Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, № 173 "Дар бораи Номгӯйи хизматрасониҳои универсалӣ ва тартиби маблағгузории онҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Номгӯйи хизматрасониҳои универсалӣ ва тартиби маблағгузории онҳо


Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯйи хизматрасониҳои универсалӣ ва тартиби маблағгузории онҳо тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби махсуси хизматрасониҳои универсалиро дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои суратҳисоби махсуси хизматрасониҳои универсалиро ба роҳ монад.

4. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалисозии чораҳои рушди инфрасохтори алоқа барои таъмини хизматрасониҳои универсалӣ дар минтақаҳои камаҳолӣ ва дурдаст мусоидат намоянд.

5. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 20 феврал оид ба натиҷаҳои амалисозии хизматрасониҳои универсалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 173


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Перечне универсальных услуг и порядке их финансирования

В соответствии со статьёй 6 Закона Республики Таджикистан «Об электрической связи» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Перечень универсальных услуг и порядок их финансирования (приложения 1 и 2).

2. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан открыть специальный счёт универсальных услуг в главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан организовать контроль за целевым использованием средств специального счёта универсальных услуг.

4. Соответствующим министерствам и ведомствам, а также местным исполнительным органам государственной власти содействовать в реализации мер по развитию инфраструктуры связи для обеспечения универсальными услугами в малонаселённых и отдалённых регионах.

5. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно до 20 февраля представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о результатах реализации универсальных услуг.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 марта 2026 года №173
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
...