×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 № 232 "Дар бораи яроқ"

Санаи амалкуни: 16.04.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 939 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЯРОҚ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 7, аз 22.04.2003 № 13, аз 9.12.2004 № 68, аз 1.03.2005 № 76, аз 26.12.2005 № 131, аз 28.07.2006 № 190, аз 12.05.2007 № 252, аз 5.08.2009 № 536, аз 26.12.2001 № 777, аз 16.04.2012 № 807)

Қонуни мазкур гардиши яроқ ва лавозимоти ҷангиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190):

- яроқ дастгоҳҳо ва ашёе, ки таркибан барои зарба задан ба ҳадафи зинда ва дигар нишон таъин гардидаанд, инчунин қисмҳои асосии яроқ, ки вазифаи онро муайян месозанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190);

- яроқи оташфишон аслиҳаест, ки барои аз масофа бо снаряд зарбаи механики задан таъин шудааст, ки он аз ҳисоби қувваи заряди борут ё заряди дигар ҳаракати самтнок гирифтааст; инчунин қисмҳои асосии яроқ - механизми зарбазанак, патрондон, мил;

- яроқи сард силоҳест, ки барои зарба задан ба ҳадаф бо ёрии қувваи мушакҳои инсон дар сурати алоқаи бевосита бо объекти зарбазани таъин шудааст;

- яроқи ҳаводиҳандаи сард силоҳест, ки барои аз масофа зарба задан ба ҳадаф бо снаряде, ки бо ёрии нерӯи мушакҳои инсон ё дастгоҳи механики ҳаракати самтнок мегирад, таъин шудааст;

- яроқи пневматики аслиҳаест, ки барои зарба задан ба ҳадаф бо снаряде, ки аз ҳисоби нерӯи моддаи газшакли фишурда ҳаракати самтнок гирифтааст, таъин шудааст;

- яроқи гази аслиҳаест, ки барои муваққатан зарба задан ба ҳадафи зинда бо роҳи истифодаи модаҳои ашковар ё ғашовар, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи онҳоро иҷозат додааст, таъин гардидааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252);

- лавозимоти ҷанги ашёи аслиҳа буда, барои зарба задан ба ҳадаф ва иҷро кардани вазифаҳое таъин гардидаанд, ки барои зарба задан ба он мадад мерасонанд ва дорои заряди тарканда, ҳаводиҳанда, тарфгари, зада баровардан ё заряди якҷояи онҳо мебошад;

- Ҳамчунин патронисилоҳи оташфишон ва силоҳи гази ба қатори лавозимоти ҷанги дохил мешавад;

- патрон механизмест, ки барои паррондан аз силоҳ таъин гардидааст ва бо ёрии гилзаи снаряд заряди ҳаводиҳанда ва воситаҳои таҳриккуниро якҷоя мекунад;

- яроқи оташфишони сигналдиҳи яроқест, ки таркибан барои додани сигналҳои чароғи, дудию овози (савти) таъин шудааст;

- гардиши яроқ тайёр кардан, фурӯхтан, ба каси дигар додан, харидан, ба ҳисоб гирифтан, маҳфуз доштан, гирифта гаштан, кашондан, ба кор бурдан, халъ ва мусодира ва несту нобуд кардан, ворид кардани яроқ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Моддаи 1 (1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои дар бораи яроқ

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190)

 Қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи яроқ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистом асос ёфта,  аз  Қонуни  мазкур,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Моддаи 2. Навъҳои яроқ

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190)

Яроқ аз рӯи таъиноти худ барои истифода кардан аз тарафи субъектҳои дахлдор, инчунин аз рӯи параметрҳо ва тавсифот ба навъҳои зерин тақсим мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190):

яроқи ҷанги;

яроқи хизмати;

яроқи ғайринизоми.

Моддаи 3. Яроқи ҷанги

Ба қатори яроқи ҷангӣ яроқе дохил мешавад, ки барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ва оперативӣ-хизматӣ таъин гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусаллаҳ кардани Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қисмҳои ҳарбӣ (минбаъд - ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда) ва бонкҳо қабул карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252, аз 26.12.2011 № 777).

Тартиби гардиши яроқи ҷанги, лавозимоти ҷанги ва патрони онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 4. Яроқи хизмати

Ба ҷумлаи яроқи хизмати яроқи оташфишони суфтамил ва яроқи рахпечи кӯтоҳмили дорои нерӯи дуалии на бештар аз 300 ҷоул ва яроқи оташфишони милаш суфтаи дарози худмуҳофизаткуни дохил мешавад, ки онҳо барои истифодаи шахсони мансабдор ва кормандони мақомоти давлати ва ба мақсади худмуҳофизаткуни ё иҷро кардани ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузоштаи Қонун барои муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, муҳофизати табиат ва захираҳои табии, моликият, борҳои қиматбаҳо ва хатарнок, муросилоти махсус таъин гардидаанд ва гирифта гаштан ва нигоҳ доштани онҳоро санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Яроқи хизмати бояд оташкушоии силсиладорро истисно намояд, аз рӯи буриши типии калибр ва тирдон аз яроқи ҷанги фарқ кунад ва ғунҷоиши тирдони (барабани) он набояд аз ҳашт патрон зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Патрони яроқи оташфишони суфтамил ва яроқи рахпечи кутоҳмил бояд тирҳои пардадор ва забоначаи аз материали мулоим сохташуда дошта бошад.

Моддаи 5. Яроқи ғайринизоми

Ба ҷумлаи яроқи ғайринизоми яроқе дохил мешавад, ки барои истифодаи шаҳрвандон ба мақсади худмуҳофизаткуни, шикор ва машғулияти спорти таъин шудааст.

Яроқи ғайринизоми ба хелҳои зерин ҷудо мешавад:

а) яроқи худмуҳофизаткуни:

яроқи оташфишони милаш суфтаи дарози худмуҳофизаткуни, аз ҷумла яроқи дорои патрони ҷароҳатрасони;

яроқи оташфишони бемили худмуҳофизаткуни бо патронҳои захмрасон, газфишон, нурфишону садофишон;

яроқи газии худмуҳофизаткуни: таппонча ва револверҳо бо тирҳояшон, пошдиҳаки механики, асбоби дорои аэрозол ва ғайра, ки бо модаҳои ашковар ва ғашовар таъмин буда, ба кор бурдани онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст.

б) яроқи спорти:

яроқи оташфишон;

яроқи сарди теғдор;

яроқи сарди ҳаводиҳанда;

яроқи пневматики;

в) яроқи шикори:

яроқи оташфишони милаш рахпеч;

яроқи суфтамили оташфишон, аз ҷумла яроқе, ки шакли милаш гирда нест;

яроқи оташфишони муштарак (суфтамил ва рахпеч);

яроқи сарди теғдор;

г) яроқи оташфишони сигналдиҳии милдор ва бемил.

