Замима
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 марти соли 2026,
№1146НИЗОМНОМАИ ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ АДОИ ХИЗМАТ ДАР АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Низомномаи адои хизмат дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиб ва шартҳои адои хизматро дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) ба танзим дароварда, вазъи ҳуқуқии кормандони Агентиро муайян мекунад.
2.Асосҳои ҳуқуқии хизмат дар Агентӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор, фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур иборат мебошад.
3.Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хизматии корманд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ оид ба адои хизмат дар Агентӣ ва дастурамали мансабии тасдиқшуда муайян карда мешаванд.
4.Агентӣ дар фаъолияти худ танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
2.ТАРТИБИ ҚАБУЛ БА ХИЗМАТ, ТАЪИН КАРДАН БА МАНСАБ ВА БА ДИГАР МАНСАБ ГУЗАРОНИДАНИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ
5.Ба хизмат дар Агентӣ дар асоси озмун танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, ки синнаш аз 18 то 35 сола бошад, дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ (махсус) ва олӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва вазъи саломатиаш барои адои хизмат дар мақомоти Агентӣ мувофиқ бошад.
6.Маҳдудияти синнусолӣ барои шаҳрвандоне, ки қаблан аз хизмат дар Агентӣ озод шуда, боз ба хизмат қабул мегарданд, инчунин аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомие, ки дар онҳо барои ҳайати шахсӣ рутбаҳои махсус, ҳарбӣ ва дараҷавӣ муқаррар гардидаанд, барои идомаи хизмат ба Агентӣ қабул шудаанд, тибқи талаботи Низомномаи мазкур муайян карда мешаванд.
7.Шаҳрвандоне, ки барои хизмат ба Агентӣ қабул карда мешаванд, бо роҳхати воҳиди кадрии Агентӣ аз муоинаи тиббӣ дар муассисаҳои тиббии махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд.
8.Шартномаи меҳнатӣ оид ба адои хизмат дар Агентӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва Низомномаи мазкур ба имзо расонида мешавад. Шартномаи меҳнатӣ ихтиёран ва дар шакли хаттӣ баста шуда, дар он муҳлати амал, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо ва дигар шартҳои адои хизмат дар Агентӣ дарҷ карда мешаванд.
...