Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, № 163 "Дар бораи Нақшаи амали Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи амали Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2028


Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи амали Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2028 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалисозии Нақшаи амали мазкур тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳар сол то 10 январ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷараёни амалисозии Нақшаи амали мазкур маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 163



...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Плане действий Стратегии регулирования миграционных процессов в Республике Таджикистан на период до 2040 года на 2026-2028 годы

В соответствии со статьей 16 конституционого Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить План действий Стратегии регулирования миграционных процессов в Республике Таджикистан на период до 2040 на 2026-2028 годы (прилагается).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в рамках средств, предусмотренных в государственном бюджете, и других источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан, принимать конкретные меры по реализации настоящего Плана действий и по результатам ежегодно до 10 января представлять информацию в Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.

3. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять информацию о ходе реализации настоящего Плана действий в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 марта 2026 года №163



...