Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2026, № 405 "Дар бораи Тартиби мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР 

Дар бораи Тартиби мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунад:

1. Тартиби мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии низоми мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти маҳаллии худидоракунии шаҳрак ва деҳот мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро дар асоси талаботи Тартиби мазкур ба роҳ монанд.

4. Вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти маҳаллии худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамасола то 1 феврал ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ ва маҳаллӣ барои солҳои дахлдор маълумот пешниҳод намоянд.

5. Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ ҳамзамон ҳамоҳангсозии мониторинг ва арзёбиро тибқи Тартиби мазкур ба роҳ монда, ҳамасола то 1 март аз натиҷаи иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

6. Дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои пайгирии рафти иҷрои саривақтӣ ва сифатноки ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ вазифаҳои мониторинг ва арзёбӣ ба воҳиди сохтории дахлдор вогузор карда шуда, рӯйхати онҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2026, № 405
...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ 

В соответствии со статьей 4 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок мониторинга и оценки документов стратегического планирования в Республике Таджикистан (прилагается).

2. Определить Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан уполномоченным органом по координации системы мониторинга и оценки реализации документов стратегического планирования в Республике Таджикистан.

3. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, органам местного самоуправления посёлков и дехотов, осуществлять мониторинг и оценку документов стратегического планирования на основании требований настоящего Порядка.

4. Отраслевым министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, органам местного самоуправления посёлков и дехотов, ежегодно до 1 февраля представлять в Министерство экономического развития и торговли отчёт о реализации Программы среднесрочного развития Республики Таджикистан, документов стратегического планирования отраслевого и местного уровней за соответствующие годы.

5. Министерству экономического развития и торговли как уполномоченному органу по стратегическому планированию и государственному прогнозированию осуществлять координацию мониторинга и оценки в соответствии с настоящим Порядком и ежегодно до 1 марта представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о результатах реализации документов стратегического планирования в стране.

6. В министерствах, ведомствах и местных органах исполнительной государственной власти для прослеживания своевременного и качественного исполнения документов стратегического планирования функции по мониторингу и оценке возложить на соответствующее структурное подразделение и их перечень представить Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан.

7. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2018 года, №615 «О Правилах проведения мониторинга и оценки реализации стратегических документов национального уровня, отраслевых и региональных программ развития в Республике Таджикистан».

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                                           Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 июня 2026 года №405


...