×

Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз 26 феврали соли 2026, № 73

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2026, № 73

СТРАТЕГИЯИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (минбаъд - Стратегияи мазкур) ба такмили сиёсати давлатӣ, муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, инчунин таҳкими ҳамкориҳои онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм равона гардидааст.

2. Стратегия дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф намудааст, таҳия гардидааст.

3. Мақсадҳои афзалиятноки Стратегия пешгирии барвақтии экстремизм (дар мактаб, ҷомеа ва оила), коҳиш додани омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда, тақвияти корҳои пешгирикунанда бо гурӯҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонписарон, духтарон ва занон, таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа, офиятбахшӣ ва барқарорсозии бозгаштагон мебошад.

4. Шартҳои муҳимми ба амал баровардани тадбирҳо оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар доираи Стратегия мувофиқати онҳо ба муқаррароти қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқи гурезаҳо, баробарӣ ва манъи табъиз, ба инобат гирифтани ҳассосияти гендерӣ, озодӣ аз шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин ҳуқуқу озодиҳои дигари инсон ва шаҳрванд маҳсуб меёбанд.

БОБИ 2. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ МАВҶУДА

§1. Дастовардҳои банақшагирии стратегӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм

5. Таҷрибаи андӯхтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки экстремизм ва терроризм зуҳуроти ғайритасодуфӣ ва гуногунҷабҳа буда, натанҳо дар зеҳнияту таффакури ашхоси алоҳида, балки дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт, муҳит, муносибот, таълиму тарбия, фарҳанг, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, таъсири беруна ва ғайра реша дошта, комёбӣ дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои маҷмуиро тақозо менамояд.

6. Бо дарки ин воқеият, Ҷумҳурии Тоҷикистон амалияи таҳия ва татбиқи барномаҳои маҷмуии давлатии худро дар ин самт бо роҳи қабули стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои давраҳои муайян роҳандозӣ намудааст.

7. То ин дам дар ин самт ду стратегияи миллӣ – барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025 таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 26 февраля 2026 года, №73

Стратегия по предупреждению экстремизма и терроризма в Республике Таджикистан на период до 2040 года

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Стратегия по предупреждению экстремизма и терроризма в Республике Таджикистан на период до 2040 года (далее - настоящая Стратегия) направлена ​​на совершенствование государственной политики, определение приоритетных задач государственных органов и органов самоуправления поселков и сёл, а также на укрепление их сотрудничества с гражданским обществом и международными организациями в сфере предупреждения экстремизма и терроризма.

2. Стратегия разработана на основе Конституции Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан «О противодействии экстремизму», Закона Республики Таджикистан «О противодействии терроризму», других законов и нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.

3. Приоритетными целями Стратегии являются ранняя профилактика экстремизма (в школах, сообществах и семьях), снижение факторов, способствующих экстремизму, усиление профилактической работы с уязвимыми группами, особенно юношами, девушками и женщинами, обеспечение информационной безопасности общества, а также реабилитация и реинтеграция репатриантов.

4. Важными условиями реализации мер по противодействию экстремизму и терроризму в рамках Стратегии являются их соответствие положениям национального законодательства и международным актам в области прав человека, неприкосновенности частной жизни, прав беженцев, равенства и недискриминации, учете гендерных аспектов, свободы от пыток и других жестоких, бесчеловечных или унижающих достоинство видов обращения и наказания, а также другим правам и свободам человека и гражданина.

ГЛАВА 2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕГО СОСТОЯНИЯ И СУЩЕСТВУЮЩИЕ ПРОБЛЕМЫ

§1. Достижения стратегического планирования в области предупреждения экстремизма и терроризма

5. Накопленный международным сообществом опыт показывает, что экстремизм и терроризм – будучи явлениями неслучайного и многогранного характера, укоренены не только в сознании и мышлении отдельных людей, но и в различных аспектах жизни, среде, отношениях, образовании и воспитании, культуре, социальной жизни, экономике, внешнем воздействии и т. д., в связи с чем достижение успеха в борьбе с ним обуславливает необходимость комплексного подхода

6. С осознаниями этой реальности Республика Таджикистан избрала практику разработки и реализации комплексных государственных программ в этом направлении, приняв национальные стратегии противодействия экстремизму и терроризму на определённые периоды.

7. К настоящему времени разработаны приняты и реализованы две национальные стратегии в этой области – на 2016–2020 годы и на 2021–2025 годы.

...