×

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 298 "Дар бораи либоси расмии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд"

Санаи амалкуни: 01.07.2026

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи либоси расмии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 136 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», банди 30 Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2020, №107 тасдиқ шудааст ва банди 23 Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2016, №664 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Тавсифи аломатҳои фарқкунанда ва либоси расмии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд, инчунин қоидаҳои пӯшида гаштани он тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2.Меъёри таъмин ва муҳлати истифодаи либоси расмии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд, тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

3.Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳангоми таҳияи сметаи ягонаи даромад ва хароҷот дар сатри алоҳида, ҳаҷми маблағҳои таъмин намудани кормандонро бо либоси расмӣ муайян карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.

4.Хароҷоти таъмини либоси расмии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси онҳо амалӣ карда шавад.

5.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 1999, №415 «Дар бораи либоси расмӣ барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд ва Қоидаҳои пӯшида гаштани он» аз эътибор соқит дониста шавад.

Қарори мазкур аз 1 июли соли 2026 мавриди амал қарор дода шавад.



Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О форменной одежде сотрудников Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, Аппарата Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Аппарата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Министерства юстиции Республики Таджикистан и Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан, имеющих классные чины

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан», статьей 29 Закона Республики Таджикистан «Об органах юстиции Республики Таджикистан», статьей 136 Закона Республики Таджикистан «Об исполнительном производстве», статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах», пунктом 30 Положения о порядке присвоения классных чинов работникам Аппарата Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 9 декабри соли 2020, №107 и пунктом 23 Положения о порядке присвоения классных чинов работникам Аппарата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 14 декабря 2016 года, №664, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Описание знаков различия и форменной одежды сотрудников Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, Аппарата Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Аппарата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Министерства юстиции Республики Таджикистан и Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан имеющих классные чины, а также правила ее ношения (приложение 1).

2.Утвердить Нормы выдачи и срок использования форменной одежды сотрудников Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, Аппарата Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Аппарата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Министерства юстиции Республики Таджикистан и Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан, имеющих классные чины (приложение 2).

3.Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан, Аппарату Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Аппарату Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Министерству юстиции Республики Таджикистан и Службе исполнения при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно при составлении единой сметы доходов и расходов определять отдельной строкой размер средств на обеспечение сотрудников форменной одеждой и вносить предложение в Министерство финансов Республики Таджикистан.

4.Расходы на обеспечение форменной одеждой сотрудников Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, Аппарата Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Аппарата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан осуществляются за счет средств республиканского бюджета, а Министерства юстиции Республики Таджикистан и Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан за счет их специальных средств.

5.Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 11 октября 1999 года, №415 «О форме одежды для имеющих классные чины и высшее юридическое образование работников Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан и работников органов юстиции Республики Таджикистан и Правилах ее ношения».

6.Настоящее постановление ввести в действие с 1 июля 2026 года.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 мая 2026 года №298
Приложение 1
к постановлению Правительства
...