ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои дигари давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои дигари давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 декабри соли 2025, № 697
...