Моддаи 6. Маҳдудиятҳое, ки барои гардиши яроқи хизмати ва ғайринизоми муқаррар карда мешаванд

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо манъ карда мешаванд:

1. Гардиши яроқҳои зерин ба сифати яроқи хизмати ва ғайринизоми:

а) яроқи оташфишони шикори ва оташфишони милаш суфтаи дарози худмуҳофизаткунии ҳаҷми ғунҷоиши тирдонаш бештар аз ҳашт патрон буда, дарозии милаш камтар аз 500 миллиметр ва дарозии умумии яроқ камтар аз 800 миллиметр аст, ки сохти он имконият медиҳад дарозиаш аз 800 миллиметр кам карда шавад ва дар айни ҳол имконияти тирпаррони аз байн намеравад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190);

б) яроқи оташфишоне, ки шаклаш ба чизҳои дигар монанди дорад;

в) шашпарҳо, кастетҳо ва дигар чизҳои зарбазани поракунанда, яроқи сарди ҳаводиҳанда (сурикенҳо, бумерангҳо, арбалетҳо, камонҳо, инчунин тирҳои онҳо ва дигар хелҳо) ба истиснои снарядҳои спорти;

г) патронҳои дорои тирҳои зиреҳзану оташзананда ё тарконанда, инчунин патронҳо бо снарядҳои майда барои таппончаҳо ва револверҳо;

д) яроқ ва дигар чизҳое, ки зарбаи онҳо ба истифодаи шуоҳои радиоактиви ва омилҳои биологи асос ёфтааст;

е) яроқи гази, ки дорои модаҳои асабхаробкунандаю фалаҷкунанда, заҳролудкунанда ва дигар модаҳои сахттаъсиркунанда буда, инчунин қодир аст аз ҳисоби таъсири модаҳои ашковар ва гашовар зарбаи миёна расонад ё ба одами дар масофаи бештар аз 1 метр дур истода зарари сабуктари ҷисмони расонад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190);

ж) яроқи сарди теғдор ва кордҳо, теғ ва дам, ки дар сурати зер кардани тугма ё фишанг пеш мебароянд, ё ба воситаи онҳо ба кор медароянд, ё аз ҳисоби қувваи вазн, ё ҳаракати босуръат ба таври автомати омодаи истифода мегарданд ва дар ин ҳолат дарозии теғашон бештар аз ҳаштоду панҷ миллиметрро ташкил медиҳад.

2. Берун аз объекти спорти нигоҳ доштан ё истифода кардани яроқи оташфишон ва пневматикии спортии дорои нерӯи милаш бештар аз 7,5 ҷоул, яроқи сарди теғдор ва яроқи сарди ҳаводиҳанда;

3. Ба яроқи хизмати ва ғайринизоми гузоштани асбоби тирпарронии беовоз ва нишонгирии шабона;

4. Фиристодани яроқ;

5. Дар вақти гузаронидани митингҳо, сайру гаштҳои кӯчаги, намоишҳо, пикеткуниҳо ва дигар чорабиниҳои оммави яроқ гирифта гаштани шаҳрвандон.

Моддаи 7. Кадастри давлатии яроқи хизмати ва ғайринизоми

Кадастри давлатии яроқи хизмати ва ғайринизоми маълумотномаи муназамест, ки дар бораи яроқи хизмати ва ғайринизоми, инчунин лавозимоти ҷангии он, ки гардиши онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст.

Тартиби кадастри мазкури давлати, инчунин мақомотеро, ки онро мебарад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 8. Сертификатсияи яроқ

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190)

Тамоми моделҳои яроқҳои аз дигар давлатҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда бояд ҳатман сертификатсия шаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Сертификатсияи яроқ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи аризаҳои яроқсозон, инчунин шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон яроқ ворид мекунанд, тартиб дода мешавад, агар дар бораи эътирофи тарафайни натиҷаҳои сертификатсияи яроқ бо давлате, ки яроқ дар он ҷо сохта шудааст, созишнома набошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Дар асоси натиҷаҳои сертификатсияи яроқ мақомоти сертификатсияи яроқ дар бораи ба навъи яроқи ҷангӣ, яроқи хизмати ва яроқи ғайринизоми нисбат додани яроқ қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Моддаи 9. Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190)

Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он, тартиби бекор намудан ва боздоштани иҷозатнома тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252).

Моддаи 10. Субъектҳое, ки барои харидани яроқ ҳуқуқ доранд

Ҳуқуқи харидани яроқро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо доранд:

1) ташкилотҳои ҳарбикунондашудаи давлати;

2) корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

3) Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 777);

4) иттиҳодияҳои ҷамъиятии спорти ва сайёди;

5) муассисаҳои таҳсилоти умуми (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190);

6) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) шаҳрвандони хориҷи.

8) бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 9.12.2004 № 68).

9) Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 536);

10) Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 777).

Моддаи 11. Ҳуқуқи ташкилоти ҳарбикунонидашудаи давлати барои харидани яроқ

Ташкилоти ҳарбикунонидашудаи давлати ҳақ дорад яроқи ҷангие харида гирад, ки он барои мусаллаҳ кардани ҳамин ташкилот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, инчунин ҳар яроқи дигарро бихарад, ки ба кадастри давлати дохил карда шудааст.

Моддаи 12. Ҳуқуқи харидани яроқ аз тарафи корхонаҳо, ташкилотҳо ё муассисаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст

Корхона, ташкилот ё муассисае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, баъди аз мақомоти корҳои дохили гирифтани рухсатномаи дахлдор ҳақ дорад яроқи хизмати ва ғайринизомиро харида бигирад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Яроқи харида бояд қайд шавад ва ба кадастри давлати дар мақомоти корҳои дохили дохил карда шавад. Ҳангоми қайд ба корхона, ташкилот ё муассисаи мазкур барои нигоҳ доштан ва истифода кардани ин яроқ ба муддати се сол дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки қонуни будани хариди яроқро тасдиқ мекунанд, рухсатнома дода мешавад. Шакли рухсатномаро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Ба коркунони корхонаҳо, ташкилотҳо ё муассисаҳое, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, аз рӯи қарори роҳбари ҳамин корхона, ташкилот ё муассиса баъди аз тайёрии дахлдор гузаштани коркун ва дар сурати набудани мамониати гирифтани рухсатномаи харидани яроқи ғайринизоми яроқ дода мешавад. Ин коркунон ӯҳдадоранд дар сари вақт аз муоинаи тибби ва тайёрии коршоями дар шароити истифодаи яроқи оташфишон гузаранд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Тартиби гузаронидани муоинаи тибби ва мундариҷаи барномаи тайёриро мутобиқан Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252).

Моддаи 12(1). Ҳуқуқи гирифтани яроқ аз ҷониби бонкҳо

Бонкҳои давлати ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ӯҳадориҳои ба онҳо вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории маблағҳо ва дороиҳо, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқи дар асоси рухсатнома гирифтани яроқро бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Номгӯи бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба гирифтани яроқ ҳуқуқ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 9.12.2004 № 68).

Моддаи 12(2). Ҳуқуқи гирифтани яроқ аз ҷониби Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 536)

Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои ба он вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории сарватҳои фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқи дар асоси рухсатнома гирифтани яроқро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 536).

Моддаи 12(3). Ҳуқуқи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории яроқ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 777)

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи намудҳои техникӣ ва варзиши ҳарбии амалӣ, инчунин омодасозии аҳолӣ барои муҳофизати Ватан бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яроқ ва тирҳои варзишию шикорӣ харидорӣ намояд.

Афсарон ва хизматчиёни ҳарбии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои худ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо яроқ ва лавозимоти ҷанги таъмин карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 777).

