ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993, №15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод.48, Фасли XVIII; с. 1997, №9, мод.117, Фасли VI; с. 1998, №10, мод.119, Фасли V; №22, мод.318; с. 1999, №5, мод.61; №9, мод.236; №12, мод.351; с. 2002, №4, қ.1, мод.158; №11, мод.711; мод. 735; с. 2005, №7, мод.406; с. 2007, №7, мод.695; с. 2008, №10, мод.823; с. 2009, №9-10, мод.547; с. 2011, №12, мод.853; с. 2012, №4, мод.273; №7, мод.703)
(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 22.05.1998 № 622, аз 13.11.1998 № 696, аз 14.05.1999 № 748, аз 3.09.1999 № 832, аз 11.12.1999 № 911, аз 2.12.2002 № 76, аз 2.12.2002 № 84, аз 25.07.2005 № 104, аз 30.07.2007 № 333, аз 06.10.2008 № 442, аз 5.10.2009 № 554, аз 26.12.2011 № 789, аз 16.04.2012 № 823, аз 03.07.2012 № 853, аз 18.03.2015 № 1199)
Қонуни мазкур мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқи таъминоти моддиро тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иҷтимоии дар ҳамин Қонун пешбинишуда кафолат медиҳад.
Қонун ба он равона шудааст, ки меҳнатро ҳамчун манбаи афзоиши сатҳи некӯаҳволии халқ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳарчи пурратар ба назар гирифта, аз муносибати баробарҳақдиҳӣ дар таъмини нафақа сарфи назар шавад. Ин Қонун ягонагии шарту меъёрҳои таъмини нафақаи коргарон, хизматчиён, аъзоёни колхозҳо ва дигар категорияҳои меҳнаткашонро муқаррар менамояд.
Қонун ҳимояи иҷтимоии нафақахӯронро бо роҳи муқаррар намудани нафақаҳо барои кифояти ақали зиндагӣ, инчунин мунтазам дида баромадани андозаҳои онҳоро бинобар каму зиёд шудани андозаи ҳадди ақали буҷети истеъмолӣ ва баланд шудани самаранокии иқтисодиёти ҷумҳурӣ кафолат медиҳад.
ФАСЛИ I.ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини нафақа
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи синну сол, аз рӯи маъюбӣ, ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ва сабабҳои дигари дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба таъмини нафақа ҳуқуқ доранд. Шаҳрвандони давлатҳои дигар ва шахсони бетабаае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар шарти дигаре дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад .
Моддаи 2. Намудҳои нафақа
Мувофиқи ҳамин Қонун чунин нафақаҳо таъин карда мешаванд:
а) нафақаҳои меҳнатӣ:
аз рӯи синну сол (пиронсолӣ);
аз рӯи маъюбӣ;
барои маҳрум шудан аз саробон;
барои хизмати дарозмуддат;
б) нафақаҳои иҷтимоӣ.
Моддаи 3. Шахсоне, ки ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд
Шахсони зерине, ки бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ машғуланд, дар сурати риояи шартҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ (контракт) дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, кооперативҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидориашон ё дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо кор мекунанд, ба шарте ки корхонаю ташкилотҳо ба мақомоти ваколатдор ҳаққи суғурта диҳанд ;
б) шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷоракории инфиродӣ (гурӯҳӣ) ё дар хоҷагии шахсии деҳқонӣ (фермерӣ), инчунин соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома машғул мебошанд, ба шарте ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи суғурта диҳанд ;
в) аъзои иттифоқҳои эҷодӣ, инчунин дигар кормандони эҷодие, ки узви иттифоқҳои эҷодӣ намебошанд, ба шарте ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи суғурта пардозанд;
г) шахсоне дигаре, ки воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ мебошанд;
д) кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд, шахсони сардорикунанда ва қатории хадамоти алоқаи махсуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто ;
е) донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омӯзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, докторантҳо;
ж) шахсоне, ки ба нисбати иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи наҷот додани ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ, коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд;
з) шахсоне, ки маъюби гурӯҳи 1 ё кудаки маъюби то 18-сола, инчунин шахси кӯҳансоли ба синни 80 расидаро нигоҳубин мекунанд ;
и) аъзои оилаи шахсони дар ҳамин модда зикршуда ва нафақахӯрон аз ҷумлаи ин шахсон, дар сурати маҳрум шудан аз саробон.
Моддаи 4. Таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаи онҳо
Шарту меъёрҳо ва тартиби таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд ва аъзои оилаи онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" муқаррар карда мешаванд. Инчунин ба онҳо барои гирифтани нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳуқуқ дода мешавад. Дар чунин ҳолат пардохти нафақаи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" таъиншуда қатъ мегардад .
Моддаи 4 (1). Шахсоне, ки ба нафақаи пеш аз мӯҳлат ҳуқуқ доранд
Ба нафақаи пеш аз мӯҳлат як сол қабл аз расидани синну соли нафақа шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки ба сабабҳои новобаста аз онҳо бекор мондаанд ва ҳаққи гирифтани ёрдампулӣ аз рӯи бекорӣ дар муддати 52 ҳафтаи тақвими доранд: мардҳо - бо собиқаи кори на камтар аз 25 сол ва занон - бо собиқаи на камтар аз 20 сол.
Ба хизматчиёни давлатӣ, ки ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ, ки аз мансаби давлатӣ озод шудаанд, дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатии иборат аз 25 сол барои мардҳо ва 20 сол барои занҳо ва аз ин на кам аз 10 солаш собиқаи хизмати давлатӣ бошад, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа бароянд .
Хорич карда шуд .
Нафақае, ки барои бекорон пеш аз мӯҳлат таъин шудааст, дар сурати ба кор даромадани онҳо пардохта намешавад. Баъди ба синни нафақа расидани чунин шахсон, ки дар ин маврид онҳо дар асосҳои умумӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд, ба онҳо тибқи моддаи 20-уми ҳамин Қонун нафақа дода мешавад .
Моддаи 4 (2). Хориҷ карда шуд
Моддаи 5. Ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ
Тамоми шахсоне, ки қобилияти меҳнат надоранд, сарфи назар аз мансубияти иҷтимоияшон бо шартҳои муайянкардаи ҳамин Қонун ба гирифтани нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 6. Ҳуқуқи интихоби нафақа
Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани нафақаҳои гуногунро доранд, мувофиқи интихобашон як нафақа таъин карда мешавад .
Моддаи 7. Муроҷиат барои таъини нафақа
Баъд аз ҳуқуқ пайдо кардан ба нафақа бидуни маҳдудияти мӯҳлат барои таъини нафақа муроҷиат намудан мумкин аст.
Дар айни замон нафақа аз рӯи синну сол ва маъюбӣ, сарфи назар аз он, ки фаъолият пеш аз лаҳзаи муроҷиат барои нафақа қатъ гардидааст ё давом дорад, таъин карда мешавад. Нафақа барои хизмати дарозмуддат дар сурати тарк намудани коре, ки ба чунин нафақа ҳуқуқ медиҳад, таъин карда мешавад.
Моддаи 8. Маблағҳои пардохти нафақа. Аз андоз озод намудани нафақаҳо
Нафақа аз мақомоти ваколатдор пардохта мешавад .
Аз нафақа андоз ситонида намешавад.
Маблағҳои мақомоти ваколатдор ба даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар фасли алоҳидаи таснифоти буҷетӣ дохил карда мешаванд ва хислати истифодаи мақсаднок дошта, ба мақсадҳои дигар истифода намешаванд .
Моддаи 9. Мақомоте, ки бо нафақа таъмин мекунанд
Таъмини нафақа мувофиқи ҳамин Қонун аз ҷониби мақомоти ваколатдор сурат мегирад .
Идоракунии мақомоти ваколатдор ва экспертизаи давлатии шароити меҳнат мутобиқи зарару гарониаш ба тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Истифодаи яксони ҳамин Қонунро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Моддаи 10. Масъалаҳое, ки дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд
Ба ғайр аз масъалаҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, ҳамчунин масъалаҳои вобаста бо тартиби таъин кардан ва пардохти нафақа, муайян намудани хусусиятҳои ҳисобкунии собиқаи кории категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон вобаста ба риоя намудани кафолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
ФАСЛИ II. НАФАҚАҲОИ МЕҲНАТӢ, НАФАҚА АЗ РӯИ СИННУ СОЛ
Моддаи 11. Шартҳои таъин кардани нафақа
Ба нафақа аз рӯи синну сол инҳо ҳуқуқ доранд:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 61 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 56-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
аз 1 июли соли 2002:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 62 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 57-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
аз 1 июли соли 2003:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 63 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 58-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол .
Моддаи 12. Нафақаҳои имтиёзноки вобаста ба шароити махсуси меҳнат
Ба нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок, сарфи назар аз ҷои кори охиринашон, инҳо ҳуқуқ доранд:
а) кормандоне, ки тамоми рӯзи корӣ дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои шароиташон басо зарарноку вазнин - истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рӯйхати №1-ум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, кор мекунанд;
мардҳо - пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикршуда;
занон - пас аз расидан ба 45-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, аз он на каматр аз 7 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда.
Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кории дорои шароити басо зараровар ва басо вазнинро доранд, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамии Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар як соли пурраи чунин кори мардҳо ва занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;
б) кормандоне, ки рӯзи пурраи корӣ дар дигар корҳои дорои шароити зараровар ва вазнин дар истеҳсолот, корҳо, касбу мансабҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рӯйхати №2-ум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, машғул мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол, аз онҳо на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикргардида;
занон - пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз онҳо на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикргардида.
Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кориашон дорои шароити зараровар ва вазнин мебошад, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар 2 солу 6 моҳи чунин кори мардҳо ва барои ҳар 2 соли чунин кори занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;
в) тракторчиён-мошинистҳое, ки бевосита дар колхозу совхозҳо ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, - мардҳо пас аз расидан ба синни 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 20-солаш дар кори мазкур;
г) занҳое, ки ба сифати тракторчиён-мошинистҳо, мошинистҳои мошинҳои бинокорӣ, роҳсозию боркунанда ва борфарорандаи дар асоси тракторҳо ва экскаваторҳо сохташуда кор мекунанд, - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 15 солаш дар кори мазкур;
д) заноне, ки ба сифати говҷӯшҳо (операторони мошинҳои говҷӯшӣ), хукпарварон-операторҳо дар колхозу совхозҳо кор мекунанд - пас аз расидан ба синни 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур, бо шарти иҷро кардани нормаҳои муқарраргардидаи хизматрасонӣ.
Меъёри хизматрасонӣ барои ин мақсадҳо бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, муқаррар карда мешавад;
е) заноне, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва ҷамъоварии пахта, парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди пас аз ҷамъоварии тамоку машғул мебошанд, - баъд аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;
мардҳое, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва ҷамъоварии пахта машғул мебошанд, ба нафақа аз рӯи синну сол пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори мазкур ҳуқуқ доранд. Дар айни замон то расидани мардҳо ба синни нафақа, ки дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, нафақа аз ҳисоби маблағи колхозу совхозҳо пардохта шавад;
ж) коргарзанони истеҳсолоти нассоҷӣ, ки дар дастгоҳҳою мошинҳо аз рӯи рӯйхати истеҳсолоту касбҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, кор мекунанд, - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;
з) ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ мувофиқи рӯйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 15-солаш бевосита дар кори мазкур;
занон - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш бевосита дар кори мазкур;
и) коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва категорияҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ мустақиман машғул буда, амнияти ҳаракатро дар нақлиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд, аз рӯи Номгӯи касбу мансабҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда;
ронандагони автомобилҳои боркаш, ки дар ҷараёни технологияи шахтаҳо, конҳои маъдан ва конҳои кушода мустақиман ширкат варзида, ангишт, сланетс, маъдан ва сангу маъдан мекашонанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикршуда .
То расидани шахсони дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба синни нафақаи дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраргардида пардохти нафақаи онҳо аз ҳисоби маблағҳои ташкилоте, ки дар он корҳои ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдиҳанда иҷро гардидаанд, амалӣ карда мешавад .
Хорич карда шуд .
Хорич карда шуд .
Ба кормандони дигари истеҳсолот, касбу вазифаҳо нафақаҳои пеш аз мӯҳлат вобаста аз шароити меҳнат (вале на пештар аз расиданашон ба синни 55 барои мардҳо ва синни 50 барои занон) метавонанд аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз ҳисоби маблағи барои пардохти музди меҳнат пешбинишудаи корхонаю ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти нафақаҳо то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешаванд, муқаррар гарданд .
Тартиби таъмини нафақаи шахсоне, ки то ҷорӣ шудани ҳамин Қонун корҳоеро анҷом медоданд, ки шароиташон зиёновару вазнин буда, дар қонунгузории пештар амалкунанда пешбинӣ гардидаанд, дар моддаи 117-уми Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
Назорат ба дурустии истифодаи рӯйхатҳои таъмини нафақаи имтиёзнок (бандҳои "а"; "б" ва "и") ва сифати гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ дар корхонаю ташкилотҳо, таҳияи пешниҳодҳо барои такмили ин рӯйхатҳо ба зиммаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат гузошта мешавад. Низомномаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат ва тартиби гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои кориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад .
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад .
Моддаи 13. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба кормандоне, ки дар конҳои зеризаминӣ ва кушода кор мекунанд
Кормандоне, ки рӯзи пурраи корӣ бевосита дар конҳои зеризаминӣ ва кушода (аз ҷумла ҳайати шахсии гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ аз фалокатҳои кон), оиди истихроҷи ангишт, сланетс, маъдан ва маъданҳои дигар, дар сохтмони шахтаю конҳо машғули кор мебошанд - аз рӯи феҳристи кору касбҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, сарфи назар аз синну солашон, ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар онҳо дар ин корҳо на камтар аз 25 сол кор карда бошанд ва кормандони касбҳои пешбари ин корҳо: коргарони конҳо, коргоҳи истихроҷи маъдан, нақбканҳо, маъданканҳо бо метини маъданканӣ, мошинистҳои мошинҳои маъданбарорӣ дар сурате, ки дар ин корҳо на камтар аз 20 сол кор карда бошанд.
Дар сурати мавҷудияти собиқаи кории корҳои зеризаминӣ камтар аз 10 сол барои мардҳо ва 7 солу 6 моҳ барои занон барои ҳар як соли пурраи ин корҳо синни нафақавии дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда 1 сол кам карда мешавад.
Моддаи 14. Баҳисобгирии мутақобилаи корҳои дорои шароити гуногуни махсуси меҳнат
Фаъолияти меҳнатии дорои шароити махсуси меҳнат бо тартиби зерин ҷамъбаст мешавад:
ба кори дорои шароити вазнини меҳнат (банди "б"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур) кори зеризаминӣ, кори дорои шароити зараровар ва кор дар коргоҳҳои (сехҳои) гарм (банди "а"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) ва давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми Қонуни мазкур), илова карда мешаванд;
ба кор дар вазифаи тракторчиён-мошинистҳо дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин мошинистҳои мошинҳои сохтмонӣ, роҳсозӣ, боркунанда ва борфароранда (бандҳои "в" ва "г"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), кори зеризаминӣ, кори дорои шароити басо зараровар ва кор дар коргоҳҳои гарм (банди "а"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун), кор дар шароити вазнин (банди "б"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), инчунин давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми ҳамин Қонун) илова карда мешавад;
ба кор дар саноати бофандагӣ (банди "ж"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) тамоми дигар корҳои фавқуззикр илова карда мешаванд.
Моддаи 15. Дигар намудҳои нафақаҳои имтиёзнок
Инҳо ба нафақаҳои имтиёзнок ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд ва доимӣ дар он ҷо истиқомат мекунанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд;
мардҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
б) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на амтар аз 20 сол;
в) заноне, ки панҷ ва беш аз ин кӯдак зоида, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва модарони ашхоси аз кӯдакӣ маъюб, ки онҳоро то ин синну сол тарбия кардаанд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, бо назардошти мӯҳлати нигоҳубини кӯдакон (бандҳои "ж" ва "з"-и моддаи 63-юми Қонуни мазкур) ё дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, бе назардошти мӯҳлати зикргардидаи нигоҳубини кӯдакон ба нафақа ҳуқуқ доранд. Дар айни замон кӯдакони маъюби то синни 18-сола, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ доранд (моддаи 109-уми Қонуни мазкур), ҳамчунин ба ҷумлаи шахсони аз кӯдаки маъюб мансуб мебошанд ;
г) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизари (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб ба нафақа аз рӯи синну сол дар мавридҳои зайл ҳақ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
д) маъюбони гурӯҳи 1 аз ҷиҳати биноӣ:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 10 сол;
е) иштирокдорони рафъи оқибатҳои фалокати корхонаи зappaвии барқии Чернобил дар синну соли зайл ба нафақа ҳақ доранд;
Мардҳо - баъд аз расидани ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занон - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад.
Моддаи 16. Андозаҳои нафақа
Нафақаи синну сол ба андозаи 55 фоизи маош аммо ба шахсоне, ки дар корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд (мардҳо - 25 сол ва занҳо - 20 сол), ба андозаи 60 фоиз маош (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) таъин карда мешавад. Барои ҳар як соли пурраи корӣ зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон нафақа ба андозаи 1 фоизи маош меафзояд , .
Нафақаи кормандоне, ки бо корҳои дар банди "а"-и моддаи 12 ва моддаи 13-уми Қонуни мазкур пешбинишуда машғул мебошанд, барои ҳар як соли корӣ зиёда аз 10-солаи мардҳо ва 7 солу 6 моҳаи занон, ки барои нафақа бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, ба андозаи 1 фоизи маош зиёд мешавад.
Андозаи нафақаи шахсоне, ки собиқаи кории зарурӣ (мардҳо 25 сол ва занҳо 20 сол) доранд, наметавонад аз андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол кам бошад. Нафақаҳо аз рӯи синну сол, ки ба андозаи ҳадди ақал таъин гардидаанд, барои ҳар як соли пурраи тамоми собиқаи кории зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон ба андозаи 1 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд мешаванд .
Андозаи нафақа аз рӯи синну сол, ки мутобиқи қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи мазкур ҳисоб карда шудааст, наметавонад аз 75 фоизи маош аммо ба онҳое, ки дар як корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд, - мардҳо - 25 сол ва занон - 20 сол, наметавонад аз 80 фоизи маош зиёд бошад зиёд бошад .
Андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар дар ҳаҷми 2,5 баробари ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда мешавад .
Қисми шашум хориҷ карда шуд .
Ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва барои занҳо дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол ҳангоми пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа тибқи Қонуни мазкур ба андозаи 80 фоизи музди меҳнаташон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) нафақа таъин карда мешавад. Нафақа барои ҳар як соли узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон будан ба андозаи ду фоизи музди меҳнаташон зиёд карда мешавад, вале он аз 90 фоизи музди меҳнати онҳо зиёд буда наметавонад
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд .
Моддаи 17. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи кории нопурра
Шахсоне, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кории кофӣ надоранд (моддаи 11-уми Қонуни мазкур), дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 5 сол ба онҳо мутаносиби собиқаи кории мавҷуда (моддаи 77-уми Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, нафақа аз рӯи синну сол бо собиқаи нопурра таъин карда мешавад .
Ҳангоми таъин кардани нафақа бо собиқаи кории нопурра шартҳои имтиёзноки синну сол ва собиқаи кори барои таъин намудани нафақаҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, истифода намешаванд.
Ба нафақаҳо аз рӯи синну сол, ки бо собиқаи кории нопурра таъин гардидаанд, иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 18 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд .
Моддаи 18. Иловапулиҳо ба нафақа
Ба нафақа аз рӯи синну сол, аз ҷумла нафақае, ки ба андозаи ҳадди ақал ҳисоб карда шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
а) ба нафақахӯроне, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзоёни корношоями оила доранд (модаҳои 37, 38, 39, 40-уми Қонуни мазкур), ба ҳар як узви оила, вале на ба беш аз 3 нафар - ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ;
б) нафакахӯрони яккаю танҳо, ки ба синни 80 расидаанду ба нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷ доранд,- барои нигоҳубини онҳо ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол. Дар айни замон далели мансубият ба нафақахӯрони яккаю танҳо, инчунин эҳтиёҷманди нигоҳубини каси дигар аз ҷониби мақомоти ваколатдор муқаррар карда мешавад , .
Иловапулиҳои дар бандҳои "а" ва "б"-и ҳамин модда пешбинишуда метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд:
в) нафақаи синну соли маъюбони ҷанги гурӯҳҳои I-II-150 фоиз, барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ - маъюбони гурӯҳҳои I-II аз сабаби бемориҳои умумӣ ва маъюбони ҷанги гурӯҳи III - 100 (фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, зиёд мегардад ;
г) нафақаи синну сол барои дигар иштирокчиёни ҷанг аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони ҳайати кироя, писархондҳои (тарбиятгирандагони) полкҳо ва юнгаҳо, ки дар ҳайати армияи амалкунанда, дастаҳою қисмҳои партизанӣ хизмат кардаанд, хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок кардаанд, ба андозаи 75 фоизи нафақаи камтарини синну сол зиёд карда мешаванд .
д) нафақаи синну сол барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд - 50 фоиз, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи Нишони Шарафи меҳнат мукофотонида шудаанд, шахсони дар давраи аз 22 маи соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбӣ буда (ғайр аз шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар ҷойҳои муваққатан ишғолкардаи душман, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ва барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз
22.06с.1941 то 3.09 с.1945) бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд15 фоизи нафақаи камтарини синну сол меафзояд .
е) нафақа аз рӯи синну сол барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 вобаста ба рафъи садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтақаҳои олудагии радиоактивӣ1 150 фоиз зиёд мешавад;
нафақаи иштирокчиёни рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтакахои олудагии радиоактиви маъюбони гуруххои I ва II беморихои умуми ва маъюбони гурухи III, ки дар натичаи осори офатхои экологи маъюб гардидаанд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Нафака аз руи синну сол ба иштирокчиёни минтакахои офатхои экологи ба андозаи 75 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
ж) нафака аз руи синну сол ба сокинони Ленингради мусодирашуда дар давраи аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1945: зиндониёни ноболиги конслагерхои фашисти, чойхои акаллиятнишин ва нигахдории мачбури, ки аз чониби фашистони олмони ва иттифокчиёни онхо дар давраи чанги дуюми чахон сохта шуда буданд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
з) нафақа аз руи синну сол ба онхое, ки беасос аз руи акидахои сиёсиашон хабс шуда, баъдан сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди акали нафақа аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
и) нафақа аз руи синну сол ба шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
к) нафақа аз руи синну сол ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии СССР" доранд, ба андозаи 10 фоизи нафакаи мукарраршуда зиёд мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, ;
л) нафака аз руи синну сол ба шахсоне, ки дар нохияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон истикомати доими мекунанд, ба андозаи ду нафакаи хадди акали синну сол зёд карда мешавад ;
м) иловапулиҳо ба нафақаи аз рӯи синну сол таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ӯ иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Иловапулиеро, ки дар бандҳои "в", "г" ва "д", "е", "ж", "з", "и", "к", "л" ва "м"-и ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, дар як вақт ҳисоб карда додан мумкин аст Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 19. Даврае, ки барои он нафақа таъин мегардад
Нафақаи синну сол, сарфи назар аз ҳолати қобилияти корӣ, умрбод таъин карда мешавад.
Моддаи 20. Андоза ва тартиби пардохти нафақа ба нафақахӯроне, ки кор мекунанд
Андоза ва тартиби пардохти нафақаро ба нафақахӯроне, ки кор мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
ФАСЛИ III. НАФАҚА A3 РӯИ МАЪЮБӢ
Моддаи 21. Шартҳо ва давраи таъини нафақаи маъюбӣ
Нафақаи маъюбӣ дар сурати фаро расидани маъюбие, ки боиси пурра ё қисман аз даст додани қобилияти корӣ гардидааст, ба сабабҳои зайл таъин мегардад:
а) маъюб шудан дар кор ё бемории касбӣ;
б) бемории умумӣ (аз ҷумла маъюбии новобаста ба кор, маъюбӣ аз кӯдакӣ);
в) осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
г) беморие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ба он гирифтор шудаанд (моддаи 24.2).
Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "а" ва "б" таъин шудаанд, новобаста аз он, ки маъюбӣ кадом вақт рӯй додаст - дар давраи кор, то оғози кор (таҳсил) ё баъди анҷоми он муқаррар карда мешаванд. Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "в" ва "г" таъин шудаанд, дар он сурат муқаррар карда мешаванд, ки маъюбият дар давраи хизмати ҳарбӣ ё на дертар аз се моҳи баъди ҷавобшавӣ аз хизмати ҳарбӣ ё худ баъдтар аз ин мӯҳлат, вале дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ё бемориҳои давраи хизмати ҳарбӣ рӯй дода бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Нафақаи маъюбӣ барои тамоми давраи маъюбӣ, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад .
Моддаи 22. Гурӯҳҳои маъюбӣ
Маъюбон вобаста аз дараҷаи гум кардани қобилияти кор ба се гурӯҳ тақсим мешаванд.
Тартиби муайян намудани дараҷаи корношоямии маъюбон, муқаррар намудани гурӯҳҳои маъюбӣ, сабаб, давра ва мӯҳлати маъюбии шаҳрвандонро Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар менамояд. Низомномаи Хадамоти давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад .
Низомномаи ин комиссияҳоро, ки онҳо дар асоси он амал мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 23. Собиқаи корие, ки барои нафақагирӣ ҳуқуқ
Нафақаи маъюбӣ дар асари маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ (моддаи 24-уми Қонуни мазкур), сарфи назар аз собиқаи корӣ, таъин карда мешавад.
Нафақаи маъюбӣ ба сабаби бемории умумӣ дар сурати то вақти фаро расидани маъюбӣ мавҷуд будани собиқаи кории зерин таъин карда мешавад: Собиқаи корӣ (бо солҳо)
То расидан ба синни 23 1
аз 23-солагӣ то расидан ба синни 26 2
аз 26-солагӣ то расидан ба синни 31 3
аз 31-солагӣ то расидан ба синни 36 5
аз 36-солагӣ то расидан ба синни 41 7
аз 41-солагӣ то расидан ба синни 46 9
аз 46-солагӣ то расидан ба синни 51 11
аз 51-солагӣ то расидан ба синни 56 13
аз 56-солагӣ то расидан ба синни 61 14
аз 61-солагӣ ва зиёда аз он 15
Агар собиқаи кории барои гурӯҳи синну соли дахлдор зарур ба даст оварда шуда бошад ва кор пас аз гузаштан ба гурӯҳи дигари синну сол идома ёфта бошад, шарти собиқаи корӣ, сарфи назар аз талаби барои гурӯҳи синну соли дигар муқарраргардида, иҷрошуда ба ҳисоб меравад.
