Оинномаи Фонди кафолати қарзҳо аз 9 июни соли 2026, № 364

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 июни соли 2026, № 364

Оинномаи Фонди кафолати қарзҳо

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Фонди кафолати қарзҳо (минбаъд - Фонд) ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ, ки дар амалисозии механизмҳои кафолати қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад, таъсис ёфтааст.

2. Фонд фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3. Фонд шахси ҳуқуқии мустақил ва ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, дорои молу мулки алоҳида, тавозуни мустақил ва суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ мебошад. Фонд дорои муҳри мудаввар бо сабти номи худ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин штамп ва бланки расмӣ мебошад.

4. Фонд оид ба фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории худ дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Вазорат) ва Шурои парасторони Фонди кафолати қарзҳо (минбаъд – Шуро) тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

5. Фонд ва Вазорат нисбат ба уҳдадориҳои якдигар масъул намебошанд.

6. Номи Фонд:

- бо забони давлатӣ: Фонди кафолати қарзҳо;

- бо забони русӣ: Фонд кредитных гарантий;

- бо забони англисӣ: Credit Guarantee Fund.

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 9 июня 2026 года, № 364

Устав Фонда кредитных гарантий

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Фонд кредитных гарантий (далее – Фонд) учреждён как некоммерческая организация, ответственная за реализацию механизмов кредитных гарантий в Республике Таджикистан.

2. Фонд осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, других нормативных правовых актов, международных правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящего Устава.

3. Фонд является независимым юридическим лицом и некоммерческой организацией, имеющей отдельное имущество, независимый баланс и банковские счета в национальной и иностранной валюте. Фонд имеет круглую печать со своим названием и Государственным гербом Республики Таджикистан, а также штамп и фирменный бланк.

4. Фонд подотчетен за свою финансово-экономическую деятельность перед Министерством финансов Республики Таджикистан (далее – Министерство) и Попечительским советом Фонда кредитных гарантий (далее – Совет) в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

5. Фонд и Министерство не несут ответственности по обязательствам друг друга.

6. Название Фонда:

- на государственном языке: Фонди кафолати қарзҳо;

- на русском языке: Фонд кредитных гарантий;

- на английском языке: Credit Guarantee Fund.

...