ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи амали солҳои 2026-2027 Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи амали солҳои 2026-2027 Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Нақшаи амали мазкурро таъмин карда, ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Нақшаи амали мазкур маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 декабри соли 2025, № 695
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Плане действий 2026-2027 годов Комплексной программы развития отраслей животноводства, птицеводства, рыбоводства и пчеловодства в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы
В соответствии со статьёй 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить План действий 2026-2027 годов Комплексной программы развития отраслей животноводства, птицеводства, рыбоводства и пчеловодства в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы (прилагается).
2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить выполнение настоящего Плана действий и ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан.
3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан ежегодно до 1 марта представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящего Плана действий.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе, от 25 декабря 2025 года №695