ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №4, мод. 57; соли 2001, №4, мод. 152; соли 2003, №4, мод. 143; соли 2004, №12, қ. 1, мод. 695; соли 2005, №3, мод, 115; №12, мод. 645; соли 2006, №7, мод. 338) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати шашуми моддаи 1, қисми чоруми моддаи 12 ва қисми дуюми моддаи 14 калимаҳои "Вазорати нигоҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд:
2. Қисми якуми моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ба қатори яроқи ҷангӣ яроқе дохил мешавад, ки барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ва оперативӣ-хизматӣ таъин гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусаллаҳ кардани Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қисмҳои ҳарбӣ (минбаъд - ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда) ва бонкҳо қабул карда шудааст".
3. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 9. Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он
Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он, тартиби бекор намудан ва боздоштани иҷозатнома тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ гардонида мешавад".
4. Дар қисми ҳафтуми моддаи 13, қисми дуюми моддаи 17 ва қисми якуми моддаи 26 калимаҳои "иҷозати", "иҷозати дахлдори" ва "иҷозатномаи" мувофиқан ба калимаҳои "рухсатномаи", "рухсатномаи дахлдори" ва "иҷозати махсуси" иваз карда шаванд.
5. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 15. Тайёр кардани яроқ
Тайёр кардани яроқ, васл намудани қисмҳои он, аз нав сохтан ё таъмир кардани яроқ бо мақсади ба он баргардонидани хусусиятҳои зарбазанӣ, инчунин тайёр кардани лавозимоти ҷангиро дар бар мегирад, ки он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад".
6. Дар моддаи 18:
қисми якуми модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Фурӯши яроқи хизматӣ ва ғайринизомӣ, қисмҳо ва лавозимоти он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фурӯши яроқи ҷангӣ бошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд.".
Дар қисми дуюм калимаҳои "карда мешавад" ба калимаи "мебошад" иваз карда шаванд.
7. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 19. Фурӯш ё додани яроқ аз тарафи ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда
Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ҳақ доранд яроқи дар ихтиёрашон бударо бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯшанд ё ройгон диҳанд".
8. Қисми дуюми моддаи 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Талабот оид ба шароити нигоҳ доштани навъҳои гуногуни яроқ аз тарафи ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашудаи дахлдор муайян карда мешавад".
9. Сархатҳои "а" ва "б" қисми якуми моддаи 25 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"а) вайрон намудани тартиби гардиши яроқ;
б) бо тартиби муқарраргардида бекор карда шудани иҷозатномаи фурӯши яроқ, иҷозати махсуси сохтани яроқ ё рухсатномаи нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он;".
10. Моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
12 майи соли 2007 № 252
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
25 апрели соли 2007 № 541
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш.Душанбе
30 апрели соли 2007 № 304
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оружии"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 февраля 1996 года "Об оружии" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №4 ст.57; 2001 г., № 4, ст. 152; 2003 г., № 4, ст. 143; 2004 г., №12, ч. 1, ст. 695; 2005 г., №3, ст. 115; №12, ст. 645; 2006 г., № 7, ст. 338) следующие изменения и дополнения:
1. Часть первую статьи 3 изложить в следующей редакции:
"К боевому оружию относится оружие, предназначенное для решения боевых и оперативно - служебных задач, которое принято на вооружение решением Правительства Республики Таджикистан по вооружению Министерства обороны Республики Таджикистан, Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Агентства по государственному финансовому контролю и борьбы с коррупцией Республики Таджикистан, Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан, Управления по исправительным делам Министерства юстиции Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан, Агентства по обеспечению специальным имуществом при Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан, других воинских формирований (далее-государственные военизированные организации) и банков".
2. Статью 9 изложить в следующей редакции:
"Статья 9. Лицензирование деятельности по торговле гражданским и служебным оружием, частями и боеприпасами к нему
Лицензирование деятельности по торговле гражданским и служебным оружием, частями и боеприпасами к нему, порядок отзыва и приостановления лицензии осуществляются в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности".
3. Статью 15 изложить в следующей редакции:
"Статья 15. Изготовление оружия
Изготовление оружия охватывает сборку его частей, переделку или ремонт с целью возврата ему утраченных поражающих свойств, а также изготовление боевых припасов, которое осуществляется в порядке, определяемом Правительством Республики Таджикистан".
4.В статье 18:
- часть первую изложить в следующей редакции:
"Торговля служебным и гражданским оружием, частями и боеприпасами к нему осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, а торговля боевым оружием осуществляется в порядке, определяемом Правительством Республики Таджикистан.".
5. Статью 19 изложить в следующей редакции:
"Статья 19. Продажа или выдача оружия военизированными государственными организациями
Государственные военизированные организации вправе продавать или безвозмездно передавать имеющееся у них оружие в порядке, определяемом Правительством Республики Таджикистан.
6. Часть вторую статьи 21 изложить в следующей редакции:
"Требования по условиям хранения различных видов оружия, определяются соответствующими государственными военизированными организациями".
7. Пункты "а" и "б" части первой статьи 25 изложить в следующей редакции:
"а) нарушение правил оборота оружия;
б) аннулирование в установленном порядке лицензии на торговлю оружием, специального разрешения на изготовление оружия либо разрешения на его хранение и ношение;".
8. Статью 27 изложить в следующей редакции:
"Статья 27. Ответственность за нарушение настоящего Закона
Лица,нарушившие положения настоящего Закона, привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г. Душанбе
12 мая 2007 года № 252
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оружии"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оружии".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С.Хайруллоев
г. Душанбе,25 апреля 2007 года № 541
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оружии"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оружии", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оружии".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе,30 апреля 2007 года №304