ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи амали рақамикунонии бойгониҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозиҳои давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи амали рақамикунонии бойгониҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:
- ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи амали мазкур нақшаҳои дохилиидоравии корҳоро барои ҳар сол таҳия ва тасдиқ намоянд;
- оид ба иҷрои Нақшаи амали мазкур ҳамасола то 15 январ ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги маҷмуии раванди иҷрои Нақшаи амали мазкурро гузаронида, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 феврал маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 апрели соли 2026, № 220
...