ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муқаррар намудани квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва бо мақсади ташкил ва танзими ҷараёни муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1.Квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ба миқдори 5500 (панҷ ҳазору панҷсад) нафар тибқи замимаҳои 1 ва 2 муқаррар карда шавад.
2.Шаҳрвандони хориҷӣ, ки фаъолияти меҳнатиро дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва созишномаҳои сармоягузории соҳаҳо дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ амалӣ менамоянд, ба квотаи мазкур дохил намешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 2 апрели соли 2026, № 1158
...