Моддаи 13. Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидани яроқи ғайринизоми

Ҳуқуқи харидани яроқи худмудофиакуни, яроқи шикори, яроқи сигналдиҳии оташфишонро шаҳрвандони ба синни 18 расидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гирифтани рухсатнома барои харидани намуди мушаххаси яроқ дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат доранд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Яроқи газии худмудофиавиро (ғайр аз пошдиҳандаҳои механики ва асбобҳои аэрозоли) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд аз рӯи рухсатнома харида гиранд. Рухсатномаро мақомоти корҳои дохили дар ҷои истиқомати шаҳрванд медиҳанд ва он дар айни ҳол рухсатнома барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқи газии худмудофиакуни мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд пошдиҳандаҳои механики ва асбобҳои аэрозоли, яроқҳои пневматикиро, ба истиснои таппончаҳои пневматикӣ, бидуни гирифтани иҷозати дахлдор харида гиранд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 807).

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд таппончаи пневматикӣ ва яроқи оташфишони милаш суфтаи дарози худмудофиавиро ба мақсадҳои худмудофиа аз рӯи рухсатномаи додаи мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқоматиашон харида гиранд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190, аз 16.04.2012 № 807).

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти касбиашон вобаста ба шикор аст, ҳақ доранд яроқи оташфишони суфтамили шикориро аз рӯи рухсатномаҳо барои шикори ҳаваскорона ва касби харида гиранд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Яроқи шикории оташфишони таркиби ва яроқи шикории оташфишони дорои мили рахпечро он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд харида гиранд, ки бо фаъолияти касбии бо шикор алоқаманд машғуланд, ё шикорчиёни ҳаваскоре, ки яроқи хусусии шикории оташфишони суфтамилро камаш 5 сол боз доранд ва қоидаҳои шикор, харидан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан, кашондан ва истифода бурдани яроқро вайрон накардаанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Яроқи сарди шикории теғдорро шаҳрвандоне харида метавонанд, ки барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқи оташфишони шикори рухсатномаи мақомоти корҳои дохилиро доранд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252).

Яроқи харидаи милаш суфтаи дарози оташфишони худмудофиа, яроқи оташфишони шикори бояд баъди ду ҳафтаи харидан дар мақомоти корҳои дохили ба қайд гирифта шавад.

Мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми қайди яроқи харидаи оташфишони милаш суфтаи дарози худмудофиа ва дигар намуди яроқи шикорӣ ба шаҳрванд барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқ дар асоси хуҷчатҳое, ки қонунӣ будани хариди онро тасдиқ мекунанд, ба муддати панҷ сол рухсатнома медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Моддаи 14. Шахсоне, ки барои харидани яроқ ҳуқуқ надоранд

Шахсони зерин барои харидани яроқ ҳуқуқ надоранд:

шахсоне, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190);

шахсоне, ки бинобар майзадаги ва нашъаманди дар ҳисоби мақомоти нигаҳдории тандурусти қарор доранд;

шахсоне, ки касали ё нуқсонҳои ҷисмони доранд ва онҳо ба муомилоти дуруст бо яроқ мамоният мекунанд;

шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти бадқасдона доғи суди доранд;

шахсоне, ки ҷазои ҷиноятиро адо мекунанд;

шахсоне, ки дар давоми сол такроран ҳуқуқвайронкунии маъмури содир намудаанд, ки ба тартиботи ҷамъияти ё ба тартиботи муқаррарнамудаи идора таҳдид мекунад;

шахсоне, ки ҷои доимии зиндагони надоранд.

Номгӯи касалиҳо ва нуқсонҳои ҷисмониро, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо рухсатномаҳо барои харидани яроқ ба шаҳрванд дода намешавад ва тартиби гузаштани шаҳрвандон аз муоинаи тиббиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи пешниҳоди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190, аз 12.05.2007 № 252).

Моддаи 15. Тайёр кардани яроқ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252)

Тайёр кардани яроқ, васл намудани қисмҳои он, аз нав сохтан ё таъмир кардани яроқ бо мақсади ба он баргардонидани хусусиятҳои зарбазанӣ, инчунин тайёр кардани лавозимоти ҷангиро дар бар мегирад, ки он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252).

Моддаи 16. Воридот ва содироти яроқ

Воридоти яроқи ҷанги ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе ба амал бароварда мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани яроқи хизмати ва ғайринизоми бо иҷозати мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти талаботи ҳамин Қонун ба амал бароварда мешаванд.

Яроқ ва патронҳои воридшаванда ва содиршаванда бояд тамға ё нишони мутобиқи стандарт дошта бошанд.

Моддаи 17. Харидан, ворид ва содир кардани яроқи ғайринизоми аз тарафи шаҳрвандони хориҷи

Шаҳрвандони хориҷи метавонанд аз рӯи рухсатномаҳои додаи мақомоти корҳои дохили дар асоси дархости намояндагиҳои давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо мебошанд, яроқи ғайринизомиро харанд, ба шарте, ки онҳо яроқро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз даҳ рӯзи харидани яроқ содир намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Яроқи ш икори ва спортиро шаҳрвандони хориҷи метавонанд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд, агар қарордод барои шикор ё таклиф барои иштирок дар чорабиниҳои спорти ва рухсатномаи дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд бошад. Яроқ бояд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қарордод ё таклиф содир карда шавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252).

Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан ва дар қаламрави он истифода бурдани тамоми намудҳо, типҳо ва моделҳои яроқ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷи бо мақсади таъмини бехатарии шахси, ҳимояи ҳаёт ва саломатии дигар шахсони воқеи, муҳофизати моликияти онҳо, интиқоли борҳо ва бо дигар мақсадҳое, ки дар қисми дуюми ҳамин модда нишон дода нашудаанд, манъ аст, агар он дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст пешбини нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Аз тарафи шаҳрвандони хориҷи вайрон кардани мӯҳлатҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардани яроқ, инчунин тартиби ба мамлакат ворид кардан ва истифода намудани он аз тарафи шаҳрвандони хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси халъ ва мусодираи яроқ мегардад.

Моддаи 18. Фурӯши яроқ

Фурӯши яроқи хизматӣ ва ғайринизомӣ, қисмҳо ва лавозимоти он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фурӯши яроқи ҷангӣ бошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252).

Фурӯши яроқ ба шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки рухсатномаи хариди ҳамин намуди яроқро пешниҳод накардаанд, инчунин яроқи бе рақам ва бе тамға ё лавозимоти ҷангии бе нишони мутобиқи стандарт манъ мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190аз 12.05.2007 № 252).

Моддаи 19. Фурӯш ё додани яроқ аз тарафи ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252)

Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ҳақ доранд яроқи дар ихтиёрашон бударо бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯшанд ё ройгон диҳанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252).

Моддаи 20. Яроқи мукофот додашуда, яроқро фурӯхтан, тӯҳфа додан ва мерос гузоштани шаҳрвандон

Яроқи мукофоти яроқе мебошад, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷатҳои мукофотии сардорони давлатҳои хориҷи ё сардорони ҳукуматҳои давлатҳои хориҷи гирифта шудааст.

Шаҳрванд ҳақ дорад яроқеро, ки дар асоси қонуни чун моликияти хусуси дорад, бо пешаки огоҳ кардани мақомоти корҳои дохили, ки ба вай барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқ иҷозат додааст, фурӯшад.

