ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Низомномаи тартиб ва шартҳои адои хизмат дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
1.Низомномаи тартиб ва шартҳои адои хизмат дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2022, №419 «Дар бораи Низомномаи тартиб ва шартҳои адои хизмат дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 6 марти соли 2026, № 1146
...