Ба шахсоне, ки дар асари бемории умумӣ дар давраи кор ё пас аз қатъ гардидани он, то расидан ба синни 20 маъюб гаштаанд, нафақа, сарфи назар аз собиқаи корӣ, таъин карда мешавад.
Ҳангоми гузаштан аз нафақаи маъюбӣ бар асари маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ ба нафақаи маъюбӣ бар асари бемории умумӣ собиқаи кории зарурӣ аз рӯи синну сол аз замони аввалаи муқаррар намудани маъюбӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 24. Маъюбӣ ба сабаби маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ
Маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор фарорасида дониста мешавад, агар ҳодисаи нохуше, ки боиси маъюбӣ гаштааст, дар мавридҳои зерин ба амал омада бошад (ба истиснои ҳолатҳои содир намудани кирдори ғайриқонунӣ):
а) ҳангоми иҷрои вазифаҳои корӣ (аз ҷумла ҳангоми сафари хизматӣ), инчунин ҳангоми иҷрои ягон хел амал бар манфиати корхона ё ташкилот, агарчи онҳо бе супориши махсус иҷро шуда бошанд;
б) дар роҳ ҳангоми ба кор рафтан ё аз кор баргаштан;
в) дар ҳудуди корхона, ташкилот ё ҷои дигари кор дар давоми вақти корӣ (аз ҷумла танаффусҳои муқарраргардида), дар давоми вақте, ки пеш аз оғози кор ё пас аз анҷоми он барои ба тартиб даровардани олоти истеҳсолот, сарулибос ва ғайра зарур мебошад;
г) дар наздикии корхона, ташкилот ё ҷои дигари кор дар давоми вақти корӣ (аз ҷумла танаффусҳои муқарраргардида), агар дар он ҷо будан ба қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ мухолиф набошад;
д) ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин иҷрои супоришҳои ташкилотҳои давлатию ҷамъиятие, ки бо тартиби муқарраргардида мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳарчанд ки ин супоришҳо ба кори асосӣ вобаста набошад;
е) ҳангоми иҷрои қарзи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ.
Рӯйхати бемориҳои касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 24.1 Маъюбият дар натиҷаи осеби ҳарбӣ
Маъюбияти шаҳрвандоне, ки давраи хизмати ҳарбиро адо кардаанд, вақте натиҷаи осеби ҳарбӣ ҳисоб меёбад, ки он дар асари захм, контузия, маҷрӯҳшавӣ ҳангоми ҳимояи Ватан ё ҳангоми иҷрои дигар ӯҳдадориҳои (вазифаҳои) хизмати ҳарбӣ ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирок дар ҷанг ё адои хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар он ҷоҳо амалиёти ҷангӣ бурда мешуд, рӯй дода бошад. Ба ҷумлаи касоне, ки дар натиҷаи осеби ҳарбӣ маъюб шудаанд, ҳамчунин собиқ хизматчиёни ҳарбие тааллуқ доранд, ки дар асари захмдорӣ, контузия, ҷароҳат ё бемориҳои давраи асирӣ маъюб шудаанд, ба шарте ки асорати онҳо ихтиёри набошад ва хизматчии ҳарбӣ ҳангоми асирӣ ба Ватан хиёнат накарда бошад, ё дар давраи дар артиши амалкунанда ба сифати писархонди (тарбиягирандаи) полкҳо ва юнгаҳо буданаш маъюб шуда бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 24.2 Маъюбияте, ки кас дар натиҷаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) мубтало шудааст
Маъюбият вақте ба амаломада ҳисоб мешавад, ки агар сабабаш осеби воқеаи нохуш буда, он ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ (вазифаҳои хизматӣ) алоқаманд нест, ё худ бемориҳое бошанд, ки бо адои хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар он ҷоҳо амалиёти ҷангӣ бурда шудаанд ё бо иштирок дар фронт алоқаманд набошанд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 25. Нафақа ба шаҳрвандони муҳоҷире, ки аз мамлакатҳои дигар омадаанд
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷироне, ки аз мамлакатҳои дигар ворид гашта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор накардаанд нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
а) аз рӯи маъюбӣ бар асари маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ сарфи назар аз собиқаи корӣ;
б) аз рӯи маъюбӣ дар асари бемории умумӣ - дар сурати мавҷуд будани собиқаи корие, ки аз рӯи синну сол то рӯзи муқаррар намудани маъюбӣ зарур мебошад.
Ба шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчида омадаанд, нафақа мувофиқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад, агар чизи дигаре дар аҳдномаю созишномаҳои байни ин кишварҳо пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 26. Нафақаи донишҷӯён
Ба донишҷӯёни таълимгоҳҳои олию миёнаи махсус, омӯзишгоҳу мактабҳо ва курси омӯзиши кадрҳо, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
а) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор ё бемории касбӣ, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ ё машғулиятҳои амалӣ вобаста мебошанд, сарфи назар аз муддати дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ будан. Дар айни замон ба маъюбӣ бар асари маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, маъюбие баробар карда мешавад, ки бинобар иҷрои вазифаҳои давлатию ҷаъмиятӣ ё супоришҳои маъмурият, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ба тартиби муқарраргардида мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ё бинобар иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ фаро расидааст;
б) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби бемории умумӣ - агар донишҷӯ, аспирант ё ординатори клиникӣ дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дар давоми мӯҳлати лозимаи дар моддаи 23-юми ҳамин Қонун зикргардида таҳсил карда бошад.
Ба талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ нафақа дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, сарфи назар аз мӯҳлати таҳсил, таъин карда мешавад.
Моддаи 27. Андозаи нафақа
Нафақа дар мавриди маъюбӣ, ки дар бандҳои "а", "б", "г"-и моддаи 21 дар назар дошта шудаанд ба андозаҳои зерин таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223):
ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II - 70 фоиз, ба гурӯҳи III - 50 фоизи музди меҳнат модаҳои 70-86-уми Қонуни мазкур) , .
Агар маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III барои таъин кардани нафақа аз рӯи синну сол, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок, собиқаи кории зарурӣ дошта бошанд, нафақа аз рӯи маъюбӣ ба андозаи нафақа аз рӯи синну сол, мувофиқи собиқаи кории дахлдор таъин карда мешавад.
Ҳадди ақалли нафақа ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
барои маъюбони гурӯҳҳои I ва II ба андозаи 100 фоиз, маъюби гурӯҳи III - 50 фоизи нафақаи ҳадди ақалли аз рӯи синну сол.
Ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи маъюбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
- ба маъюбони гурӯҳи 1-10 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи II - 8 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи III - 6 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол .
Дар ҳама ҳолат андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи маъюбӣ наметавонад аз андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол камтар бошад .
Моддаи 28. Нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра
Ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II ба сабаби бемории умумӣ, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кофии корӣ надоранд (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) нафақа аз рӯи маъюбӣ дар сурати нопура будани собиқаи корӣ ба андозае таъин карда мешавад, ки мутаносиби собиқаи кории мавҷуда буда, вале на камтар аз 100 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ба маъюбони гурӯҳи I, маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз кӯдакӣ ва 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ба маъюбони гурӯҳи II бошад .
Ба нафақаҳо аз рӯи маъюбӣ бо собиқаи кории нопурра иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 31 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд .
Моддаи 29. Андозаи нафақаи донишҷӯён
Ба донишҷӯёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омӯзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курсҳо, аспирантура ё ординатура кор накардаанд, инчунин ба талабагони мактабҳои таълими умумӣ, ки ба сабаби маибшавӣ дар кор ё бемории касбии вобаста ба омӯзиши истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ ё дарсҳои амалӣ маъюб гаштаанд, нафақа дар мавриди маъюбӣ ба андозаҳои дар моддаи 27-уми Қонуни мазкур муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 30. Андозаи нафақаи шахсоне, ки бар асари иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ маъюб гаштаанд
Ба шахсоне, ки бар асари иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд (шахсоне, ки дар бандҳои "а", "е" ва "з"-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикр нагардидаанд) нафақа ба андозаи дар моддаи 27-уми ҳамин Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 30.1 Нафақаҳои барои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинишуда
Дар асосҳои баробар бо хизматчиёни ҳарбӣ, мувофиқи модаҳои 24.1 ва 24.2 нафақа ба инҳо таъин карда мешавад:
ба шахсони ҳайати роҳбарикунанда ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ. Зимнан дар назар дошта мешавад, ки маъюбии онҳо дар асари захм, контузия ва маҷрӯҳӣ, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба амал омадааст;
ба шаҳрвандоне, ки ба сабабҳои осори захм, контузия, маҷрӯҳӣ ё бемориҳои дар давраи хизмат дар баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои ҳимоякунандаи халқ ба амаломада маъюб шудаанд;
ба шаҳрвандоне, ки барои таълим ва санҷиши омодагии ҳарбӣ даъват шудаанд ва дар натиҷаи захм, контузия ё маҷрӯҳии ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ дар давраи гузаштани ин гуна ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба амаломада маъюб шудаанд.
Шаҳрвандони иштироккунандаи ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ки дар натиҷаи осори захм, контузия ё маҷрӯҳӣ дар вақти ҳимояи сохти констутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб дониста шудаанд ва маъюбии онҳо бо маъюбии дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад, аммо маъюбие, ки дар натиҷаи дигар сабабҳои дар давраи гузаштани хизмат дар мақомоти номбаршуда ҷойдошта ба амал омадааст, бо маъюбии дар натиҷаи бемориҳои дар давраи хизмати ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 30.2 Шартҳое, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаро барои хизматчиёни ҳарбӣ муайян мекунанд
Нафақа аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1), ё дар натиҷаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ (моддаи 24.2) новобаста аз муддати собиқаи умумии кор, аз он ҷумла хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 30.3 Андозаи нафақа аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ
Нафақа аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) барои гурӯҳҳои I ва II ба андозаи 85 фоиз ва барои гурӯҳи III 50 фоиз мувофиқи ҳаҷми таъмини пулӣ (музди меҳнат) таъин карда мешавад.
Ҳадди ақали нафақа аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- ба маъюбони гурӯҳи I -3 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи II -2,5 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи III -2 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол .
Моддаи 31. Иловапулӣ ба нафақа
Ба нафақа аз рӯи маъюбӣ, аз ҷумла нафақае, ки ба ҳадди ақал ҳисоб шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар мегарданд:
а) ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзои корношоями оила доранд, ба ҳар кадом узви корношоями оила, вале на бештар аз 3 нафар нонхӯр (модаҳои 36, 39, 40-уми Қонуни мазкур) - ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ;
б) ба маъюбони гурӯҳи I (ғайр аз маъюбони гурӯҳи I аз рӯи нобино), ҳамчунин ба маъюбони яккаву танҳои гурӯҳи II, ки ба ёрии дигарон муҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол; ба маъюбони гурӯҳи I аз рӯи нобиноӣ ва ба маъюбони осеби ҳарбидидаи гурӯҳҳои I ва II, ки ба ёрии дигарон муҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар ҳаҷми ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол. Нафақаи маъюбони осеби ҳарбидидаи гурӯҳи II (моддаи 24.1), ки барои гирифтани дигар намудҳои нафақа ва иловапулӣ барои нигоҳубин ҳуқуқ надоранд, 50 фоиз, барои маъюбони гурӯҳи III дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, .
в) нафақаи аз рӯи маъюбӣ барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ вa шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд, 25 фоиз, барои Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шарафи Меҳнат, барои шахсони аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбибуда (ғайр аз шахсоне, ки дар ҳайати артиши амалкунанда буданд), ҳамчунин барои онҳое, ки дар давоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945), камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти корӣ дар ҷойҳои муваққатан аз тарафи душман ишғолшуда мукофотонида шудаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ё барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945) бо ордену медалҳо мукфотонида шудаанд - 15 фоизи маоши камтарин аз рӯи синну сол меафзояд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
г) нафақа аз рӯи маъюбӣ барои гурӯҳҳои I ва II, дар натиҷаи маҷрӯҳшавӣ ё бемории мансуб ба минтақаи офати экологӣ мебошад, 150 фоиз, барои гурӯҳ III - дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
д) нафақа аз рӯи маъюбӣ барои шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
е) нафақа аз рӯи маъюбӣ ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии СССР" доранд,ба андозаи 10 фоизи нафақаи муқарраргардида зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, ;
ж) нафақа аз рӯи маъюбӣ ба сокинони Ленингради муҳосирашуда аз давраи 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 ва асирони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ, ҷойҳои ақаллиятнишин ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурии аз ҷониби фашистони олмонӣ ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ташкилшуда ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
з) нафақа аз рӯи маъюбӣ ба шахсоне, ки беасос аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ ҳабс шуда буданду баъдан онҳо сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
и) нафақа аз рӯи маъюбӣ ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мургоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқомати доимӣ мекунанд, ба андозаи ду нафақаи ҳадди ақали синну сол зиёд карда мешавад ;
к) иловапулиҳо ба нафақаи аз рӯи маъюбӣ таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76);
Иловапулиҳои дар бандҳои "а", "б", "в", "г", "д", "е", "ж", "з", "и" в "к"-и ҳамин модда пешбинишудa метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ӯ иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Ба нафақа аз рӯи маъюбии хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалистӣ дар қаламрави дигар давлатҳо дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардаанд ва иштирокчиёни минтақаҳои офатҳои экологӣ ба андозаи 75 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол иловапулӣ муқаррар карда мешавад .
Моддаи 32. хориҷ карда шуд
Моддаи 33. Мӯҳлати пардохти нафақа дар сурати тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ ё барқарор гаштани қобилияти корӣ
Дар сурати тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ нафақа ба андозаи нав аз рӯи тағйири гурӯҳи маъюбӣ пардохта мешавад.
Дар сурати қобили кор донистани маъюбе, ки аз муоинаи такрорӣ гузаштааст, нафақа то охири моҳе, ки дар давоми он маъюб қобили кор дониста шудааст, пардохта мешавад, вале барои давраи на бештар аз он рӯзе, ки маъюбӣ муқаррар гардидааст.
Моддаи 34. Шартҳои аз нав барқарор намудани пардохти нафақа дар сурати пайдоиши фосила дар давраи маъюбӣ
Агар маъюб дар мӯҳлати муқарраргардида барои муоинаи такрорӣ ба комиссияи экепертии тиббию меҳнатӣ ҳозир нашуда бошад, пардохти нафақаи ӯ боздошта мешавад ва дар мавриди маъюб донистани ӯ аз рӯзи боздошти нафақа, вале барои давраи на бештар аз як моҳ аз нав барқарор карда мешавад.
Дар сурати бо сабаби узрнок дар мӯҳлати муқарраргардида нагузаштан аз муоинаи такрорӣ нафақа бо қарори мақомоти ваколатдор аз рӯзи боздошти пардохт то рӯзи муоинаи такрорӣ, вале барои давраи на бештар аз 3 сол пардохта мешавад, агар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар ин давра шахсро маъюб донад. Дар айни замон, агар дар натиҷаи муоинаи такрорӣ шахси маъюб ба гурӯҳи дигари маъюбӣ (гурӯҳи баландтар ё пасттари маъюбӣ) гузаронида шавад, нафақаи давраи мазкур аз рӯи гурӯҳи пештара пардохта мешавад
Агар пардохти нафақа ба маъюбӣ бар асари бемории умумӣ қобилияти кориашро аз дастдода бо сабаби аз нав барқарор шудани қобилияти корӣ қатъ гардида бошад, ё ӯ бар асари ҳозир нагаштан ба муоинаи такрорӣ бе сабаби узрнок нафақаашро нагирифта бошад, дар ин ҳолат дар сурати эътирофи минбаъдаи маъюбии вай, пардохти нафақаи пештар таъингардида аз рӯзи муқаррар намудани маъюбӣ аз нав барқарор карда мешавад, ба шарте ки пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа на бештар аз 5 сол гузашта бошад. Агар беш аз 5 сол гузашта бошад, нафақа аз нав дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад.
Моддаи 35. Пардохти нафақа ба маъюбоне, ки маош ё даромади дигар доранд
Нафақа аз рӯи маъюбӣ, сарфи назар аз маош ё даромади дигар, бе иловапулӣ барои хӯрандаҳо пардохта мешавад .
ФАСЛИ IV. НАФАҚА БА САБАБИ МАҲРУМ ШУДАН A3 САРОБОН
Моддаи 36. Аъзои оилае, ки ба нафақа ҳуқуқ доранд
Ба нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аъзоёни азкорафтодаи оилаи саробонаш фавтида, ки таҳти таъминоти ӯ қарор доштанд, ҳуқуқ доранд (моддаи 37). Зимнан, нафақа ба фарзандони ғайри қобили меҳнат, ба волидайн ва ҳамсари азкорафтода ва ҳамчунин ба волидайн ва ҳамсарони ғайри қобили меҳнати шаҳрвандони дар натиҷаи осеби ҳарбӣ фавтида (ҳалокгардида), ба аъзоёни оилаҳои хизматчиёни ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
ба аъзоёни оилаҳои шахсони дар вақти гузаштани хизмати ҳарбӣ фавтида (ҳалокшуда) ва ё агар сабаби марг ба иҷрои хизмати ҳарбӣ алоқаманд набошад ва агар ин аъзоёни оила баъд аз сари саробонашон манбаи даромадро барои зиндагӣ аз даст дода бошанд, ба яке аз волидон, ба ҳамсар ё дигар аъзои оилаи дар банди "в"-и ҳамин модда нишон додашуда таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Инҳо аъзои корношоями оила ба ҳисоб мераванд:
а) фарзандон, бародару хоҳарон ва набераҳои ба синни 18 нарасида, ё аз ин синну сол калонтар, агар онҳо то расидан ба синни 18 маъюб шуда бошанд, зимнан бародарону хоҳарон ва набераҳо - ба шарте, ки волидайни қобили кор надошта бошанд;
б) падар, модар, зан, шавҳар, агар онҳо ба синну соли зерини нафақавӣ расида бошанд: мардҳо - 63 сол, занҳо - 58 сол ё онҳо маъюб бошанд ;
в) яке аз волидайн ё ҳамсар, бобо, бибӣ, бародар ё хоҳар сарфи назар аз синну сол ва қобилияти корӣ, агар онҳо кор накунанд ва машғули нигоҳубини кӯдакон, бародару хоҳарон ё набераҳое бошанд, ки ба синни 8 нарасида саробонашон фавтидааст;
г) бобою бибӣ - дар сурати набудани шахсоне, ки мувофиқи Қонун онҳоро бояд таъмин кунанд;
д) донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (таҳсили рӯзона) то вақти хатми муассисаҳои мазкур, вале на зиёда аз синни 23-солагӣ ;
Хорич карда шуд .
Тамоми қоидаҳои ҳамин Қонун, ки ба оилаҳои фавтидагон тааллуқ доранд (азбаски шарти дигаре зикр нагардидааст), мутобиқан ба оилаҳои касони беному нишон гумшуда дахл доранд, ба шарте ки гум шудани саробон бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шуда бошад. Оилаҳои хизматчиёни дар давраи амалиёти ҳарбӣ бе ному нишон гумшуда ба оилаҳои дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ҳалокшуда баробар дониста мешаванд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 36.1 Ҳуқуқ ба нафақаи имтиёзнок
Ҳамсарони шаҳрвандони дар асари осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) вафоткарда (ҳалокшуда), ки кӯдаки то 8-солаи шахси фавтида (ҳалокшуда)-ро нигоҳубин мекунанд, сарфи назар аз синну сол, қобилияти меҳнатӣ ва аз он ки ҳамсараш кор мекунад, ё не ба нафақаи ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд.
Ба волидайн ё ҳамсарони шахсони дар натиҷаи осеби ҳарбӣ вафоткарда (ҳалокшуда) (моддаи 24.1) нафақа ба сабаби маҳрум шудан саробон ҳангоми расидан ба синни 53-солагӣ таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, .
Моддаи 37. Аъзои оила, ки хӯранда дониста мешаванд
Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар сурате хӯрандаи ӯ ҳисоб меёбанд, ки агар онҳо дар таъминоти пурраи вай буда, ё аз ӯ кӯмаке мегирифта бошанд, ки барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки ёрии ӯ барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт буд ва худашон ягон хел нафақа мегирифтанд, ҳақ доранд, ки ба нафақаи нав гузаранд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 38. Додани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд
Ба кӯдакони ятиму бекас дар давраи таҳти таъминоти пурраи давлат буданашон нафақа пурра дода мешавад .
Ба кӯдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд ва дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, 25 фоизи нафақаи таъиншуда пардохт карда мешавад .
Тартиби пардохти нафақаро ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 39. Ҳуқуқи нафақаи падархонду писархонд
Падархондҳо баробари волидайн, писархондҳо баробари фарзандони худи ба нафақа ҳақ доранд.
Ноболиғоне, ки барои маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқи нафақагирӣ доранд, дар сурати писархонд шуданашон ҳам аз ин ҳуқуқ маҳрум нагарданд.
Моддаи 40. Ҳуқуқи нафақаи падарандару модарандар, писарандару духтарандар
Агар падарандару модарандар писарандар ё духтарандари фавтидаро (ҳалокшударо) камаш 5 сол тарбия ё таъмин карда бошад, баробари падару модар ба нафақа ҳақ доранд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, .
Агар писарандару духтарандар аз волидайн алимент намегирифта бошанд, баробари фарзандони ҳамхуни падарандару модарандар ба нафақа ҳақ доранд.
Моддаи 41. Боқӣ мондани нафақа ҳини ақди никоҳи нав
Нафақае, ки бинобар вафоти ҳамсар таъин гардидааст, баъд аз ақди никоҳи нави нафақахӯр ҳам бокӣ мемонад.
Моддаи 42. Собиқаи кории саробон, ки ҳуқуқи нафақагирӣ медиҳад
Ба оилаи саробоне, ки аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ вафот кардааст, инчунин ба оилаи нафақахӯри марҳум, сарфи назар аз собиқаи кории саробон, нафақа таъин карда мешавад.
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробоне, ки бинобар бемории умумӣ ё маъюбии новобаста ба кор фавтидааст, дар сурате таъин карда мешавад, ки собиқаи кории саробон то рӯзи вафоташ барои таъини нафақаи маъюбӣ мувофиқ бошад (моддаи 23-юми ҳамин Қонун).
Ба оилаҳои донишҷӯён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникие, ки то вақти дохил шудан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа мутобиқан бо худи ҳамин асосҳо таъин карда мешавад, ки дар мавриди маъюбӣ ба ин донишҷӯён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ (моддаи 26-уми Қонуни мазкур) таъин карда мешавад.
Ба оилаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони мамлакатҳои дигар, агар саробонашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор накарда бошанд, нафақа дар мавридҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба оилаҳое, ки дар мамлакатҳои дигар бинобар бесаробон монданашон нафақа мегирифтанд, сарфи назар аз собиқаи кории саробон;
б) ба оилаҳое, ки нафақа намегирифтанд, ба шарте ки саробонашон то рӯзи қатъ кардани кор собиқаи кории лозима дошта бошад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) ва дар сурати фавти ӯ аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ - сарфи назар аз собиқаи кории саробон.
Моддаи 43. Андозаи нафақа
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар узви корношоями оила 50 фоизи маоши саробон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол, таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, .
Нафақаи кӯдаконе, ки аз волидайнашон маҳрум шудаанд (ятимонн бекас) ё кӯдакони модари яккаи фавтида ба ҳар як кӯдак набояд камтар аз 100 фози ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол.
Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба ҳар як аъзои ғайри қобили меҳнати оила баробари 60 фоизи музди меҳнат (таъминоти пулӣ), ки дар моддаи 70-уми ҳамин Қонун муқаррар шудааст, таъин карда мешавад, аммо на камтар аз андозаи ду нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,.
Ҳадди ниҳоии нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви корношоями оила ба андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда мешавад .
Моддаи 44. Ҳисоби нафақаи ятимони бекас
Нафақаи кӯдакони ятими бекас аз маблағи умумии маоши падару модар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад .
Моддаи 45. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи нопурраи кор
Ба аъзои оилае, ки бесаробон мондааст ва ин саробон аз бемории умумӣ вафот кардаасту барои таъин кардани нафақаи пурраи маъюбӣ собиқаи кории кофӣ надорад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур), нафақаи мутаносибан ба андозаи собиқаи кории саробон таъин карда мешавад.
Ба оилаҳои нафақахӯрони фавтида, ки дар сурати пурра набудани собиқаи корӣ нафақа мегирифтанд, мутаносибан ба собиқаи корие, дар асоси он ба саробони фавтида нафақа муқаррар шуда буд, таъин карда мешавад.
Дар ҳар сурат андозаи нафақа ба ҳар як узви корношоями оилаи саробони фавтида наметавонад аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол камтар бошад .
Моддаи 46. Андозаи нафақаи оилаҳои талабаю донишҷӯён
Ба оилаҳои донишҷӯёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳо, мактабҳо ва курси омӯзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, ки то вақти ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дохил шуданашон кор намекарданд, нафақа ба андозае, ки дар моддаи 43-юми Қонуни мазкур муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад.
Моддаи 47. Андозаи нафақаи оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҳалок шудаанд
Ба оилаҳои шахсоне, ки бинобар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳалок шудаанд (шахсони дар бандҳои "а", "е", ва "з"-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида), нафақа ба андозаи дар моддаи 43-юми Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 47.1 Шартҳои таъин намудани нафақа барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ
Нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ (аз ҷумла партизанҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ муқарраршуда вақте таъин карда мешавад, ки агар саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ, ё худ бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ вафот карда бошад .
Хорич карда шуд .
Моддаи 47.2 Ҳуқуқи нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинигардида
Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ё бемории давраи хизмати ҳарбӣ, сарфи назар аз давомнокии собиқаи умумии корӣ, аз ҷумла хизмати ҳарбии саробон таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 48. Андозаи нафақаи оилаҳои нафақахӯрон
Ба оилаҳои нафақахӯрони фавтида нафақа мутобиқан аз рӯи меъёрҳое, ки барои оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми Қонуни мазкур зикргардида муқаррар шудаанд, таъин карда мешавад.
