ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалигардонии Нақшаи чорабиниҳоро таъмин карда, оид ба иҷрои он ҳар сол то 10 феврал ба Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 165
...