Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 97 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, №588"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, №588


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Банди 8 Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, №588 «Дар бораи Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ» тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 97



...