АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1.Нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030» барои солҳои 2026-2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳар семоҳа аз натиҷаи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3.Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- мониторинги маҷмуии иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкурро гузаронида, аз натиҷааш на дертар аз санаи 10 ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- то 1 сентябри соли 2027 лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025- 2030»-ро барои солҳои 2028-2030 таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
4.Дар сархати дуюми банди 3 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2025, №АП-815 калимаҳои «ҳар соли минбаъда то 1 декабр» ба калимаҳои «солҳои 2026-2027» иваз карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 23 апрели соли 2026, № АП-1019
...