ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2028)
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2028) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалисозии Нақшаи амали мазкурро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, инчунин бо ҷалби маблағҳои сармоягузории ташкилотҳои молиявии дохилию хориҷӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда, ҳар сол то 15 январ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Нақшаи амали мазкур ҳар сол то 15 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмо
ш. Душанбе, аз 28 апрели соли 2026, № 217
...