Низомномаи Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2026, № 1232

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 октябри соли 2026, № 1232

Низомномаи Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия) мақоми доимоамалкунандаи машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади суръатбахшии татбиқи иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии идоракунии давлатӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани монеаҳо барои рақамикунонӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, назорати иҷрои татбиқи ислоҳоти рақамӣ таъсис дода шудааст.

2.Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2.ВАЗИФАҲО ВА ҲУҚУҚҲОИ КОМИССИЯ

3.Комиссия дорои вазифаҳои зерин мебошад:

-таҳияи пешниҳодҳо оид ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи рақамикунонӣ;

-назорати рафти татбиқи ислоҳоти рақамӣ;

-андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани монеаҳо, такроршавии функсияҳо ва маҳдудиятҳои меъёрӣ;

-муносибгардонии ҳамаҷониба ва реинжиниринги хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин равандҳои маъмурӣ то марҳилаи худкоргардонии онҳо ва бо ин мақсад муқаррар намудани нишондиҳандаҳои натиҷаи ислоҳоти рақамӣ, ки ноилшавӣ ба онҳо зери масъулияти роҳбарони аввали вазорату идораҳо ва ташкилотҳо сурат мегирад;

...
Приложение 1
к указу Президента
Республики Таджикистан
от 24 октября 2026 года №1232

Положение о Государственной комиссии по реализации цифровых реформ при Президенте Республики Таджикистан

1.ОБЩИН ПОЛОЖЕНИЯ

1. Государственная комиссия по реализации цифровых реформ при Президенте Республики Таджикистан (далее - Комиссия) является постоянно действующим консультативным органом при Президенте Республики Таджикистан, созданным в целях ускорения реализации цифровой экономики, цифровизации государственного управления, принятия мер по устранению препятствий для цифровизации, повышения качества государственных услуг, контроля за ходом реализации цифровых реформ.

2. Государственная комиссия по реализации цифровых реформ при Президенте Республики Таджикистан в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и настоящим Положением.

2.ЗАДАЧИ И ПРАВА КОМИССИИ

3. Комиссия имеет следующие задачи:

- разработка предложений по определению приоритетных направлений государственной политики в сфере цифровизации;

- контроль за ходом реализации цифровых реформ;

- принятие мер по устранению препятствий, дублирования функций и нормативных ограничений;

- всесторонняя оптимизация и реинжиниринг государственных услуг, а также административных процессов до стадии их автоматизации и с этой целью установление показателей результатов цифровых реформ, достижение которых осуществляется под ответственностью руководителей министерств, ведомств и организаций;

- координация и согласование расходов бюджетных среде i в, выделяемых на цифровизацию деятельности государственных органов;

...