Тӯҳфа кардан ва мерос гузоштани яроқ ба тартибе сурат мегирад, ки онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар сурате, ки меросхӯр яроқ дошта бошад ё шахсе, ки ба вай тӯҳфа карда мешавад, барои харидани ҳамин намуди яроқ рухсатнома дошта бошад. Дар сурати вафот кардани соҳиби яроқи ғайринизоми онро дарҳол макомоти корҳои дохили то ҳал шудани масъалаи ба мерос гузоштани амвол ва гирифтани литсензия барои харидани ҳамин намуди яроқ мусодира мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Моддаи 21. Нигоҳ доштани яроқ

Яроқ ва лавозимоти ҷангии харида дар шароите нигоҳ дошта мешаванд, ки нигоҳдори, бехатарии нигоҳдориро таъмин карда, ба он ҷо даромадани шахсони бегонаро истисно менамояд. Талаботи мушаххасеро, ки ба шароити нигоҳ доштани хелҳои гуногуни яроқ дахл дорад. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қисмҳои ҳарби муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 7, аз 22.04.2003 № 13, аз 1.03.2005 № 76, аз 26.12.2005 № 131, аз 28.07.2006 № 190).

"Талабот оид ба шароити нигоҳ доштани навъҳои гуногуни яроқ аз тарафи ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашудаи дахлдор муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252).

Моддаи 22. Истифодаи яроқ

Ҳуқуқи истифодаи яроқро шахсоне доранд, ки ба ин иҷозати махсус доранд. Бидуни иҷозат истифода кардани яроқ манъ мебошад, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузори пешбини кардааст.

Шароит ва тартиби истифодаи яроқро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Истифодаи яроқи оташфишон нисбат ба занҳо, шахсони дорои аломати маъюби, ноболиғоне, ки синну солашон маълум аст, ғайр аз мавридҳои ҳуҷуми мусаллаҳона ва гурӯҳии онҳо, манъ аст. Дар бораи ҳар мавриди истифодаи яроқ, ки боиси зиёнрасонии ҷисмони гардидааст, соҳиби яроқ ӯҳдадор аст бетаъхир, аз як шабонарӯз дер намонда ба мақомоти корҳои дохилии ҷои истифодаи яроқ хабар диҳад. Истифодаи яроқи оташфишон нисбати занҳо, шахсони аломати маъюбиашон аён, ноболиғон, ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт, ки мусофир доранд, шахсоне, ки сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ гузаштаанд ё қасди гузаштани онро доранд, агар ин амал аниқ тасодуфӣ бошад, ё ба сабаби фалокат, таҳти таъсири омилҳои бартарафнашавандаи табиӣ ба амал омада бошад, инчунин ҳангоми ҷамъ шудани одамон, ки аз ин амал метавонанд шахсони бегуноҳ зарар бинанд, манъ аст, ғайр аз ҳолатҳое, ки аз ҷониби онҳо содир намудани ҳуҷум, нишон додани муқобилияти мусаллаҳона, содир намудани ҳуҷуми гурӯҳӣ ва ё мусаллаҳонае, ки ба ҳаёти одамон тахдид мекунанд, мушоҳида гардад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Қоидаҳои шикорро бо истифодаи яроқи оташфишони шикори, инчунин қоидаҳои ба кор бурдани яроқро дар вақти машғулияти спорти ва ба мақсадҳои таълими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 23. Баҳисобгири, гирифта гаштан, кашондан, нобуд сохтан ва коллексия кардани яроқ

Қоидаҳои баҳисобгири, гирифта гаштан, кашондан, фиристодан ва нобуд сохтани яроқро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.

Яроқи коллексияшуда яроқе мебошад, ки он мувофиқи хулосаи комиссияи эксперти аҳамияти илми, таърихи, бадеи дошта, мувофиқи ҳамин Қонун барои маҳфуз доштан аз ҷониби шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ё ташкилотҳо, иҷозат дода шудааст ва он барои ташкили коллексия ва намоиш додан таъин гардидааст.

Қоидаҳои коллексия кардани яроқ, инчунин ашёи аз ҷиҳати таъиноти вазифааш мушобеҳ ба яроқ, тартиби харидан, маҳфуз доштан, содир кардан ва интиқоли онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Моддаи 24. Бекор кардани рухсатномаҳо

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190)

Рухсатномаи нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқро мақоме, ки ин рухсатномаро додааст, дар сурати аз тарафи шахси воқеӣ вайрон кардан ва ё иҷро иакардани талаботи муқарраргардидаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи гардиши яроқ бекор мекунад.

Пеш аз қабули қарор дар бораи бекор кардани рухсатномаҳо бояд соҳиби рухсатнома пешакӣ ба таври хаттӣ огоҳ карда шавад. Дар огоҳнома нишон дода мешавад, ки маҳз кадом меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қоидаҳо вайрон карда шудаанд ё иҷро карда нашудаанд, ҳамчунин мӯҳлати бартараф кардани вайронкуниҳо муқаррар карда мешавад.

Дар бораи қарори бекор кардани рухсатнома соҳибони онҳо ба суд шикоят карда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190).

Моддаи 25. Халъи яроқ

Халъи яроқ аз тарафи мақомоти корҳои дохили дар мавридҳои зерин сурат мегирад:

а) вайрон намудани тартиби гардиши яроқ (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252);

б) бо тартиби муқарраргардида бекор карда шудани иҷозатномаи фурӯши яроқ, иҷозати махсуси сохтани яроқ ё рухсатномаи нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252);

в) аз тарафи шахсони воқеи ё шахсони ҳуқуқи вайрон карда шудани қоидаҳои муқарраршудаи харидан, қайд кардан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва ба кор бурдани яроқ то қабули қарори қатъи бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) дар мавриди ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани шахси воқеи;

д) вафот кардани шаҳрванде, ки молики яроқи ғайринизоми аст, то аз тарафи меросхӯрон ҳал намудани масъалаи ба меросгузории моликият, инчунин дар мавриди марги шаҳрванде, ки дар асосҳои қонуни яроқи ҷанги ё хизмати дошт;

е) дар дигар мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст.

Яроқи хизмати ва ғайринизомии аз ҷиҳати техники барои истифода короянд, ки мусодира шудааст, ба тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

Тартиби халъи яроқро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 26. Назорат ба гардиши яроқ

Назорат ба гардиши яроқ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти корҳои дохили ва мақомоте ба амал бароварда мешавад, ки онҳо барои додани иҷозати махсуси сохтани яроқ ваколат доранд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 190аз 12.05.2007 № 252).

Шахсони мансабдоре, ки барои татбиқи назорат ба гардиши яроқ ваколатдор шудаанд, ҳуқуқ доранд:

- яроқро дар ҷойҳои сохтани он, фурӯш, нигоҳдори ва нобудсозии он аз назар гузаронанд;

- аз шахсони ҳуқуқи ва воқеи пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дахлдори хаттиро, ки барои иҷро намудани вазифаҳои назорати заруранд, талаб намоянд;

- дар сурати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои муқарраршуда ба шаҳрвандон ва шахсони мансабдор барои ҳатман бартараф намудани ин вайронкуниҳо фармон диҳанд;

- дигар чораҳоеро андешанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст.

Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252)

Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 252).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов

ш. Душанбе аз 1 феврали соли 1996 № 232

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЯРОҚ

(Қонун аз 12.05.2001с. N 7, аз 22.04.2003с. N 13, аз 09.12.2004с. N 68, аз 01.03.2005с. N 76, аз 26.12.2005с. № 131, аз 28.07.06с. № 190)

Қонуни мазкур гардиши яроқ ва лавозимоти ҷангиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ (Конун аз 28.07.06с. № 190)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд (Конун аз 28.07.06с. № 190):

- яроқ дастгоҳҳо ва ашёе, ки таркибан барои зарба задан ба ҳадафи зинда ва дигар нишон таъин гардидаанд, инчунин қисмҳои асосии яроқ, ки вазифаи онро муайян месозанд (Конун аз 28.07.06с. № 190);

- яроқи оташфишон аслиҳаест, ки барои аз масофа бо снаряд зарбаи механики задан таъин шудааст, ки он аз ҳисоби қувваи заряди борут ё заряди дигар ҳаракати самтнок гирифтааст; инчунин қисмҳои асосии яроқ - механизми зарбазанак, патрондон, мил;

- яроқи сард силоҳест, ки барои зарба задан ба ҳадаф бо ёрии қувваи мушакҳои инсон дар сурати алоқаи бевосита бо объекти зарбазани таъин шудааст;

- яроқи ҳаводиҳандаи сард силоҳест, ки барои аз масофа зарба задан ба ҳадаф бо снаряде, ки бо ёрии нерӯи мушакҳои инсон ё дастгоҳи механики ҳаракати самтнок мегирад, таъин шудааст;

- яроқи пневматики аслиҳаест, ки барои зарба задан ба ҳадаф бо снаряде, ки аз ҳисоби нерӯи моддаи газшакли фишурда ҳаракати самтнок гирифтааст, таъин шудааст;

- яроқи гази аслиҳаест, ки барои муваққатан зарба задан ба ҳадафи зинда бо роҳи истифодаи модаҳои ашковар ё ғашовар, ки Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи онҳоро иҷозат додааст, таъин гардидааст;

- лавозимоти ҷанги ашёи аслиҳа буда, барои зарба задан ба ҳадаф ва иҷро кардани вазифаҳое таъин гардидаанд, ки барои зарба задан ба он мадад мерасонанд ва дорои заряди тарканда, ҳаводиҳанда, тарфгари, зада баровардан ё заряди якҷояи онҳо мебошад;

- Ҳамчунин патронисилоҳи оташфишон ва силоҳи гази ба қатори лавозимоти ҷанги дохил мешавад;

- патрон механизмест, ки барои паррондан аз силоҳ таъин гардидааст ва бо ёрии гилзаи снаряд заряди ҳаводиҳанда ва воситаҳои таҳриккуниро якҷоя мекунад;

- яроқи оташфишони сигналдиҳи яроқест, ки таркибан барои додани сигналҳои чароғи, дудию овози (савти) таъин шудааст;

- гардиши яроқ тайёр кардан, фурӯхтан, ба каси дигар додан, харидан, ба ҳисоб гирифтан, маҳфуз доштан, гирифта гаштан, кашондан, ба кор бурдан, халъ ва мусодира ва несту нобуд кардан, ворид кардани яроқ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Моддаи 1 (1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои дар бораи яроқ (Конун аз 28.07.06с. № 190)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи яроқ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистом асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Моддаи 2. Навъҳои яроқ (Конун аз 28.07.06с. № 190)

Яроқ аз рӯи таъиноти худ барои истифода кардан аз тарафи субъектҳои дахлдор, инчунин аз рӯи параметрҳо ва тавсифот ба навъҳои зерин тақсим мешавад (Конун аз 28.07.06с. № 190):

яроқи ҷанги;

яроқи хизмати;

яроқи ғайринизоми.

Моддаи 3. Яроқи ҷанги

Ба қатори яроқи ҷанги яроқе дохил мешавад, ки барои иҷрои вазифаҳои ҷанги ва оперативи-хизмати таъин шуда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусаллаҳ кардани Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар қисмҳои ҳарби (минбаъд ташкилотҳои давлатии ҳарбикунондашуда) бонкҳо, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст (Қонун аз 12.05.01с. № 7, Қонун аз 22.04.03с. № 13, Қонун аз 9.12.04с. № 68, Қонун аз 1.03.05с. № 76, Қонун аз 26.12.05с. № 131), (Конун аз

28.07.06с. № 190).

Тартиби гардиши яроқи ҷанги, лавозимоти ҷанги ва патрони онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 4. Яроқи хизмати

Ба ҷумлаи яроқи хизмати яроқи оташфишони суфтамил ва яроқи рахпечи кӯтоҳмили дорои нерӯи дуалии на бештар аз 300 ҷоул ва яроқи оташфишони милаш суфтаи дарози худмуҳофизаткуни дохил мешавад, ки онҳо барои истифодаи шахсони мансабдор ва кормандони мақомоти давлати ва ба мақсади худмуҳофизаткуни ё иҷро кардани ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузоштаи Қонун барои муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, муҳофизати табиат ва захираҳои табии, моликият, борҳои қиматбаҳо ва хатарнок, муросилоти махсус таъин гардидаанд ва гирифта гаштан ва нигоҳ доштани онҳоро санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Яроқи хизмати бояд оташкушоии силсиладорро истисно намояд, аз рӯи буриши типии калибр ва тирдон аз яроқи ҷанги фарқ кунад ва ғунҷоиши тирдони (барабани) он набояд аз ҳашт патрон зиёд бошад (Конун аз

28.07.06с. № 190).

Патрони яроқи оташфишони суфтамил ва яроқи рахпечи кутоҳмил бояд тирҳои пардадор ва забоначаи аз материали мулоим сохташуда дошта бошад.

Моддаи 5. Яроқи ғайринизоми

Ба ҷумлаи яроқи ғайринизоми яроқе дохил мешавад, ки барои истифодаи шаҳрвандон ба мақсади худмуҳофизаткуни, шикор ва машғулияти спорти таъин шудааст.

Яроқи ғайринизоми ба хелҳои зерин ҷудо мешавад:

а) яроқи худмуҳофизаткуни:

яроқи оташфишони милаш суфтаи дарози худмуҳофизаткуни, аз ҷумла яроқи дорои патрони ҷароҳатрасони;

яроқи оташфишони бемили худмуҳофизаткуни бо патронҳои захмрасон, газфишон, нурфишону садофишон;

яроқи газии худмуҳофизаткуни: таппонча ва револверҳо бо тирҳояшон, пошдиҳаки механики, асбоби дорои аэрозол ва ғайра, ки бо модаҳои ашковар ва ғашовар таъмин буда, ба кор бурдани онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст.

б) яроқи спорти:

яроқи оташфишон;

яроқи сарди теғдор;

яроқи сарди ҳаводиҳанда;

яроқи пневматики;

в) яроқи шикори:

яроқи оташфишони милаш рахпеч;

яроқи суфтамили оташфишон, аз ҷумла яроқе, ки шакли милаш гирда нест;

яроқи оташфишони муштарак (суфтамил ва рахпеч);

яроқи сарди теғдор;

г) яроқи оташфишони сигналдиҳии милдор ва бемил.

