ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» фармон медиҳам:
1. Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамасола то 15 январ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо маълумот пешниҳод намоянд.
3. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 1 март мониторинги иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро гузаронида, аз натиҷааш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
4. Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 6 марти соли 2026, № 1145
...