Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2026, № 648 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи мазкур тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои онро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол то 1 феврал ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2026, № 648



...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе развития экологического просвещения и экологической культуры населения Республики Таджикистан на 2026-2030 годы

В соответствии со статьями 4  и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Государственную программу развития экологического просвещения и экологической культуры населения Республики Таджикистан на 2026-2030 годы и План мероприятий по реализации настоящей Программы (приложения 1 и 2).

2.Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти обеспечить реализацию настоящей Программы и её Плана мероприятий и по результатам ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.

Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно до 1 марта представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе реализации настоящей Программы и её Плана мероприятий.

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                               Эмомали Рахмон
г. Душанбе от 1 октября 2026 года, №648


...