ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЯРОҚ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №4, мод. 57; с. 2001, №4, мод.152; с. 2003, №4, мод. 143; с. 2004, №12, қ.1, мод. 695; с. 2005, №3, мод. 115; №12, мод. 645; с. 2006, №7, мод. 338; с. 2007, №5, мод. 360; с. 2009, №7-8, мод. 492) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 3 калимаҳои "Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва калимаҳои "Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан ба калимаҳои "Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 10:
- банди 3) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3) Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- дар банди 8) аломати нуқта бо аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- бандҳои 3)-8) мутобиқан бандҳои 4)-9) ҳисобида шаванд;
- банди 10) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"10) Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал.".
3. Ба Қонун моддаи 12(3) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 12(3). Ҳуқуқи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории яроқ
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи намудҳои техникӣ ва варзиши ҳарбии амалӣ, инчунин омодасозии аҳолӣ барои муҳофизати Ватан бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яроқ ва тирҳои варзишию шикорӣ харидорӣ намояд.
Афсарон ва хизматчиёни ҳарбии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои худ аз ҷониби
...