ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, №366
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, №366 «Дар бораи таъсиси Фонди пасандозии хароҷот барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ» бандҳои 1(1) ва 1(2) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«1(1). Тартиби ташаккул ва истифодаи маблаѓҳои Фонди пасандозии хароҷот барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
1(2). Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор иҷрои Тартиби мазкурро таъмин карда, санадҳои худро ба он мутобиқ намоянд.».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 июли соли 2026, № 539
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июли соли 2026, №539
...