ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030 ва Номгӯйи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ ба лоиҳаҳои Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030 афзалияти аввалиндараҷа дода, ҷиҳати амалисозии он чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 декабри соли 2025, № 707
таъмин гардад.
...