Моддаи 49. Ҳуқуқи муроҷиат барои таъини нафақа бе маҳдудияти мӯҳлат
Оилае, ки бинобар бесаробон монданаш ба нафақа ҳуқуқ дорад, метавонад барои таъин кардани нафақа бе ҳеҷ маҳдудияти мӯҳлат ҳар вақт пас аз фавтидан ё беному нишон дониста шудани саробон муроҷиат кунад.
Барои маҳрум шудан аз саробон ба инҳо нафақа таъин карда мешавад:
а) ба оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида, сарфи назар аз он, ки саробон чӣ вақт фавтидааст: дар давраи кор (таҳсил) ё пас аз қатъ кардани кор (таҳсил);
б) ба оилаҳои нафақахӯрон, агар саробон дар давраи гирифтани нафақа ё на дертар аз 5 соли пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа фавтида бошад.
хорич карда шуд .
Моддаи 50. Давраи таъин кардани нафақа. Тағйир додани андозаи нафақа
Нафақа дар мавриди маҳрум шудан аз саробон мувофиқи моддаи Қонуни мазкур барои тамоми даврае, ки дар давоми он узви оилаи марҳум корношоям ба ҳисоб меравад, таъин карда мешавад. Ба он аъзои оила, ки ба синни зерин расидаанд, ин нафақа умрбод таъин карда мешавад: мардҳо - 63-сола, занҳо - 58-сола .
Тағйири андозаи нафақа ё қатъи пардохти он ба аъзои оила аз рӯзи аввали моҳи дигари рӯй додани ҳодисае, ки боиси тағйир ёфтани андозаи нафақа ё қатъи пардохти он гаштааст, сурат мегирад.
Моддаи 51. Таъини як нафақа ба ҳамаи аъзои оила. Ҷудо кардани ҳиссаи нафақа
Ба ҳамаи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, як нафақаи умумӣ таъин карда мешавад.
Бо талаби узви оила ҳиссаи нафақаи ӯ ҷудо карда, алоҳида дода мешавад.
Ҳиссаи нафақа аз рӯзи аввали моҳи дигари расидани аризаи тақсими нафақа ҷудо карда мешавад.
Моддаи 52. Андозаи нафақа дар сурати тағйири шумораи аъзои оила
Дар сурати тағйир ёфтани шумораи аъзои оила, ки барои маҳрум шудан аз саробон бо нафақа таъмин карда мешаванд, нафақа низ мутобиқан аз рӯи шумораи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, кам ё зиёд карда мешавад.
Ҳамин гуна тағйири нафақа дар мавридҳое сурат мегирад, ки пардохти нафақа ба яке аз аъзои оила пас аз барҳам хӯрдани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани пардохти нафақа шуда буданд, боздошта ё барқарор карда мешавад.
Моддаи 53. Тартибу мӯҳлати муқаррар кардани маъюбии аъзои оила
Ба аъзои оила, ки маъюб мебошанд, қоидаҳои дар моддаҳои 21, 22, 33, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 34-уми Қонуни мазкур баён гардида мувофиқан татбиқ мешаванд .
Моддаи 54. Додани нафақа сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигар
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон, сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигари нафақахӯр дода мешавад .
ФАСЛИ V. НАФАҚА БАРОИ ХИЗМАТИ ДАРОЗМУДДАТ
Моддаи 55. Асоси таъмини нафақа барои хизмати дарозмуддат
Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони машғули корҳое муқаррар карда мешавад, ки иҷрояшон боиси аз даст додани қобилияти ихтисосии корӣ ё коршоямӣ то фаро расидани синне мешавад, ки ҳуқуқи ба нафақа баромадан медиҳад.
Моддаи 56. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи кормандони авиатсия ва ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо
Категорияҳои зерини коргарон ва хизматчиёни авиатсия, инчунин ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо, сарфи назар аз тобеияти идоравии корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки дар он ҷо кор мекунанд, ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд:
а) ҳайати ҳавонавардон ва озмоишгарони ҳавопаймо дар мавриди доштани собиқаи хизматии на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва на камтар аз 20 сол барои занон дар ҳамин вазифа.
Кормандони номбурда, ки аз корҳои парвоз аз сабаби вазъи саломатӣ (беморӣ) озод гардидаанд, дар сурати доштани собиқаи хизматии камаш 20 сол барои мардҳо ва камаш 15 сол барои занҳо мутаносибан ба вақти коркардаашон ба нафақа ҳуқуқ доранд.
Феҳристи мансаби кормандони ҳайати парвоз, тартиби ҳисоб кардани мӯҳлати хизмати дарозмуддати таъини нафақаи онҳо, инчунин тартиби таъин кардану додани нафақа ба ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо мувофиқи тартибе тасдиқ мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
б) кормандоне, ки ҳаракати ҳавоиро идора мекунанду шаҳодатномаи диспетчерӣ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он 10 солаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо.
Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандоне, ки парвози ҳавопаймоҳоро идора мекунанд, ҳамчунин кори дар банди ,а,-и ҳамин модда зикргардида ба ҳисоб гирифта мешавад;
в) ҳайати инженерию техникӣ - аз рӯи номгӯи вазифаю корҳое, ки бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда тасдиқ мегардад:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на кам тар аз 20 солаш дар вазифаҳои зикргардида;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на камтар аз 15-солаш дар вазифаҳои зикргардида;
Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандони ҳайати инженерию техникӣ ҳамчунин коре, ки дар бандҳои "а" ва "б" ҳамин модда зикр гардидааст, ҳисоб карда мешавад;
г) ходимони ҳавопаймоҳо:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 15-солаш ба сифати ходими ҳавопаймо;
занҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш ба сифати ходими ҳавопаймо.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад .
Моддаи 57. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи кормандони соҳаҳои дигари хоҷагии халқ
Ба нафақаи хизмати дарозмуддат инҳо ҳуқуқ доранд:
Банди "а" кисми якуми моддаи хорич карда шуд .
а) кормандони экспедитсияҳо, гурӯҳҳо, дастаҳо, бригадаю участкаҳое, ки бевосита дар корҳои иктишофи геологӣ, пайҷӯи топографию геодезӣ, геофизикӣ, гидрологӣ, ҷангалдорӣ ва корҳои таҳқиқоти машғул мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикргардида.
Зимнан кори бевоситаи нимсола ё бештар аз нимсолаи саҳроӣ як соли кор ва агар аз ним сол камтар бошад, аз рӯи мӯҳлати воқеӣ ва дар корҳои мавсимӣ мувофиқи моддаи 67-уми Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад;
б) чӯпонҳое, ки дар чарогоҳҳои баландкӯҳ (зиёда аз 2000 метр) инчунин ноҳияҳои биёбонию беоб машғули кор мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар кори зикргардида.

Моддаи 58. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театр ва муассисаю коллективҳои дигари театру тамошогоҳҳо
Дар сурати доштани собиқаи фаъолияти эҷодии аз 20 то 30 сол мувофиқи рӯйхате, ки бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда тасдиқ карда мешавад, категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театрҳо ва дигар муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо ба нафақаи хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд.

Моддаи 59. Шартҳои ба хизмати дарозмуддат дохил кардани хизмати ҳарбӣ
Ба собиқаи кори эҷодии ҳунарпешаҳои театрҳо ва муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо вақти хизмати ҳарбии онҳо аз рӯи ихтисос дохил карда мешавад, агар камаш аз се ду ҳиссаи собиқаи корие, ки барои таъмини нафақаи хизмати дарозмуддат лозим аст, ба кор дар вазифаҳое рост ояд, ки ба гирифтани ин нафақа ҳуқуқ медиҳанд.

Моддаи 60. Нафақаи хизмати дарозмуддати баъзе категорияҳои кормандони маориф ва тандурустӣ
Ба нафақаи хизмати дарозмуддат аз рӯи номгӯи муассисаҳою ташкилотҳо ва вазифаҳо, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
а) муаллимҳое, ки дар кори омӯзгорӣ дар мактабҳо ва дигар муассисаҳои кӯдакон бевосита машғул мебошанд - дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикргардида;
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50;
б) духтурҳо ва дигар кормандони тиб, ки дар корҳои муолиҷа ва пешгирӣ намудани беморӣ дар байни аҳолӣ бевосита машғул мебошанд, дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол аз рӯи ихтисос дар маҳалҳои деҳот ва посёлкаҳои типи шаҳрӣ ва на камтар аз 30 сол дар шаҳрҳо:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50.

Моддаи 61. Андозаи нафақа
Нафақаи хизмати дарозмуддат ва иловапулиҳо ба он ба андозаҳое, ки дар моддаҳои 16 ва 18-уми ин Қонун барои нафақа аз рӯи синну сол муқаррар гардидаанд, таъин карда мешавад .
Нафақа аз рӯи музди миёнаи меҳнати ҳармоҳаи (моддаҳои 70 - 75, 76 ва 86-уми ин Қонун) пеш аз қатъи кор, ки барои нафақаи хизмати дарозмуддат (моддаҳои 56 - 60-уми ин Қонун) ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 62. Тартиби пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат
Нафақаи хизмати дарзмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ аз маблағи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад .
Пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳисоби маблағи ин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешавад, сурат мегирад .
Нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор аз рӯи тартибе, ки дар моддаи 20-уми ин Қонун пешбинӣ шудааст, пардохта мешавад, аммо нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор дар вазифае, ки ба таъини ин намуди нафақа ҳуқуқ медиҳад, пардохта намешавад .
ФАСЛИ VI. ҲИСОБИ СОБИҚАИ КОРӢ БАРОИ ТАЪИНИ НАФАҚАИ МЕҲНАТӢ
Моддаи 63. Намудҳои фаъолияти меҳнатӣ, ки мавриди таъини нафақа ҳамчун собиқаи корӣ ҳисоб карда мешаванд
Фаъолияти меҳнатие, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, инчунин дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо, сарфи назар аз хусусияту давомнокии кор ва муддати танаффус, иҷро карда мешавад, собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад, ба шарте, ки аз музди меҳнат ё даромад аз чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд.
Ҳангоми ҳисоб кардани собиқаи корӣ дар колхоз барои давраи пас аз соли 1965, агар узви колхоз бе сабаби узрнок дар хоҷагии ҷамъиятӣ ба ҳадди ақали муқарраршуда кор накарда бошад, вақти кор аз рӯи давомнокии воқеӣ ба назар гирифта мешавад.
Ба собиқаи корӣ чунин корҳо низ дохил карда мешаванд:
а) хизмати ҳарбии касбӣ ва хизмат дар дигар воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд;
б) фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте, ки аз даромади чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд;
в) ҳар кори дигаре, ки зимни иҷрои он шахс мавриди суғуртаи иҷтимоӣ қарор гирифтааст;
г) фаъолияти эҷодии шахсоне, ки дар банди в) моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд. Дар ин ҳол фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи кинематографистон, Иттифоқи ходимони театр ва дигар кормандони эҷодие, ки аъзои иттифоқҳои эҷодӣ нестанду дар кумитаҳои дахлдори касбӣ муттаҳид шудаанд, то вақти мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур, сарфи назар аз пардохтан ё напардохтани саҳми суғуртаи иҷтимоӣ, собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо собиқаи фаъолияти эҷодӣ аз тарафи котиботи раёсати иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи нахустинтишор ё нахустиҷро ва ё нахустнамоиши оммавии асари ҳамин муаллиф муқаррар карда мешавад;
д) корношоямии муваққатӣ, ки дар давраи кор ба амал омадааст;
е) вақти нигоҳубини маъюби гурӯҳи I ё кӯдаки маъюби то 18-сола, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ доранд, инчунин вақти нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида. Зимнан эҳтиёҷмандӣ ба нигоҳубини шахси дигари маъюби гурӯҳи I, кӯдаки маъюби то 18-сола ва пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҳангоми ҳисоби собиқаи кор дар конҳо, ки барои гирифтани нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни мазкур ҳуқуқ медиҳад, вақти маъюбӣ, ки дар натиҷаи маъюбшавии меҳнатӣ ё бемории касбӣ ҳангоми иҷрои ҳамин кор ба амал омадааст, ба собиқаи чунин кор дохил карда мешавад .
Моддаи 63(1). Давраҳои фаъолияте, ки дар мавриди таъини нафақа ба собиқаи кории умумӣ дохил карда мешаванд
Ба собиқаи кории умумӣ чунин давраҳои фаъолият дохил карда мешаванд:
а) давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус, дар омӯзишгоҳҳо, мактабҳо ва курсҳои омӯзиши кадрҳо, такмили ихтисос ва тағйири касб, дар аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ;
б) давраи хизмати ҳатмии ҳарбӣ;
в) вақти нигоҳубини кӯдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то ба синни 3-солагӣ расидани ҳар як кӯдак, ҷамъ ба муддати умумии на зиёда аз 6 сол;
г) давраи истиқомати занҳои ҳайати афсарон, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати зиёда аз мӯҳлат бо шавҳарашон дар маҳалҳое, ки барои кор кардан аз рӯи ихтисос имконият набуд, вале на бештар аз 10 сол.
Ҳангоми зиёд намудани нафақа аз рӯи синну сол барои ҳар соли корӣ (моддаи 16 Қонуни мазкур), дар баробари собиқаи корӣ инчунин давраҳое, ки дар бандҳои а) - г) ҳамин модда ва моддаҳои 64-67 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Давраи кори пас аз таъин гардидани нафақа низ ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад .
Моддаи 64. Имтиёзҳо аз рӯи ҳисоби собиқаи корӣ
Ба собиқаи корӣ ба андозаи секарата инҳо ҳисоб карда мешаванд:
- хизмати ҳарбӣ дар ҳайати артиши амалкунанда дар давраи амалиётҳои ҷангӣ, аз он ҷумла ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ ва ҳамчунин иштирок дар отрядҳо ва ҷузъу томҳои партизанӣ;
- кор дар шаҳри Ленинград дар давраи муҳосираи он дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944;
- кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати осори садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳоли берун бурда шуда буд) дар давраи аз 26 апрели соли 1986 то 31 декабри соли 1987;
- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигонҳои Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 25 августи соли 1949 то 3 июли соли 1963 зарар дидаанд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 65. Имтиёзҳои шаҳрвандони сафед кардашуда
Ба шаҳрвандоне, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, бедалелу асос таъқиб гаштаанд ва баъд сафед карда шудаанд, муддати дар ҳабс будан, адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва бадарға ба собиқаи корӣ сечанд ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 66. Имтиёзҳо аз рӯи ҳисоби собиқаи корӣ ба андозаи дукарата ва якунимкарата
Ба андозаи дукаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:
- кор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз он ҷумла ба ҳайси командони ғайринизомии кироя дар қисмҳои ҳарбӣ ва хизмат, ғайр аз хизмати ҳарбии дар абзатси якуми моддаи 64-уми ҳамин Қонун пешбинишуда;
- давраи асорат дар конслагерҳои фашистӣ ё дар дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба шарте, ки асорат ихтиёрӣ набуда, дар вақти асирӣ ба Ватан хиёнат накарда бошанд;
- кор дар махавхонаҳо ва муассисаҳои муборизаи зидди тоун. Ба андозаи якунимкаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:
- кор дар Ҷумҳурии Афғонистон бо командировка ё роҳхатҳои муассисаю мақомоти дахлдор дар давраи аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989;
- кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳолӣ берун бурда шуда буд) дар давраи аз 1 январи соли 1988 то 31 декабри соли 1990;
- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигони Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 6 июли соли 1963 то 1 январи соли 1992 зарар дидаанд;
- кор дар вазифаҳои духтури маразшиносӣ-колбудшиносӣ, ки бо колбудшикофии патологии ҷасадҳо ва тадқиқоти гистологӣ аз рӯи Феҳристи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 67. Тартиби ба собиқаи корӣ илова кардани баъзе намудҳои ҷудогонаи корҳо
Кор дар корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои мавсимии саноат дар давоми мавсими пурра, сарфи назар аз тобеияти корхонаю ташкилотҳо, мувофиқи Рӯйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ҳамчунин кор дар совхозҳо дар давоми мавсими пурра ба собиқаи корӣ ҳамчун як соли кор ҳисоб карда мешавад.
Дигар корҳои мавсимӣ ба собиқаи корӣ аз рӯи давомнокии воқеиашон ҳисоб карда мешаванд.
Моддаи 68. Тартиби тасдиқи собиқаи корӣ
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҳисоб мераванд. Тартиби тасдиқи собиқаи кориро дар сурати набудани дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Хорич карда шуд .
Моддаи 69. Шартҳои ба собиқаи кории шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамроҳ кардани муддати кор дар Тоҷикистон
Тамоми давраи кори шаҳрвандони давлатҳои узви Иттиҳод дар Иттифоқи ҶШС-и собиқ ба собиқаи кории онҳо ҳисоб карда мешавад.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳое, ки барои таъини нафақа собиқаи кории муайян лозим аст, нафақа бо шарте таъин карда мешавад, ки аз се ду ҳиссаи собиқаи кории лозима ба кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рост ояд, агар дар созишномаҳо (моддаи 108-уми ин Қонун) чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
ФАСЛИ VII. ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 70. Ҳисоб кардани нафақа аз рӯи фоизи музди миёнаи моҳона
Нафақа аз рӯи меъёрҳои муқарраршудаи фоизи музди миёнаи моҳона, ки мувофиқи моддаҳои 71-76-уми ин Қонун муайян мегардад, ҳисоб карда мешавад .
Моддаи 71. Тартиби умумии муайян кардани музди миёнаи моҳона
Ба шахсоне, ки дар моддаи 3-юми ин Қонун зикр гардидаанд (ғайр аз аъзои колхозҳо), музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи пайдарпайи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи пайдарпайи охири кор пеш аз муроҷиат барои нафақа, ё ин ки аз панҷ соли пайдарҳами (бо интихоби шахси барои нафақа муроҷиаткарда) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроҷиат барои нафақа гирифта мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, .
Музди миёнаи моҳонаи кори 24 моҳ бо роҳи ба 24 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи тақвимии корӣ муттасил муайян мегардад.
Музди миёнаи моҳонаи меҳнатӣ 5 сол бо роҳи ба 60 тақсим кардани маблағи умумии музди шаст моҳи тақвимии корӣ пай дар ҳам муайян карда мешавад. Дар баробари ин бо хоҳиши шахсе, ки барои нафақа муроҷиат кардааст, моҳҳои нопурраи рӯзҳои кор бинобар дохил шудан ба кор ё хориҷ шудан аз кор ҳамчун моҳҳои тақвимии пурраи кор ҳисобида мешаванд.
Агар шахси барои нафақа муроҷиаткарда аз 24 моҳ камтар собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди моҳонаи миёна бо роҳи тақсими маблағи умумии музди моҳҳои тақвимии кор ба шумораи ин моҳҳо муайян карда мешавад .
Агар корманд камтар аз як моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди меҳнаташ барои тамоми давраи кор ба шумораи рӯзҳои кор тақсим карда, маблағи ҳосилшуда ба шумораи рӯзҳои кории моҳ, ки ба ҳисоби миёна барои як сол ҳисоб шудааст (25,4 - дар сурати ҳафтаи 6-рӯзаи кор ва 21,2 - дар сурати ҳафтаи 5-рӯзаи кор, зарб карда мешавад. Дар ин маврид барои ҳисоб кардани нафақа маблағи на бештар аз ду ставкаи тарифӣ (маош) ба назар гирифта мешавад. Барои ҳисоб кардани нафақаи кормандоне, ки ҳисоб кардани вақти кориашон ғайриимкон аст, музде гирифта мешавад, ки аз андозаи чоркаратаи музди камтарини кор зиёд набошад. Рӯйхати чунин кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Ҳангоми таъини нафақа ба кормандоне, ки машғули корҳои мавсимӣ мебошанд, музди воқеии миёнаи якмоҳа бо роҳи ба 60 тақсим кардани музди меҳнати 5 мавсими пурра ё ба 24 тақсим кардани 2 мавсими пурра муайян мешавад.
Ҳангоми муқаррар намудани андозаи нафақа ҳиссаи касрии воҳиди пулии камтар аз нисф ба ҳисоб гирифта нашуда, бештар аз нисф ба ҳисоб гирифта шуда, ба ҷониби зиёдшавӣ яклухт карда мешавад.
Моддаи 72. Навъҳои пардохти музде, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд
Барои ҳисоб кардани нафақа ҳамаи навъҳои пардохтҳои музди меҳнате, ки аз рӯи он тибқи қоидаҳои ҷорӣ ҳаққи суғурта гирифта мешавад, аз ҷумла пардохти музди кори зиёда аз мӯҳлат, кори рӯзҳои истороҳат ва корӣ дар як вақт дар ду ҷой, ғайр аз ҳар гуна пардохтҳои якдафъаина (ҷубронпулӣ барои рухсатии истифодашуда, кумакпулӣ ҳангоми аз кор холӣ кардан ва ғайра) дохил карда мешаванд.
Кӯмакпулие, ки барои давраи муваққатан аз даст додани қобилияти корӣ ва рухсатии давраи ҳомилагӣ ва зоидан пардохта шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад .
Ҳаққи қалами муаллифӣ дар баробари музди меҳнати кори дигар ба ҳисоб гирифта мешавад.
Дар ин ҳол он аз рӯи ставкаҳои давлатие, ки дар вақти пардохти ҳаққи қалам эътибор доштанд, ҳисоб карда мешавад.
Стипендияи давраи таҳсил бо хоҳиши шахси барои нафақа муроҷиаткарда ҳамчун музди меҳнат ҳисоб карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани нафақаи шахсоне, ки воҷиби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ намебошанд (банди "д"-и моддаи 3-юми ин Қонун), ба музди меҳнат барои ҳисоби нафақа он намудҳои маош дохил карда мешавад, ки аз онҳо ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ситонида мешавад.
Моддаи 73. Тартиби муайян кардани музди миёнаи якмоҳаи аъзои колхозҳо. Навъҳои пардохти музди меҳнати аъзои колхозҳо, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд
Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи охири кор пеш аз муроҷиат барои нафақа, ё ин ки аз 5 соли пайдарҳами (бо интихоби шахсе, ки барои нафақа муроҷиат кардааст) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроҷиат ба нафақа гирифта мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Музди миёнаи моҳона бо роҳи мутобиқан ба 24 ё 60 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи кор ё 60 моҳи кор муайян карда мешавад.
Агар шахси барои таъини нафақа муроҷиаткарда камтар аз 2 сол узви колхоз бошад, нафақа, аз рӯи музди миёнаи моҳонаи воқеии тамоми давраи дар колхоз буданаш ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳол музди миёнаи моҳона бо роҳи ба шумораи моҳҳои ҳамин давра тақсим кардани маблағи умумии музди меҳнати давраи дахлдор муайян карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо ба музди меҳнат ҳамаи навъҳои музди кор дар хоҷагии ҷамъиятии колхоз дохил карда мешаванд.
Моддаи 73(1). Тартиби ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд
Ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолиятдошта аз рӯи даромади панҷсолаи умумӣ дар мақомоти ваколатдори давлатии эъломияшудаи онҳо, ки аз он бо назардошти меъёрҳо, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ҳаққи суғуртавӣ пардохт намудаанд ё даромаде, ки аз рӯи маблағи пардохтнамудаи андози иҷтимоии муайянгардида ҳисоб карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
Даромади миёнаи моҳона бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади 60 моҳи фаъолияти соҳибкории инфироди ба 60 моҳ муайян карда мешавад.
Дар ҳолате, ки агар шахси барои таъмини нафақа муроҷиаткунанда ба фаолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома аз панҷ сол камтар машғул шуда бошад, вале собиқаи чунин фаъолияти ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ дорад, нафақа аз рӯи даромади миёнаи моҳонаи эъломияшуда муқаррар карда мешавад. Даромади миёнаи моҳона дар ин ҳолат бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади моҳҳои тақвимӣ ба шумораи воқеии ин моҳҳо муайян карда мешавад .
Моддаи 74. Ҷамъбасти музди меҳнат
Агар як қисми даврае, ки аз рӯи он музди миёнаи якмоҳа ҳисоб карда мешавад, ба кори колхоз ба сифати узви колхоз ва қисмати дигар ба кори дигар рост ояд, музди кори ҳар давра аз рӯи қоидаҳое ба назар гирифта мешавад, ки мутобиқан барои аъзои колхозҳо ва барои шахсони дигар муайян шудааст. Маблағи умумии музди меҳнат дар ин сурат ба бисту чор ё шаст ё мутобиқан ба миқдори воқеии моҳҳои давраҳои зикргардидаи кор тақсим мегардад, агар ин миқдори моҳҳо аз бисту чор кам бошад.
Агар қисми даврае, ки аз он музди миёнаи меҳнати моҳона ҳисоб карда мешавад, ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва қисмаш ба кори дигар рост ояд, дар он сурат даромад ва музди меҳнат барои ҳар давра аз рӯи меъёрҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мутобиқан барои соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва барои дигар кормандон муқаррар гардидаанд. Дар ин маврид маблағи умумии даромад аз соҳибкорӣ ва музди меҳнат ба 60 моҳ, агар теъдоди моҳҳо аз 60 кам бошад (қисми 3 моддаи 73(1)), мутобиқан ба теъдоди моҳҳои воқеии давраи кор тақсим карда мешавад .
Моддаи 75. Ҳисоб кардани музди меҳнати баъзе категорияҳои меҳнаткашон
Нафақаи шахсоне, ки аз рӯи шартнома (контракт) дар ҳузури шаҳрвандони алоҳида кор мекунанд (хизматгорҳо, дояҳо, котиб-мошинисткаҳо, стенографистҳо, посбонон, боғбонҳо, ронандагон ва ғайра), аз музди (маоши) воқеӣ, вале на зиёдтар аз ду ставкаи (маоши) тарифии коргарону хизматчиёни касбҳои дахлдор ҳисоб карда мешавад.