Моддаи 6. Маҳдудиятҳое, ки барои гардиши яроқи хизмати ва ғайринизоми муқаррар карда мешаванд

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо манъ карда мешаванд:

1. Гардиши яроқҳои зерин ба сифати яроқи хизмати ва ғайринизоми:

а) яроқи оташфишони шикори ва оташфишони милаш суфтаи дарози худмуҳофизаткунии ҳаҷми ғунҷоиши тирдонаш бештар аз ҳашт патрон буда, дарозии милаш камтар аз 500 миллиметр ва дарозии умумии яроқ камтар аз 800 миллиметр аст, ки сохти он имконият медиҳад дарозиаш аз 800 миллиметр кам карда шавад ва дар айни ҳол имконияти тирпаррони аз байн намеравад (Конун аз 28.07.06с. № 190);

б) яроқи оташфишоне, ки шаклаш ба чизҳои дигар монанди дорад;

в) шашпарҳо, кастетҳо ва дигар чизҳои зарбазани поракунанда, яроқи сарди ҳаводиҳанда (сурикенҳо, бумерангҳо, арбалетҳо, камонҳо, инчунин тирҳои онҳо ва дигар хелҳо) ба истиснои снарядҳои спорти;

г) патронҳои дорои тирҳои зиреҳзану оташзананда ё тарконанда, инчунин патронҳо бо снарядҳои майда барои таппончаҳо ва револверҳо;

д) яроқ ва дигар чизҳое, ки зарбаи онҳо ба истифодаи шуоҳои радиоактиви ва омилҳои биологи асос ёфтааст;

е) яроқи гази, ки дорои модаҳои асабхаробкунандаю фалаҷкунанда, заҳролудкунанда ва дигар модаҳои сахттаъсиркунанда буда, инчунин қодир аст аз ҳисоби таъсири модаҳои ашковар ва гашовар зарбаи миёна расонад ё ба одами дар масофаи бештар аз 1 метр дур истода зарари сабуктари ҷисмони расонад (Конун аз 28.07.06с. № 190);

ж) яроқи сарди теғдор ва кордҳо, теғ ва дам, ки дар сурати зер кардани тугма ё фишанг пеш мебароянд, ё ба воситаи онҳо ба кор медароянд, ё аз ҳисоби қувваи вазн, ё ҳаракати босуръат ба таври автомати омодаи истифода мегарданд ва дар ин ҳолат дарозии теғашон бештар аз ҳаштоду панҷ миллиметрро ташкил медиҳад.

2. Берун аз объекти спорти нигоҳ доштан ё истифода кардани яроқи оташфишон ва пневматикии спортии дорои нерӯи милаш бештар аз 7,5 ҷоул, яроқи сарди теғдор ва яроқи сарди ҳаводиҳанда;

3. Ба яроқи хизмати ва ғайринизоми гузоштани асбоби тирпарронии беовоз ва нишонгирии шабона;

4. Фиристодани яроқ;

5. Дар вақти гузаронидани митингҳо, сайру гаштҳои кӯчаги, намоишҳо, пикеткуниҳо ва дигар чорабиниҳои оммави яроқ гирифта гаштани шаҳрвандон.

Моддаи 7. Кадастри давлатии яроқи хизмати ва ғайринизоми

Кадастри давлатии яроқи хизмати ва ғайринизоми маълумотномаи муназамест, ки дар бораи яроқи хизмати ва ғайринизоми, инчунин лавозимоти ҷангии он, ки гардиши онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст.

Тартиби кадастри мазкури давлати, инчунин мақомотеро, ки онро мебарад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 8. Сертификатсияи яроқ (Конун аз 28.07.06с. № 190)

Тамоми моделҳои яроқҳои аз дигар давлатҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда бояд ҳатман сертификатсия шаванд (Конун аз

28.07.06с. № 190).

Сертификатсияи яроқ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи аризаҳои яроқсозон, инчунин шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон яроқ ворид мекунанд, тартиб дода мешавад, агар дар бораи эътирофи тарафайни натиҷаҳои сертификатсияи яроқ бо давлате, ки яроқ дар он ҷо сохта шудааст, созишнома набошад (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Дар асоси натиҷаҳои сертификатсияи яроқ мақомоти сертификатсияи яроқ дар бораи ба навъи яроқи ҷангӣ, яроқи хизмати ва яроқи ғайринизоми нисбат додани яроқ қарор қабул мекунад (Конун аз

28.07.06с. № 190).

Моддаи 9. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истеҳсол, таъмир, фурӯши аслиҳа ва қисмҳои асосии силоҳи оташфишон, истифодаи партовҳои аслиҳа, намоишгузории аслиҳа, қисмҳои асосии силоҳи оташфишон ва лавозимоти аслиҳа, коркард ва истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ (Конун аз

28.07.06с. № 190)

Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба истеҳсол, таъмир, фурӯши аслиҳа ва қисмҳои асосии силоҳи оташфишон, истифодаи партовҳои аслиҳа, намоишгузории аслиҳа, қисмҳои асосии силоҳи оташфишон ва лавозимоти аслиҳа, коркард ва истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ, тартиби бекор намудан ва боздоштани иҷозатнома тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ гардонида мешавад (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Моддаи 10. Субъектҳое, ки барои харидани яроқ ҳуқуқ доранд

Ҳуқуқи харидани яроқро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо доранд:

1) ташкилотҳои ҳарбикунондашудаи давлати;

2) корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

3) иттиҳодияҳои ҷамъиятии спорти ва сайёди;

4) муассисаҳои таҳсилоти умуми (Конун аз 28.07.06с. № 190);

5) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) шаҳрвандони хориҷи.

7) бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонун аз 9.12.04с. № 68).

Моддаи 11. Ҳуқуқи ташкилоти ҳарбикунонидашудаи давлати барои харидани яроқ

Ташкилоти ҳарбикунонидашудаи давлати ҳақ дорад яроқи ҷангие харида гирад, ки он барои мусаллаҳ кардани ҳамин ташкилот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, инчунин ҳар яроқи дигарро бихарад, ки ба кадастри давлати дохил карда шудааст.

Моддаи 12. Ҳуқуқи харидани яроқ аз тарафи корхонаҳо, ташкилотҳо ё муассисаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст

Корхона, ташкилот ё муассисае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, баъди аз мақомоти корҳои дохили гирифтани рухсатномаи дахлдор ҳақ дорад яроқи хизмати ва ғайринизомиро харида бигирад (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Яроқи харида бояд қайд шавад ва ба кадастри давлати дар мақомоти корҳои дохили дохил карда шавад. Ҳангоми қайд ба корхона, ташкилот ё муассисаи мазкур барои нигоҳ доштан ва истифода кардани ин яроқ ба муддати се сол дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки қонуни будани хариди яроқро тасдиқ мекунанд, рухсатнома дода мешавад. Шакли рухсатномаро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Конун аз

28.07.06с. № 190).

Ба коркунони корхонаҳо, ташкилотҳо ё муассисаҳое, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, аз рӯи қарори роҳбари ҳамин корхона, ташкилот ё муассиса баъди аз тайёрии дахлдор гузаштани коркун ва дар сурати набудани мамониати гирифтани рухсатномаи харидани яроқи ғайринизоми яроқ дода мешавад. Ин коркунон ӯҳдадоранд дар сари вақт аз муоинаи тибби ва тайёрии коршоями дар шароити истифодаи яроқи оташфишон гузаранд (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Тартиби гузаронидани муоинаи тибби ва мундариҷаи барномаи тайёриро мутобиқан Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Моддаи 12 (1). Ҳуқуқи гирифтани яроқ аз ҷониби бонкҳо

Бонкҳои давлати ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ӯҳадориҳои ба онҳо вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории маблағҳо ва дороиҳо, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқи дар асоси рухсатнома гирифтани яроқро бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Номгӯи бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба гирифтани яроқ ҳуқуқ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонун аз 9.12.04с. № 68).

Моддаи 13. Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидани яроқи ғайринизоми

Ҳуқуқи харидани яроқи худмудофиакуни, яроқи шикори, яроқи сигналдиҳии оташфишонро шаҳрвандони ба синни 18 расидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гирифтани рухсатнома барои харидани намуди мушаххаси яроқ дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат доранд (Конун аз

28.07.06с. № 190).

