ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади суръатбахшии татбиқи иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, фармон медиҳам:
1.Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2.Низомнома ва ҳайати Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3.Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти татбиқи ислоҳоти рақамӣ, банақшагирӣ ва роҳандозӣ намудани фаъолияти рушди рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, муайян намудани самтҳои стратегӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба татбиқи ислоҳоти рақамӣ, инчунин реинжиниринги хизматрасониҳои давлатӣ чораҳои дахлдорро андешад.
4.Бо мақсади ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва назорати иҷрои қарорҳои Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиботи доимоамалкунандаи Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
5.Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа оид ба рафти ислоҳоти рақамӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 октябри соли 2026, № 1232
...