Тартиби маблағгузории хизматрасониҳои универсалӣ аз 28 марти соли 2026, № 173

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2
ба карори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2026, № 173

ТАРТИБИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ УНИВЕРСАЛӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби маблағгузории хизматрасониҳои универсалӣ (минбаъд - Тартиб) сарчашмаҳои маблағгузорӣ, масъулин, механизмҳои амалисозии онҳо, асосҳои ҳуқуқию иқтисодии ташаккул ва истифодаи маблағҳо барои пешкаш намудани хизматрасониҳои универсалӣ, инчунин мақоми идоракунии онро муайян менамояд.

2. Хизматрасониҳои универсалӣ маҷмуи хизматрасониҳои муҳими алоқа мебошанд, ки бояд ба тамоми шаҳрвандон, новобаста аз макони зист ва сатҳи даромад, бо сифати кафолатнок ва арзиши паст дастрас бошанд.

3. Хизматрасониҳои универсалӣ воситаи муҳими таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ буда, дар таҳкими баробарии рақамӣ нақши муассир мебозанд.

4. Мақоми идоракунии маблағгузории хизматрасониҳои универсалӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ) мебошад.

5. Ҳадафи амалӣ намудани хизматрасониҳои универсалӣ таъмини баробарии дастрасӣ ба алоқа, коҳиши нобаробарии рақамӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.

6. Тартиб барои ҳамаи иҷозатномадорони соҳаи алоқаи барқӣ, мақомоти давлатӣ ва субъектҳои дигаре, ки дар соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҳатмӣ мебошад.

7. Барои ҳар хизматрасонӣ стандартҳои техникӣ, меъёрҳои сифат, сатҳи фарогирӣ ва арзиши дастрас аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор муайян карда мешаванд.

8. Хизматрасониҳо бояд мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ ва бо нархи иҷтимоии дастрас пешниҳод карда шаванд.

2. ТАРТИБИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ УНИВЕРСАЛӢ

...
Приложение 2
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «28» марта 2026 года, №173

Порядок финансирования универсальных услуг

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок финансирования универсальных услуг (далее - Порядок) определяет источники финансирования, ответственных лиц, механизмы их реализации, правовые и экономические основы формирования и использования средств для предоставления универсальных услуг, а также статус управления ими.

2. Универсальные услуги - это совокупность важных услуг связи, которые должны быть доступны всем гражданам, независимо от места жительства и уровня дохода, с гарантированным качеством и низкой стоимостью.

3. Универсальные услуги являются важным средством обеспечения конституционных прав граждан на информацию и социальные услуги и играют действенную роль в укреплении цифрового равенства.

4. Органом управления финансированием универсальных услуг является Служба связи при Правительстве Республики Таджикистан (далее - уполномоченный государственный орган в сфере электрической связи).

5. Целью осуществления универсальных услуг является обеспечение равного доступа к связи, сокращение цифрового неравенства и содействие устойчивому социально-экономическому развитию страны.

6. Порядок обязателен для всех лицензиатов сферы электрической связи, государственных органов и других субъектов, осуществляющих деятельность в сфере связи Республики Таджикистан.

7. Для каждой услуги уполномоченным государственным органом в сфере электрической связи по согласованию с соответствующими уполномоченными государственными органами определяется технические стандарты, показатели качества, уровень охвата и доступная стоимость.

8. Услуги должны предоставляться в соответствии с требованиями законодательства и по приемлемой социальной цене.

2. ПОРЯДОК ФИНАНСИРОВАНИЯ УНИВЕРСАЛЬНЫХ УСЛУГ

...