Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 № 464 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи омори давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 127; с. 2003, № 4, мод. 136; с. 2006, № 3, мод. 161) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми дуюми дебоча дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муқаррароти Қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсоне, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, ҳамчун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият, тобеият, маҳалли ҷойгиршавӣ, шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва дигар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.".

2. Дар қисми якуми моддаи 2 ва дар тамоми матни Қонун сархатҳои моддаҳо бо аломати дефис " - " ишора карда шаванд.

3. Дар қисми панҷуми моддаи 6 ва дар қисми якуми моддаи 9 калимаҳои "ҳуқуқӣ ва воқеӣ" ба калимаҳои "воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

4. Қисми якуми моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод кардани маълумоти оморӣ аз рӯи намудҳои мушоҳидаҳои омории давлатӣ ҳатмӣ ва ройгон мебошад. Маълумот ба мақомоти омор дар мӯҳлати муқарраргардида ба суроғаи нишондодашуда пешниҳод карда мешавад.".

5. Дар қисми якуми моддаи 8:

- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои дорои сармояи хориҷӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳаҷм ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти оморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дақиқи оморӣ, аз ҷумла маълумоти дорои сирри тиҷоратию давлатӣ гиранд;";

- дар сархати ҳафтум калимаҳои "шахсиятҳои ҳуқуқии" ба калимаҳои "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии" иваз карда шаванд;

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "мувофиқи тартиби муқарраршуда" ба калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

6. Дар сархати панҷуми қисми якуми моддаи 9 пеш аз калимаи "риоя" калимаҳои "ва ҳуқуқӣ" илова карда шаванд.

7. Боби 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 10. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

31 декабри соли 2008 № 464

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 29 октябри соли 2008 № 1157

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

 18 декабри соли 2008 №569

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

0 внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "0 государственной статистике"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 15 мая 1997 года "О государственной статистике" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., № 10, ст. 127; 2003 г., № 4, ст. 136; 2006 г., № 3, ст. 161) следующие изменения и дополнения:

1. Часть вторую преамбулы изложить в следующей редакции:

"Положения настоящего Закона действуют в Республике Таджикистан и распространяются на органы государственной власти, местные исполнительные органы государственной власти, участников предпринимательской деятельности, зарегистрированных в качестве физических и юридических лиц, иные хозяйствующие субъекты и организации, независимо от форм собственности, ведомственной подчиненности, места нахождения, организационно дефис - правовой формы и иных случаях, установленных законодательством Республики Таджикистан.".

2. В части первой статьи 2 и во всем тексте Закона абзацы статей выделить знаком дефис " - ".

3. В части пятой статьи 6 и части первой статьи 9 слова "юридические и физические" заменить словами "физические и юридические".

4. Часть первую статьи 7 изложить в следующей редакции:

"Предоставление физическими и юридическими лицами статистических данных по видам государственных статистических наблюдений является обязательным и бесплатным. Данные предоставляются статистическим органам в установленные сроки по указанному адресу.".

5. В части первой статье 8:

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"- получать в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке от органов государственной власти, местных органов государственной власти, органов местного самоуправления, предприятий и организаций с иностранными инвестициями, физических и юридических лиц в установленных статистическими органами объемах и сроках достоверные статистические данные, в том числе, составляющие коммерческую и государственную тайну;";

- в абзаце седьмом слова "юридическими лицами" заменить словами "физическими и юридическими лицами".

6. Абзац пятый части первой статьи 9 после слова "физических" дополнить словами "и юридических".

7. Главу 4 изложить в следующей редакции:

"Заключительные положения

Статья 10. Ответственность за нарушение настоящего Закона

Физические и юридические лица за нарушение настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".;

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе, 31 декабря 2008 года № 464

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О проекте Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной статистике"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной статистике".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан С.Хайруллоев

г. Душанбе, 29 октября 2008 года

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной статистике"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной статистике", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственной статистике".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г.Душанбе, 18 декабря 2008 года №569