Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 291 "Дар бораи Барномаи рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 291



...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе развития детской литературы в Республике Таджикистан на 2027-2031 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Программу развития детской литературы в Республике Таджикистан на 2027-2031 годы и План мероприятий по реализации Программы развития детской литературы в Республике Таджикистан на 2027-2031 годы (приложения 1 и 2).

2. Министерству культуры Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами в пределах средств государственного бюджета и иных источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан, принять необходимые меры по реализации настоящей Программы и её Плана мероприятий.

3. Министерству культуры Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе реализации настоящей Программы и её Плана мероприятий.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 мая 2026 года №291



...