Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
15-уми декабри соли 2025-ум, № 1099.1 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2021, № 47
020.090.000.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ба Шакли намунавии шартномаи иҷораи қитъаи замин, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2021, №47 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2021, №1099 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру илова ворид карда шаванд (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» гузошта шавад.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии
...