Яроқи газии худмудофиавиро (ғайр аз пошдиҳандаҳои механики ва асбобҳои аэрозоли) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд аз рӯи рухсатнома харида гиранд. Рухсатномаро мақомоти корҳои дохили дар ҷои истиқомати шаҳрванд медиҳанд ва он дар айни ҳол рухсатнома барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқи газии худмудофиакуни мебошад (Конун аз

28.07.06с. № 190).

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд пошдиҳандаҳои механики ва асбобҳои аэрозоли, яроқҳои пневматикиро бидуни гирифтани иҷозати дахлдор харида гиранд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд яроқи оташфишони милаш суфтаи дарози худмудофиавиро ба мақсадҳои худмудофиа аз рӯи рухсатномаи додаи мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқоматиашон харида гиранд (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти касбиашон вобаста ба шикор аст, ҳақ доранд яроқи оташфишони суфтамили шикориро аз рӯи рухсатномаҳо барои шикори ҳаваскорона ва касби харида гиранд (Конун аз

28.07.06с. № 190).

Яроқи шикории оташфишони таркиби ва яроқи шикории оташфишони дорои мили рахпечро он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд харида гиранд, ки бо фаъолияти касбии бо шикор алоқаманд машғуланд, ё шикорчиёни ҳаваскоре, ки яроқи хусусии шикории оташфишони суфтамилро камаш 5 сол боз доранд ва қоидаҳои шикор, харидан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан, кашондан ва истифода бурдани яроқро вайрон накардаанд (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Яроқи сарди шикории теғдорро шаҳрвандоне харида метавонанд, ки барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқи оташфишони шикори иҷозати мақомоти корҳои дохилиро доранд.

Яроқи харидаи милаш суфтаи дарози оташфишони худмудофиа, яроқи оташфишони шикори бояд баъди ду ҳафтаи харидан дар мақомоти корҳои дохили ба қайд гирифта шавад.

Мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми қайди яроқи харидаи оташфишони милаш суфтаи дарози худмудофиа ва дигар намуди яроқи шикорӣ ба шаҳрванд барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқ дар асоси хуҷчатҳое, ки қонунӣ будани хариди онро тасдиқ мекунанд, ба муддати панҷ сол рухсатнома медиҳанд (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Моддаи 14. Шахсоне, ки барои харидани яроқ ҳуқуқ надоранд

Шахсони зерин барои харидани яроқ ҳуқуқ надоранд:

шахсоне, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд (Конун аз 28.07.06с. № 190);

шахсоне, ки бинобар майзадаги ва нашъаманди дар ҳисоби мақомоти нигаҳдории тандурусти қарор доранд;

шахсоне, ки касали ё нуқсонҳои ҷисмони доранд ва онҳо ба муомилоти дуруст бо яроқ мамоният мекунанд;

шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти бадқасдона доғи суди доранд;

шахсоне, ки ҷазои ҷиноятиро адо мекунанд;

шахсоне, ки дар давоми сол такроран ҳуқуқвайронкунии маъмури содир намудаанд, ки ба тартиботи ҷамъияти ё ба тартиботи муқаррарнамудаи идора таҳдид мекунад;

шахсоне, ки ҷои доимии зиндагони надоранд.

Номгӯи касалиҳо ва нуқсонҳои ҷисмониро, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо рухсатномаҳо барои харидани яроқ ба шаҳрванд дода намешавад ва тартиби гузаштани шаҳрвандон аз муоинаи тиббиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи пешниҳоди Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Моддаи 15. Тайёр кардани яроқ

Тайёр кардани яроқ - васл намудани қисмҳои он, аз нав сохтан ё таъмир кардани яроқ бо мақсади ба он баргардонидани хусусиятҳои зарбазани мебошад, инчунин тайёр кардани лавозимоти ҷанги аз рӯи иҷозатномаҳое, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода шудааст, амали гардонда мешавад (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Моддаи 16. Воридот ва содироти яроқ

Воридоти яроқи ҷанги ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе ба амал бароварда мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани яроқи хизмати ва ғайринизоми бо иҷозати мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти талаботи ҳамин Қонун ба амал бароварда мешаванд.

Яроқ ва патронҳои воридшаванда ва содиршаванда бояд тамға ё нишони мутобиқи стандарт дошта бошанд.

Моддаи 17. Харидан, ворид ва содир кардани яроқи ғайринизоми аз тарафи шаҳрвандони хориҷи

Шаҳрвандони хориҷи метавонанд аз рӯи рухсатномаҳои додаи мақомоти корҳои дохили дар асоси дархости намояндагиҳои давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо мебошанд, яроқи ғайринизомиро харанд, ба шарте, ки онҳо яроқро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз даҳ рӯзи харидани яроқ содир намоянд (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Яроқи ш икори ва спортиро шаҳрвандони хориҷи метавонанд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд, агар қарордод барои шикор ё таклиф барои иштирок дар чорабиниҳои спорти ва иҷозати дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд бошад. Яроқ бояд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қарордод ё таклиф содир карда шавад.

Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан ва дар қаламрави он истифода бурдани тамоми намудҳо, типҳо ва моделҳои яроқ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷи бо мақсади таъмини бехатарии шахси, ҳимояи ҳаёт ва саломатии дигар шахсони воқеи, муҳофизати моликияти онҳо, интиқоли борҳо ва бо дигар мақсадҳое, ки дар қисми дуюми ҳамин модда нишон дода нашудаанд, манъ аст, агар он дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст пешбини нашуда бошад (Конун аз

28.07.06с. № 190).

Аз тарафи шаҳрвандони хориҷи вайрон кардани мӯҳлатҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардани яроқ, инчунин тартиби ба мамлакат ворид кардан ва истифода намудани он аз тарафи шаҳрвандони хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси халъ ва мусодираи яроқ мегардад.

Моддаи 18. Фурӯши яроқ

Фурӯши яроқ ба тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар кардааст, сурат мегирад (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Фурӯши яроқ ба шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки рухсатномаи хариди ҳамин намуди яроқро пешниҳод накардаанд, инчунин яроқи бе рақам ва бе тамға ё лавозимоти ҷангии бе нишони мутобиқи стандарт манъ карда мешавад (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Моддаи 19. Фурӯш ё додани яроқ аз тарафи ташкилотҳои ҳарби кардашудаи давлати

Ташкилотҳои ҳарби кардашудаи давлати ҳақ доранд яроқи дар ихтиёрашонбударо бо тартибе фурӯшанд, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Моддаи 20. Яроқи мукофот додашуда, яроқро фурӯхтан, тӯҳфа додан ва мерос гузоштани шаҳрвандон

Яроқи мукофоти яроқе мебошад, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷатҳои мукофотии сардорони давлатҳои хориҷи ё сардорони ҳукуматҳои давлатҳои хориҷи гирифта шудааст.

Шаҳрванд ҳақ дорад яроқеро, ки дар асоси қонуни чун моликияти хусуси дорад, бо пешаки огоҳ кардани мақомоти корҳои дохили, ки ба вай барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқ иҷозат додааст, фурӯшад.

Тӯҳфа кардан ва мерос гузоштани яроқ ба тартибе сурат мегирад, ки онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар сурате, ки меросхӯр яроқ дошта бошад ё шахсе, ки ба вай тӯҳфа карда мешавад, барои харидани ҳамин намуди яроқ рухсатнома дошта бошад. Дар сурати вафот кардани соҳиби яроқи ғайринизоми онро дарҳол макомоти корҳои дохили то ҳал шудани масъалаи ба мерос гузоштани амвол ва гирифтани литсензия барои харидани ҳамин намуди яроқ мусодира мекунад (Конун аз

28.07.06с. № 190).