Нафақаи аъзои иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони эҷодӣ тибқи асосҳои умумии дар ин фасли Қонун муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 76. Имтиёзҳои ҳисоб кардани музди меҳнат ҳангоми ҳисоб кардани нафақа
Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи моҳона дар асоси моддаҳои 70, 71 ва 73-юми ин Қонун бо хоҳиши шахсе, ки барои гирифтани нафақа муроҷиат кардааст, моҳҳои нопурраи корӣ ба сабаби оғоз ё қатъи кор рухсатии бемузд, рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдаки то 3-сола, инчунин давраи коре, ки дар давоми он шаҳрванд маъюб буд ё ҷуброни зарари дар натиҷаи маъюбшавӣ ё дигар зарари ба саломатӣ расидаро мегирифт, ба маъюби гурӯҳи I, кӯдаки маъюби то 18-сола, кӯҳансоли 80-солаи мӯҳтоҷи нигоҳубини дигаронро нигоҳубин мекард, дохил карда намешаванд. Дар ин ҳол моҳҳои дохил карданашуда бо моҳҳои дигаре, ки бевосита пеш ё пас аз он меоянд, иваз карда мешаванд .
Моддаи 77. Ҳисоб кардани нафақа дар сурати собиқаи нопурраи кор
Нафақа дар сурати нопурра будани собиқаи кор (моддаҳои 17, 28 ва 45-уми ин Қонун) ба андозае таъин карда мешавад, ки ба собиқаи кории мавҷуда мутаносиб бошад.
Нафақа ба таври зайл ҳисоб карда мешавад:
аввал нафақаи пурраи дахлдор муайян карда, он ба шумораи моҳҳое, ки барои собиқаи пурраи кори матлуб тақсим карда, рақами ҳосилшуда ба шумораи моҳҳои собиқаи воқеии кор зарб зада мешавад (дар собиқаи кори давраи аз 15 рӯз зиёд ба моҳи пурра баробар карда, давраи аз 15 рӯз камтар гирифта намешавад).
Агар нафақа дар мавриди собиқаи кории пурра ба андозаи камтарини муқарраркардаи ин Қонун (моддаҳои 16, 37, 43) таъин шуда бошад, нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра мутаносибан ба собиқаи кории мавҷуда бо назардошти андозаи камтарини нафақа, вале дар ҳамаи ҳолатҳо на камтар аз андозаи нафақаи иҷтимоие таъин мешавад, ки барои категорияи дахлдори шахсони корношоям муқаррар шудааст (моддаи 110-уми ҳамин Қонун).
Моддаи 78. Аз рӯи музди зиёдтар аз нав ҳисоб кардани нафақа
Барои нафақахӯроне, ки пас аз таъини нафақа аз рӯи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз 2 сол бо маоши бештар аз маоше, ки аз рӯи он ҳисоб шуда буд, кор кардаанд, мувофиқи аризаи нафақахӯр, бо назардошти маоши зиёдтар андозаи нави нафақа муқаррар карда мешавад, ки он аз рӯи 24 моҳи кории пайдарҳами пас аз таъини нафақа бо тартиби дар моддаҳои 70, 72 ва 76-уми ин Қонун муқарраршуда, муайян мегардад.
Аз рӯи ҳамин шартҳо нафақае, ки ба сабаби набудани музди меҳнат ба андозаи камтарин таъин шудааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Агар музди нафаҳахӯр минбаъд зиёд шавад, мувофиқи аризаи ӯ нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли баъди ҳисоби навбатӣ бори дигар ҳисоб карда мешавад.
Ба нафақахӯроне, ки пас аз таъини нафақа аз рӯи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз ду сол бо даромади баландтар аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома, назар ба оне, ки аз он нафақа ҳисоб шудааст, кор кардаанд, андозаи нави нафақа аз рӯи даромади баландтар барои 24 моҳи пайдарпайи кор пас аз таъини нафақа бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад .
Моддаи 79. Аз нав ҳисоб кардани нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра
Агар нафақахӯре, ки ба вай нафақа аз рӯи синну сол ё маъюбии гурӯҳҳои I ва II бо собиқаи кории нопурра таъин шудааст, пас аз таъини нафақа на камтар аз ду сол кор карда бошад, мувофиқи аризааш бо назардошти собиқаи корие, ки то вақти азнавҳисобкунӣ дорад, нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли кори баъд аз таъини нафақаи нав ҳисоб карда хоҳад шуд.
Агар нафақахӯр корро давом дода, соҳиби собиқаи корие шуда бошад, ки барои таъини нафақаи пурра кифоят кунад, мувофиқи аризаи нафақахӯр нафақаи ӯ сарфи назар аз он, ки аз давраи таъини нафақаи собиқаи кории нопурра чанд вақт гузаштааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Дар ин ҳол нафақаи пурра дар мавриди маъюбӣ ба шарте муқаррар мешавад, ки нафақахӯр мутобиқи синну солаш то лаҳзаи фарорасии маъюбӣ собиқаи кории барои таъини нафақаи пурра лозимро дошта бошад (моддаи 23-юми ин Қонун).
Нафақа бо интихоби нафақахӯр аз маоше, ки нафақа аввал аз рӯи он таъин шудааст (ё баъдан мувофиқи тартиби дар моддаи 78-уми ҳамин Қонун пешбинишуда аз нав ҳисоб шудааст) ва ё аз маоши охирин аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 80. Ба маош дохил намудани пардохти молии музди меҳнат
Барои аъзои колхозҳо, кооперативҳои дигар, кормандони совхозҳо ва корхонаю ташкилотҳои дигаре, ки дар баробари музди пулӣ ҳаққи молие мегиранд, ки аз арзиши он ҳаққи суғуртавӣ ситонида мешавад, ҳангоми муайян намудани маоши миёнаи моҳона аз рӯи нархи чаканаи давлатӣ даврае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки музди меҳнат дода мешуд.
Моддаи 81. Ҳисоб кардани музди давраи кор дар хориҷа
Ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи моҳонаи кормандоне, ки барои кор ба хориҷа фиристода шудаанд (рафтаанд), аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маоше, ки пеш аз фиристодан рафтан ба хориҷа мегирифтанд (моддаҳои 70-76-уми ин Қонун) ва ё мувофиқи интихобашон маоше, ки дар асоси моддаи 82-юми ин Қонун муайян мешавад, ба назар гирифта мешавад .
Моддаи 82. Ҳисоб кардани нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд
Нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, аз музди меҳнат (даромаде), ки аз он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шудаанд, ҳисоб карда мешавад.
Нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз маблағи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтнамудаашон ҳисоб карда мешавад.
Тартиби ҳисоби нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 83. Ҳисоб кардани нафақаи мавриди маҳрум шудан аз саробон. Ҳисоби нафақаи оилаҳои нафақахӯрон
Ҳангоми ҳисоб кардани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мутобиқан моддаҳои 70 - 76, 80 - 82 ва 86-и Қонун истифода мешаванд.
Нафақаи оилаҳои нафақахӯрон барои маҳрум шудан аз саробон аз ҳамон музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.
Нафақаи оилаҳои нафақахӯроне, ки ҳуқуқи аз нав ҳисоб кардани нафақаро мувофиқи тартиби пешбиникардаи моддаи 78-уми ин Қонун доштанд, аз музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.
Моддаи 84. Хорич карда шуд
Моддаи 85. Аъзои оилае, ки барояшон иловпулӣ ҳисоб карда мешавад
Иловапулӣ ба нафақаи нафақахӯроне, ки кор намекунанд ва аъзои корношоями оила доранд, барои аъзои оила, ки дар моддаҳои 36, 37, 39 ва 40-уми ин Қонун зикр ёфтаанд, дода мешавад. Ин иловапулӣ барои аъзои оила, ки худ нафақаи меҳнатӣ ё иҷтимоӣ мегиранд, дода намешавад.
Дар сурати дар оила будани ду ва зиёда нафақахӯри бекор ҳар узви корношоями оила, ки дар таҳти саробонии ягонаи онҳо қарор доранд, ҳангоми ҳисоб кардани иловапулӣ бо хости худи нафақахӯрон фақат барои яке аз нафақахӯрон муайян карда мешавад.
Моддаи 86. Ҳисоб кардани нафақаи шахсони сокини ноҳияҳое, ки барои музди меҳнат коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст
Барои шахсони сокини ноҳияҳое, ки дар он ҷо ба музди меҳнати коргарону хизматчиён коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст, ҳангоми таъини нафақа музди воқеии меҳнат бо истифодаи коэффисиенти ноҳиявӣ ба назар гирифта мешавад.
Андозаи камтарини нафақае, ки аз рӯи ин Қонун барои ноҳияҳои коэффисиенти ноҳиявиашон муқарраршуда таъин мегардад, барои давраи истиқомат дар ин ноҳияҳо бо татбиқи коэффисиенте, ки дар ҳамин ноҳия барои коргарон ва хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ ҷорӣ аст, муайян карда мешавад.
Моддаи 87. Аз нав ҳисоб кардани нафақа бинобар тағйир ёфтани вазъи оила, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор
Агар нафақахӯр баъд аз таъмини нафақа бинобар тағйир ёфтани шароити оилавӣ, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор ба гирифтани иловапулӣ барои аъзои корношоями оила ҳуқуқ пайдо кунад ё аз ин ҳуқуқ маҳрум шавад, ё андозаи ин иловапулӣ тағйир ёбад, нафақаи вай мутаносибан аз нав ҳисоб карда мешавад.
ФАСЛИ VIII. ТАЪИН КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 88. Тартиби муроҷиат барои таъин кардани нафақа
Ариза дар бораи таъин кардани нафақа ба коргарон, хизматчиён ва аъзои оилаи онҳо (дар ҳолати маҳрум шудан аз саробон) тавассути маъмурияти корхона, муассисаю ташкилоти ҷои охирини кор дода мешавад.
Ариза дар хусуси таъини нафақаи аъзои колхозҳо ва кооперативҳои дигар ва оилаҳои онҳо тавассути раёсати колхоз (кооператив) дода мешавад.
Маъмурият (раёсат) дар якҷоягӣ бо кумитаи иттифоқи касаба дар муддати даҳ рӯзи баъд аз воридшавии ариза ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи собиқаи корӣ ва музди меҳнат ба расмият дароварда, якҷоя бо ариза ва дархости худ онҳоро ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори маҳалли истиқомати аризадиҳанда равон мекунад. Агар пешниҳод барои таъини нафақаи корманде, ки муроҷиат намудааст, рад карда шавад, ба ӯ дар ин хусус ба шакли хаттӣ хабар дода, сабабҳои он зикр карда мешавад .
Дар ҳолатҳое, ки шахси барои нафақа муроҷиаткарда бо қарори маъмурият (раёсат) ва кумитаи иттифоқи касаба дар бораи рад карда шудани пешбариаш барои таъини нафақа розӣ набошад, метавонад дар хусуси таъини нафақа бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдор ариза диҳад .
Ариза дар бораи нафақаи шаҳрвандони дигар ва аъзои оилаҳои онҳо бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори аҳолии маҳалли истиқомати аризадиҳанда супурда мешавад .
Сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки аз рӯи масъалаҳои таъини нафақа тавзеҳоту маълумот диҳанд ва ба аризадиҳанда дар гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мусоидат намоянд .
Шӯъбаҳои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ҳақ доранд аз корхонаю ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ҳуҷҷатҳои дахлдор талаб кунанд, ҳамчунин дар мавриди зарурат асоснок будани дода шудани онҳоро тафтиш намоянд.
Моддаи 89. Мақомоти таъинкунандаи нафақа
Нафақаро мақомоти ваколатдор таъин менамояд. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Моддаи 90. Мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои таъини нафақа
Ҳуҷҷатҳои таъини нафақаро мақомоте, ки нафақа таъин мекунанд (моддаи 89), на дертар аз 10 рӯзи расидани онҳо баррасӣ менамоянд.
Қарори рад кардани таъини нафақа ба сабабҳои мувофиқат накардани он ба шартҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар тамоми ҳолатҳо танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор қабул мешавад. Шӯъбаи ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ на дертар аз 5 рӯзи пас аз баровардани қарори дахлдор ба корхона, ташкилот ё арзкунанда хабари рад шудани таъини нафақаро ба дасташон медиҳад ва ё мефиристад ва дар он сабабҳои радшавӣ ва тартиби шикоят карданро нишон медиҳад ва ҳамзамон тамоми ҳуҷҷатҳоро бармегардонад .
Моддаи 91. Шикоят аз болои қарори мақомоти ваколатдор
Аз болои қарори мақомоти ваколатдор мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст .
Моддаи 92. Мӯҳлати таъини нафақа
Нафақа аз рӯзи муроҷиат кардан барои нафақа таъин карда мешавад, ғайр аз ҳолатҳои зерин, ки нафақа пештар таъин карда мешавад:
а) нафақа аз рӯи синну сол ва маъюбӣ аз рӯзи расидан ба сини нафақа ё мутобиқан муқаррар намудани маъюбӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ таъин карда мешавад, агар барои нафақа на дертар аз 3 моҳи рӯзи расидан ба синни нафақа ё муқаррар намудани маъюбӣ муроҷиат шуда бошад ;
б) нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аз рӯзи ҳуқуқ ба нафақа пайдо кардан, вале на бештар аз 12 моҳи пеш аз муроҷиат барои нафақа таъин карда мешавад.
Моддаи 93. Мӯҳлати аз нав ҳисоб кардани нафақаи таъиншуда
Нафақаи таъиншуда дар мӯҳлатҳои зерин аз нав ҳисоб карда мешавад:
дар мавриди фаро расидани ҳуқуқи зиёд кардани нафақа - аз рӯзи якуми моҳе, ки дар он нафақахӯр барои аз нав ҳисоб кардани нафақа муроҷиат кардааст, агар аризаи дахлдор бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ то рӯзи 15-уми моҳ дода шуда бошад ва аз рӯзи якуми моҳи оянда, агар ӯ ариза ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро баъди рӯзи 15-уми моҳ дода бошад;
дар мавриди рӯй додани ҳолатҳое, ки боиси кам шудани нафақа мегарданд, аз рӯзи якуми моҳе, ки дар он ин ҳолатҳо рӯй додаанд, агар онҳо то рӯзи 15-уми моҳ фаро расида бошанд ва аз рӯзи якуми моҳи оянда, агар онҳо пас аз рӯзи 15-уми моҳ воқеъ шуда бошанд.
Дар ҳолатҳои пешбиникардаи модаҳои 33 ва 50-уми Қонуни мазкур нафақа аз мӯҳлате, ки дар ҳамин модаҳо зикр гардидааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 94. Аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронидан
Нафақахӯрро аз як нафақа ба нафақаи дигар мақомоти ваколатдор мегузаронад .
Нафақахӯр аз рӯзи супурдани аризаи дахлдор ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ (агар онҳо дар парвандаи нафақа набошанд), аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронида мешавад.
Моддаи 95. Хорич карда шуд
ФАСЛИ IХ. ДОДАНИ НАФАҚА
Моддаи 96. Пардохти нафақа
Нафақаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори пардохткунандаи нафақа дар ҷойи қайди воқеии нафақагир, пардохт карда мешаванд .
Моддаи 97. Хорич карда шуд
Моддаи 98. Вазифаи нафақахӯрон ва роҳбарони корхонаю ташкилотҳо дар бобати хабардор кардани сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор ва тағйироти шароите, ки ба нафақагирӣ таъсир мерасонанд
Дар ҳолатҳое, ки бинобар мавҷуд будани музди кор ё даромади дигар нафақаи таъиншуда ба андозаи камтар дода шавад ё умуман дода нашавад, нафақахӯрон бояд аз хусуси музди кор ё даромади дигарашон ба сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдорро хабар диҳанд .
Нафақахӯроне, ки барои маҳрум шудан аз саробон нафақа мегиранд, ҳамчунин вазифадоранд, ки аз хусуси тағйир ёфтани ҳайати аъзои оила, ки барои онҳо нафақа ё ин ки иловапулӣ ба нафақа мегиранд, шӯъбаҳои таъминоти иҷтимоиро огоҳ намоянд.
Роҳбарони корхонаю ташкилотҳо вазифадоранд, ки аз хусуси ба кор қабул шудани нафақахӯрон ба сохторҳои маҳаллии дахлдори мақомоти ваколатдор дар мӯҳлати 5 рӯз хабар диҳанд. Дар акси ҳол маблағи зарари расонидашуда аз корхонаи гуннаҳкор ва нафақахӯр мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ситонида мешавад .
Моддаи 99. Додани нафақа аз рӯи ваколатнома ва тартиби ба расмият даровардани он
Нафақаро ба истиснои нафақаи маъюбони гурӯҳҳои II ва III аз рӯи ваколатнома додан мумкин аст. Ваколатнома ба мӯҳлати на бештар аз 12 моҳ дода мешавад .
Агар дар ваколатнома мӯҳлат зикр нашуда бошад, он дар давоми як соли пас аз рӯзи ба расмият дароварданаш эътибор дорад. Ваколатномаро бояд идораи нотариалӣ, идораи манзил ё ташкилотҳои дигари хонагии манзили маҳалли истиқомати нафақахӯр ва ё муассисаи табобатие, ки нафақахӯр дар он бистарию муолиҷа мешавад, тасдиқ намояд .
Моддаи 100. Додани нафақаи давраи гузашта
Пули нафақае, ки онро нафақахӯр дар вақташ нагирифтааст, барои давраи гузаштаи на бештар аз 3 соли пеш аз муроҷиаташ барои гирифтани нафақа дода мешавад.
Маблағи нафақае, ки бо айби мақомоти нафақатаъинкунанда ё нафақадиҳанда сари вақт гирифта нашудааст, барои давраи гузашта бе ягон маҳдудияти мӯҳлат дода мешавад.
Моддаи 101. Масъулияти дурустии маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои таъин кардану додани нафақа оварда шудаанд ва сари вақт таъин накардану напардохтани нафақа
Корхона (ташкилот, шаҳрванд) барои дурустии маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои таъин кардану додани нафақа оварда шудаанд, масъул мебошад.
Дар ҳолатҳое, ки маълумоти дар ҳуҷҷатҳо овардашуда нодуруст буда, дар асоси онҳо нафақа дода шудааст, корхона зарари расонидашударо ба мақомоти ваколатдор ҷуброн мекунад .
Шахсоне, ки барои вайрон кардани моддаи мазкур гуннаҳкоранд, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Моддаи 102. Додани нафақа ба шахсоне, ки дар хонаю интернатҳои пирону маъюбон зиндагӣ мекунанд
Ба нафақахӯроне, ки дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пирону маъюбон зиндагӣ мекунанд, моҳе 10 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини пиронсолӣ дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки андозаи нафақаи онҳо аз хароҷоти парасторӣ дар ин хона-интернатҳо (пансионатҳо) зиёд бошад, фарқи нафақа ва пули парасторӣ дода мешавад, вале он ҳар моҳ на камтар аз 10 фоизи нафақаи таъингардида ва на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини пиронсолӣ бошад.
Агар нафақахӯр дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пирону маъюбон зиндагӣ карда, аъзои корношоями оила дошта бошад ва онҳо нонхӯри вай бошаид (модаҳои 36, 37, 39 ва 40-уми Қонуни мазкур), нафақа аз рӯи тартиби зерин дода мешавад: 10 фоизн нафақа, вале на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини синну сол ба худи нафақахӯр ва қисми боқимондаи нафақа, вале на бештар аз 50 фоизи нафақаи таъингардида ба ин аъзои оила дода мешавад.
Нафақаҳои иҷтимоӣ ба андозаи 10 фоизи нафақаи камтарин аз рӯи синну сол пардохт мешаванд.
Моддаи 103. Додани нафақа дар давраи муолиҷа дар табобатхона
Дар давраи дар табобати статсонарӣ дар беморхона, клиника, госпитал ва дигар муассисаҳои табобатӣ, инчунин махавхонаҳо будан нафақа пурра дода мешавад.
Моддаи 104. Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон
Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон дар асосҳои умумӣ ва пурра аз ҷониби сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор дар маҳали ҷойгиршавии муассисаҳои ислоҳи, бо роҳи гузаронидани нафақа ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшудагон анҷом дода мешавад .
Моддаи 105. Касри нафақа
Нафақа дар мавридҳои зерин каср карда мешавад:
а) дар асоси қарорҳо, таъиноту ҳукмҳои суд (дар қисмати ситонидани амвол), муқаррароти идораҳои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки иҷрояшон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад;
б) дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор барои ситонидани маблағе, ки ба нафақахӯр бар асари суиистеъмол аз ҷониби ӯ зиёдатӣ пардохт шудааст (дар натиҷаи пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти қасдан ғалат, пинҳон кардани музди меҳнат ё дигар даромад, пешниҳод накардани маълумоти тағйири ҳайати аъзои оила) .
Uайр аз мавридҳои дар боло зикргардида ба ягон хел касри дигари нафақа роҳ дода намешавад.
Андозаи маблағи касри нафақа аз маблағе, ки ба нафақахӯр бояд пардохт шавад, ҳисоб карда мешавад.
Барои таъмини аъзои оила (алиментҳо), товони зарари дуздии амволи ташкилоту корхонаҳо, маъюб кардан ё дигар хел осеб расонидан ба саломатӣ, инчунин бо сабаби фавти саробон, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ барои бозгардонидани маблағи зиёдгирифтаи музди меҳнат на бештар аз 50 фоизи нафақа каср шуда метавонад.
Аз рӯи тамоми намудҳои дигари маблағситонӣ на бештар аз 20 фоизи нафақа каср шуда метавонад. Нафақа дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор зиёда аз касрҳои дигар ба андозаи на бештар аз 20 фоизи нафақа каср мешавад .
Дар тамоми ҳолатҳои касри нафақа барои нафақахӯрон на камтар аз 50 фоизи нафақаашон мононда мешавад.
Агар пардохти нафақа пеш аз пурра кандани қарзе, ки дар натиҷаи барзиёд гирифтани нафақа каср мешаваду он дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор қатъ гардидааст (масалан, бар асари барқаpop шудани коршоямӣ), қарзи боқимонда аз тариқи судӣ ситонида мешавад .
Моддаи 106. Додани нафақаи нагирифтаи нафақахӯр бинобар фавти ӯ ва додани ёрдампулӣ барои дафн
Маблағе, ки ба нафақахӯр бояд пардохт мешуду бинобар фавтиданаш пурра гирифта нашудааст, ба мерос дохил карда намешавад ва ба он аъзои оила пардохт мешавад, ки ба ҷумлаи шахсони бо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъминшаванда мансубанд (модаҳои 36, 37, 39, 40-уми Қонуни мазкур). Аммо волидайн ва ҳамсар, инчунин дигар аъзои оилаи нафақахӯр, ки то рӯзи фавташ бо ӯ якҷоя истиқомат мекарданд, новобаста аз он ки ба доираи шахсони бо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъминшаванда мансуб намебошанд, ба гирифтани ин маблағ ҳуқуқ доранд.
Дар сурати муроҷиати якчанд аъзои оила маблағи нафаға, ки онҳо ба он ҳақ доранд, дар байнашон баробар тақсим карда мешавад.
Маблағи мазкур дар мавриде пардохт мешавад, ки барои гирифтани он на дертар аз 6 моҳи баъди фавти нафақахӯр муроҷиат карда бошанд.
Дар сурати фавти нафақагир ба аъзои оилаи ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ барои дафн пардохт карда мешавад .
Агар маросими дафни нафақахӯрро шахсоне анҷом диҳанд, ки аъзои оила намебошанд, кӯмакпулӣ ба ин шахсон ба андозаи на зиёдтар аз маблағи хароҷоти воқеии дафн дар ҳудуди андозаи зикргардидаи ёрдампулӣ дода мешавад .
Моддаи 107. Додани нафақа ба шаҳрвандоне, ки ба хориҷа рафтаанд
Ба шаҳрвандоне, ки барои истиқомати доимӣ ба хориҷа рафтаанд, нафақа таъин намешавад.
Нафақае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз рафтан ба хориҷа барои истиқомати доимӣ таъин гардидааст, қабл аз рафтан ба хориҷа барои 6 моҳ пешакӣ дода мешавад. Ҳангоми дар хориҷа будани ин шаҳрвандон танҳо нафақаҳое дода мешаванд, ки ба сабаби маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ таъин шудааст.
Тартиби таҳвили нафақаҳои бар асари маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ таъингардида ба дигар кишварҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 108. Созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар оид ба муҳофизати иҷтимоӣ
Дар ҳолатҳое, ки дар созишномаҳои (шартномаҳои) ҳимояи иҷтимоии аҳолии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар қоидаҳои дигаре нисбат ба қоидаҳои дар Қонуни мвзкур зикргардида пешбинӣ шуда бошанд, мутобиқан қоидаҳои дар ин созишномаҳо (шартномаҳо) муқарраргардида истифода мешаванд.
ФАСЛИ Х. НАФАҚАҲОИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 109. Шаҳрвандоне, ки ба нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд
Нафақаҳои иҷтимоӣ ба шахсони зерине, ки кор намекунанд (ғайр аз маъюбон аз кӯдакӣ), дар сурати надоштани ҳуқуқи нафақаи меҳнатӣ таъин карда ва дода мешаванд:
Маъюбони гурӯҳҳои I ва II, аз ҷумла ба маъюбон аз кӯдакӣ, инчунин маъюбони гурӯҳи III;
шахсоне, ки ба синну соли зерин расидаанд:
мардҳо - 65 сол, занҳо - 60 сол;
кӯдакон - дар сурати маҳрум шудан аз саробон (банди "а"-и моддаи 36-уми Қонуни мазкур);
кӯдакони маъюби то 18-сола .
Номгӯи далелҳои тиббие, ки ба кӯдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд, бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршаванда муайян карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, .
Моддаи 110. Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ
Нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи андозаҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба маъюбони гурӯҳи I, маъбони гурӯҳҳои I ва II аз кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18-сола - 100 фоизи андозаи камтарини нафақа аз рӯи синну сол ;
б) ба маъюбони гурӯҳи II, ғайр аз маъюбон аз кӯдакӣ, шахсони ба ин синн расида: мардҳо ба 65, занҳо ба 60, ба кӯдакон барои маҳрум шудан аз саробон (банди "а"-и моддаи 36-уми Қонуни мазкур) барои ҳар як кӯдак - 50 фоизи андозаи камтарини нафақа аз рӯи синну сол; ба кӯдакони аз волидайн маҳрумшуда (ятимони якка) - 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол;
в) ба маъюбони гурӯҳи III - 30 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол.
Ба модароне, ки 10 ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд карда, онҳоро то 8-солагӣ тарбия намудаанд, нафақаи иҷтимоӣ дар ҳар кадом ҳолат ба андозаи на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол таъин карда мешавад.
