Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои дигари давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ аз 25 декабри соли 2025, № 697

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 2025, № 697


Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои дигари давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ


1.Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои дигари давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ (минбаъд - Тартиб) тартиб ва шартҳои ба тамғаи молӣ ворид намудани номи расмӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои дигари давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаро танзим менамояд.

2.Барои бақайдгирии тамғаҳои молӣ аризадиҳанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» аризаро ҷиҳати бақайдгирии тамғаи молӣ бо нишонаи арзшуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ пешниҳод менамояд.

3.Агар дар рафти санҷиши ариза барои бақайдгирии тамғаи молӣ муайян гардад, ки дар нишонаи арзшуда номи расмӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои дигари давлатии муқарраршуда истифода шудаанд, он барои баррасӣ ба Комиссия барои додани розигӣ ҷиҳати ворид намудани номи расмӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ (минбаъд - Комиссия) пешниҳод карда мешавад.

4.Комиссия дар ҳайати раис, аъзо (на камтар аз 3 коршинос) ва котиб аз ҳисоби мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Идораи патентӣ) бо фармоиши директори Идораи патентӣ таъсис дода мешавад. Дар ҳолати зарурӣ ба ҳайати Комиссия намояндагони вазорату идораҳои дахлдор шомил карда мешаванд.

5.Низомномаи Комиссия аз ҷониби Идораи патентӣ тасдиқ карда мешавад.

6.Ворид намудани номи расмӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои дигари давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ дар ҳолатҳои мавҷуд будани яке аз шартҳои зерин имконпазир аст, агар:

-аризадиҳанда шахси воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

-аризадиҳанда намудҳои молҳои нодирро истеҳсол намояд ё корҳо ва хизматрасониҳои нодирро анҷом диҳад;

...
Приложение 
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «25» декабря 2025 года, №697


Порядок и условия включения официального названия, Государственного Флага и Герба Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов в товарном знаке

1.Порядок и условия включения официального названия, Государственного Флага и Герба Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов в товарном знаке (далее - Порядок) регулирует порядок и условия включения официального названия, Государственного Флага и Герба Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов.

2.Для регистрации товарных знаков заявитель в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан «О товарных знаках и знаках обслуживания», подает заявление о регистрации товарного знака с заявленным обозначением в уполномоченный государственный орган в области товарных знаков и знаков обслуживания.

3.Если в ходе проверки заявления на регистрацию товарного знака установлено, что на заявленном обозначении используется официальное название, Государственный Флаг, Герб Республики Таджикистан и иные установленные государственные символы, оно представляется на рассмотрение Комиссии для дачи согласия на включение официального названия, Государственного Флага и Герба Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов в товарном знаке (далее - Комиссия).

4.Комиссия в составе председателя, членов (не менее 3-х экспертов) и секретаря из числа специалистов Государственного учреждения «Национальный патентно-информационный центр» Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан (далее - Патентное ведомство) создается распоряжением директора Патентного ведомства. В случае необходимости в состав Комиссии включаются представители соответствующих министерств и ведомств.

5.Положение о Комиссии утверждается Патентным ведомством.

6.Включение официального названия, Государственного Флага и Герба Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов товарного знака возможно при наличии одного из следующих условий если:

- заявитель является физическим или юридическим лицом Республики Таджикистан;

- заявитель производит уникальные виды товаров или выполняет уникальные работы и услуги;

- заявитель производит товары или выполняет работы и услуги, направленные на улучшение социально-экономического положения Республики Таджикистан;

...