Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2026,
№ 648Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 (минбаъд - Барнома) маҷмуи дидгоҳҳо ва тадбирҳоро дар самти такмил ва густариши маърифати экологӣ ва фарҳанги экологӣ фаро мегирад.
2.Барнома марҳилаҳои калидии ташаккули маърифати экологӣ, таҳсилот дар соҳаи тағйирёбии иқлим, тарбия ва ташаккули фарҳанги экологиро фаро гирифта, муносибати пайваста, низомманд ва маҷмуиро ҷиҳати ҳалли вазифаҳои муҳим дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, рушди устувор ва таҳсилот дар соҳаи тағйирёбии иқлим таъмин менамояд. Маърифат ва фарҳанги экологӣ, инчунин таҳсилот дар соҳаи тағйирёбии иқлим дар ташаккули шуури экологӣ нақши калидӣ доранд, зеро онҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, ки робитаи худро бо муҳити зист ва зарурати рафтори бомасъулиятро дарк намоянд. Роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи шуури экологӣ аз инҳо иборатанд:
-баланд бардоштани донишу иттилоот дар бораи табиат, экосистемаҳо ва таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист;
-ташаккули арзишҳо ва эҳтиром нисбат ба табиат, ҳамчунин дарки зарурати ҳифзи он;
-рушди тафаккури интиқодӣ ҷиҳати таҳлили мушкилоти экологӣ, ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли онҳо ва дарки масъулияти шахсӣ;
-ташаккули рафтори бошуурона ва экологӣ тавассути амалҳо, ба монанди кам кардани партовҳо, сарфаи энергия ва истифодаи сарфакоронаи захираҳо;
-тарғиби фаъолияти иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷалби шаҳрвандон ва ризокорон ба чорабиниҳои экологӣ ва пешбурди ҳадафҳои рушди устувор.
3.Чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он аз сиёсати қабулшуда ва тадбирҳои амалӣ, ки дар сатҳҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ татбиқ мегарданд, вобаста аст. Сиёсати сатҳҳои гуногун, ки ба рушди технологияҳо, паҳнкунӣ ва интиқоли онҳо, ҳамчунин маблағгузории чораҳои вокуниш ба тағйирёбии иқлим равона шудааст, метавонад самаранокии барномаҳоеро, ки мустақиман ба мутобиқшавӣ ва кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим мусоидат мекунанд, пурра карда, тақвият бахшад. Яке аз роҳҳои амалигардонӣ дар сатҳи миллӣ тақвият додани иқтидори низоми маориф тавассути ҳамгиро кардани таҳсилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим дар ҳамаи сатҳҳои низоми давлатӣ мебошад.
4.Фарҳанги экологии хонандагон натиҷаи ҳамгиро ва мустақими маърифати пайвастаи экологӣ мебошад, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти умумӣ, аз таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, аз соли 1996 то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври пайгирона амалӣ мегардад.
...