Моддаи 111. Татбиқи коэффисиенти ноҳиявӣ ба андозаи нафақа
Барои шахсони истиқоматкунандаи ноҳияҳое, ки дар он ҷо нисбати музди меҳнати кормандон ва хизматчиён коэффисиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидаанд, андозаи нафақаи иҷтимоӣ барои давраи истиқомати онҳо дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффисиенти дар ин ноҳия барои коргарон ва хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ муқарраргардида муайян карда мешавад.
Моддаи 112. Ҳуқуқи интихоби нафақаи иҷтимоӣ ё иловапулии нафақаи меҳнатӣ
Дар сурати дар як вақт мавҷуд будани ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони гирандаи нафақаи иҷтимоӣ барои аъзои корношоями оила тибқи моддаҳои 18 ва 31 Қонуни мазкур, мувофиқи интихоби муроҷиаткунанда ё нафақаи иҷтимоӣ ё иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони ӯ таъин карда мешавад .
Моддаи 113. Тартиби таъин кардан ва додани нафақаи иҷтимоӣ
Нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи муроҷиат кардан барои нафақа таъин карда мешавад. Ҳангоми таъин кардан ва додани нафақаи иҷтимоӣ мутобиқан модаҳои 89 - 91, 93, 94, 96, 98 - 106 ва 108-уми Қонуни мазкур истифода мешаванд.
ФАСЛИ ХI. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ A3 НАВ ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 114. Зиёд кардани андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолии бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ
Андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолии бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешаванд .
Моддаи 115. Аз нав ҳисоб кардани нафақаи пештар таъингардида
Нафақа дар асоси ҳуҷҷатҳои синну сол, собиқаи корӣ, музди меҳнат ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар парвандаи нафақа то лаҳзаи азнавҳисобкунӣ мавҷуд мебошанд, инчунин ҳуҷҷатҳои иловагие, ки онҳоро нафақахӯр то лаҳзаи азнавҳисобкунӣ пешниҳод кардааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Агар нафақахӯр баъдтар ҳуҷҷатҳои иловагиеро (дар хусуси собиқаи корӣ, музди меҳнат, вазъи оилавӣ ва ғайра), ки ҳуқуқи минбаъдаи зиёд кардани нафақаро медиҳанд, пешниҳод намояд, нафақа бинобар татбиқи Қонуни мазкур аз нав дар асоси нормаҳои Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳол нафақа аз рӯи мӯҳлатҳое, ки дар моддаи 93-юми Қонуни мазкур зикр гардидаанд, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 116. Музди меҳнате, ки ҳангоми аз нав ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешавад
Нафақаҳое, ки мувофиқи қонунгузории пештар амалкунанда таъин гардидаанд, бо интихоби нафақахӯр аз музди миёнаи моҳонаи 5 сол ё 2 соли (модаҳои 70 - 76 ва 86-уми Қонуни мазкур) пеш аз татбиқи Қонуни мазкур барои категорияҳои дахлдори нафақахӯрон ё пеш аз таъини нафақа ё аз музди маҳнате, ки пештар нафақа ҳисоб карда шуда буд, аз рӯи ҳуҷҷатҳои дар парвандаи нафақа буда аз нав ҳисоб карда мешавад.
Зимни аз нав ҳисоб кардани нафақа аз музди кор маош тибқи индекси афзоиши музди миёнаи моҳонаи ҷумҳурӣ барои даврае меафзояд, ки аз лаҳзаи ҳисоб кардани нафақа гузаштааст. Тартиби аз нав ҳисоб кардани нафақаро мувофиқи ҳамин модда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 117. Тартиби таъини нафақаи имтиёзнок ба шахсоне, ки то замони татбиқи Қонуни мазкур ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқ доштанд
Ба шахсоне, ки то замони татбиқи Қонуни мазкур ба кори шароити меҳнаташ зараровару вазнин машғул буданд ва ин дар қонунгузории собиқа пешбинӣ шуда буд, нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба шахсоне, ки то рӯзи татбиқи Қонуни мазкур собиқаи пурраи корҳои мазкурро, ки ба нафақаи шартҳояш имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, доранд, нафақа ба андозаи пешбиникардаи Қонуни мазкур мутобиқи талаботи синну сол ва собиқаи корие, ки бо қонунгузории пештар амалкунанда муқаррар шудааст, таъин карда мешавад;
б) синни шахсоне, ки собиқаи пурраи кори дорои шароити зараровар вa вазнини меҳнат надоранд, ва ин синн мувофиқи моддаи 11-уми ҳамин Қонун барои таъини нафақа зарур аст, мутаносибан ба собиқаи кории мавҷуда бо тартиби пешбиникардаи моддаи 12-уми Қонуни мазкур дар асоси талаби собиқаи кории дар қонунгузории ҷории пештар муқарраргардида кам карда мешавад.
Моддаи 118. Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун илова ба нафақаи таъингардидаи меҳнатӣ барои мардон аз синни 63-солагӣ ва барои занҳо аз синни 58-солагӣ ё дар ҳолатҳои дигаре, ки мувофиқи Қонуни мазкур нафақаи меҳнатӣ таъин гардидааст, муқаррар карда мешавад.
Шартҳо ва тартиби таъини нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
ФАСЛИ ХII. ҲУҚУҚИ ШӯРОҲОИ МАҲАЛЛИИ ДЕПУТАТҲОИ ХАЛҚ ВА КОЛЛЕКТИВҲОИ МЕҲНАТӢ ДАР БОБАТИ ТАЪМИНОТИ МОДДИИ НАФАҚАХӯРОН
Моддаи 119. Ҳуқуқи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ дар бобати муқаррар намудани навъҳои иловагии таъминоти моддии нафақахӯрон
Бо ин Қонун сатҳи тазминшудаи таъминоти моддии иштирокдорони ҷангу меҳнат ва дигар шаҳрвандони корношоями Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағи худ метавонанд бо назардошти буҷети ҳадди ақалли истеъмолии ин минтақа тадбирҳои иловагии таъминоти моддии нафақахӯронро муқаррар намоянд.
Ба нафақахӯрону маъюбон аз ҳисоби маблағи дахлдори буҷети маҳаллӣ иловапулию имтиёзҳои зайл муқаррар шуда метавонанд:
иловапулӣ ба ҳадди ақалли нафақа, ба ҳамаи намудҳои нафақаҳо мувофиқи тағйири арзиши зиндагонӣ ва афзоиши музди меҳнат дар ҷумҳурӣ ;
иловапулӣ барои нигоҳубини нафақахӯрони танҳо, ки мӯҳтоҷи нигоҳубини каси дигаранд;
имтиёзи адои хизмати тиббӣ ва муолиҷа дар санаторияю курортҳо;
имтиёзи додани музди хона, музди хизмати коммуналӣ ва рафтуомад дар нақлиёти ҷамъиятӣ;
имтиёзи нархи билети нафақахӯрон ҳангоми рафтан ба муассисаҳои маданияту маърифат ва театру намоишгоҳҳо.
Моддаи 120. Ҳуқуқи коллективҳои меҳнатӣ
Маъмурияти корхонаю ташкилотҳо якҷоя бо кумитаҳои иттифоқҳои касаба ва Шӯрои коллективи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд аз ҳисоби маблағи худ, ки барои пaрдохти музди меҳнат пешбинӣ шудааст, масъалаҳои вобаста ба беҳдошти шароити зисти собиқадорон ва маъюбони дар ҳамин коллективҳо коркарда ва дигар нафақахӯронро ҳал намояд, аз ҷумла корҳои зайлро анҷом диҳад:
бо назардошти саҳми меҳнатии корманд, давомнокии собиқаи кории умумӣ ва бефосила ба нафақаҳо иловапулӣ муқаррар намояд ;
барои кормандони дар корҳои дорои шароити номусоид ё дар ноҳияҳои дорои шароити махсуси иқлимӣ машғулбуда нафақаи пеш аз мӯҳлат ҷорӣ намояд, агар онҳо аз рӯи шароити меҳнат мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи нафақаи имтиёзнок надошта бошанд;
хорич карда шуд ;
ба нафақахӯрони яккаву танҳое, ки мӯҳтоҷи нигоҳубини каси дигаранд, барои нигоҳубини онҳо иловапулӣ муқаррар намояд ;
нисбати нафақаҳо иловапулиҳои (пардохтҳои иловагии) шахсӣ ҷорӣ намояд, ҳангоми ба нафақа баромадан ба кормандоне, ки дар назди ҳамин коллективи меҳнатӣ хизмати шоён кардаанд ва пеш аз ҳама барои муваффақиятҳои зиёд дар меҳнат ёрдампулии якдафъаина диҳад.
Корхонаю ташкилотҳо ҳуқуқ доранд аз ҳисоби маблағи худ барои равнақу ривоҷи иҷтимоии пешбинишуда ба нафақахӯрон дар бобати додани хонапулӣ, хароҷоти тарбияи кӯдакони кӯдакистонҳои тобеи корхонаю ташкилотҳо имтиёзҳо муқаррар намоянд, музди сӯзишворӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, воситаҳои инфиродии ҳаракат, дигар молҳои ба нафақахӯрон зарур, саҳмпулии кооперативҳои сохтмони манзил, боғдорӣ, сохтмони гараж, арзиши билетҳои ҳамаи хелҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва тамошо, муассисаҳои маданияту маърифат ва театру намоишгоҳҳоро қисман ё пурра ба зимма гиранд, ба нафақахӯрон ёрии дигар расонанд .
Корхонаю ташкилотҳо вазифадоранд ба нафақахӯрон зимни истифодаи комплексҳои варзишию солимгардонӣ, хонаҳои истироҳат, пансионатҳо, санаторияҳо, муассисаҳои маданияту маърифати тобеи ин ташкилоту корхонаҳо имтиёзҳо диҳанд.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш.Душанбе
аз 25 июни соли 1993 № 796
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 22.05.1998 № 622, аз 13.11.1998 № 696, аз 14.05.1999 № 748, аз 3.09.1999 № 832, аз 11.12.1999 № 911, аз 2.12.2002 № 76, аз 2.12.2002 № 84, аз 25.07.2005 № 104, аз 30.07.2007 № 333, аз 06.10.2008 № 442, аз 5.10.2009 № 554, аз 26.12.2011 № 789, аз 16.04.2012 № 823)
Қонуни мазкур мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқи таъминоти моддиро тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иҷтимоии дар ҳамин Қонун пешбинишуда кафолат медиҳад.
Қонун ба он равона шудааст, ки меҳнатро ҳамчун манбаи афзоиши сатҳи некӯаҳволии халқ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳарчи пурратар ба назар гирифта, аз муносибати баробарҳақдиҳӣ дар таъмини нафақа сарфи назар шавад. Ин Қонун ягонагии шарту меъёрҳои таъмини нафақаи коргарон, хизматчиён, аъзоёни колхозҳо ва дигар категорияҳои меҳнаткашонро муқаррар менамояд.
Қонун ҳимояи иҷтимоии нафақахӯронро бо роҳи муқаррар намудани нафақаҳо барои кифояти ақали зиндагӣ, инчунин мунтазам дида баромадани андозаҳои онҳоро бинобар каму зиёд шудани андозаи ҳадди ақали буҷети истеъмолӣ ва баланд шудани самаранокии иқтисодиёти ҷумҳурӣ кафолат медиҳад.
ФАСЛИ I.ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини нафақа
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи синну сол, аз рӯи маъюбӣ, ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ва сабабҳои дигари дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба таъмини нафақа ҳуқуқ доранд. Шаҳрвандони давлатҳои дигар ва шахсони бетабаае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар шарти дигаре дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад .
Моддаи 2. Намудҳои нафақа
Мувофиқи ҳамин Қонун чунин нафақаҳо таъин карда мешаванд:
а) нафақаҳои меҳнатӣ:
аз рӯи синну сол (пиронсолӣ);
аз рӯи маъюбӣ;
барои маҳрум шудан аз саробон;
барои хизмати дарозмуддат;
б) нафақаҳои иҷтимоӣ.
Моддаи 3. Шахсоне, ки ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд
Шахсони зерине, ки бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ машғуланд, дар сурати риояи шартҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ (контракт) дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, кооперативҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидориашон ё дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо кор мекунанд, ба шарте ки корхонаю ташкилотҳо ба мақомоти ваколатдор ҳаққи суғурта диҳанд ;
б) шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷоракории инфиродӣ (гурӯҳӣ) ё дар хоҷагии шахсии деҳқонӣ (фермерӣ), инчунин соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома машғул мебошанд, ба шарте ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи суғурта диҳанд ;
в) аъзои иттифоқҳои эҷодӣ, инчунин дигар кормандони эҷодие, ки узви иттифоқҳои эҷодӣ намебошанд, ба шарте ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи суғурта пардозанд;
г) шахсоне дигаре, ки воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ мебошанд;
д) кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд, шахсони сардорикунанда ва қатории хадамоти алоқаи махсуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто ;
е) донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омӯзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, докторантҳо;
ж) шахсоне, ки ба нисбати иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи наҷот додани ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ, коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд;
з) шахсоне, ки маъюби гурӯҳи 1 ё кудаки маъюби то 18-сола, инчунин шахси кӯҳансоли ба синни 80 расидаро нигоҳубин мекунанд ;
и) аъзои оилаи шахсони дар ҳамин модда зикршуда ва нафақахӯрон аз ҷумлаи ин шахсон, дар сурати маҳрум шудан аз саробон.
Моддаи 4. Таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаи онҳо
Шарту меъёрҳо ва тартиби таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд ва аъзои оилаи онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" муқаррар карда мешаванд. Инчунин ба онҳо барои гирифтани нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳуқуқ дода мешавад. Дар чунин ҳолат пардохти нафақаи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" таъиншуда қатъ мегардад .
Моддаи 4 (1). Шахсоне, ки ба нафақаи пеш аз мӯҳлат ҳуқуқ доранд
Ба нафақаи пеш аз мӯҳлат як сол қабл аз расидани синну соли нафақа шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки ба сабабҳои новобаста аз онҳо бекор мондаанд ва ҳаққи гирифтани ёрдампулӣ аз рӯи бекорӣ дар муддати 52 ҳафтаи тақвими доранд: мардҳо - бо собиқаи кори на камтар аз 25 сол ва занон - бо собиқаи на камтар аз 20 сол.
Ба хизматчиёни давлатӣ, ки ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ, ки аз мансаби давлатӣ озод шудаанд, дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатии иборат аз 25 сол барои мардҳо ва 20 сол барои занҳо ва аз ин на кам аз 10 солаш собиқаи хизмати давлатӣ бошад, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа бароянд .
Хорич карда шуд .
Нафақае, ки барои бекорон пеш аз мӯҳлат таъин шудааст, дар сурати ба кор даромадани онҳо пардохта намешавад. Баъди ба синни нафақа расидани чунин шахсон, ки дар ин маврид онҳо дар асосҳои умумӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд, ба онҳо тибқи моддаи 20-уми ҳамин Қонун нафақа дода мешавад .
Моддаи 4 (2). Хориҷ карда шуд
Моддаи 5. Ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ
Тамоми шахсоне, ки қобилияти меҳнат надоранд, сарфи назар аз мансубияти иҷтимоияшон бо шартҳои муайянкардаи ҳамин Қонун ба гирифтани нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 6. Ҳуқуқи интихоби нафақа
Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани нафақаҳои гуногунро доранд, мувофиқи интихобашон як нафақа таъин карда мешавад .
Моддаи 7. Муроҷиат барои таъини нафақа
Баъд аз ҳуқуқ пайдо кардан ба нафақа бидуни маҳдудияти мӯҳлат барои таъини нафақа муроҷиат намудан мумкин аст.
Дар айни замон нафақа аз рӯи синну сол ва маъюбӣ, сарфи назар аз он, ки фаъолият пеш аз лаҳзаи муроҷиат барои нафақа қатъ гардидааст ё давом дорад, таъин карда мешавад. Нафақа барои хизмати дарозмуддат дар сурати тарк намудани коре, ки ба чунин нафақа ҳуқуқ медиҳад, таъин карда мешавад.
Моддаи 8. Маблағҳои пардохти нафақа. Аз андоз озод намудани нафақаҳо
Нафақа аз мақомоти ваколатдор пардохта мешавад .
Аз нафақа андоз ситонида намешавад.
Маблағҳои мақомоти ваколатдор ба даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар фасли алоҳидаи таснифоти буҷетӣ дохил карда мешаванд ва хислати истифодаи мақсаднок дошта, ба мақсадҳои дигар истифода намешаванд .
Моддаи 9. Мақомоте, ки бо нафақа таъмин мекунанд
Таъмини нафақа мувофиқи ҳамин Қонун аз ҷониби мақомоти ваколатдор сурат мегирад .
Идоракунии мақомоти ваколатдор ва экспертизаи давлатии шароити меҳнат мутобиқи зарару гарониаш ба тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Истифодаи яксони ҳамин Қонунро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Моддаи 10. Масъалаҳое, ки дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд
Ба ғайр аз масъалаҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, ҳамчунин масъалаҳои вобаста бо тартиби таъин кардан ва пардохти нафақа, муайян намудани хусусиятҳои ҳисобкунии собиқаи кории категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон вобаста ба риоя намудани кафолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
ФАСЛИ II. НАФАҚАҲОИ МЕҲНАТӢ, НАФАҚА АЗ РӯИ СИННУ СОЛ
Моддаи 11. Шартҳои таъин кардани нафақа
Ба нафақа аз рӯи синну сол инҳо ҳуқуқ доранд:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 61 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 56-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
аз 1 июли соли 2002:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 62 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 57-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
аз 1 июли соли 2003:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 63 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 58-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол .
Моддаи 12. Нафақаҳои имтиёзноки вобаста ба шароити махсуси меҳнат
Ба нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок, сарфи назар аз ҷои кори охиринашон, инҳо ҳуқуқ доранд:
а) кормандоне, ки тамоми рӯзи корӣ дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои шароиташон басо зарарноку вазнин - истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рӯйхати №1-ум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, кор мекунанд;
мардҳо - пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикршуда;
занон - пас аз расидан ба 45-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, аз он на каматр аз 7 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда.
Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кории дорои шароити басо зараровар ва басо вазнинро доранд, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамии Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар як соли пурраи чунин кори мардҳо ва занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;
б) кормандоне, ки рӯзи пурраи корӣ дар дигар корҳои дорои шароити зараровар ва вазнин дар истеҳсолот, корҳо, касбу мансабҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рӯйхати №2-ум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, машғул мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол, аз онҳо на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикргардида;
занон - пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз онҳо на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикргардида.
Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кориашон дорои шароити зараровар ва вазнин мебошад, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар 2 солу 6 моҳи чунин кори мардҳо ва барои ҳар 2 соли чунин кори занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;
в) тракторчиён-мошинистҳое, ки бевосита дар колхозу совхозҳо ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, - мардҳо пас аз расидан ба синни 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 20-солаш дар кори мазкур;
г) занҳое, ки ба сифати тракторчиён-мошинистҳо, мошинистҳои мошинҳои бинокорӣ, роҳсозию боркунанда ва борфарорандаи дар асоси тракторҳо ва экскаваторҳо сохташуда кор мекунанд, - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 15 солаш дар кори мазкур;
д) заноне, ки ба сифати говҷӯшҳо (операторони мошинҳои говҷӯшӣ), хукпарварон-операторҳо дар колхозу совхозҳо кор мекунанд - пас аз расидан ба синни 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур, бо шарти иҷро кардани нормаҳои муқарраргардидаи хизматрасонӣ.
Меъёри хизматрасонӣ барои ин мақсадҳо бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, муқаррар карда мешавад;
е) заноне, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва ҷамъоварии пахта, парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди пас аз ҷамъоварии тамоку машғул мебошанд, - баъд аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;
мардҳое, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва ҷамъоварии пахта машғул мебошанд, ба нафақа аз рӯи синну сол пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори мазкур ҳуқуқ доранд. Дар айни замон то расидани мардҳо ба синни нафақа, ки дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, нафақа аз ҳисоби маблағи колхозу совхозҳо пардохта шавад;
ж) коргарзанони истеҳсолоти нассоҷӣ, ки дар дастгоҳҳою мошинҳо аз рӯи рӯйхати истеҳсолоту касбҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, кор мекунанд, - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;
з) ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ мувофиқи рӯйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 15-солаш бевосита дар кори мазкур;
занон - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш бевосита дар кори мазкур;
и) коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва категорияҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ мустақиман машғул буда, амнияти ҳаракатро дар нақлиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд, аз рӯи Номгӯи касбу мансабҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда;
ронандагони автомобилҳои боркаш, ки дар ҷараёни технологияи шахтаҳо, конҳои маъдан ва конҳои кушода мустақиман ширкат варзида, ангишт, сланетс, маъдан ва сангу маъдан мекашонанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикршуда .
То расидани шахсони дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба синни нафақаи дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраргардида пардохти нафақаи онҳо аз ҳисоби маблағҳои ташкилоте, ки дар он корҳои ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдиҳанда иҷро гардидаанд, амалӣ карда мешавад .
Хорич карда шуд .
Хорич карда шуд .
Ба кормандони дигари истеҳсолот, касбу вазифаҳо нафақаҳои пеш аз мӯҳлат вобаста аз шароити меҳнат (вале на пештар аз расиданашон ба синни 55 барои мардҳо ва синни 50 барои занон) метавонанд аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз ҳисоби маблағи барои пардохти музди меҳнат пешбинишудаи корхонаю ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти нафақаҳо то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешаванд, муқаррар гарданд .
Тартиби таъмини нафақаи шахсоне, ки то ҷорӣ шудани ҳамин Қонун корҳоеро анҷом медоданд, ки шароиташон зиёновару вазнин буда, дар қонунгузории пештар амалкунанда пешбинӣ гардидаанд, дар моддаи 117-уми Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
Назорат ба дурустии истифодаи рӯйхатҳои таъмини нафақаи имтиёзнок (бандҳои "а"; "б" ва "и") ва сифати гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ дар корхонаю ташкилотҳо, таҳияи пешниҳодҳо барои такмили ин рӯйхатҳо ба зиммаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат гузошта мешавад. Низомномаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат ва тартиби гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои кориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад .
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад .
Моддаи 13. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба кормандоне, ки дар конҳои зеризаминӣ ва кушода кор мекунанд
Кормандоне, ки рӯзи пурраи корӣ бевосита дар конҳои зеризаминӣ ва кушода (аз ҷумла ҳайати шахсии гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ аз фалокатҳои кон), оиди истихроҷи ангишт, сланетс, маъдан ва маъданҳои дигар, дар сохтмони шахтаю конҳо машғули кор мебошанд - аз рӯи феҳристи кору касбҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, сарфи назар аз синну солашон, ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар онҳо дар ин корҳо на камтар аз 25 сол кор карда бошанд ва кормандони касбҳои пешбари ин корҳо: коргарони конҳо, коргоҳи истихроҷи маъдан, нақбканҳо, маъданканҳо бо метини маъданканӣ, мошинистҳои мошинҳои маъданбарорӣ дар сурате, ки дар ин корҳо на камтар аз 20 сол кор карда бошанд.
Дар сурати мавҷудияти собиқаи кории корҳои зеризаминӣ камтар аз 10 сол барои мардҳо ва 7 солу 6 моҳ барои занон барои ҳар як соли пурраи ин корҳо синни нафақавии дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда 1 сол кам карда мешавад.
Моддаи 14. Баҳисобгирии мутақобилаи корҳои дорои шароити гуногуни махсуси меҳнат
Фаъолияти меҳнатии дорои шароити махсуси меҳнат бо тартиби зерин ҷамъбаст мешавад:
ба кори дорои шароити вазнини меҳнат (банди "б"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур) кори зеризаминӣ, кори дорои шароити зараровар ва кор дар коргоҳҳои (сехҳои) гарм (банди "а"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) ва давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми Қонуни мазкур), илова карда мешаванд;
ба кор дар вазифаи тракторчиён-мошинистҳо дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин мошинистҳои мошинҳои сохтмонӣ, роҳсозӣ, боркунанда ва борфароранда (бандҳои "в" ва "г"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), кори зеризаминӣ, кори дорои шароити басо зараровар ва кор дар коргоҳҳои гарм (банди "а"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун), кор дар шароити вазнин (банди "б"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), инчунин давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми ҳамин Қонун) илова карда мешавад;
ба кор дар саноати бофандагӣ (банди "ж"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) тамоми дигар корҳои фавқуззикр илова карда мешаванд.
Моддаи 15. Дигар намудҳои нафақаҳои имтиёзнок
Инҳо ба нафақаҳои имтиёзнок ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд ва доимӣ дар он ҷо истиқомат мекунанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд;
мардҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
б) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на амтар аз 20 сол;
в) заноне, ки панҷ ва беш аз ин кӯдак зоида, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва модарони ашхоси аз кӯдакӣ маъюб, ки онҳоро то ин синну сол тарбия кардаанд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, бо назардошти мӯҳлати нигоҳубини кӯдакон (бандҳои "ж" ва "з"-и моддаи 63-юми Қонуни мазкур) ё дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, бе назардошти мӯҳлати зикргардидаи нигоҳубини кӯдакон ба нафақа ҳуқуқ доранд. Дар айни замон кӯдакони маъюби то синни 18-сола, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ доранд (моддаи 109-уми Қонуни мазкур), ҳамчунин ба ҷумлаи шахсони аз кӯдаки маъюб мансуб мебошанд ;
г) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизари (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб ба нафақа аз рӯи синну сол дар мавридҳои зайл ҳақ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
д) маъюбони гурӯҳи 1 аз ҷиҳати биноӣ:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 10 сол;
е) иштирокдорони рафъи оқибатҳои фалокати корхонаи зappaвии барқии Чернобил дар синну соли зайл ба нафақа ҳақ доранд;
Мардҳо - баъд аз расидани ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занон - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад.
Моддаи 16. Андозаҳои нафақа
Нафақаи синну сол ба андозаи 55 фоизи маош аммо ба шахсоне, ки дар корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд (мардҳо - 25 сол ва занҳо - 20 сол), ба андозаи 60 фоиз маош (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) таъин карда мешавад. Барои ҳар як соли пурраи корӣ зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон нафақа ба андозаи 1 фоизи маош меафзояд , .
