Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2026, № 404 "Дар бораи Нақшаи амали Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР 

Дар бораи Нақшаи амали Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027


Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи амали Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо:

- ҷиҳати маблағгузории Нақшаи амали мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, ҷалби сармоя ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тадбирҳои зарурӣ андешанд;

- ҳар нимсола оид ба рафти амалигардонии Нақшаи амали мазкур ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз амалигардонии Нақшаи амали мазкурро таъмин карда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 март маълумот пешниҳод намояд.

4. Дар ҷумлаи дуюми банди 54 Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 ва 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №50 тасдиқ шудааст, калима ва рақамҳои «2026 ва 2027» ба рақамҳои «2026-2027» иваз карда шаванд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2026, № 404
...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Плане действий Программы государственной поддержки и развития частного сектора в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы в 2026–2027 годах

В соответствии со статьей 14 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить План действий Программы государственной поддержки и развития частного сектора в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы в 2026–2027 годах (прилагается).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов:

- принять необходимые меры для финансирования настоящего Плана действий в рамках предусмотренных средств государственного бюджета, привлечения инвестиций и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан;

- каждое полугодие представлять информацию о ходе реализации настоящего Плана действий в Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан.

3. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан как координирующему органу обеспечить реализацию настоящего Плана действий и по результатам ежегодно до 1 марта представлять информацию Правительству Республики Таджикистан.

4. Во втором предложении пункта 54 Программы государственной поддержки и развития частного сектора в Республике Таджикистан на 2023 и 2027 годы, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2023 года, №50, слова и цифры «2026 и 2027» заменить цифрами «2026-2027».

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                                             Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 июня 2026 года №404

Приложение приводится на тадж.яз.

...