ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040
Мутобиқи моддаҳои 13 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он чораҷӯйӣ намуда, оид ба корҳои анҷомдода ҳамасола то 15 январ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои онро таҳти назорат ва ҳамоҳангсозии доимӣ қарор дода, ҳамасола то 15 феврал оид ба иҷрои онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 73
...