Нафақаи кормандоне, ки бо корҳои дар банди "а"-и моддаи 12 ва моддаи 13-уми Қонуни мазкур пешбинишуда машғул мебошанд, барои ҳар як соли корӣ зиёда аз 10-солаи мардҳо ва 7 солу 6 моҳаи занон, ки барои нафақа бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, ба андозаи 1 фоизи маош зиёд мешавад.
Ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ба андозаи на камтар аз ҳадди ақали музди меҳнат муқаррар карда мешавад. Андозаи нафақаи шахсоне, ки собиқаи кории зарурӣ (мардҳо 25 сол ва занҳо 20 сол) доранд, наметавонад аз андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол кам бошад. Нафақаҳо аз рӯи синну сол, ки ба андозаи ҳадди ақал таъин гардидаанд, барои ҳар як соли пурраи тамоми собиқаи кории зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон ба андозаи 1 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд мешаванд .
Андозаи нафақа аз рӯи синну сол, ки мутобиқи қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи мазкур ҳисоб карда шудааст, наметавонад аз 75 фоизи маош аммо ба онҳое, ки дар як корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд, - мардҳо - 25 сол ва занон - 20 сол, наметавонад аз 80 фоизи маош зиёд бошад зиёд бошад .
Андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар дар ҳаҷми 2,5 баробари ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда мешавад .
Қисми шашум хориҷ карда шуд .
Ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва барои занҳо дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол ҳангоми пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа тибқи Қонуни мазкур ба андозаи 80 фоизи музди меҳнаташон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) нафақа таъин карда мешавад. Нафақа барои ҳар як соли узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон будан ба андозаи ду фоизи музди меҳнаташон зиёд карда мешавад, вале он аз 90 фоизи музди меҳнати онҳо зиёд буда наметавонад
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд .
Моддаи 17. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи кории нопурра
Шахсоне, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кории кофӣ надоранд (моддаи 11-уми Қонуни мазкур), дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 5 сол ба онҳо мутаносиби собиқаи кории мавҷуда (моддаи 77-уми Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, нафақа аз рӯи синну сол бо собиқаи нопурра таъин карда мешавад .
Ҳангоми таъин кардани нафақа бо собиқаи кории нопурра шартҳои имтиёзноки синну сол ва собиқаи кори барои таъин намудани нафақаҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, истифода намешаванд.
Ба нафақаҳо аз рӯи синну сол, ки бо собиқаи кории нопурра таъин гардидаанд, иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 18 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд .
Моддаи 18. Иловапулиҳо ба нафақа
Ба нафақа аз рӯи синну сол, аз ҷумла нафақае, ки ба андозаи ҳадди ақал ҳисоб карда шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
а) ба нафақахӯроне, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзоёни корношоями оила доранд (модаҳои 37, 38, 39, 40-уми Қонуни мазкур), ба ҳар як узви оила, вале на ба беш аз 3 нафар - ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ;
б) нафакахӯрони яккаю танҳо, ки ба синни 80 расидаанду ба нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷ доранд,- барои нигоҳубини онҳо ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол. Дар айни замон далели мансубият ба нафақахӯрони яккаю танҳо, инчунин эҳтиёҷманди нигоҳубини каси дигар аз ҷониби мақомоти ваколатдор муқаррар карда мешавад , .
Иловапулиҳои дар бандҳои "а" ва "б"-и ҳамин модда пешбинишуда метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд:
в) нафақаи синну соли маъюбони ҷанги гурӯҳҳои I-II-150 фоиз, барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ - маъюбони гурӯҳҳои I-II аз сабаби бемориҳои умумӣ ва маъюбони ҷанги гурӯҳи III - 100 (фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, зиёд мегардад ;
г) нафақаи синну сол барои дигар иштирокчиёни ҷанг аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони ҳайати кироя, писархондҳои (тарбиятгирандагони) полкҳо ва юнгаҳо, ки дар ҳайати армияи амалкунанда, дастаҳою қисмҳои партизанӣ хизмат кардаанд, хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок кардаанд, ба андозаи 75 фоизи нафақаи камтарини синну сол зиёд карда мешаванд .
д) нафақаи синну сол барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд - 50 фоиз, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи Нишони Шарафи меҳнат мукофотонида шудаанд, шахсони дар давраи аз 22 маи соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбӣ буда (ғайр аз шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар ҷойҳои муваққатан ишғолкардаи душман, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ва барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз
22.06с.1941 то 3.09 с.1945) бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд15 фоизи нафақаи камтарини синну сол меафзояд .
е) нафақа аз рӯи синну сол барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 вобаста ба рафъи садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтақаҳои олудагии радиоактивӣ1 150 фоиз зиёд мешавад;
нафақаи иштирокчиёни рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтакахои олудагии радиоактиви маъюбони гуруххои I ва II беморихои умуми ва маъюбони гурухи III, ки дар натичаи осори офатхои экологи маъюб гардидаанд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Нафака аз руи синну сол ба иштирокчиёни минтакахои офатхои экологи ба андозаи 75 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
ж) нафака аз руи синну сол ба сокинони Ленингради мусодирашуда дар давраи аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1945: зиндониёни ноболиги конслагерхои фашисти, чойхои акаллиятнишин ва нигахдории мачбури, ки аз чониби фашистони олмони ва иттифокчиёни онхо дар давраи чанги дуюми чахон сохта шуда буданд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
з) нафақа аз руи синну сол ба онхое, ки беасос аз руи акидахои сиёсиашон хабс шуда, баъдан сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди акали нафақа аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
и) нафақа аз руи синну сол ба шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
к) нафақа аз руи синну сол ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии СССР" доранд, ба андозаи 10 фоизи нафакаи мукарраршуда зиёд мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, ;
л) нафака аз руи синну сол ба шахсоне, ки дар нохияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон истикомати доими мекунанд, ба андозаи ду нафакаи хадди акали синну сол зёд карда мешавад ;
м) иловапулиҳо ба нафақаи аз рӯи синну сол таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ӯ иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Иловапулиеро, ки дар бандҳои "в", "г" ва "д", "е", "ж", "з", "и", "к", "л" ва "м"-и ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, дар як вақт ҳисоб карда додан мумкин аст Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 19. Даврае, ки барои он нафақа таъин мегардад
Нафақаи синну сол, сарфи назар аз ҳолати қобилияти корӣ, умрбод таъин карда мешавад.
Моддаи 20. Андоза ва тартиби пардохти нафақа ба нафақахӯроне, ки кор мекунанд
Андоза ва тартиби пардохти нафақаро ба нафақахӯроне, ки кор мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
ФАСЛИ III. НАФАҚА A3 РӯИ МАЪЮБӢ
Моддаи 21. Шартҳои таъини нафақа
Нафақаи маъюбӣ дар сурати фаро расидани маъюбие, ки боиси пурра ё қисман аз даст додани қобилияти корӣ гардидааст, ба сабабҳои зайл таъин мегардад:
а) маъюб шудан дар кор ё бемории касбӣ;
б) бемории умумӣ (аз ҷумла маъюбии новобаста ба кор, маъюбӣ аз кӯдакӣ);
в) осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
г) беморие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ба он гирифтор шудаанд (моддаи 24.2).
Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "а" ва "б" таъин шудаанд, новобаста аз он, ки маъюбӣ кадом вақт рӯй додаст - дар давраи кор, то оғози кор (таҳсил) ё баъди анҷоми он муқаррар карда мешаванд. Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "в" ва "г" таъин шудаанд, дар он сурат муқаррар карда мешаванд, ки маъюбият дар давраи хизмати ҳарбӣ ё на дертар аз се моҳи баъди ҷавобшавӣ аз хизмати ҳарбӣ ё худ баъдтар аз ин мӯҳлат, вале дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ё бемориҳои давраи хизмати ҳарбӣ рӯй дода бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Иловапулиҳои дар бандҳои "в", "г", "д", "е", "ж", "з", "и", "к"-и ин модда пешбинишуда яквақта ҳисоб карда мешаванд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 22. Гурӯҳҳои маъюбӣ
Маъюбон вобаста аз дараҷаи гум кардани қобилияти кор ба се гурӯҳ тақсим мешаванд.
Сабабҳо ва гурӯҳҳои маъюбӣ, инчунин вақти фаро расидани мaъюбиро Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар мекунанд .
Низомномаи ин комиссияҳоро, ки онҳо дар асоси он амал мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 23. Собиқаи корие, ки барои нафақагирӣ ҳуқуқ
Нафақаи маъюбӣ дар асари маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ (моддаи 24-уми Қонуни мазкур), сарфи назар аз собиқаи корӣ, таъин карда мешавад.
Нафақаи маъюбӣ ба сабаби бемории умумӣ дар сурати то вақти фаро расидани маъюбӣ мавҷуд будани собиқаи кории зерин таъин карда мешавад: Собиқаи корӣ (бо солҳо)
То расидан ба синни 23 1
аз 23-солагӣ то расидан ба синни 26 2
аз 26-солагӣ то расидан ба синни 31 3
аз 31-солагӣ то расидан ба синни 36 5
аз 36-солагӣ то расидан ба синни 41 7
аз 41-солагӣ то расидан ба синни 46 9
аз 46-солагӣ то расидан ба синни 51 11
аз 51-солагӣ то расидан ба синни 56 13
аз 56-солагӣ то расидан ба синни 61 14
аз 61-солагӣ ва зиёда аз он 15
Агар собиқаи кории барои гурӯҳи синну соли дахлдор зарур ба даст оварда шуда бошад ва кор пас аз гузаштан ба гурӯҳи дигари синну сол идома ёфта бошад, шарти собиқаи корӣ, сарфи назар аз талаби барои гурӯҳи синну соли дигар муқарраргардида, иҷрошуда ба ҳисоб меравад.
Ба шахсоне, ки дар асари бемории умумӣ дар давраи кор ё пас аз қатъ гардидани он, то расидан ба синни 20 маъюб гаштаанд, нафақа, сарфи назар аз собиқаи корӣ, таъин карда мешавад.
Ҳангоми гузаштан аз нафақаи маъюбӣ бар асари маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ ба нафақаи маъюбӣ бар асари бемории умумӣ собиқаи кории зарурӣ аз рӯи синну сол аз замони аввалаи муқаррар намудани маъюбӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 24. Маъюбӣ ба сабаби маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ
Маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор фарорасида дониста мешавад, агар ҳодисаи нохуше, ки боиси маъюбӣ гаштааст, дар мавридҳои зерин ба амал омада бошад (ба истиснои ҳолатҳои содир намудани кирдори ғайриқонунӣ):
а) ҳангоми иҷрои вазифаҳои корӣ (аз ҷумла ҳангоми сафари хизматӣ), инчунин ҳангоми иҷрои ягон хел амал бар манфиати корхона ё ташкилот, агарчи онҳо бе супориши махсус иҷро шуда бошанд;
б) дар роҳ ҳангоми ба кор рафтан ё аз кор баргаштан;
в) дар ҳудуди корхона, ташкилот ё ҷои дигари кор дар давоми вақти корӣ (аз ҷумла танаффусҳои муқарраргардида), дар давоми вақте, ки пеш аз оғози кор ё пас аз анҷоми он барои ба тартиб даровардани олоти истеҳсолот, сарулибос ва ғайра зарур мебошад;
г) дар наздикии корхона, ташкилот ё ҷои дигари кор дар давоми вақти корӣ (аз ҷумла танаффусҳои муқарраргардида), агар дар он ҷо будан ба қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ мухолиф набошад;
д) ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин иҷрои супоришҳои ташкилотҳои давлатию ҷамъиятие, ки бо тартиби муқарраргардида мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳарчанд ки ин супоришҳо ба кори асосӣ вобаста набошад;
е) ҳангоми иҷрои қарзи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ.
Рӯйхати бемориҳои касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 24.1 Маъюбият дар натиҷаи осеби ҳарбӣ
Маъюбияти шаҳрвандоне, ки давраи хизмати ҳарбиро адо кардаанд, вақте натиҷаи осеби ҳарбӣ ҳисоб меёбад, ки он дар асари захм, контузия, маҷрӯҳшавӣ ҳангоми ҳимояи Ватан ё ҳангоми иҷрои дигар ӯҳдадориҳои (вазифаҳои) хизмати ҳарбӣ ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирок дар ҷанг ё адои хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар он ҷоҳо амалиёти ҷангӣ бурда мешуд, рӯй дода бошад. Ба ҷумлаи касоне, ки дар натиҷаи осеби ҳарбӣ маъюб шудаанд, ҳамчунин собиқ хизматчиёни ҳарбие тааллуқ доранд, ки дар асари захмдорӣ, контузия, ҷароҳат ё бемориҳои давраи асирӣ маъюб шудаанд, ба шарте ки асорати онҳо ихтиёри набошад ва хизматчии ҳарбӣ ҳангоми асирӣ ба Ватан хиёнат накарда бошад, ё дар давраи дар артиши амалкунанда ба сифати писархонди (тарбиягирандаи) полкҳо ва юнгаҳо буданаш маъюб шуда бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 24.2 Маъюбияте, ки кас дар натиҷаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) мубтало шудааст
Маъюбият вақте ба амаломада ҳисоб мешавад, ки агар сабабаш осеби воқеаи нохуш буда, он ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ (вазифаҳои хизматӣ) алоқаманд нест, ё худ бемориҳое бошанд, ки бо адои хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар он ҷоҳо амалиёти ҷангӣ бурда шудаанд ё бо иштирок дар фронт алоқаманд набошанд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 25. Нафақа ба шаҳрвандони муҳоҷире, ки аз мамлакатҳои дигар омадаанд
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷироне, ки аз мамлакатҳои дигар ворид гашта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор накардаанд нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
а) аз рӯи маъюбӣ бар асари маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ сарфи назар аз собиқаи корӣ;
б) аз рӯи маъюбӣ дар асари бемории умумӣ - дар сурати мавҷуд будани собиқаи корие, ки аз рӯи синну сол то рӯзи муқаррар намудани маъюбӣ зарур мебошад.
Ба шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчида омадаанд, нафақа мувофиқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад, агар чизи дигаре дар аҳдномаю созишномаҳои байни ин кишварҳо пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 26. Нафақаи донишҷӯён
Ба донишҷӯёни таълимгоҳҳои олию миёнаи махсус, омӯзишгоҳу мактабҳо ва курси омӯзиши кадрҳо, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
а) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор ё бемории касбӣ, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ ё машғулиятҳои амалӣ вобаста мебошанд, сарфи назар аз муддати дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ будан. Дар айни замон ба маъюбӣ бар асари маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, маъюбие баробар карда мешавад, ки бинобар иҷрои вазифаҳои давлатию ҷаъмиятӣ ё супоришҳои маъмурият, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ба тартиби муқарраргардида мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ё бинобар иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ фаро расидааст;
б) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби бемории умумӣ - агар донишҷӯ, аспирант ё ординатори клиникӣ дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дар давоми мӯҳлати лозимаи дар моддаи 23-юми ҳамин Қонун зикргардида таҳсил карда бошад.
Ба талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ нафақа дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, сарфи назар аз мӯҳлати таҳсил, таъин карда мешавад.
Моддаи 27. Андозаи нафақа
Нафақа дар мавриди маъюбӣ, ки дар бандҳои "а", "б", "г"-и моддаи 21 дар назар дошта шудаанд ба андозаҳои зерин таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223):
ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II - 70 фоиз, ба гурӯҳи III - 50 фоизи музди меҳнат модаҳои 70-86-уми Қонуни мазкур) , .
Агар маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III барои таъин кардани нафақа аз рӯи синну сол, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок, собиқаи кории зарурӣ дошта бошанд, нафақа аз рӯи маъюбӣ ба андозаи нафақа аз рӯи синну сол, мувофиқи собиқаи кории дахлдор таъин карда мешавад.
Ҳадди ақалли нафақа ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
барои маъюбони гурӯҳҳои I ва II ба андозаи 100 фоиз, маъюби гурӯҳи III - 50 фоизи нафақаи ҳадди ақалли аз рӯи синну сол.
Ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи маъюбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
- ба маъюбони гурӯҳи 1-10 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи II - 8 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи III - 6 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол .
Дар ҳама ҳолат андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи маъюбӣ наметавонад аз андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол камтар бошад .
Моддаи 28. Нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра
Ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II ба сабаби бемории умумӣ, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кофии корӣ надоранд (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) нафақа аз рӯи маъюбӣ дар сурати нопура будани собиқаи корӣ ба андозае таъин карда мешавад, ки мутаносиби собиқаи кории мавҷуда буда, вале на камтар аз 100 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ба маъюбони гурӯҳи I, маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз кӯдакӣ ва 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ба маъюбони гурӯҳи II бошад .
Ба нафақаҳо аз рӯи маъюбӣ бо собиқаи кории нопурра иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 31 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд .
Моддаи 29. Андозаи нафақаи донишҷӯён
Ба донишҷӯёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омӯзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курсҳо, аспирантура ё ординатура кор накардаанд, инчунин ба талабагони мактабҳои таълими умумӣ, ки ба сабаби маибшавӣ дар кор ё бемории касбии вобаста ба омӯзиши истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ ё дарсҳои амалӣ маъюб гаштаанд, нафақа дар мавриди маъюбӣ ба андозаҳои дар моддаи 27-уми Қонуни мазкур муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 30. Андозаи нафақаи шахсоне, ки бар асари иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ маъюб гаштаанд
Ба шахсоне, ки бар асари иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд (шахсоне, ки дар бандҳои "а", "е" ва "з"-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикр нагардидаанд) нафақа ба андозаи дар моддаи 27-уми ҳамин Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 30.1 Нафақаҳои барои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинишуда
Дар асосҳои баробар бо хизматчиёни ҳарбӣ, мувофиқи модаҳои 24.1 ва 24.2 нафақа ба инҳо таъин карда мешавад:
ба шахсони ҳайати роҳбарикунанда ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ. Зимнан дар назар дошта мешавад, ки маъюбии онҳо дар асари захм, контузия ва маҷрӯҳӣ, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба амал омадааст;
ба шаҳрвандоне, ки ба сабабҳои осори захм, контузия, маҷрӯҳӣ ё бемориҳои дар давраи хизмат дар баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои ҳимоякунандаи халқ ба амаломада маъюб шудаанд;
ба шаҳрвандоне, ки барои таълим ва санҷиши омодагии ҳарбӣ даъват шудаанд ва дар натиҷаи захм, контузия ё маҷрӯҳии ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ дар давраи гузаштани ин гуна ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба амаломада маъюб шудаанд.
Шаҳрвандони иштироккунандаи ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ки дар натиҷаи осори захм, контузия ё маҷрӯҳӣ дар вақти ҳимояи сохти констутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб дониста шудаанд ва маъюбии онҳо бо маъюбии дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад, аммо маъюбие, ки дар натиҷаи дигар сабабҳои дар давраи гузаштани хизмат дар мақомоти номбаршуда ҷойдошта ба амал омадааст, бо маъюбии дар натиҷаи бемориҳои дар давраи хизмати ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 30.2 Шартҳое, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаро барои хизматчиёни ҳарбӣ муайян мекунанд
Нафақа аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1), ё дар натиҷаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ (моддаи 24.2) новобаста аз муддати собиқаи умумии кор, аз он ҷумла хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 30.3 Андозаи нафақа аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ
Нафақа аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) барои гурӯҳҳои I ва II ба андозаи 85 фоиз ва барои гурӯҳи III 50 фоиз мувофиқи ҳаҷми таъмини пулӣ (музди меҳнат) таъин карда мешавад.
Ҳадди ақали нафақа аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- ба маъюбони гурӯҳи I -3 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи II -2,5 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи III -2 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол .
Моддаи 31. Иловапулӣ ба нафақа
Ба нафақа аз рӯи маъюбӣ, аз ҷумла нафақае, ки ба ҳадди ақал ҳисоб шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар мегарданд:
а) ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзои корношоями оила доранд, ба ҳар кадом узви корношоями оила, вале на бештар аз 3 нафар нонхӯр (модаҳои 36, 39, 40-уми Қонуни мазкур) - ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ;
б) ба маъюбони гурӯҳи I (ғайр аз маъюбони гурӯҳи I аз рӯи нобино), ҳамчунин ба маъюбони яккаву танҳои гурӯҳи II, ки ба ёрии дигарон муҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол; ба маъюбони гурӯҳи I аз рӯи нобиноӣ ва ба маъюбони осеби ҳарбидидаи гурӯҳҳои I ва II, ки ба ёрии дигарон муҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар ҳаҷми ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол. Нафақаи маъюбони осеби ҳарбидидаи гурӯҳи II (моддаи 24.1), ки барои гирифтани дигар намудҳои нафақа ва иловапулӣ барои нигоҳубин ҳуқуқ надоранд, 50 фоиз, барои маъюбони гурӯҳи III дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, .
в) нафақаи аз рӯи маъюбӣ барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ вa шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд, 25 фоиз, барои Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шарафи Меҳнат, барои шахсони аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбибуда (ғайр аз шахсоне, ки дар ҳайати артиши амалкунанда буданд), ҳамчунин барои онҳое, ки дар давоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945), камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти корӣ дар ҷойҳои муваққатан аз тарафи душман ишғолшуда мукофотонида шудаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ё барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945) бо ордену медалҳо мукфотонида шудаанд - 15 фоизи маоши камтарин аз рӯи синну сол меафзояд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
г) нафақа аз рӯи маъюбӣ барои гурӯҳҳои I ва II, дар натиҷаи маҷрӯҳшавӣ ё бемории мансуб ба минтақаи офати экологӣ мебошад, 150 фоиз, барои гурӯҳ III - дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
д) нафақа аз рӯи маъюбӣ барои шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
е) нафақа аз рӯи маъюбӣ ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии СССР" доранд,ба андозаи 10 фоизи нафақаи муқарраргардида зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, ;
ж) нафақа аз рӯи маъюбӣ ба сокинони Ленингради муҳосирашуда аз давраи 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 ва асирони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ, ҷойҳои ақаллиятнишин ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурии аз ҷониби фашистони олмонӣ ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ташкилшуда ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
з) нафақа аз рӯи маъюбӣ ба шахсоне, ки беасос аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ ҳабс шуда буданду баъдан онҳо сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
и) нафақа аз рӯи маъюбӣ ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мургоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқомати доимӣ мекунанд, ба андозаи ду нафақаи ҳадди ақали синну сол зиёд карда мешавад ;
к) иловапулиҳо ба нафақаи аз рӯи маъюбӣ таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76);
Иловапулиҳои дар бандҳои "а", "б", "в", "г", "д", "е", "ж", "з", "и" в "к"-и ҳамин модда пешбинишудa метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ӯ иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Ба нафақа аз рӯи маъюбии хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалистӣ дар қаламрави дигар давлатҳо дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардаанд ва иштирокчиёни минтақаҳои офатҳои экологӣ ба андозаи 75 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол иловапулӣ муқаррар карда мешавад .
Моддаи 32. Даврае, ки барои он нафақа таъин карда мешавад
Нафақа барои тамоми давраи маъюбӣ, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад. Ба мардони маъюби аз 63-сола боло ва занҳои маъюби аз 58-сола боло нафақаи маъюби умрбод таъин карда мешавад. Муоинаи такрории ин маъюбон танҳо дар асоси аризаи онҳо сурат мегирад .
Моддаи 33. Мӯҳлати пардохти нафақа дар сурати тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ ё барқарор гаштани қобилияти корӣ
Дар сурати тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ нафақа ба андозаи нав аз рӯи тағйири гурӯҳи маъюбӣ пардохта мешавад.
Дар сурати қобили кор донистани маъюбе, ки аз муоинаи такрорӣ гузаштааст, нафақа то охири моҳе, ки дар давоми он маъюб қобили кор дониста шудааст, пардохта мешавад, вале барои давраи на бештар аз он рӯзе, ки маъюбӣ муқаррар гардидааст.
Моддаи 34. Шартҳои аз нав барқарор намудани пардохти нафақа дар сурати пайдоиши фосила дар давраи маъюбӣ
Агар маъюб дар мӯҳлати муқарраргардида барои муоинаи такрорӣ ба комиссияи экепертии тиббию меҳнатӣ ҳозир нашуда бошад, пардохти нафақаи ӯ боздошта мешавад ва дар мавриди маъюб донистани ӯ аз рӯзи боздошти нафақа, вале барои давраи на бештар аз як моҳ аз нав барқарор карда мешавад.
Дар сурати бо сабаби узрнок дар мӯҳлати муқарраргардида нагузаштан аз муоинаи такрорӣ нафақа бо қарори мақомоти ваколатдор аз рӯзи боздошти пардохт то рӯзи муоинаи такрорӣ, вале барои давраи на бештар аз 3 сол пардохта мешавад, агар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар ин давра шахсро маъюб донад. Дар айни замон, агар дар натиҷаи муоинаи такрорӣ шахси маъюб ба гурӯҳи дигари маъюбӣ (гурӯҳи баландтар ё пасттари маъюбӣ) гузаронида шавад, нафақаи давраи мазкур аз рӯи гурӯҳи пештара пардохта мешавад
Агар пардохти нафақа ба маъюбӣ бар асари бемории умумӣ қобилияти кориашро аз дастдода бо сабаби аз нав барқарор шудани қобилияти корӣ қатъ гардида бошад, ё ӯ бар асари ҳозир нагаштан ба муоинаи такрорӣ бе сабаби узрнок нафақаашро нагирифта бошад, дар ин ҳолат дар сурати эътирофи минбаъдаи маъюбии вай, пардохти нафақаи пештар таъингардида аз рӯзи муқаррар намудани маъюбӣ аз нав барқарор карда мешавад, ба шарте ки пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа на бештар аз 5 сол гузашта бошад. Агар беш аз 5 сол гузашта бошад, нафақа аз нав дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад.
Моддаи 35. Пардохти нафақа ба маъюбоне, ки маош ё даромади дигар доранд
Нафақа аз рӯи маъюбӣ, сарфи назар аз маош ё даромади дигар, бе иловапулӣ барои хӯрандаҳо пардохта мешавад .
