мавзӯъҳои соҳави анҷом диҳанд;

фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар соҳаи ҷамъоварии маълумоти омори, омӯзиши рушди иқтисодию иҷтимоии давлат назорат кунанд;

дар доираи салоҳияти худ қарорҳое қабул кунанд, ки иҷрояшон барои шахсиятҳои ҳуқуқии дахлдор ва дигар субъектҳои хоҷагидор ҳатми аст; (Қонун аз 3.03.06с.№171)

мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба ҳамкории омории байналмилали шартнома банданд; (Қонун аз 22.04.03с.№6)

ҳисоботи аз рӯи тартиби муқарраргардида тасдиқнашуда, инчунин маълумоти нодаркори ҳамаи субъектҳои хоҷагидорро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон ошкор ва беэътибор намоянд; (Қонун аз

22.04.03с.№6)

гузаронидани баруйхатгири ва тадқиқот дар он бахшҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва шахсони воқеи, ки берун аз мушоҳидаҳои омори қарор доранд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳаҷму мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти омори. (Қонун аз 22.04.03с.№6)

Моддаи 9. Вазифаҳои мақомоти омори давлати

Мақомоти омори давлати вазифадоранд:

методологияи оморро мувофиқи стандартҳои байналмилалии омор таҳия намуда, шахсони ҳуқуқии ҳисоботдиҳанда ва дигар субъектҳои хоҷагидорро бо маълумоти зарурии омори ва шаклҳои ҳисоботии зарурии омори таъмин кунанд; (Қонун аз 22.04.03с.№6 Қонун аз 3.03.06с.№171)

мушоҳидаҳои омории давлатиро мувофиқи барномаҳои муқарраргардида ба роҳ монда, мақомоти ҳокимияти давлати ва идории маълумоти омориро дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳури таъмин намоянд;

маълумоти омории ҷамъбастиро барои доираи васеи истифодакунандагон, аз ҷумла бо роҳи нашри он дар матбуот, аз тариқи радио ва телевизион дастрас созанд;

аз рӯи дархости шахсони ҳуқуқи ва воқеи маълумоти аввалияро дар бораи онҳо, ки дар ихтиёри мақомоти омор мебошанд, пешниҳод намоянд; (Қонун аз 3.03.06с.№171)

сирри давлати ва тиҷорати, ҳамчунин маҳрамияти маълумоти аввалияро дар бораи шахсони воқеи риоя кунанд; (Қонун аз 3.03.06с.№171)

маълумоти омориро ба таври лозима саришта, ҷамъовари ва ба талаботи рӯз мувофиқ намоянд.

Кормандони мақомоти омори давлати вазифадоранд махфияти маълумоти омории мавҷударо нигоҳ доранд.

БОБИ 4. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНИ МАЗКУР

Моддаи 10. Ҷавобгари барои пешниҳод накардан ё ғалат додани маълумоти мушоҳидаҳои омории давлати

Шахсони ҳуқуқи, субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳангоми мушоҳидаҳои омории давлати маълумот пешниҳод накардаанд ё маълумоти ғалат додаанд, мувофиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмури ё ҷинои кашида мешаванд. (Қонун аз 3.03.06с.№171)

Моддаи 11. Ҷавобгарии мақомоти омори давлати

Мақомоти омори давлати ва кормандони онҳо барои риоя накардани сирри давлати ва тиҷорати, ҳамчунин дигар талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

 аз 15 майи соли 1997 № 431