ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи амали Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи амали Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои Нақшаи амали мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ҳар сол то 15 феврал ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Нақшаи амали мазкур маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 182
...