ФАСЛИ IV. НАФАҚА БА САБАБИ МАҲРУМ ШУДАН A3 САРОБОН
Моддаи 36. Аъзои оилае, ки ба нафақа ҳуқуқ доранд
Ба нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аъзоёни азкорафтодаи оилаи саробонаш фавтида, ки таҳти таъминоти ӯ қарор доштанд, ҳуқуқ доранд (моддаи 37). Зимнан, нафақа ба фарзандони ғайри қобили меҳнат, ба волидайн ва ҳамсари азкорафтода ва ҳамчунин ба волидайн ва ҳамсарони ғайри қобили меҳнати шаҳрвандони дар натиҷаи осеби ҳарбӣ фавтида (ҳалокгардида), ба аъзоёни оилаҳои хизматчиёни ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
ба аъзоёни оилаҳои шахсони дар вақти гузаштани хизмати ҳарбӣ фавтида (ҳалокшуда) ва ё агар сабаби марг ба иҷрои хизмати ҳарбӣ алоқаманд набошад ва агар ин аъзоёни оила баъд аз сари саробонашон манбаи даромадро барои зиндагӣ аз даст дода бошанд, ба яке аз волидон, ба ҳамсар ё дигар аъзои оилаи дар банди "в"-и ҳамин модда нишон додашуда таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Инҳо аъзои корношоями оила ба ҳисоб мераванд:
а) фарзандон, бародару хоҳарон ва набераҳои ба синни 18 нарасида, ё аз ин синну сол калонтар, агар онҳо то расидан ба синни 18 маъюб шуда бошанд, зимнан бародарону хоҳарон ва набераҳо - ба шарте, ки волидайни қобили кор надошта бошанд;
б) падар, модар, зан, шавҳар, агар онҳо ба синну соли зерини нафақавӣ расида бошанд: мардҳо - 63 сол, занҳо - 58 сол ё онҳо маъюб бошанд ;
в) яке аз волидайн ё ҳамсар, бобо, бибӣ, бародар ё хоҳар сарфи назар аз синну сол ва қобилияти корӣ, агар онҳо кор накунанд ва машғули нигоҳубини кӯдакон, бародару хоҳарон ё набераҳое бошанд, ки ба синни 8 нарасида саробонашон фавтидааст;
г) бобою бибӣ - дар сурати набудани шахсоне, ки мувофиқи Қонун онҳоро бояд таъмин кунанд;
д) донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (таҳсили рӯзона) то вақти хатми муассисаҳои мазкур, вале на зиёда аз синни 23-солагӣ ;
Хорич карда шуд .
Тамоми қоидаҳои ҳамин Қонун, ки ба оилаҳои фавтидагон тааллуқ доранд (азбаски шарти дигаре зикр нагардидааст), мутобиқан ба оилаҳои касони беному нишон гумшуда дахл доранд, ба шарте ки гум шудани саробон бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шуда бошад. Оилаҳои хизматчиёни дар давраи амалиёти ҳарбӣ бе ному нишон гумшуда ба оилаҳои дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ҳалокшуда баробар дониста мешаванд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 36.1 Ҳуқуқ ба нафақаи имтиёзнок
Ҳамсарони шаҳрвандони дар асари осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) вафоткарда (ҳалокшуда), ки кӯдаки то 8-солаи шахси фавтида (ҳалокшуда)-ро нигоҳубин мекунанд, сарфи назар аз синну сол, қобилияти меҳнатӣ ва аз он ки ҳамсараш кор мекунад, ё не ба нафақаи ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд.
Ба волидайн ё ҳамсарони шахсони дар натиҷаи осеби ҳарбӣ вафоткарда (ҳалокшуда) (моддаи 24.1) нафақа ба сабаби маҳрум шудан саробон ҳангоми расидан ба синни 53-солагӣ таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, .
Моддаи 37. Аъзои оила, ки хӯранда дониста мешаванд
Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар сурате хӯрандаи ӯ ҳисоб меёбанд, ки агар онҳо дар таъминоти пурраи вай буда, ё аз ӯ кӯмаке мегирифта бошанд, ки барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки ёрии ӯ барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт буд ва худашон ягон хел нафақа мегирифтанд, ҳақ доранд, ки ба нафақаи нав гузаранд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 38. Додани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд
Ба кӯдакони ятиму бекас дар давраи таҳти таъминоти пурраи давлат буданашон нафақа пурра дода мешавад .
Ба кӯдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд ва дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, 25 фоизи нафақаи таъиншуда пардохт карда мешавад .
Тартиби пардохти нафақаро ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 39. Ҳуқуқи нафақаи падархонду писархонд
Падархондҳо баробари волидайн, писархондҳо баробари фарзандони худи ба нафақа ҳақ доранд.
Ноболиғоне, ки барои маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқи нафақагирӣ доранд, дар сурати писархонд шуданашон ҳам аз ин ҳуқуқ маҳрум нагарданд.
Моддаи 40. Ҳуқуқи нафақаи падарандару модарандар, писарандару духтарандар
Агар падарандару модарандар писарандар ё духтарандари фавтидаро (ҳалокшударо) камаш 5 сол тарбия ё таъмин карда бошад, баробари падару модар ба нафақа ҳақ доранд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, .
Агар писарандару духтарандар аз волидайн алимент намегирифта бошанд, баробари фарзандони ҳамхуни падарандару модарандар ба нафақа ҳақ доранд.
Моддаи 41. Боқӣ мондани нафақа ҳини ақди никоҳи нав
Нафақае, ки бинобар вафоти ҳамсар таъин гардидааст, баъд аз ақди никоҳи нави нафақахӯр ҳам бокӣ мемонад.
Моддаи 42. Собиқаи кории саробон, ки ҳуқуқи нафақагирӣ медиҳад
Ба оилаи саробоне, ки аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ вафот кардааст, инчунин ба оилаи нафақахӯри марҳум, сарфи назар аз собиқаи кории саробон, нафақа таъин карда мешавад.
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробоне, ки бинобар бемории умумӣ ё маъюбии новобаста ба кор фавтидааст, дар сурате таъин карда мешавад, ки собиқаи кории саробон то рӯзи вафоташ барои таъини нафақаи маъюбӣ мувофиқ бошад (моддаи 23-юми ҳамин Қонун).
Ба оилаҳои донишҷӯён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникие, ки то вақти дохил шудан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа мутобиқан бо худи ҳамин асосҳо таъин карда мешавад, ки дар мавриди маъюбӣ ба ин донишҷӯён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ (моддаи 26-уми Қонуни мазкур) таъин карда мешавад.
Ба оилаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони мамлакатҳои дигар, агар саробонашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор накарда бошанд, нафақа дар мавридҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба оилаҳое, ки дар мамлакатҳои дигар бинобар бесаробон монданашон нафақа мегирифтанд, сарфи назар аз собиқаи кории саробон;
б) ба оилаҳое, ки нафақа намегирифтанд, ба шарте ки саробонашон то рӯзи қатъ кардани кор собиқаи кории лозима дошта бошад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) ва дар сурати фавти ӯ аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ - сарфи назар аз собиқаи кории саробон.
Моддаи 43. Андозаи нафақа
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар узви корношоями оила 50 фоизи маоши саробон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол, таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, .
Нафақаи кӯдаконе, ки аз волидайнашон маҳрум шудаанд (ятимонн бекас) ё кӯдакони модари яккаи фавтида ба ҳар як кӯдак набояд камтар аз 100 фози ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол.
Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба ҳар як аъзои ғайри қобили меҳнати оила баробари 60 фоизи музди меҳнат (таъминоти пулӣ), ки дар моддаи 70-уми ҳамин Қонун муқаррар шудааст, таъин карда мешавад, аммо на камтар аз андозаи ду нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,.
Ҳадди ниҳоии нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви корношоями оила ба андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда мешавад .
Моддаи 44. Ҳисоби нафақаи ятимони бекас
Нафақаи кӯдакони ятими бекас аз маблағи умумии маоши падару модар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад .
Моддаи 45. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи нопурраи кор
Ба аъзои оилае, ки бесаробон мондааст ва ин саробон аз бемории умумӣ вафот кардаасту барои таъин кардани нафақаи пурраи маъюбӣ собиқаи кории кофӣ надорад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур), нафақаи мутаносибан ба андозаи собиқаи кории саробон таъин карда мешавад.
Ба оилаҳои нафақахӯрони фавтида, ки дар сурати пурра набудани собиқаи корӣ нафақа мегирифтанд, мутаносибан ба собиқаи корие, дар асоси он ба саробони фавтида нафақа муқаррар шуда буд, таъин карда мешавад.
Дар ҳар сурат андозаи нафақа ба ҳар як узви корношоями оилаи саробони фавтида наметавонад аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол камтар бошад .
Моддаи 46. Андозаи нафақаи оилаҳои талабаю донишҷӯён
Ба оилаҳои донишҷӯёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳо, мактабҳо ва курси омӯзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, ки то вақти ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дохил шуданашон кор намекарданд, нафақа ба андозае, ки дар моддаи 43-юми Қонуни мазкур муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад.
Моддаи 47. Андозаи нафақаи оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҳалок шудаанд
Ба оилаҳои шахсоне, ки бинобар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳалок шудаанд (шахсони дар бандҳои "а", "е", ва "з"-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида), нафақа ба андозаи дар моддаи 43-юми Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 47.1 Шартҳои таъин намудани нафақа барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ
Нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ (аз ҷумла партизанҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ муқарраршуда вақте таъин карда мешавад, ки агар саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ, ё худ бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ вафот карда бошад .
Хорич карда шуд .
Моддаи 47.2 Ҳуқуқи нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинигардида
Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ё бемории давраи хизмати ҳарбӣ, сарфи назар аз давомнокии собиқаи умумии корӣ, аз ҷумла хизмати ҳарбии саробон таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 48. Андозаи нафақаи оилаҳои нафақахӯрон
Ба оилаҳои нафақахӯрони фавтида нафақа мутобиқан аз рӯи меъёрҳое, ки барои оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми Қонуни мазкур зикргардида муқаррар шудаанд, таъин карда мешавад.
Моддаи 49. Ҳуқуқи муроҷиат барои таъини нафақа бе маҳдудияти мӯҳлат
Оилае, ки бинобар бесаробон монданаш ба нафақа ҳуқуқ дорад, метавонад барои таъин кардани нафақа бе ҳеҷ маҳдудияти мӯҳлат ҳар вақт пас аз фавтидан ё беному нишон дониста шудани саробон муроҷиат кунад.
Барои маҳрум шудан аз саробон ба инҳо нафақа таъин карда мешавад:
а) ба оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида, сарфи назар аз он, ки саробон чӣ вақт фавтидааст: дар давраи кор (таҳсил) ё пас аз қатъ кардани кор (таҳсил);
б) ба оилаҳои нафақахӯрон, агар саробон дар давраи гирифтани нафақа ё на дертар аз 5 соли пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа фавтида бошад.
хорич карда шуд .
Моддаи 50. Давраи таъин кардани нафақа. Тағйир додани андозаи нафақа
Нафақа дар мавриди маҳрум шудан аз саробон мувофиқи моддаи Қонуни мазкур барои тамоми даврае, ки дар давоми он узви оилаи марҳум корношоям ба ҳисоб меравад, таъин карда мешавад. Ба он аъзои оила, ки ба синни зерин расидаанд, ин нафақа умрбод таъин карда мешавад: мардҳо - 63-сола, занҳо - 58-сола .
Тағйири андозаи нафақа ё қатъи пардохти он ба аъзои оила аз рӯзи аввали моҳи дигари рӯй додани ҳодисае, ки боиси тағйир ёфтани андозаи нафақа ё қатъи пардохти он гаштааст, сурат мегирад.
Моддаи 51. Таъини як нафақа ба ҳамаи аъзои оила. Ҷудо кардани ҳиссаи нафақа
Ба ҳамаи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, як нафақаи умумӣ таъин карда мешавад.
Бо талаби узви оила ҳиссаи нафақаи ӯ ҷудо карда, алоҳида дода мешавад.
Ҳиссаи нафақа аз рӯзи аввали моҳи дигари расидани аризаи тақсими нафақа ҷудо карда мешавад.
Моддаи 52. Андозаи нафақа дар сурати тағйири шумораи аъзои оила
Дар сурати тағйир ёфтани шумораи аъзои оила, ки барои маҳрум шудан аз саробон бо нафақа таъмин карда мешаванд, нафақа низ мутобиқан аз рӯи шумораи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, кам ё зиёд карда мешавад.
Ҳамин гуна тағйири нафақа дар мавридҳое сурат мегирад, ки пардохти нафақа ба яке аз аъзои оила пас аз барҳам хӯрдани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани пардохти нафақа шуда буданд, боздошта ё барқарор карда мешавад.
Моддаи 53. Тартибу мӯҳлати муқаррар кардани маъюбии аъзои оила
Ба аъзои оила, ки маъюб мебошанд, қоидаҳои дар моддаҳои 22, 32, 33, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 34-уми Қонуни мазкур баён гардида мувофиқан татбиқ мешаванд.
Моддаи 54. Додани нафақа сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигар
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон, сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигари нафақахӯр дода мешавад .
ФАСЛИ V. НАФАҚА БАРОИ ХИЗМАТИ ДАРОЗМУДДАТ
Моддаи 55. Асоси таъмини нафақа барои хизмати дарозмуддат
Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони машғули корҳое муқаррар карда мешавад, ки иҷрояшон боиси аз даст додани қобилияти ихтисосии корӣ ё коршоямӣ то фаро расидани синне мешавад, ки ҳуқуқи ба нафақа баромадан медиҳад.
Моддаи 56. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи кормандони авиатсия ва ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо
Категорияҳои зерини коргарон ва хизматчиёни авиатсия, инчунин ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо, сарфи назар аз тобеияти идоравии корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки дар он ҷо кор мекунанд, ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд:
а) ҳайати ҳавонавардон ва озмоишгарони ҳавопаймо дар мавриди доштани собиқаи хизматии на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва на камтар аз 20 сол барои занон дар ҳамин вазифа.
Кормандони номбурда, ки аз корҳои парвоз аз сабаби вазъи саломатӣ (беморӣ) озод гардидаанд, дар сурати доштани собиқаи хизматии камаш 20 сол барои мардҳо ва камаш 15 сол барои занҳо мутаносибан ба вақти коркардаашон ба нафақа ҳуқуқ доранд.
Феҳристи мансаби кормандони ҳайати парвоз, тартиби ҳисоб кардани мӯҳлати хизмати дарозмуддати таъини нафақаи онҳо, инчунин тартиби таъин кардану додани нафақа ба ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо мувофиқи тартибе тасдиқ мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
б) кормандоне, ки ҳаракати ҳавоиро идора мекунанду шаҳодатномаи диспетчерӣ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он 10 солаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо.
Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандоне, ки парвози ҳавопаймоҳоро идора мекунанд, ҳамчунин кори дар банди ,а,-и ҳамин модда зикргардида ба ҳисоб гирифта мешавад;
в) ҳайати инженерию техникӣ - аз рӯи номгӯи вазифаю корҳое, ки бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда тасдиқ мегардад:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на кам тар аз 20 солаш дар вазифаҳои зикргардида;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на камтар аз 15-солаш дар вазифаҳои зикргардида;
Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандони ҳайати инженерию техникӣ ҳамчунин коре, ки дар бандҳои "а" ва "б" ҳамин модда зикр гардидааст, ҳисоб карда мешавад;
г) ходимони ҳавопаймоҳо:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 15-солаш ба сифати ходими ҳавопаймо;
занҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш ба сифати ходими ҳавопаймо.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад .
Моддаи 57. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи кормандони соҳаҳои дигари хоҷагии халқ
Ба нафақаи хизмати дарозмуддат инҳо ҳуқуқ доранд:
Банди "а" кисми якуми моддаи хорич карда шуд .
а) кормандони экспедитсияҳо, гурӯҳҳо, дастаҳо, бригадаю участкаҳое, ки бевосита дар корҳои иктишофи геологӣ, пайҷӯи топографию геодезӣ, геофизикӣ, гидрологӣ, ҷангалдорӣ ва корҳои таҳқиқоти машғул мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикргардида.
Зимнан кори бевоситаи нимсола ё бештар аз нимсолаи саҳроӣ як соли кор ва агар аз ним сол камтар бошад, аз рӯи мӯҳлати воқеӣ ва дар корҳои мавсимӣ мувофиқи моддаи 67-уми Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад;
б) чӯпонҳое, ки дар чарогоҳҳои баландкӯҳ (зиёда аз 2000 метр) инчунин ноҳияҳои биёбонию беоб машғули кор мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар кори зикргардида.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад .
Моддаи 58. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театр ва муассисаю коллективҳои дигари театру тамошогоҳҳо
Дар сурати доштани собиқаи фаъолияти эҷодии аз 20 то 30 сол мувофиқи рӯйхате, ки бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда тасдиқ карда мешавад, категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театрҳо ва дигар муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо ба нафақаи хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад .
Моддаи 59. Шартҳои ба хизмати дарозмуддат дохил кардани хизмати ҳарбӣ
Ба собиқаи кори эҷодии ҳунарпешаҳои театрҳо ва муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо вақти хизмати ҳарбии онҳо аз рӯи ихтисос дохил карда мешавад, агар камаш аз се ду ҳиссаи собиқаи корие, ки барои таъмини нафақаи хизмати дарозмуддат лозим аст, ба кор дар вазифаҳое рост ояд, ки ба гирифтани ин нафақа ҳуқуқ медиҳанд.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад .
Моддаи 60. Нафақаи хизмати дарозмуддати баъзе категорияҳои кормандони маориф ва тандурустӣ
Ба нафақаи хизмати дарозмуддат аз рӯи номгӯи муассисаҳою ташкилотҳо ва вазифаҳо, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
а) муаллимҳое, ки дар кори омӯзгорӣ дар мактабҳо ва дигар муассисаҳои кӯдакон бевосита машғул мебошанд - дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикргардида;
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50;
б) духтурҳо ва дигар кормандони тиб, ки дар корҳои муолиҷа ва пешгирӣ намудани беморӣ дар байни аҳолӣ бевосита машғул мебошанд, дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол аз рӯи ихтисос дар маҳалҳои деҳот ва посёлкаҳои типи шаҳрӣ ва на камтар аз 30 сол дар шаҳрҳо:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад .
Моддаи 61. Андозаи нафақа
Нафақаи хизмати дарозмуддат ва иловапулиҳо ба он ба андозаҳое, ки дар моддаҳои 16 ва 18-уми ин Қонун барои нафақа аз рӯи синну сол муқаррар гардидаанд, таъин карда мешавад .
Нафақа аз рӯи музди миёнаи меҳнати ҳармоҳаи (моддаҳои 70 - 75, 76 ва 86-уми ин Қонун) пеш аз қатъи кор, ки барои нафақаи хизмати дарозмуддат (моддаҳои 56 - 60-уми ин Қонун) ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 62. Тартиби пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат
Нафақаи хизмати дарзмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ аз маблағи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад .
Пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳисоби маблағи ин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешавад, сурат мегирад .
Нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор аз рӯи тартибе, ки дар моддаи 20-уми ин Қонун пешбинӣ шудааст, пардохта мешавад, аммо нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор дар вазифае, ки ба таъини ин намуди нафақа ҳуқуқ медиҳад, пардохта намешавад .
ФАСЛИ VI. ҲИСОБИ СОБИҚАИ КОРӢ БАРОИ ТАЪИНИ НАФАҚАИ МЕҲНАТӢ
Моддаи 63. Намудҳои фаъолияти меҳнатӣ, ки мавриди таъини нафақа ҳамчун собиқаи корӣ ҳисоб карда мешаванд
Фаъолияти меҳнатие, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, инчунин дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо, сарфи назар аз хусусияту давомнокии кор ва муддати танаффус, иҷро карда мешавад, собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад, ба шарте, ки аз музди меҳнат ё даромад аз чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд.
Ҳангоми ҳисоб кардани собиқаи корӣ дар колхоз барои давраи пас аз соли 1965, агар узви колхоз бе сабаби узрнок дар хоҷагии ҷамъиятӣ ба ҳадди ақали муқарраршуда кор накарда бошад, вақти кор аз рӯи давомнокии воқеӣ ба назар гирифта мешавад.
Ба собиқаи корӣ чунин корҳо низ дохил карда мешаванд:
а) хизмати ҳарбии касбӣ ва хизмат дар дигар воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд;
б) фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте, ки аз даромади чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд;
в) ҳар кори дигаре, ки зимни иҷрои он шахс мавриди суғуртаи иҷтимоӣ қарор гирифтааст;
г) фаъолияти эҷодии шахсоне, ки дар банди в) моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд. Дар ин ҳол фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи кинематографистон, Иттифоқи ходимони театр ва дигар кормандони эҷодие, ки аъзои иттифоқҳои эҷодӣ нестанду дар кумитаҳои дахлдори касбӣ муттаҳид шудаанд, то вақти мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур, сарфи назар аз пардохтан ё напардохтани саҳми суғуртаи иҷтимоӣ, собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо собиқаи фаъолияти эҷодӣ аз тарафи котиботи раёсати иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи нахустинтишор ё нахустиҷро ва ё нахустнамоиши оммавии асари ҳамин муаллиф муқаррар карда мешавад;
д) корношоямии муваққатӣ, ки дар давраи кор ба амал омадааст;
е) вақти нигоҳубини маъюби гурӯҳи I ё кӯдаки маъюби то 18-сола, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ доранд, инчунин вақти нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида. Зимнан эҳтиёҷмандӣ ба нигоҳубини шахси дигари маъюби гурӯҳи I, кӯдаки маъюби то 18-сола ва пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҳангоми ҳисоби собиқаи кор дар конҳо, ки барои гирифтани нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни мазкур ҳуқуқ медиҳад, вақти маъюбӣ, ки дар натиҷаи маъюбшавии меҳнатӣ ё бемории касбӣ ҳангоми иҷрои ҳамин кор ба амал омадааст, ба собиқаи чунин кор дохил карда мешавад .
Моддаи 63(1). Давраҳои фаъолияте, ки дар мавриди таъини нафақа ба собиқаи кории умумӣ дохил карда мешаванд
Ба собиқаи кории умумӣ чунин давраҳои фаъолият дохил карда мешаванд:
а) давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус, дар омӯзишгоҳҳо, мактабҳо ва курсҳои омӯзиши кадрҳо, такмили ихтисос ва тағйири касб, дар аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ;
б) давраи хизмати ҳатмии ҳарбӣ;
в) вақти нигоҳубини кӯдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то ба синни 3-солагӣ расидани ҳар як кӯдак, ҷамъ ба муддати умумии на зиёда аз 6 сол;
г) давраи истиқомати занҳои ҳайати афсарон, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати зиёда аз мӯҳлат бо шавҳарашон дар маҳалҳое, ки барои кор кардан аз рӯи ихтисос имконият набуд, вале на бештар аз 10 сол.
Ҳангоми зиёд намудани нафақа аз рӯи синну сол барои ҳар соли корӣ (моддаи 16 Қонуни мазкур), дар баробари собиқаи корӣ инчунин давраҳое, ки дар бандҳои а) - г) ҳамин модда ва моддаҳои 64-67 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Давраи кори пас аз таъин гардидани нафақа низ ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад .
Моддаи 64. Имтиёзҳо аз рӯи ҳисоби собиқаи корӣ
Ба собиқаи корӣ ба андозаи секарата инҳо ҳисоб карда мешаванд:
- хизмати ҳарбӣ дар ҳайати артиши амалкунанда дар давраи амалиётҳои ҷангӣ, аз он ҷумла ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ ва ҳамчунин иштирок дар отрядҳо ва ҷузъу томҳои партизанӣ;
- кор дар шаҳри Ленинград дар давраи муҳосираи он дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944;
- кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати осори садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳоли берун бурда шуда буд) дар давраи аз 26 апрели соли 1986 то 31 декабри соли 1987;
- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигонҳои Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 25 августи соли 1949 то 3 июли соли 1963 зарар дидаанд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 65. Имтиёзҳои шаҳрвандони сафед кардашуда
Ба шаҳрвандоне, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, бедалелу асос таъқиб гаштаанд ва баъд сафед карда шудаанд, муддати дар ҳабс будан, адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва бадарға ба собиқаи корӣ сечанд ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 66. Имтиёзҳо аз рӯи ҳисоби собиқаи корӣ ба андозаи дукарата ва якунимкарата
Ба андозаи дукаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:
- кор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз он ҷумла ба ҳайси командони ғайринизомии кироя дар қисмҳои ҳарбӣ ва хизмат, ғайр аз хизмати ҳарбии дар абзатси якуми моддаи 64-уми ҳамин Қонун пешбинишуда;
- давраи асорат дар конслагерҳои фашистӣ ё дар дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба шарте, ки асорат ихтиёрӣ набуда, дар вақти асирӣ ба Ватан хиёнат накарда бошанд;
- кор дар махавхонаҳо ва муассисаҳои муборизаи зидди тоун. Ба андозаи якунимкаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:
- кор дар Ҷумҳурии Афғонистон бо командировка ё роҳхатҳои муассисаю мақомоти дахлдор дар давраи аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989;
- кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳолӣ берун бурда шуда буд) дар давраи аз 1 январи соли 1988 то 31 декабри соли 1990;
- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигони Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 6 июли соли 1963 то 1 январи соли 1992 зарар дидаанд;
- кор дар вазифаҳои духтури маразшиносӣ-колбудшиносӣ, ки бо колбудшикофии патологии ҷасадҳо ва тадқиқоти гистологӣ аз рӯи Феҳристи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 67. Тартиби ба собиқаи корӣ илова кардани баъзе намудҳои ҷудогонаи корҳо
Кор дар корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои мавсимии саноат дар давоми мавсими пурра, сарфи назар аз тобеияти корхонаю ташкилотҳо, мувофиқи Рӯйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ҳамчунин кор дар совхозҳо дар давоми мавсими пурра ба собиқаи корӣ ҳамчун як соли кор ҳисоб карда мешавад.
Дигар корҳои мавсимӣ ба собиқаи корӣ аз рӯи давомнокии воқеиашон ҳисоб карда мешаванд.
Моддаи 68. Тартиби тасдиқи собиқаи корӣ
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҳисоб мераванд. Тартиби тасдиқи собиқаи кориро дар сурати набудани дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Хорич карда шуд .