Моддаи 21. Нигоҳ доштани яроқ

Яроқ ва лавозимоти ҷангии харида дар шароите нигоҳ дошта мешаванд, ки нигоҳдори, бехатарии нигоҳдориро таъмин карда, ба он ҷо даромадани шахсони бегонаро истисно менамояд. Талаботи мушаххасеро, ки ба шароити нигоҳ доштани хелҳои гуногуни яроқ дахл дорад. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қисмҳои ҳарби муайян мекунанд (Қонун аз 12.05.01с. № 7, Қонун аз 22.04.03с. № 13, Қонун аз 1.03.05с. № 76, Қонун аз 26.12.05с. № 131), (Конун аз 228.07.06с. № 190).

Моддаи 22. Истифодаи яроқ

Ҳуқуқи истифодаи яроқро шахсоне доранд, ки ба ин иҷозати махсус доранд. Бидуни иҷозат истифода кардани яроқ манъ мебошад, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузори пешбини кардааст.

Шароит ва тартиби истифодаи яроқро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Истифодаи яроқи оташфишон нисбат ба занҳо, шахсони дорои аломати маъюби, ноболиғоне, ки синну солашон маълум аст, ғайр аз мавридҳои ҳуҷуми мусаллаҳона ва гурӯҳии онҳо, манъ аст. Дар бораи ҳар мавриди истифодаи яроқ, ки боиси зиёнрасонии ҷисмони гардидааст, соҳиби яроқ ӯҳдадор аст бетаъхир, аз як шабонарӯз дер намонда ба мақомоти корҳои дохилии ҷои истифодаи яроқ хабар диҳад. Истифодаи яроқи оташфишон нисбати занҳо, шахсони аломати маъюбиашон аён, ноболиғон, ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт, ки мусофир доранд, шахсоне, ки сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ гузаштаанд ё қасди гузаштани онро доранд, агар ин амал аниқ тасодуфӣ бошад, ё ба сабаби фалокат, таҳти таъсири омилҳои бартарафнашавандаи табиӣ ба амал омада бошад, инчунин ҳангоми ҷамъ шудани одамон, ки аз ин амал метавонанд шахсони бегуноҳ зарар бинанд, манъ аст, ғайр аз ҳолатҳое, ки аз ҷониби онҳо содир намудани ҳуҷум, нишон додани муқобилияти мусаллаҳона, содир намудани ҳуҷуми гурӯҳӣ ва ё мусаллаҳонае, ки ба ҳаёти одамон тахдид мекунанд, мушоҳида гардад (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Қоидаҳои шикорро бо истифодаи яроқи оташфишони шикори, инчунин қоидаҳои ба кор бурдани яроқро дар вақти машғулияти спорти ва ба мақсадҳои таълими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 23. Баҳисобгири, гирифта гаштан, кашондан, нобуд сохтан ва коллексия кардани яроқ

Қоидаҳои баҳисобгири, гирифта гаштан, кашондан, фиристодан ва нобуд сохтани яроқро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.

Яроқи коллексияшуда яроқе мебошад, ки он мувофиқи хулосаи комиссияи эксперти аҳамияти илми, таърихи, бадеи дошта, мувофиқи ҳамин Қонун барои маҳфуз доштан аз ҷониби шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ё ташкилотҳо, иҷозат дода шудааст ва он барои ташкили коллексия ва намоиш додан таъин гардидааст.

Қоидаҳои коллексия кардани яроқ, инчунин ашёи аз ҷиҳати таъиноти вазифааш мушобеҳ ба яроқ, тартиби харидан, маҳфуз доштан, содир кардан ва интиқоли онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Моддаи 24. Бекор кардани рухсатномаҳо (Конун аз 28.07.06с. № 190)

Рухсатномаи нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқро мақоме, ки ин рухсатномаро додааст, дар сурати аз тарафи шахси воқеӣ вайрон кардан ва ё иҷро иакардани талаботи муқарраргардидаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи гардиши яроқ бекор мекунад.

Пеш аз қабули қарор дар бораи бекор кардани рухсатномаҳо бояд соҳиби рухсатнома пешакӣ ба таври хаттӣ огоҳ карда шавад. Дар огоҳнома нишон дода мешавад, ки маҳз кадом меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қоидаҳо вайрон карда шудаанд ё иҷро карда нашудаанд, ҳамчунин мӯҳлати бартараф кардани вайронкуниҳо муқаррар карда мешавад.

Дар бораи қарори бекор кардани рухсатнома соҳибони онҳо ба суд шикоят карда метавонанд (Конун аз 28.07.06с. № 190).

Моддаи 25. Халъи яроқ

Халъи яроқ аз тарафи мақомоти корҳои дохили дар мавридҳои зерин сурат мегирад:

а) набудани иҷозатнома барои тайёр кардан, фурӯхтан ё харидани яроқ, инчунин рухсатнома барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он (Конун аз 28.07.06с. № 190);

б) бо тартиби муқарраршуда бекор кардани иҷозатнома сохтан, фурӯхтани яроқ ё рухсатнома нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он (Конун аз 28.07.06с. № 190);

в) аз тарафи шахсони воқеи ё шахсони ҳуқуқи вайрон карда шудани қоидаҳои муқарраршудаи харидан, қайд кардан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва ба кор бурдани яроқ то қабули қарори қатъи бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) дар мавриди ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани шахси воқеи;

д) вафот кардани шаҳрванде, ки молики яроқи ғайринизоми аст, то аз тарафи меросхӯрон ҳал намудани масъалаи ба меросгузории моликият, инчунин дар мавриди марги шаҳрванде, ки дар асосҳои қонуни яроқи ҷанги ё хизмати дошт;

е) дар дигар мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст.

Яроқи хизмати ва ғайринизомии аз ҷиҳати техники барои истифода короянд, ки мусодира шудааст, ба тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

Тартиби халъи яроқро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 26. Назорат ба гардиши яроқ

Назорат ба гардиши яроқ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти корҳои дохили ва мақомоте ба амал бароварда мешавад, ки онҳо барои додани иҷозатнома сохтани яроқ ваколат доранд (Конун аз

28.07.06с. № 190).

Шахсони мансабдоре, ки барои татбиқи назорат ба гардиши яроқ ваколатдор шудаанд, ҳуқуқ доранд:

- яроқро дар ҷойҳои сохтани он, фурӯш, нигоҳдори ва нобудсозии он аз назар гузаронанд;

- аз шахсони ҳуқуқи ва воқеи пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дахлдори хаттиро, ки барои иҷро намудани вазифаҳои назорати заруранд, талаб намоянд;

- дар сурати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои муқарраршуда ба шаҳрвандон ва шахсони мансабдор барои ҳатман бартараф намудани ин вайронкуниҳо фармон диҳанд;

- дигар чораҳоеро андешанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст.

Моддаи 27. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузори оид ба яроқ

Шахсоне, ки барои вайрон кардани тартиби сохтан, фурӯхтан, харидан, нигоҳ доштан, кашондан, гирифта гаштан ва истифода намудани яроқ гуннаҳкоранд, мувофиқи қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов

ш. Душанбе

 аз 1 феврали соли 1996 № 232