Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2026, № 233 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи давлатии рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои онро таъмин намуда, аз натиҷааш ҳар сол то 10 январ ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 30 апрели соли 2026, № 233




...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Государственной программе развития государственной службы Республики Таджикистан на 2026-2030 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Государственную программу развития государственной службы Республики Таджикистан на 2026-2030 годы и План мероприятий по реализации Государственной программы развития государственной службы Республики Таджикистан на 2026-2030 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти обеспечить реализацию настоящей Программы и её Плана мероприятий и по результатам ежегодно до 10 января предоставлять информацию в Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан.

3. Агентству государственной службы при Президенте Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе реализации настоящей Программы и её Плана мероприятий.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 30 апреля 2026 года №233


...