Моддаи 69. Шартҳои ба собиқаи кории шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамроҳ кардани муддати кор дар Тоҷикистон
Тамоми давраи кори шаҳрвандони давлатҳои узви Иттиҳод дар Иттифоқи ҶШС-и собиқ ба собиқаи кории онҳо ҳисоб карда мешавад.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳое, ки барои таъини нафақа собиқаи кории муайян лозим аст, нафақа бо шарте таъин карда мешавад, ки аз се ду ҳиссаи собиқаи кории лозима ба кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рост ояд, агар дар созишномаҳо (моддаи 108-уми ин Қонун) чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
ФАСЛИ VII. ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 70. Ҳисоб кардани нафақа аз рӯи фоизи музди миёнаи моҳона
Нафақа аз рӯи меъёрҳои муқарраршудаи фоизи музди миёнаи моҳона, ки мувофиқи моддаҳои 71-76-уми ин Қонун муайян мегардад, ҳисоб карда мешавад .
Моддаи 71. Тартиби умумии муайян кардани музди миёнаи моҳона
Ба шахсоне, ки дар моддаи 3-юми ин Қонун зикр гардидаанд (ғайр аз аъзои колхозҳо), музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи пайдарпайи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи пайдарпайи охири кор пеш аз муроҷиат барои нафақа, ё ин ки аз панҷ соли пайдарҳами (бо интихоби шахси барои нафақа муроҷиаткарда) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроҷиат барои нафақа гирифта мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, .
Музди миёнаи моҳонаи кори 24 моҳ бо роҳи ба 24 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи тақвимии корӣ муттасил муайян мегардад.
Музди миёнаи моҳонаи меҳнатӣ 5 сол бо роҳи ба 60 тақсим кардани маблағи умумии музди шаст моҳи тақвимии корӣ пай дар ҳам муайян карда мешавад. Дар баробари ин бо хоҳиши шахсе, ки барои нафақа муроҷиат кардааст, моҳҳои нопурраи рӯзҳои кор бинобар дохил шудан ба кор ё хориҷ шудан аз кор ҳамчун моҳҳои тақвимии пурраи кор ҳисобида мешаванд.
Агар шахси барои нафақа муроҷиаткарда аз 24 моҳ камтар собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди моҳонаи миёна бо роҳи тақсими маблағи умумии музди моҳҳои тақвимии кор ба шумораи ин моҳҳо муайян карда мешавад .
Агар корманд камтар аз як моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди меҳнаташ барои тамоми давраи кор ба шумораи рӯзҳои кор тақсим карда, маблағи ҳосилшуда ба шумораи рӯзҳои кории моҳ, ки ба ҳисоби миёна барои як сол ҳисоб шудааст (25,4 - дар сурати ҳафтаи 6-рӯзаи кор ва 21,2 - дар сурати ҳафтаи 5-рӯзаи кор, зарб карда мешавад. Дар ин маврид барои ҳисоб кардани нафақа маблағи на бештар аз ду ставкаи тарифӣ (маош) ба назар гирифта мешавад. Барои ҳисоб кардани нафақаи кормандоне, ки ҳисоб кардани вақти кориашон ғайриимкон аст, музде гирифта мешавад, ки аз андозаи чоркаратаи музди камтарини кор зиёд набошад. Рӯйхати чунин кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Ҳангоми таъини нафақа ба кормандоне, ки машғули корҳои мавсимӣ мебошанд, музди воқеии миёнаи якмоҳа бо роҳи ба 60 тақсим кардани музди меҳнати 5 мавсими пурра ё ба 24 тақсим кардани 2 мавсими пурра муайян мешавад.
Ҳангоми муқаррар намудани андозаи нафақа ҳиссаи касрии воҳиди пулии камтар аз нисф ба ҳисоб гирифта нашуда, бештар аз нисф ба ҳисоб гирифта шуда, ба ҷониби зиёдшавӣ яклухт карда мешавад.
Моддаи 72. Навъҳои пардохти музде, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд
Барои ҳисоб кардани нафақа ҳамаи навъҳои пардохтҳои музди меҳнате, ки аз рӯи он тибқи қоидаҳои ҷорӣ ҳаққи суғурта гирифта мешавад, аз ҷумла пардохти музди кори зиёда аз мӯҳлат, кори рӯзҳои истороҳат ва корӣ дар як вақт дар ду ҷой, ғайр аз ҳар гуна пардохтҳои якдафъаина (ҷубронпулӣ барои рухсатии истифодашуда, кумакпулӣ ҳангоми аз кор холӣ кардан ва ғайра) дохил карда мешаванд.
Кӯмакпулие, ки барои давраи муваққатан аз даст додани қобилияти корӣ ва рухсатии давраи ҳомилагӣ ва зоидан пардохта шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад .
Ҳаққи қалами муаллифӣ дар баробари музди меҳнати кори дигар ба ҳисоб гирифта мешавад.
Дар ин ҳол он аз рӯи ставкаҳои давлатие, ки дар вақти пардохти ҳаққи қалам эътибор доштанд, ҳисоб карда мешавад.
Стипендияи давраи таҳсил бо хоҳиши шахси барои нафақа муроҷиаткарда ҳамчун музди меҳнат ҳисоб карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани нафақаи шахсоне, ки воҷиби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ намебошанд (банди "д"-и моддаи 3-юми ин Қонун), ба музди меҳнат барои ҳисоби нафақа он намудҳои маош дохил карда мешавад, ки аз онҳо ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ситонида мешавад.
Моддаи 73. Тартиби муайян кардани музди миёнаи якмоҳаи аъзои колхозҳо. Навъҳои пардохти музди меҳнати аъзои колхозҳо, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд
Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи охири кор пеш аз муроҷиат барои нафақа, ё ин ки аз 5 соли пайдарҳами (бо интихоби шахсе, ки барои нафақа муроҷиат кардааст) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроҷиат ба нафақа гирифта мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Музди миёнаи моҳона бо роҳи мутобиқан ба 24 ё 60 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи кор ё 60 моҳи кор муайян карда мешавад.
Агар шахси барои таъини нафақа муроҷиаткарда камтар аз 2 сол узви колхоз бошад, нафақа, аз рӯи музди миёнаи моҳонаи воқеии тамоми давраи дар колхоз буданаш ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳол музди миёнаи моҳона бо роҳи ба шумораи моҳҳои ҳамин давра тақсим кардани маблағи умумии музди меҳнати давраи дахлдор муайян карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо ба музди меҳнат ҳамаи навъҳои музди кор дар хоҷагии ҷамъиятии колхоз дохил карда мешаванд.
Моддаи 73(1). Тартиби ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд
Ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолиятдошта аз рӯи даромади панҷсолаи умумӣ дар мақомоти ваколатдори давлатии эъломияшудаи онҳо, ки аз он бо назардошти меъёрҳо, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ҳаққи суғуртавӣ пардохт намудаанд ё даромаде, ки аз рӯи маблағи пардохтнамудаи андози иҷтимоии муайянгардида ҳисоб карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
Даромади миёнаи моҳона бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади 60 моҳи фаъолияти соҳибкории инфироди ба 60 моҳ муайян карда мешавад.
Дар ҳолате, ки агар шахси барои таъмини нафақа муроҷиаткунанда ба фаолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома аз панҷ сол камтар машғул шуда бошад, вале собиқаи чунин фаъолияти ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ дорад, нафақа аз рӯи даромади миёнаи моҳонаи эъломияшуда муқаррар карда мешавад. Даромади миёнаи моҳона дар ин ҳолат бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади моҳҳои тақвимӣ ба шумораи воқеии ин моҳҳо муайян карда мешавад .
Моддаи 74. Ҷамъбасти музди меҳнат
Агар як қисми даврае, ки аз рӯи он музди миёнаи якмоҳа ҳисоб карда мешавад, ба кори колхоз ба сифати узви колхоз ва қисмати дигар ба кори дигар рост ояд, музди кори ҳар давра аз рӯи қоидаҳое ба назар гирифта мешавад, ки мутобиқан барои аъзои колхозҳо ва барои шахсони дигар муайян шудааст. Маблағи умумии музди меҳнат дар ин сурат ба бисту чор ё шаст ё мутобиқан ба миқдори воқеии моҳҳои давраҳои зикргардидаи кор тақсим мегардад, агар ин миқдори моҳҳо аз бисту чор кам бошад.
Агар қисми даврае, ки аз он музди миёнаи меҳнати моҳона ҳисоб карда мешавад, ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва қисмаш ба кори дигар рост ояд, дар он сурат даромад ва музди меҳнат барои ҳар давра аз рӯи меъёрҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мутобиқан барои соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва барои дигар кормандон муқаррар гардидаанд. Дар ин маврид маблағи умумии даромад аз соҳибкорӣ ва музди меҳнат ба 60 моҳ, агар теъдоди моҳҳо аз 60 кам бошад (қисми 3 моддаи 73(1)), мутобиқан ба теъдоди моҳҳои воқеии давраи кор тақсим карда мешавад .
Моддаи 75. Ҳисоб кардани музди меҳнати баъзе категорияҳои меҳнаткашон
Нафақаи шахсоне, ки аз рӯи шартнома (контракт) дар ҳузури шаҳрвандони алоҳида кор мекунанд (хизматгорҳо, дояҳо, котиб-мошинисткаҳо, стенографистҳо, посбонон, боғбонҳо, ронандагон ва ғайра), аз музди (маоши) воқеӣ, вале на зиёдтар аз ду ставкаи (маоши) тарифии коргарону хизматчиёни касбҳои дахлдор ҳисоб карда мешавад.
Нафақаи аъзои иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони эҷодӣ тибқи асосҳои умумии дар ин фасли Қонун муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 76. Имтиёзҳои ҳисоб кардани музди меҳнат ҳангоми ҳисоб кардани нафақа
Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи моҳона дар асоси моддаҳои 70, 71 ва 73-юми ин Қонун бо хоҳиши шахсе, ки барои гирифтани нафақа муроҷиат кардааст, моҳҳои нопурраи корӣ ба сабаби оғоз ё қатъи кор рухсатии бемузд, рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдаки то 3-сола, инчунин давраи коре, ки дар давоми он шаҳрванд маъюб буд ё ҷуброни зарари дар натиҷаи маъюбшавӣ ё дигар зарари ба саломатӣ расидаро мегирифт, ба маъюби гурӯҳи I, кӯдаки маъюби то 18-сола, кӯҳансоли 80-солаи мӯҳтоҷи нигоҳубини дигаронро нигоҳубин мекард, дохил карда намешаванд. Дар ин ҳол моҳҳои дохил карданашуда бо моҳҳои дигаре, ки бевосита пеш ё пас аз он меоянд, иваз карда мешаванд .
Моддаи 77. Ҳисоб кардани нафақа дар сурати собиқаи нопурраи кор
Нафақа дар сурати нопурра будани собиқаи кор (моддаҳои 17, 28 ва 45-уми ин Қонун) ба андозае таъин карда мешавад, ки ба собиқаи кории мавҷуда мутаносиб бошад.
Нафақа ба таври зайл ҳисоб карда мешавад:
аввал нафақаи пурраи дахлдор муайян карда, он ба шумораи моҳҳое, ки барои собиқаи пурраи кори матлуб тақсим карда, рақами ҳосилшуда ба шумораи моҳҳои собиқаи воқеии кор зарб зада мешавад (дар собиқаи кори давраи аз 15 рӯз зиёд ба моҳи пурра баробар карда, давраи аз 15 рӯз камтар гирифта намешавад).
Агар нафақа дар мавриди собиқаи кории пурра ба андозаи камтарини муқарраркардаи ин Қонун (моддаҳои 16, 37, 43) таъин шуда бошад, нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра мутаносибан ба собиқаи кории мавҷуда бо назардошти андозаи камтарини нафақа, вале дар ҳамаи ҳолатҳо на камтар аз андозаи нафақаи иҷтимоие таъин мешавад, ки барои категорияи дахлдори шахсони корношоям муқаррар шудааст (моддаи 110-уми ҳамин Қонун).
Моддаи 78. Аз рӯи музди зиёдтар аз нав ҳисоб кардани нафақа
Барои нафақахӯроне, ки пас аз таъини нафақа аз рӯи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз 2 сол бо маоши бештар аз маоше, ки аз рӯи он ҳисоб шуда буд, кор кардаанд, мувофиқи аризаи нафақахӯр, бо назардошти маоши зиёдтар андозаи нави нафақа муқаррар карда мешавад, ки он аз рӯи 24 моҳи кории пайдарҳами пас аз таъини нафақа бо тартиби дар моддаҳои 70, 72 ва 76-уми ин Қонун муқарраршуда, муайян мегардад.
Аз рӯи ҳамин шартҳо нафақае, ки ба сабаби набудани музди меҳнат ба андозаи камтарин таъин шудааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Агар музди нафаҳахӯр минбаъд зиёд шавад, мувофиқи аризаи ӯ нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли баъди ҳисоби навбатӣ бори дигар ҳисоб карда мешавад.
Ба нафақахӯроне, ки пас аз таъини нафақа аз рӯи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз ду сол бо даромади баландтар аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома, назар ба оне, ки аз он нафақа ҳисоб шудааст, кор кардаанд, андозаи нави нафақа аз рӯи даромади баландтар барои 24 моҳи пайдарпайи кор пас аз таъини нафақа бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад .
Моддаи 79. Аз нав ҳисоб кардани нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра
Агар нафақахӯре, ки ба вай нафақа аз рӯи синну сол ё маъюбии гурӯҳҳои I ва II бо собиқаи кории нопурра таъин шудааст, пас аз таъини нафақа на камтар аз ду сол кор карда бошад, мувофиқи аризааш бо назардошти собиқаи корие, ки то вақти азнавҳисобкунӣ дорад, нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли кори баъд аз таъини нафақаи нав ҳисоб карда хоҳад шуд.
Агар нафақахӯр корро давом дода, соҳиби собиқаи корие шуда бошад, ки барои таъини нафақаи пурра кифоят кунад, мувофиқи аризаи нафақахӯр нафақаи ӯ сарфи назар аз он, ки аз давраи таъини нафақаи собиқаи кории нопурра чанд вақт гузаштааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Дар ин ҳол нафақаи пурра дар мавриди маъюбӣ ба шарте муқаррар мешавад, ки нафақахӯр мутобиқи синну солаш то лаҳзаи фарорасии маъюбӣ собиқаи кории барои таъини нафақаи пурра лозимро дошта бошад (моддаи 23-юми ин Қонун).
Нафақа бо интихоби нафақахӯр аз маоше, ки нафақа аввал аз рӯи он таъин шудааст (ё баъдан мувофиқи тартиби дар моддаи 78-уми ҳамин Қонун пешбинишуда аз нав ҳисоб шудааст) ва ё аз маоши охирин аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 80. Ба маош дохил намудани пардохти молии музди меҳнат
Барои аъзои колхозҳо, кооперативҳои дигар, кормандони совхозҳо ва корхонаю ташкилотҳои дигаре, ки дар баробари музди пулӣ ҳаққи молие мегиранд, ки аз арзиши он ҳаққи суғуртавӣ ситонида мешавад, ҳангоми муайян намудани маоши миёнаи моҳона аз рӯи нархи чаканаи давлатӣ даврае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки музди меҳнат дода мешуд.
Моддаи 81. Ҳисоб кардани музди давраи кор дар хориҷа
Ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи моҳонаи кормандоне, ки барои кор ба хориҷа фиристода шудаанд (рафтаанд), аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маоше, ки пеш аз фиристодан рафтан ба хориҷа мегирифтанд (моддаҳои 70-76-уми ин Қонун) ва ё мувофиқи интихобашон маоше, ки дар асоси моддаи 82-юми ин Қонун муайян мешавад, ба назар гирифта мешавад .
Моддаи 82. Ҳисоб кардани нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд
Нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, аз музди меҳнат (даромаде), ки аз он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шудаанд, ҳисоб карда мешавад.
Нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз маблағи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтнамудаашон ҳисоб карда мешавад.
Тартиби ҳисоби нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 83. Ҳисоб кардани нафақаи мавриди маҳрум шудан аз саробон. Ҳисоби нафақаи оилаҳои нафақахӯрон
Ҳангоми ҳисоб кардани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мутобиқан моддаҳои 70 - 76, 80 - 82 ва 86-и Қонун истифода мешаванд.
Нафақаи оилаҳои нафақахӯрон барои маҳрум шудан аз саробон аз ҳамон музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.
Нафақаи оилаҳои нафақахӯроне, ки ҳуқуқи аз нав ҳисоб кардани нафақаро мувофиқи тартиби пешбиникардаи моддаи 78-уми ин Қонун доштанд, аз музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.
Моддаи 84. Хорич карда шуд
Моддаи 85. Аъзои оилае, ки барояшон иловпулӣ ҳисоб карда мешавад
Иловапулӣ ба нафақаи нафақахӯроне, ки кор намекунанд ва аъзои корношоями оила доранд, барои аъзои оила, ки дар моддаҳои 36, 37, 39 ва 40-уми ин Қонун зикр ёфтаанд, дода мешавад. Ин иловапулӣ барои аъзои оила, ки худ нафақаи меҳнатӣ ё иҷтимоӣ мегиранд, дода намешавад.
Дар сурати дар оила будани ду ва зиёда нафақахӯри бекор ҳар узви корношоями оила, ки дар таҳти саробонии ягонаи онҳо қарор доранд, ҳангоми ҳисоб кардани иловапулӣ бо хости худи нафақахӯрон фақат барои яке аз нафақахӯрон муайян карда мешавад.
Моддаи 86. Ҳисоб кардани нафақаи шахсони сокини ноҳияҳое, ки барои музди меҳнат коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст
Барои шахсони сокини ноҳияҳое, ки дар он ҷо ба музди меҳнати коргарону хизматчиён коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст, ҳангоми таъини нафақа музди воқеии меҳнат бо истифодаи коэффисиенти ноҳиявӣ ба назар гирифта мешавад.
Андозаи камтарини нафақае, ки аз рӯи ин Қонун барои ноҳияҳои коэффисиенти ноҳиявиашон муқарраршуда таъин мегардад, барои давраи истиқомат дар ин ноҳияҳо бо татбиқи коэффисиенте, ки дар ҳамин ноҳия барои коргарон ва хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ ҷорӣ аст, муайян карда мешавад.
Моддаи 87. Аз нав ҳисоб кардани нафақа бинобар тағйир ёфтани вазъи оила, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор
Агар нафақахӯр баъд аз таъмини нафақа бинобар тағйир ёфтани шароити оилавӣ, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор ба гирифтани иловапулӣ барои аъзои корношоями оила ҳуқуқ пайдо кунад ё аз ин ҳуқуқ маҳрум шавад, ё андозаи ин иловапулӣ тағйир ёбад, нафақаи вай мутаносибан аз нав ҳисоб карда мешавад.
ФАСЛИ VIII. ТАЪИН КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 88. Тартиби муроҷиат барои таъин кардани нафақа
Ариза дар бораи таъин кардани нафақа ба коргарон, хизматчиён ва аъзои оилаи онҳо (дар ҳолати маҳрум шудан аз саробон) тавассути маъмурияти корхона, муассисаю ташкилоти ҷои охирини кор дода мешавад.
Ариза дар хусуси таъини нафақаи аъзои колхозҳо ва кооперативҳои дигар ва оилаҳои онҳо тавассути раёсати колхоз (кооператив) дода мешавад.
Маъмурият (раёсат) дар якҷоягӣ бо кумитаи иттифоқи касаба дар муддати даҳ рӯзи баъд аз воридшавии ариза ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи собиқаи корӣ ва музди меҳнат ба расмият дароварда, якҷоя бо ариза ва дархости худ онҳоро ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори маҳалли истиқомати аризадиҳанда равон мекунад. Агар пешниҳод барои таъини нафақаи корманде, ки муроҷиат намудааст, рад карда шавад, ба ӯ дар ин хусус ба шакли хаттӣ хабар дода, сабабҳои он зикр карда мешавад .
Дар ҳолатҳое, ки шахси барои нафақа муроҷиаткарда бо қарори маъмурият (раёсат) ва кумитаи иттифоқи касаба дар бораи рад карда шудани пешбариаш барои таъини нафақа розӣ набошад, метавонад дар хусуси таъини нафақа бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдор ариза диҳад .
Ариза дар бораи нафақаи шаҳрвандони дигар ва аъзои оилаҳои онҳо бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори аҳолии маҳалли истиқомати аризадиҳанда супурда мешавад .
Сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки аз рӯи масъалаҳои таъини нафақа тавзеҳоту маълумот диҳанд ва ба аризадиҳанда дар гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мусоидат намоянд .
Шӯъбаҳои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ҳақ доранд аз корхонаю ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ҳуҷҷатҳои дахлдор талаб кунанд, ҳамчунин дар мавриди зарурат асоснок будани дода шудани онҳоро тафтиш намоянд.
Моддаи 89. Мақомоти таъинкунандаи нафақа
Нафақаро мақомоти ваколатдор таъин менамояд. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Моддаи 90. Мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои таъини нафақа
Ҳуҷҷатҳои таъини нафақаро мақомоте, ки нафақа таъин мекунанд (моддаи 89), на дертар аз 10 рӯзи расидани онҳо баррасӣ менамоянд.
Қарори рад кардани таъини нафақа ба сабабҳои мувофиқат накардани он ба шартҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар тамоми ҳолатҳо танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор қабул мешавад. Шӯъбаи ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ на дертар аз 5 рӯзи пас аз баровардани қарори дахлдор ба корхона, ташкилот ё арзкунанда хабари рад шудани таъини нафақаро ба дасташон медиҳад ва ё мефиристад ва дар он сабабҳои радшавӣ ва тартиби шикоят карданро нишон медиҳад ва ҳамзамон тамоми ҳуҷҷатҳоро бармегардонад .
Моддаи 91. Шикоят аз болои қарори мақомоти ваколатдор
Аз болои қарори мақомоти ваколатдор мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст .
Моддаи 92. Мӯҳлати таъини нафақа
Нафақа аз рӯзи муроҷиат кардан барои нафақа таъин карда мешавад, ғайр аз ҳолатҳои зерин, ки нафақа пештар таъин карда мешавад:
а) нафақа аз рӯи синну сол ва маъюбӣ аз рӯзи расидан ба сини нафақа ё мутобиқан муқаррар намудани маъюбӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ таъин карда мешавад, агар барои нафақа на дертар аз 3 моҳи рӯзи расидан ба синни нафақа ё муқаррар намудани маъюбӣ муроҷиат шуда бошад ;
б) нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аз рӯзи ҳуқуқ ба нафақа пайдо кардан, вале на бештар аз 12 моҳи пеш аз муроҷиат барои нафақа таъин карда мешавад.
Моддаи 93. Мӯҳлати аз нав ҳисоб кардани нафақаи таъиншуда
Нафақаи таъиншуда дар мӯҳлатҳои зерин аз нав ҳисоб карда мешавад:
дар мавриди фаро расидани ҳуқуқи зиёд кардани нафақа - аз рӯзи якуми моҳе, ки дар он нафақахӯр барои аз нав ҳисоб кардани нафақа муроҷиат кардааст, агар аризаи дахлдор бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ то рӯзи 15-уми моҳ дода шуда бошад ва аз рӯзи якуми моҳи оянда, агар ӯ ариза ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро баъди рӯзи 15-уми моҳ дода бошад;
дар мавриди рӯй додани ҳолатҳое, ки боиси кам шудани нафақа мегарданд, аз рӯзи якуми моҳе, ки дар он ин ҳолатҳо рӯй додаанд, агар онҳо то рӯзи 15-уми моҳ фаро расида бошанд ва аз рӯзи якуми моҳи оянда, агар онҳо пас аз рӯзи 15-уми моҳ воқеъ шуда бошанд.
Дар ҳолатҳои пешбиникардаи модаҳои 33 ва 50-уми Қонуни мазкур нафақа аз мӯҳлате, ки дар ҳамин модаҳо зикр гардидааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 94. Аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронидан
Нафақахӯрро аз як нафақа ба нафақаи дигар мақомоти ваколатдор мегузаронад .
Нафақахӯр аз рӯзи супурдани аризаи дахлдор ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ (агар онҳо дар парвандаи нафақа набошанд), аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронида мешавад.
Моддаи 95. Хорич карда шуд
ФАСЛИ IХ. ДОДАНИ НАФАҚА
Моддаи 96. Пардохти нафақа
Нафақаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори пардохткунандаи нафақа дар маҳалли истиқомати воқеии нафақагир, сарфи назар аз ҷойи қайд, пардохт карда мешаванд .
Моддаи 97. Хорич карда шуд
Моддаи 98. Вазифаи нафақахӯрон ва роҳбарони корхонаю ташкилотҳо дар бобати хабардор кардани сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор ва тағйироти шароите, ки ба нафақагирӣ таъсир мерасонанд
Дар ҳолатҳое, ки бинобар мавҷуд будани музди кор ё даромади дигар нафақаи таъиншуда ба андозаи камтар дода шавад ё умуман дода нашавад, нафақахӯрон бояд аз хусуси музди кор ё даромади дигарашон ба сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдорро хабар диҳанд .
Нафақахӯроне, ки барои маҳрум шудан аз саробон нафақа мегиранд, ҳамчунин вазифадоранд, ки аз хусуси тағйир ёфтани ҳайати аъзои оила, ки барои онҳо нафақа ё ин ки иловапулӣ ба нафақа мегиранд, шӯъбаҳои таъминоти иҷтимоиро огоҳ намоянд.
Роҳбарони корхонаю ташкилотҳо вазифадоранд, ки аз хусуси ба кор қабул шудани нафақахӯрон ба сохторҳои маҳаллии дахлдори мақомоти ваколатдор дар мӯҳлати 5 рӯз хабар диҳанд. Дар акси ҳол маблағи зарари расонидашуда аз корхонаи гуннаҳкор ва нафақахӯр мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ситонида мешавад .
Моддаи 99. Додани нафақа аз рӯи эътимоднома ва тартиби ба расмият даровардани он
Нафақаро аз рӯи эътимоднома додан мумкин аст. Эътимоднома ба мӯҳлати на бештар аз 12 моҳ дода мешавад.
Агар дар эътимоднома мӯҳлат зикр нашуда бошад, он дар давоми як соли пас аз рӯзи ба расмият дароварданаш эътибор дорад. Эътимодномаро бояд идораи нотариалӣ, идораи манзил ё ташкилотҳои дигари хонагии манзили маҳалли истиқомати нафақахӯр ва ё муассисаи табобатие, ки нафақахӯр дар он бистарию муолиҷа мешавад, тасдиқ намояд.